ТАЪИНИ ҶАЗО | 1994
Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо
1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсус боназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Намуди ҷазои нисбатан сахттар аз ҷумлаи ҷазоҳое, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди ҷазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Ҳангоми таъини ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро аз рӯи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).
Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд
1) Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:
а) бори аввал содир намудани ҷиноят;
б) ноболиғ будани гунаҳгор;
в) ҳомиладор будан;
г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор;
д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят;
е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;
ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дасггир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;
з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ё вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натиҷаи ҷиноят бадастомада (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кӯмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.
2) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.
3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қисми якуми ҳамин модда зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.
Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд
1) Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:
а) такроран содир намудани ҷиноят, ретсидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;
б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;
в) дар ҳайати гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);
г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;
д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани шахсоне, ки гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин шахсони хурдсол ё ноболиғ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ, нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии шахсони дигар, инчунин бо мақсади рӯпӯш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;
з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ ё ҷамъиятиаш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;
к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
л) содир намудани ҷиноят бо истифодаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 966);
м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;
н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;
о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати падару модар (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.
2) Суд метавонад вобаста ба хусусияти ҷиноят ҳолатҳои дар бандҳои "а", "н" ва "о" зикргардидаро ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф накунад.
3) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро суд такроран ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифта наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои дар ҳамин модда зикрнагардидаро ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад.
Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст
1) Дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, рафтори ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии ҷинояти гурӯҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурӯҳ, мумкин аст ҷазо аз ҳадди поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд ё ҷазои иловагиро, ки ба сифати ҷазои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст, таъин накунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ва ҳам маҷмӯи чунин ҳолатҳо метавонанд ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф карда шаванд.
3) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти нотамом ҳолатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки бо сабаби онҳо ҷиноят то ба охир расонида нашудааст.
2) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои тайёрӣ ба ҷиноят аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.
3) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои сӯиқасди ҷиноят аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.
4) Барои тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯйқасди ҷиноят ҷазои қатл ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86).
Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии шахс дар содир намудани он, аҳамияти ин иштирок дар муваффақ шудан ба мақсади ҷиноят, таъсири ӯ ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё зарари имконпазир ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон ҳангоми таъин намудани ҷазо танҳо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 66. Таъини ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар ҳолати рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо шумора, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои қаблан содиршуда, ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо таъсири ислоҳкунии ҷазои қаблӣ нокифоя буд, инчунин хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.
2) Мӯҳлати ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, дар ҳолати рецидиви хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз се ду ҳисса ва дар ҳолати рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Агар дар моддаи (қисми моддаи) Қисми махсуси ҳамин Кодекс ҳолат рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфнок ҳамчун аломати таснифкунанда ишора гардида бошад, дар ин маврид ҷазо барои ҷинояти содир намуда бидуни дарназардошти қоидаҳои пешбинӣ намудаи қисми дуюми ҳамин модда таъин карда мешавад.
4) Муқаррароти моддаи мазкур барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
Моддаи 67. Таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо
1) Дар сурати содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо суд барои ҳар ҷиноят алоҳида ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) таъин намуда, бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоиро муайян менамояд.
2) Агар маҷмӯи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна дар бар гирифта бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳо таъин карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷазои ниҳоӣ ҳангоми зам кардан набояд аз мӯҳлат ё андозаи ҷазои болоие, ки барои содир намудани ҷинояти нисбатан вазнинтар, аз ҷумлаи ҷиноятҳои содиршуда пешбинӣ гардидааст, сахттар бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёдтар бошад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86, аз 31.12.2008 № 451, аз 21.07.2010 № 617).
4) Агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Ба ҷазои асосии барои маҷмӯи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие ҳамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмӯи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд ҷиноятҳо як намуди ҷазои иловагӣ таъин гардида бошад, он гоҳ мӯҳлат ва андозаи ҷазои ниҳоӣ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда, вале на зиёда аз мӯҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ҳар як намуди ҷазо пешбинӣ шудааст, муайян карда мешавад. Ҷазоҳои иловагии гуногуннамуд бояд мустақилона иҷро карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
6) Агар пас аз баровардаии ҳукм аз рӯи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рӯи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо қоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои аз рӯи ҳукми аввали суд адогардида ба мӯҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 68. Таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо
1) Агар маҳкумшуда пас аз баровардани ҳукм, вале то адои пурраи ҷазо ҷинояти нав содир карда бошад, суд ҷазоеро, ки аз рӯи ҳукми пештара то охир адо нашудааст пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда зам мекунад.
2) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, дар ҳолате, ки агар он бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набошад, аз мӯҳлат ва андозаи баландтарине, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намудҳои ҷазо муқаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад.Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои ба маҷмӯи ҳукмҳо дохилбуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
3) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ метавонад аз мӯҳлати баландтарини ҷазое, ки дар ҳамин Кодекс барои ҷиноят аз рӯи ҳукми охир пешбинӣ шудааст, баландтар бошад, вале на зиёда аз сӣ солро ташкил кунад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).
4) Дар мавриди таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, агар бо яке аз ҳукмҳо ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шуда бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).
5) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бояд ҳам аз ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ва ҳам аз қисми то охир адонашудаи ҷазо аз рӯи ҳукми пештараи суд зиёдтар бошад.
6) Ба ҷазои асосӣ ҳамроҳ кардани ҷазоҳои иловагии аз рӯи ҳукми пештара иҷронашуда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 67 ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 69. Тартиби муайян кардани мӯҳлати ҷазо ҳангоми замкардани он
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Дар ҳолати қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробар аст ба (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):
а) як рӯзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
б) ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ;
в) се рӯзи корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
г) ҳашт соати корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
д) 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати андозаи ҷаримае, ки доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда таъин гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
2) Ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум сохтан аз рутбаи махсус, рутбаи ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк ҳангоми бо маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ зам шуданашон мустақилона иҷро мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 70. Ҳисоб кардани мӯҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо
1) Мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ бо моҳ ва сол инчунин корҳои ҳатмӣ - бо соатҳо ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳангоми иваз ё зам кардани ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, инчунин ҳангоми ба ҳисоб гирифтани ҷазо, мӯҳлатро бо шабонарӯз ҳисоб кардан мумкин аст.
3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳукуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд. Дар ин маврид ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур, тартиби муайяннамудаи қисми 10 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).
4) То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ба мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯз баробари як рӯз, дар шакли маҳдуд кардани озодӣ - як рӯз баробари ду рӯз, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ - як рӯз баробари се рӯз, корҳои ҳатмӣ - як рӯз баробари ҳашт соати корҳои ҳатмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35, аз 21.07.2010 № 617).
5) То эътибори қонунӣ пайдо кардани хукм дар ҳабс нигоҳ доштан ё адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, ки бо ҳукми суд барои ҷинояти дар хориҷа содирнамуда таъин шудааст, дар ҳолати мутобиқи моддаи 16 ҳамин Кодекс супурда шудани шахс, як рӯз баробари як рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
6) Вақте, ки дар давоми он нисбати шахси пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемории рӯҳӣ гардида чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ карда шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани ҷазо
1) Агар суд ҷазоро дар намуди корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуку вазнинкунандаро ба назар мегирад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин ва инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, ба истиснои ноболиғон, маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти бо қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур пешбинишуда ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, татбиқ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 19.07.2022 №1896).
3) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо суд мӯҳлати санҷиш муқаррар менамояд, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад. Мӯҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин гардида, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
4) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо мумкин аст ҷазоҳои иловагӣ, ба истиснои мусодираи молу мулк, таъин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
5) Суд дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намуда, метавонад иҷрои вазифаҳои муайяни зеринро ба зиммаи маҳкумшуда гузорад: дар мӯҳлати муайян зарари расонидаро барқарор намудан, иваз накардани истиқоматгоҳи доимӣ, ҷои кор ё таҳсил бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафтан, ба кор ё таҳсил дохил шудан, даври муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ ё касалиҳои зуҳравӣ тамом кардан, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани оила.
6) Агар маҳкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мӯҳлати санҷиш бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти ба рафтори маҳкумшуда назораткунанда метавонад дар хусуси бекор кардани маҳкумӣ ва бардоштани доғи судӣ қарор қабул намояд.
7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ дода барои содир намудани он ба ӯ ҷазои маъмурӣ таъин шуда бошад ё ашаддӣ аз ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркашӣ намояд, суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми нӯҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумшавӣ ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
8) Агар маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати санҷиш ҷинояти нав содир намояд, суд шартан татбиқ накардани ҷазоро бекор намуда, мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ҷазо таъин мекунад.
9) Ба рафтори маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо таъин карда шудааст - мақоми ваколатдори давлатӣ, ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ бошад - фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).