ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН | 1994

Моддаи 261. Салоҳияти судя оид ба парвандаи ба суд воридшуда
1. Судя оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:
- дар бораи таъин намудани маҷлиси суд;
- дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;
- дар бораи боздоштани пешбурди парванда;
- дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;
- дар бораи қатъ кардани парванда.
2. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ судя санади худро дар шакли қарор қабул мекунад, ки дар он бояд инҳо нишон дода шаванд:
- вақт ва маҳалли қабул кардани қарор;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарор қабул кардааст (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1067);
- асос ва моҳияти қарорҳои қабулшуда,
3. Қарор бояд дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шавад. Барои парвандаҳои мураккаб ва ҳаҷман калон мӯҳлат мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад.
Моддаи 262. Муайян намудани ҳолатҳои вобаста ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда
1. Ҳангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ судя бояд ҳолатҳои зеринро муайян кунад:
- парванда таҳти тобеияти ҳамин суд қарор дорад ё не;
- ҳолатҳое, ки боиси қатъ ё боздоштани пешбурди ҳамин парванда мегарданд, вуҷуд доранд ё не;
- ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои таъин намудани маҷлиси суд монеа шуда метавонад, роҳ дода шудааст ё не;
- нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок супурда шудаанд ё не;
- чораи пешгирии интихобгардидаро тағйир додан ё бекор кардан зарур аст ё не;
- ҷиҳати таъмини рӯёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё не (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1516);
- ариза ва дархостҳо қобили қонеъ гардониданианд ё не.
2. Ҳангоми баррасии ариза ва дархостҳо судя ҳуқуқ дорад барои додани тавзеҳот шахс ё намояндаи ташкилотеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, даъват кунад.
3. Аз натиҷаи баррасии дархост шахс ё муассисаи дархостро пешниҳоднамуда хабардор карда мешавад. Рад намудани дархост мавриди шикоят қарор дода намешавад, аммо онро аз нав дар маҷлиси суд пешниҳод намудан мумкин аст.
Моддаи 263. Таъин кардани маҷлиси суд
1. Судя мавҷуд набудани асосҳои барои баррасии парванда дар маҷлиси суд монеашавандаро муайян намуда, дар бораи таъини маҷлиси суд қарор мебарорад.
2. Дар қарори таъини маҷлиси суд масъалаҳои зайл ҳал карда мешаванд:
- дар бораи ҷой ва вақти муҳокимаи судӣ;
- дар бораи дар муҳокимаи судӣ иштирок доштани ҳимоятгар, ба шарте, ки иштироки вай ҳатмӣ бошад;
- дар бораи шахсоне, ки ба маҷлиси суд даъват карда мешаванд;
- дар хусуси дар маҷлиси пӯшидаи суд баррасӣ кардани парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 273 Кодекси мазкур.
3. Дар баробари масъалаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда дар қарори таъини маҷлиси суд бояд чораи пешгирӣ нисбат ба шахсоне, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ айбдор дониста мешаванд, маълумот дар бораи шахсияти онҳо бандубасти ҷинояте, ки ба онҳо нисбат дода мешавад, инъикос гардад.
4. Тарафҳо бояд дар мӯҳлати на камтар аз панҷ шабонарӯз дар бораи вақти оғози муҳокимаи суд огоҳ карда шаванд.
Моддаи 264. Баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ
1. Дар ҳолати ҷиддан риоя накардани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ судя ҳуқуқ дорад парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонад.
2. Парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ ба прокурор баргардонида мешавад. Судя бояд дар қарори худ зикр кунад, ки парванда дар кадом асос баргардонида шудааст ва ба таври мушаххас кадом амали тафтиширо ҳангоми тафтиши иловагӣ гузаронидан зарур аст.
3. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парванда судя бояд масъалаи татбиқи чораи пешгириро нисбат ба айбдоршаванда ҳал кунад.
Моддаи 265. Боздоштани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ
1. Суд, судя пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои зайл бозмедорад:
- ҳангоме ки айбдоршаванда пинҳон шудааст ва маҳалли будубоши ӯ маълум нест;
- ҳангоми бемори вазнин будани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи давлатӣ тасдиқ карда шудааст;
- ҳангоми пешниҳоди суд, судя ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни дар ҳамин парванда татбиқшуда;
- ҳангоми таъин намудани экспертиза.
2. Судя дар бораи боздоштани пешбурди парванда қарор қабул мекунад.
3. Ҳангоми боздоштани пешбурди парванда бо асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда парвандаи ҷиноятӣ барои ҷустуҷӯи айбдоршаванда ба прокурор баргардонида мешавад. Агар асосҳои боздоштани парванда аз байн рафта бошанд, пешбурди он аз сари нав оғоз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
Моддаи 266. Равон кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи тобеияти судӣ
Агар судя масъалаи таъини муҳокимаи судиро ҳаллу фасл намуда, муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамин суд тобеият надорад, онро бо қарори худ тибқи талаботи боби 30 Кодекси мазкур аз рӯи тобеият равон мекунад.
Моддаи 267. Чораҳои таъмини даъвои гражданӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва мусодираи молу мулк
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1516)
Дар сурати аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рӯёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, судя бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор мекунад, ки чораҳои зарури таъминотӣ андешанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1516).
Моддаи 268. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ
1. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои сеюм-нӯҳуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур нишондодашуда оид ба қатъ намудани парванда қарор мебарорад. Судя дар бораи қатъ намудани парванда қарор бароварда, чораи пешгири, даъвои гражданӣ, мусодираи молу мулкро тағйир медиҳад ва масъалаи далелҳои шайъиро ҳал мекунад. Нусхаи қарори судя дар бораи қатъ намудани парванда ба прокурор, инчунин ба шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ва ба ҷабрдида супурда мешавад.
2. Судя инчунин ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 28 Кодекси мазкур нишондодашуда бо дархости прокурор ва ризои ҷабрдида метавонад парвандаро қатъ кунад.
3. Нисбати қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи чиноятӣ шикоят ва эътироз кардан мумкин аст.
Моддаи 269. Тайёр намудани муҳокимаи судӣ
Баъди аз ҷониби судя баровардани қарор дар бораи таъин намудани мачлиси суд бо супориши ӯ котиби маҷлиси суд:
- ба судшаванда ва чабрдида нусхаи қарори чораи пешгириро нисбат ба судшаванда мефиристад, ба шарте, ки он аз тарафи судя тағйир дода шуда бошад;
- ба маҷлиси суд шахсонеро даъват менамояд, ки дар бораи зарурати даъвати онҳо судя дар қарори таъин кардани маҷлиси суд нишон додааст;
- дигар чораҳоро оид ба тайёр кардани муҳокимаи судӣ меандешад.
Моддаи 270. Ба тарафҳо таъмин намудани имконияти шиносоӣ бо маводи парванда
Судя баъди таъини маҷлиси суд ба тарафҳо дар асоси дархости асоснокшудаи онҳо барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз он рӯйнавис кардани маълумоти зарурӣ, шароит фароҳам меорад, ба нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ иҷозат медиҳад, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
Моддаи 271. Мӯҳлати оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи баровардани қарори судя дар бораи таъин намудани маҷлиси суд, дар ҳолатҳои истисноӣ бошад, дар мӯҳлати сӣ шабонарӯз дар маҷлиси суд оғоз карда шавад.