ТАРТИБ ВА МУҲЛАТИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ | 1994

  Моддаи 132. Таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба пардохти андозҳо
1. Андозсупорандае, ки уҳдадориҳо оид ба пардохти андозро дорад, уҳдадор аст, ки супоришномаи пардохтиро ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон на дертар аз муҳлати пардохти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод намояд.
2. Агар андозсупоранда қарзи пардохтнашудаи андоз дошта бошад, мақомоти андоз уҳдадор аст, ки ба андозсупоранда огоҳинома дар бораи пардохт намудани қарзи андозиро на дертар аз 3 рӯз пас аз ба охир расидани муҳлати пардохт ирсол намояд.
  Моддаи 133. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ хабардор намудани андозсупоранда дар бораи мавҷуд будани қарзи андозӣ, инчунин дар муҳлати муқарраршуда пардохт намудани маблағи қарзи андозӣ мебошад.
2. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда ҳангоми мавҷуд будани қарзи андозии пешбининамудаи моддаи 119 Кодекси мазкур фиристода мешавад.
3. Дар огоҳинома маълумот дар бораи маблағи қарзи андозӣ, ҳаҷми фоизҳое, ки аз рӯзи ба вуҷуд омадани уҳдадории андозӣ ҳисоб шудаанд, маблағи ҷаримаҳо, инчунин чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ, дарҷ карда мешаванд.
4. Шакли варақаи огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
5. Муқаррароти пешбининамудаи моддаи мазкур нисбат ба агентҳои андоз низ амалӣ карда мешаванд.
6. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, огоҳинома метавонад ба шахсони дигар фиристода шавад. Дар ин ҳолат ҳамаи муқаррароти пешбининамудаи боби мазкур нисбат ба шахсони дигар татбиқ карда мешаванд.
  Моддаи 134. Тартиб ва муҳлати фиристодани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ё мақомоти болоии андоз дар шакли хаттӣ ё электронӣ фиристода мешавад.
2. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда баъд аз ба миён омадани қарзи андозӣ ё аз санаи эътибор пайдо кардани қарор аз рӯи натиҷаҳои санади санҷиши сайёр фиристода мешавад.
3. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ дар ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 144 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ба шахсони дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур фиристода мешавад. Аз санаи гирифтани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ шахсони дигар дар мавриди иҷрои огоҳиномаи мазкур бо андозсупорандагоне, ки аз андоз қарздоранд, баробар карда мешаванд.
4. Мақомоти андоз ҳангоми зарурат дар баробари ирсол намудани огоҳинома дар асоси дархости хаттӣ аз андозсупоранда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои (маълумоти) зарурӣ, аз ҷумла санади муқоисавӣ, реквизитҳои суратҳисобҳои бонкӣ, қарздорон (дебиторон), рӯйхати молу мулкро барои амалисозии чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ талаб менамояд.
5. Дар ҳолати ихтиёран иҷро накардани дархости мазкур ва аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дархостшуда андозсупоранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
  Моддаи 135. Тағйирдиҳӣ ва иҷрои огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Агар мақомоти андоз баъд аз ба андозсупоранда фиристодани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ҳолатҳои асоснокеро ошкор намояд, ки боиси тағйирёбии маблағи қарзи андозӣ, фоизҳо ё ҷаримаҳо гардидааст, уҳдадор аст расман ба андозсупоранда огоҳиномаи дақиқшударо фиристад ва огоҳиномаи қаблан ирсолшударо бозпас гирад. Муқаррароти мазкур ба ҳолати пардохти ҷузъии маблағҳои қарзи андозӣ, фоизҳо ё ҷаримаҳое, ки дар огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ дарҷ шудаанд, татбиқ карда намешавад.
2. Огоҳиномаи дақиқшуда оид ба пардохти қарзи андозӣ ва бозхонди огоҳиномаи қаблан ирсолшуда ба андозсупоранда дар муҳлати 3 рӯз аз санаи ошкор гардидани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда фиристода мешаванд.
3. Танҳо дар ҳолати қарзи андозиро дар муддати 20 рӯзи корӣ пас аз санаи гирифтани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ пардохт накардан ва ё қисман пардохт намудани андозсупоранда, мақомоти андоз қарзи андозиро тавассути амалӣ намудани чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинигардида қарзи андозиро меситонад.