СУПОРИДАНИ ШАХС | 1994

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2014 № 2017)
Моддаи 498. Равон кардани дархост оид ба супоридани шахс
1. Дархост оид ба супоридани шахс дар сурате равон карда мешавад, ки агар барои яке аз ҷинояти содирнамудаи ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на кам аз як сол пешбинӣ шуда бошад ё муҳлати адонакардаи ҷазои шахси бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на кам аз шаш моҳро ташкил диҳад.
2. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар хусуси супоридани шахс танҳо дар сурати риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур метавонад мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
3. Дархостҳо оид ба супоридани муваққатии шахс ва истирдоди транзитии шахс бо тартибе, ки барои дархости супоридани шахс пешбинӣ шудааст, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 499. Эълон кардани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ бо мақсади супоридани шахс
1. Эълон кардани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ё байналмилалии шахси айбдоршаванда танҳо дар асоси хулосаи хаттии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳангоми баррасии дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷуд будани шартномаҳои байналмилалӣ бо давлате, ки айбдоршаванда эҳтимолан дар он қарор дорад, риоя гардидани принсипи мутақобила аз тарафи давлати хориҷӣ ҳангоми набудани шартномаи байналмилалӣ, эҳтимолияти воқеии супоридани шахс аз ҷониби он давлат, сатҳи муносибатҳои ҳуқуқии дуҷониба бо он давлат ва ҳолатҳои дигарро баррасӣ мекунад.
3. Дар ҳолати мавҷуд будани монеаҳо оид ба қонеъ намудани дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ, прокурор дар хулосаи хаттии худ ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо дода, пас аз бартараф намудани онҳо вобаста ба дархост қарор қабул менамояд.
Моддаи 500. Тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳо ва равон кардани дархост дар бораи супоридани шахс
1. Бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, ҳудуди онро тарк кардааст, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.
2. Дар ҳолати дастгир гардидани шахси дар ҷустуҷӯ қарордошта дар хориҷи кишвар, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводро аз мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати панҷ шабонарӯз маводҳои зеринро дар шакли нусха пешниҳод намояд:
1) қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ;
2) қарор дар бораи интихоб намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан;
3) қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда;
4) ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд бо пешниҳоди маълумотнома оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он ва маълумотнома оид ба қисми адонакардаи ҷазо (дар ҳолати супоридани маҳкумшуда);
5) қарор дар бораи эълон намудани ҷустуҷӯ;
6) ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти айбдоршаванда ё маҳкумшуда;
7) хулосаи мақомоти ваколатдор оид ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани айбдоршаванда ё маҳкумшуда;
8) қарори суд нисбат ба айбдоршаванда дар бораи ғоибона то шаш моҳ аз лаҳзаи дастгир шуданаш дароз кардани муҳлати ҳабси пешакӣ;
9) иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ҷиноят будани кирдорро тасдиқ намуда, барои супоридани шахс заруранд, аз ҷумла муҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;
10) тарҷумаи ҳуҷҷатҳои болозикр бо забони аз тарафи мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабшуда;
11) ҳуҷҷатҳои дигар, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд ва онҳо дар ҳудуди давлати хориҷие, ки шахси дар ҷустуҷӯбуда дастгир ва ё муайян карда шудааст, эътибори ҳуқуқӣ доранд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахс дархост ирсол менамояд.
Моддаи 501. Ҳадди ҷавобгарии ҷиноятии шахси супоридашуда
1. Шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, бе розигии давлате, ки ӯро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки ба супоридани ӯ вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад.
2. Қоидаҳои қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба шахсе, ки пас аз супоридан ҷиноят содир кардааст, инчунин шахси супоридашуда то сӣ шабонарӯз пас аз ба охир расидани таъқиби ҷиноятӣ ва дар сурати маҳкумшавӣ то сӣ шабонарӯз пас аз адои пурраи ҷазо ё аз лаҳзаи озод шудан аз ҷазо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накунад ва ихтиёран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад, татбиқ намегарданд. Ин муҳлат ба вақте, ки дар давоми он шахс бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда наметавонад, дохил намешавад.
Моддаи 502. Супоридани шахс
1. Дар ҳолате, ки агар мавқуфгузории супоридани шахс боиси гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, хавфи нобудшавии далелҳои ба даст овардашуда бо парвандаи ҷиноятӣ гардад ва ё ба тафтишоти ҷиноят зарар расонад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 498 Кодекси мазкур ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба супоридани муваққатии шахс дархост ирсол карда шавад.
2. Дар сурати қонеъ гардидани дархост оид ба супоридани муваққатӣ, шахси супоридашуда бояд дар муҳлати муайянгардида ба давлати супорида бозпас дода шавад.
3. Дар сурати зарурият мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ барои дароз намудани муҳлати супоридани муваққатии шахс ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, на дертар аз бист шабонарӯз то анҷоми муҳлати супоридани муваққатӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости асоснок бо зикри сабабҳои дароз намудани муҳлати супоридан пешниҳод менамояд.
4. Агар бораи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки барои ҷинояти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирнамуда адои ҷазо мекунад, дархост ворид гардад, супоридани ӯ метавонад то ба охир расидани муҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷазо мувофиқи асосҳои қонунӣ ба таъхир гузошта шавад. Агар шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, муҳлати супоридани ӯ то баровардани ҳукм, ба охир расидани муҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо, мувофиқи асосҳои қонунӣ мумкин аст ба таъхир гузошта шавад. Агар ба таъхир гузоштани муҳлати супоридани айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда боиси гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ гардад ё ба таҳқиқ ё тафтишоти ҷиноят халал расонад, шахсеро, ки супоридани ӯ дар асоси дархост зарур аст, ба давлати дархосткунанда муваққатан супоридан мумкин аст.
Моддаи 503. Хабар додан дар бораи натиҷаҳои мурофиаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси супоридашуда
Прокурори назоратбаранда дар бораи натиҷаҳои мурофиаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси супоридашуда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд воқиф намудани мақомоти ваколатдори тарафи дархосткарда хабар медиҳад.
Моддаи 504. Ҳисоб кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан
1. Оғози муҳлати ҳабс нисбат ба шахси супоридашуда ҳамчун чораи пешгирӣ аз лаҳзаи дастгир кардан дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҳисоб карда мешавад.
2. Вақти дар ҳудуди давлати хориҷӣ дастгиркунӣ ва дар ҳабс будани шахси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, инчунин овардани ӯ ҳангоми баровардани ҳукм ба муҳлати умумии давраи дар ҳабс будан ҳисоб карда мешавад.
3. Муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани шахси муваққатан супоридашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати иҷрои ҷазои аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда дохил намешавад, агар ин муҳлат ҳангоми адои ҷазои аз ҷониби суди давлати хориҷӣ таъиншуда ба инобат гирифта шуда бошад.
Моддаи 505. Дар ҳабс нигоҳ доштан ҳангоми овардани транзитӣ ва супоридани муваққатии шахс
Қарори мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи дар ҳабс нигоҳ доштани шахс ё ҳукми суд дар бораи таъин кардани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс нигоҳ доштани шахсоне асос мешавад, ки:
1) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит оварда шудаанд;
2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан супорида шудаанд.
Моддаи 506. Қарор дар бораи дархости супоридани шахс
1. Пас аз омӯхтани маводи санҷиш оид ба супоридан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридани шахс ё рад кардани супоридан ба давлати хориҷӣ қарор қабул мекунад. Дар мавриди аз якчанд давлатҳо мавҷуд будани дархост оид ба супоридани як шахс, масъалаи ба кадом давлат супоридани ӯ аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар шакли қарор қабул карда мешавад.
2. Дар бораи қарори худ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ва шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор қабул шудааст ва ҳимоятгари ӯ хабар медиҳад.
3. Дар сурати қабули қарор дар бораи супоридани шахс нусхаи қарор дар муҳлати на дертар аз се шабонарӯз ба ин шахс супорида шуда, ҳуқуқи шикоят кардан аз болои қарори мазкур ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонда дода мешавад.
4. Қарор дар бораи супоридани шахс пас аз ба охир расидани муҳлати шикояти он иҷро карда мешавад. Дар сурати шикоят кардан аз болои қарор, супоридани шахс то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода намешавад.
5. Дар сурати даст кашидан аз супоридани шахс ба давлати хориҷӣ, бо асосҳое, ки таъқиби ҷиноятиро истисно намекунанд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ба таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба ин шахс ба мақомоти тафтишотӣ супориш медиҳад.
Моддаи 507. Ҳуқуқҳои шахсе, ки супоридани ӯ дархост карда мешавад
1. Шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи супоридан ба давлати хориҷӣ баррасӣ мешавад, ҳуқуқ дорад:
1) донад, ки барои содир намудани кадом ҷиноят дархости супоридани ӯ ворид шудааст;
2) ҳимоятгар дошта бошад ва бо шартҳои нигоҳ доштани махфияти мулоқот бо ӯ вохӯрад, дар ҳузури ҳимоятгар пурсида шавад;
3) ҳангоми дастгир кардан хешовандони наздик, аъзои оила ё шахсони дигарро дар бораи дастгир кардан ва ҷойи будубоши худ огоҳ намояд;
4) дар баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳабс гирифтан ва дархости супориданаш дар суд иштирок намояд;
5) бо дархости супоридан шинос шавад;
6) аз болои қарорҳои ба ҳабс гирифтан, татбиқи ҳабс оид ба супоридан ва қонеъ кардани дархости супоридан шикоят кунад;
7) дар маҷлиси судӣ фикри худро оид ба дархости супоридан изҳор кунад.
2. Агар шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи супоридан баррасӣ мешавад, шаҳрванди хориҷӣ бошад ва дар ҳабс қарор дошта бошад, ҳуқуқ дорад бо намояндаи намояндагии дипломатӣ ё консулгарии давлати худ мулоқот намояд.
Моддаи 508. Хусусиятҳои дастгир кардани шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ барои содир намудани ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 92 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Дар бораи дастгир кардани чунин шахс ба прокурори назоратбаранда фавран хабар дода мешавад.
2. Дар давоми 72 соат шахсияти дастгиршуда, шаҳрвандии ӯ бояд муқаррар карда шавад. Аз ташаббускори ҷустуҷӯ оид ба ҳолатҳои кирдори содиршуда, матни моддае, ки тибқи он ин кирдор ҷиноят эътироф шудааст, қарори мақомоти ваколатдор дар бораи ба ҳабс гирифтани ӯ ва эълони ҷустуҷӯ маълумот дархост карда мешавад, инчунин тасдиқи зарурати ба ҳабс гирифтани шахс бояд гирифта шавад.
3. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи ба ҳабс гирифтани шахс пеш аз изҳори талаб дар бораи супоридан метавонад тавассути почта, телеграф, телекс, факс ва намудҳои дигари алоқа фиристода шавад.
4. Шахси дастгиршуда фавран озод карда мешавад, агар:
1) дар давоми 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ ӯро барои баррасии дархост дар бораи муваққатан ба ҳабси гирифтан ё нисбат ба ӯ татбиқи ҳабс оид ба супоридан ба назди судя ҳозир накарда бошанд;
2) ҳолатҳои дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинишуда муқаррар карда шаванд, ки дар асоси он супоридан иҷро карда намешавад.
Моддаи 509. Муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштани шахс
1. Пас аз омӯхтани маводи пешниҳодшуда ва ҷой доштани асосҳои кофӣ дар бораи он, ки дастгиршуда шахсест, ки нисбаташ ҷустуҷӯ эълон карда шудааст, дар сурати мавҷуд набудани асосҳои дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинишуда, прокурор 12 соат пеш аз ба охир расидани муҳлати 72 соати дар ҳабс нигоҳ доштани шахс ба суд оид ба татбиқи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати чил рӯз аз лаҳзаи дастгир намудан ё муҳлати муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои супоридани ӯ дархост пешниҳод менамояд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатии шахсро дастгирнамуда ба прокурор ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1) протоколи дастгиркунии шахс;
2) ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумот дар бораи содир намудани ҷиноят аз тарафи шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ ва интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мебошанд;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти дастгиршуда.
3. Судя на дертар аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани шахс дархостро баррасӣ намуда, дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан ё рад кардани муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан қарор мебарорад.
4. Дар сурати аз ҷониби суд баровардани қарор дар бораи рад кардани муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан, прокурор фавран шахси боздоштшударо озод намуда, аз қарори қабулнамудааш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
5. Прокурор ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷие, ки дархост оид ба супоридан фиристонидааст ё мефиристад, дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштани шахс хабар медиҳад.
6. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан на дертар аз даҳ рӯз то ба охир расидани муҳлати ҳабси чунин шахс вазифадор аст, ки прокурорро дар ин бора огоҳ созад.
7. Шахсе, ки нисбат ба ӯ муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби прокурор озод карда мешавад, агар:
1) дар давоми чил шабонарӯз тарафи дархосткунанда дар бораи супоридани шахс дархост нафиристонида бошад;
2) дар давоми чил шабонарӯз ҳабс барои супоридан татбиқ нашуда бошад;
3) ҳолатҳое ошкор шуданд, ки имконияти супориданро истисно мекунанд.
8. Агар дархости супоридан дертар ворид шуда бошад, озод кардани шахс барои бо дархости такрорӣ ба суд дар бораи ба ҳабс гирифтани ӯ ва супоридан тибқи талаботи Кодекси мазкур монеа эҷод намекунад.
9. Дар сурати ворид шудани дархости супоридани шахс то ба охир расидани муҳлати муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан, қарори судя дар бораи муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштан аз лаҳзаи қабули қарор оид ба татбиқи ҳабс барои супоридан нисбат ба шахс беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 510. Ҳабс барои супоридан
1. Пас аз гирифтани дархости супоридани шахси дар ҷустуҷӯ қарордошта тавассути почта, телеграф, телекс, факс ва воситаи дигари алоқа аз тарафи дархосткунанда, прокурор ба суди ҷойи нигоҳдории шахс дар бораи татбиқи ҳабси шахс бо мақсади супоридан дархост пешниҳод менамояд.
2. Якҷоя бо дархост ба баррасии судя ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) нусхаи дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи супоридани шахс, ки аз ҷониби мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
2) ҳуҷҷат дар бораи шаҳрвандии шахс;
3) маводи мавҷуда вобаста ба санҷиш оид ба супоридан.
3. Судя дархостро баррасӣ намуда, дар бораи татбиқи ҳабс барои супоридан ё рад кардани он барои супоридан қарор қабул мекунад.
4. Ҳангоми баррасии дархост, судя мансубияти шаҳрвандии шахси дар ҷустуҷӯбударо санҷида, масъалаи ҷиноят будани кирдоре, ки вобаста ба он супоридан талаб карда шудааст ва таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани онро, бидуни таҳқиқи масъалаи мавҷуд будани гуноҳ ва қонунӣ будани қарорҳои мурофиавии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ пешниҳодшуда, муайян мекунад.
5. Шикоят ва аз нав дида баромадани қарори судя бо дархости прокурор бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур сурат мегирад.
6. Дар сурати баровардани қарор дар бораи рад кардани татбиқи ҳабс барои супоридан, судя ҳамзамон дар бораи дар ҳабс нигоҳ доштани шахси таҳти ҷустуҷӯ қарордошта дар давраи баррасии парванда бо дархости прокурор дар Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ё Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
7. Ҳабс барои супоридан нисбат ба шахси супоридашаванда ба муҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи дастгир кардан ва нисбат ба шахсе, ки иҷрои ҳукми судро талаб кардааст, на бештар аз муҳлате, ки ӯ дар давлати дархосткунанда маҳкум шудааст, татбиқ карда мешавад.
8. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан на дертар аз даҳ рӯз пеш аз ба охир расидани муҳлати ҳабси шахсе, ки ба ӯ ҳабс барои супоридан татбиқ шудааст, уҳдадор аст, ки прокурорро дар ин бора огоҳ созад.
9. Дар сурати ба охир расидани муҳлати дувоздаҳ моҳи ҳабс барои супоридан пас аз қабули қарор дар бораи супоридани шахс, муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани шахси супоридашаванда то супоридани воқеии ӯ ба давлати хориҷӣ мумкин аст аз тарафи судя бо дархости прокурор дар доираи муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум сохтан, ки дар санксияи қонуни ҷиноятии давлати хориҷӣ пешбинӣ шудааст, дар чунин ҳолатҳо дароз карда шавад:
1) ташкили интиқоли шахси супоридашуда ба ҳудуди давлати дархосткунанда;
2) баррасии шикояти шахси супоридашуда аз болои қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридани ӯ.
10. Озод намудани шахсе, ки ба ӯ ҳабс барои супоридан татбиқ карда шудааст, дар асоси қарори прокурор, аз ҷумла пас аз гузаштани муҳлати дар моддаи мазкур пешбинишуда, агар супоридан дар ин муҳлат сурат нагирифта бошад, ба амал бароварда шуда, дар ин хусус фавран ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
11. Озод намудани шахс аз ҳабс барои супоридан ҷиҳати татбиқи такрории он бо мақсади супоридани воқеии шахс ба давлати хориҷӣ барои иҷрои қарор дар бораи супоридан монеа намешавад, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 511 Рад кардани супоридани шахс
1. Супоридани шахс дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
1) шахс шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
2) агар асос ҷой дошта бошад, ки шахсе, ки нисбаташ дархости супоридан ворид шудааст, мумкин аст дар тарафи дархосткунанда мавриди таҳдиди шиканҷа қарор гирад, ё ин ки ба саломатӣ, ҳаёт ва озодии ӯ аз рӯйи аломатҳои нажодӣ, динӣ, миллат, шаҳрвандӣ, тааллуқ будан ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ин ки ақидаи сиёсӣ хатар таҳдид намояд, ба ғайр аз ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
3) кирдоре, ки вобаста ба он супоридани шахс дархост шудааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо тартиби айбдоркунии хусусӣ сурат мегирад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
4) мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи иловагӣ ё пешниҳоди дигар, ки бе онҳо баррасии супоридани шахс ғайриимкон аст, накарда бошад;
5) супоридани шахс ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои он мухолифат намояд;
6) асосҳои дигар, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд;
7) ба шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шуда бошад;
8) кирдоре, ки дархости супоридан ба он асос ёфтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардида бошад;
9) нисбат ба шахс аллакай барои ҳамон ҷиноят ҳукме бароварда шуда бошад, ки он эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё пешбурди тафтиши парванда қатъ карда шуда бошад;
10) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё аз рӯйи асоси дигари қонунӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ ва иҷрои ҳукм ғайриимкон бошад.
11) ҷинояте, ки барои он супоридан дархост шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ накарда бошад.
2. Супоридани шахс мумкин аст рад карда шавад, агар ҷинояте, ки вобаста ба он супоридани шахс дархост карда шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҳудуди он берун ба муқобили манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад.
Моддаи 512. Супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ
1. Супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шаҳрвандии давлати дигар мебошад, дар асоси шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ бо қоидаҳои моддаҳои 498-516 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 513. Тартиби шикоят овардан аз болои қарор дар бораи супоридани шахс
1. Аз болои қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридани шахс аз тарафи шахсе, ки нисбаташ қарор баромадааст ё ҳимоятгари ӯ дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи қарор ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
2. Маъмурияти ҷойи дар ҳабс нигоҳ доштани шахс, дар сурати гирифтани шикояти шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, дар муҳлати 24 соат онро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида, дар ин хусус ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани огоҳнома оид ба қарори шикоятшуда дар бораи супоридани шахс маводе, ки асоснок ва қонунӣ будани қарори қабулшударо тасдиқ менамояд, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
4. Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани қарор дар бораи супоридани шахс дар муҳлати понздаҳ шабонарӯз аз рӯзи гирифтани шикоят аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкорои судӣ бо иштироки прокурор, шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул карда шудааст ва ҳимоятгари ӯ ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин муҳлатро дароз кардан мумкин аст.
5. Дар оғози маҷлис раисикунанда дар хусуси кадом шикоят баррасӣ мешавад эълон намуда, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва ҷавобгарии шахсони иштироккунадаро мефаҳмонад. Сипас муроҷиаткунанда ва ё ҳимоятгари ӯ шикояти худро асоснок менамояд, пас сухан ба прокурор дода мешавад.
6. Дар ҷараёни баррасии судӣ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гунаҳгор будани шахсеро, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор надода, қонунӣ будани қарори мурофиавии қабулнамудаи мақомоти ваколатдори давлати хориҷиро мавриди санҷиш қарор намедиҳад. Санҷиш дар масъалаи мувофиқ будани қарор дар бораи супоридани шахс ба қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мешавад.
7. Дар натиҷаи санҷиш Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ин қарорҳоро қабул менамояд:
1) оид ба ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани қарори супоридани шахс ва бекор кардани он;
2) дар бораи беқаноат гузоштани шикоят;
3) оид ба боздоштани қарори супоридани шахс то баррасии масъалаҳое, ки барои қабули қарор аҳаммияти ҷиддӣ доранд, дар як вақт дароз намудани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати на кам аз як моҳ.
8. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани қарори супоридани шахс ва бекор кардани он ё беқаноат мондани шикоят аз лаҳзаи эълон кардан эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
9. Озод намудани шахсе, ки нисбаташ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ғайриқонунӣ ва беасос эътироф намудани супоридан ё бекор кардани онро қабул кардааст, бо тартиби муайянкардаи қисми 10 моддаи 510 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
Моддаи 514. Ба таъхир гузоштани супоридани шахс ба давлати хориҷӣ
1. Пас аз қабули қарор дар бораи супоридани шахс Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ метавонанд супоридани шахсро ба давлати хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба таъхир гузоранд:
1) шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё барои кирдори ҷиноятии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудааш адои ҷазо дорадто ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ, иҷрои ҷазо ё озод шудан аз иҷрои ҷазо бо ягон асосҳои қонунӣ;
2) шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи супоридан қабул шудааст, ба бемории вазнин мубтало буда, бинобар вазъи саломатӣ супоридани ӯ бе расонидани зарар ба саломатиаш то шифо ёфтани ӯ ғайриимкон аст.
2. Дар мавриди мавҷуд набудани асосҳо минбаъд ба таъхир гузоштани супоридани шахсони дар қисми 1 ин модда пешбинишуда, нисбат ба шахси супоридашаванда ҳабс барои супоридан бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
3. Агар дар давраи батаъхиргузорӣ ҳолате пайдо шавад, ки ба супоридани шахс монеа шавад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ҳуқуқ доранд қарори қабулнамуда дар бораи супориданро аз нав баррасӣ намоянд.
4. Дар ҳолате, ки агар батаъхиргузории супоридан ба гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ ё расонидани зарар ба тафтиши ҷиноят дар давлати хориҷӣ мусоидат намояд, шахсе, ки супориданаш дархост шудааст, мумкин аст ба вақти муайян дода шавад.
5. Шахсе, ки ба вақти муайян дода шудааст бояд пас аз гузаронидани амалҳои мурофиавӣ бо парвандаи ҷиноятӣ, ки вобаста ба он супорида шуда буд, на дертар аз навад шабонарӯз аз рӯзи додани шахс баргардонида шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо ин муҳлат мумкин аст дароз карда шавад, вале на зиёда аз муҳлати иҷронашудаи ҷазое, ки барои содир кардани ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Моддаи 515. Иҷрои қарор дар бораи супоридани шахс
1. Маъмурияти ҷойҳои ҳабси пешакӣ пас аз гирифтани қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар бораи супоридан уҳдадор аст дар муҳлати сӣ шабонарӯз шахсро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ супорида, аз натиҷааш ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.
2. Дар вақти додани шахси супоридашуда ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба муҳлати дар ҳабс будани ӯ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода мешавад.
Моддаи 516. Интиқоли транзитӣ
1. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба интиқоли транзитии шахси аз тарафи давлати сеюм ба ин мақомот супоридашуда тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамон тартибе, ки барои дархост оид ба супоридан муайян шудааст, баррасӣ карда мешавад.
2. Зимни баррасии дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дар бораи интиқоли транзитӣ танҳо ҳолатҳое, ки дар моддаи 511 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
3. Тарзи интиқоли транзитӣ аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ дар мувофиқа бо муассисаи дахлдор муайян карда мешавад.