САВДОИ БЕБОҶ | 1994

Моддаи 258. Мазмуни низоми гумрукии савдои бебоҷ
1. Савдои бебоҷ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он молҳои хориҷии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ё молҳои ватанӣ ба тариқи чакана ба шахсони воқеии берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафаркун№ 2162 устақиман дар мағозаи савдои бебоҷ, бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҳамаи мол ҷой дода мешавад, ба истиснои моле, ки воридот ва содироти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муомилоти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин дигар молҳое, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Молҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда дар мағозаҳои савдои бебоҷ таҳти назорати гумрукӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Моли дар мағозаҳои савдои бебоҷ фурӯхташаванда мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бояд дорои воситаҳои ҳаммонандсозӣ бошад.
5. Ҳангоми қарор додани моли ватанӣ таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ озодкунӣ аз пардохти андозҳои дохилӣ, баргардонидан ё ҷуброни он мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
6. Ҳангоми ҷойгир намудани моли хориҷи таҳти низоми савдои бебоҷ маблағи боҷи гумрукии воридотӣ ва андоз баргардонида мешавад, агар баргардонии онҳо ҳангоми содироти воқеии мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
7. Декларанти моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷойгиршаванда метавонад танҳо соҳиби мағозаи савдои бебоҷ бошад.
8. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ метавонад танҳо шахси ҳуқуқии ватание бошад, ки ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
9. Моле, ки барои таъмини фаъолияти мағозаи савдои бебоҷ истифода мегардад, набояд таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷой дода шавад.
10. Мағозаи савдои бебоҷ мувофиқи тартиби муқарраркардаи низом дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва иҷозат барои фурӯши чаканаи мол, агар ҳатмӣ будани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда бошад, кушода мешавад.
11. Иҷозати мол мувофиқи низоми гумрукии савдои бебоҷ ва пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс баъди гирифтани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ имконпазир мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 259. Талабот нисбати ободонӣ ва таҷҳизонии бинои мағозаи савдои бебоҷ
1. Бинои мағозаи савдои бебоҷ метавонад аз толори савдо, биноҳои ёрирасон ва анборҳо иборат бошад.
Биноҳои мазкур бояд тарзе муҷаҳҳаз бошанд, ки фурӯши молро танҳо дар толорҳои мағозаи савдои бебоҷ анҷом дода, инчунин ҳифзи мол ва имконияти назорати гумрукиро нисбати онҳо таъмин намоянд.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонии анборҳои мағозаи савдои бебоҷ талаботи ҳатмиро муқаррар мекунад, агар чунин анборҳо берун аз нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс ҷойгир шуда бошанд.
3. Толорҳои савдои мағоза бояд тарзе ҷойгир шаванд, ки монда рафтани молҳои аз мағозаи савдои бебоҷ харидшударо дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно намоянд, аз ҷумла ба дасти шахсони воқеие, ки дар ин ҳудуд мемонанд, додани онҳоро имконнопазир гардонанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Бинои мағозаи савдои бебоҷ минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор меравад.
5. Агар бино дар асоси шартномаи иҷора ихтиёрдори карда шавад, пас бояд ин шартнома ба мӯҳлати на камтар аз се сол аз рӯзи додани ариза барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 260. Шарти дохил намудан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906аз 01.10.2025 №2186):
1) соҳибии биное (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора), ки барои истифодаи он ба сифати мағозаи савдои бебоҷ муносиб ва ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида бошад (моддаи 259);
2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 261. Ариза барои дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахс ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дар асоси аризае, ки ҷавобгӯи шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 258 - 260 ҳамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Ариза барои дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) муроҷиат ба мақоми гумрук барои дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, оид ба кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи миқдори сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи биноҳои дар ихтиёри аризадиҳанда қарордошта, ки барои истифода ба сифати мағозаи савдои бебоҷ таъин шудаанд, дар бораи маҳали ҷойгиршавии он, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии он;
4) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи банди 2) моддаи 260 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ба аризаи барои дохил шудан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳое, ки барои истифода ҳамчун мағозаи савдои бебоҷ таъин гардидаанд;
3) тарҳи нақшаи биноҳо, ки барои истифода ҳамчун мағозаи савдои бебоҷ таъин шудаанд;
4) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи банди 2) моддаи 260 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо.
4. Барои ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки барои истифодаи мағозаи бебоҷ пешбинӣ шудааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 262. Вазифаҳо ва масъулияти соҳиби мағозаи савдои бебоҷ
1. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ вазифадор аст:
1) талабот ва шартҳои низоми гумрукии савдои бебоҷро риоя кунад;
2) талаботи ободонӣ ва таҷҳизонии мағозаи савдои бебоҷро риоя кунад (моддаи 260);
3) имконияти барои мақсадҳои дигар истифода бурдани молеро, ки ба мағозаи савдои бебоҷ барои фурӯш ворид шудаанд, истисно намояд;
4) бақайдгирии электронии моли ба мағозаи савдои бебоҷ воридшуда ва фурӯши онро тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук анҷом дода, ба мақомоти гумрук ҳисобот пешниҳод намояд (моддаи 405) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордоштаро танҳо дар биноҳои ёрирасон ва анборҳои мағозаи савдои бебоҷ нигоҳ дорад;
6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 263 ҳамин Кодекс, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардозад, ба шарте, агар соҳиби мағозаи савдои бебоҷ иҷозати транзити дохилии гумрукиро дошта бошад;
7) талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдо бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс риоя кунад;
8) дар сурати баста шудани мағозаи бебоҷ мақоми гумрукро огоҳ намояд.
2. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта ҳангоми гум кардани моли хориҷӣ ё истифодаи он бо мақсадҳои дигари ғайри фурӯши чакана дар мағозаи савдои бебоҷ ба шахсони воқеие, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, мутобиқи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб масъулият дорад. Соҳиби мағозаи савдои бебоҷ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо дар сурате масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити мӯътадили нигаҳдорӣ ва фурӯш нобуд ё тамоман гум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 263. Шаҳодатнома барои дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ нисбати ҳар як бинои ҳудудан алоҳида, ки ба сифати мағозаи савдои бебоҷ истифода бурда мешавад, татбиқ мегардад. Барои ҳар як бинои ҳудудан алоҳида дар бораи дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ ва нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавии он;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино, ки ба сифати мағозаҳои савдои бебоҷ истифода бурда мешавад;
3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи банди 2) моддаи 260 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) нишони додани маҳали ҷойгиршавии мағозаи савдои бебоҷ.
3. Шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ дар давоми панҷ сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
4. Шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷро мақоми гумрук метавонад дар ҳолатҳои зерин бозхонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз тарафи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои муқаррарнамудаи боби 31 ҳамин Кодекс барои фаъолият ба сифати соҳиби мағозаи савдои бебоҷ;
2) аз тарафи соҳиби мағозаи савдои бебоҷ риоя нашудани яке аз шартҳои пешбининамудаи банди 5 қисми 1 моддаи 230 ҳамин Кодекс;
3) ҳангоми якчанд маротиба ҷалб намудани соҳиби мағозаи савдои бебоҷ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
5. Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) моли хориҷии таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта бояд дар давоми 15 рӯзи баъди бозхонди шаҳодатномаи мазкур таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад;
2) маблағи андозҳои дохилие, ки аз моли ватании таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ ҷойгиршуда ва дар мағозаи савдои бебоҷ қарордошта баргардонида шудаанд, бо ҳисоб кардани фоизҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи ҷойгир намудани мол дар мағозаи савдои бебоҷ амал менамуданд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешавад;
3) моли таҳти низоми гумрукии савдои бебоҷ қарордошта баъди як рӯзи бозхонди шаҳодатнома барои мақсади гумрукӣ ҳамчун моли таҳти низоми нигаҳдории муваққатӣ ҷойгиршуда дониста мешавад. Фурӯши чунин мол, инчунин ҷойгир намудани моли дигар дар мағозаи савдои бебоҷ иҷозат дода намешавад.
4. Бозхонди шаҳодатнома дар бораи дохил кардан ба Феҳристи соҳибони мағозаи савдои бебоҷ соҳиби мағозаи савдои бебоҷро аз риояи талабот ва иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс озод наменамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).