РЕИМПОРТ | 1994
Моддаи 234. Мазмуни низоми гумрукии реимпорт
1. Реимпорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мӯҳлатҳои муқарраршуда (банди 2 қисми 1 моддаи 235), бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Моли таҳти низоми гумрукии реимпорт ҷойгиршуда барои мақсади гумрукӣ чун иҷозатшуда барои муомилоти озод баррасӣ карда мешавад.
1. Таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани мол иҷозат дода мешавад, агар:
1) ҳангоми содир намудани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дорои статуси таҳти муомилоти озод қарордошта ё маҳсули коркарди моли хориҷӣ бошад (боби 21) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) мол дар ҷараёни 3 соли баъд аз рӯзи дигари интиқоли моли мазкур аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии реимпорт арз шудааст. Тибқи дархости асосноки шахси манфиатдор мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мӯҳлати мазкурро нисбати таҷҳизоти дар сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва дигар мақсадҳои шабеҳ бо шарти риояи ҳамаи дигар муқаррароти ҳамин боб тамдид менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) мол дар ҳамон ҳолате, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда буд, бетағйир боқӣ монда бошад, ба истиснои тағйирот дар натиҷаи фарсудашавии табий ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мӯтадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) маблағи боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағҳое, ки бояд ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ (моддаи 236) баргардонида шаванд, пардохта шуда бошад.
2. Истифодаи мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани фоида, инчунин иҷрои амалиёти зарурӣ барои таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсия), хизматрасонии техникӣ ва дигар амале, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол заруранд ва нигоҳ доштани мол дар ҳолате, ки он дар рӯзи содирот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, барои ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии реимпорт монеа шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки иҷрои амалҳои таъмир боиси баланд шудани арзиши мол нисбат ба арзиши он дар рӯзи содирот нагардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Таҳти низоми гумрукии реимпорт метавонад моле ҷойгир карда шавад, ки қаблан таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.
4. Қарор додани молҳо таҳти низоми гумрукии реимпорт бо шарти риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда, ҳамчунин дар мавриде иҷозат дода мешавад, ки агар танҳо қисме аз молҳои қаблан содиршуда ворид гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
Моддаи 236. Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар маблағ ҳангоми реимпорти мол
1. Ҳангоми реимпорти мол ба буҷети давлатӣ бояд ин маблағ баргардонида шавад:
1) маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ, андозҳо ва (ё) фоизи онҳо, агар маблағи чунин боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) фоизҳо ситонида нашуда бошад ё вобаста ба содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) маблағи андозҳои дохилӣ, субсидияҳо ва дигар маблағи пардохтнашуда ё қаблан мустақиман ё ғайримустақим ба сифати пардохт, имтиёз гирифташуда ё аз сабаби содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн гардидааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Маблағи боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳои тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 185 ҳамин Кодекс барои муайян намудани маблағи барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз зарури ҳангоми иҷозати маҳсули коркарди мол барои муомилоти озод ҳисоб карда мешавад.
Маблағи андозҳои дохилӣ дар асоси меъёрҳои дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ ҳангоми баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он, ки ҳангоми баровардани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421):
3. Тартиби ҳисоби маблағи субсидия ва дигар маблағи дар қисми 2 ҳамин модда зикрнашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муқаррар намояд, ки ҳамзамон бо ин маблағ фоизҳои он дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад.
4. Маблағҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, субсидияҳо ва дигар фоизҳое, ки мувофиқи ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ситонида мешаванд.
Моддаи 237. Ҳуҷҷат ва маълумоте, ки барои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт заруранд
1. Барои гирифтани иҷозати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии реимпорт декларант ба мақоми гумрук дар бораи шароитҳои баровардани мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи таъмири мол, агар чунин амалиёт бо мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд, маълумот пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Барои тасдиқи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда декларант ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукиро, ки ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рӯзи убури мол аз сарҳади гумруки ҳангоми содирот, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талаботи моддаи 236 ҳамин Кодекс, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукии содироти ҳангоми реимпорти мол баргардонида мешавад, агар мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми гумрукии реимпорт дар давоми на дертар аз 6 моҳи баъди убури мол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Маблағи боҷҳои содиротии гумрукии пардохтшуда бо қарори мақомоти гумрук аз ҷониби мақомоти ваколатдори молия тибқи ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.