РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | 1994
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466), иҷозат дода мешавад. Дар маҳалҳои дигар мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои эҳтиётиеро, ки интиқолдиҳанда барои пешгирии истифодаи беиҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди гумрукӣ ҳангоми расиданашон берун аз вақти кори мақоми гумрук бояд андешад, муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
Барои расидани намудҳои моли алоҳида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои гузаргоҳҳоро аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Баъди гузаштан аз сарҳади гумрукӣ интиқолдиҳанда вазифадор аст мол ва воситаҳои нақлиёти овардаи худро дар нуқтаи гузаргоҳ ё маҳалҳои дигари дар қисми 1 ҳамин модда (маҳали расидан) зикршуда расонад ва онҳоро ба мақомоти гумрук пешниҳод кунад. Дар айни замон тағйири ҳолати мол ё вайрон кардани бастабандии онҳо, инчунин тағйирдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, нобудсозӣ ё вайронкунии тамғаю мӯҳрҳо ва воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ иҷозат дода намешавад.
3. Мақомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафаҳм оид ба нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳои муқарраршуда ва вақти кори мақомоти гумрук маълумот пешниҳод намоянд.
4. Муқаррароти ҳамин модда нисбати моле, ки тавассути нақлиёти дарёӣ ё ҳавоӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе таваққуф дар бандар ё фурудгоҳи дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда убур мекунанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 70. Тадбирҳое, ки ҳангоми садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё дигар ҳолатҳо андешида мешаванд
1. Агар молрасонӣ аз маҳали убури сарҳади гумрукӣ ба маҳали расидан қатъ гардад, инчунин агар киштиҳои дарёӣ ва ҳавопаймо ночор таваққуф кунанд ё фуруд оянд ё дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ё ҳолатҳои дигари барои боррасонӣ монеашаванда таваққуф ва фуруд дар маҳалҳои муайяншуда номумкин бошад, интиқолдиҳанда вазифадор аст барои ҳифзи молу воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳоро андешад ва фавран дар бораи ин ҳолатҳо ва маҳали ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт ба наздиктарин мақоми гумрук хабар диҳад, инчунин молро ба наздиктарин мақоми гумрук интиқол диҳад (агар воситаи нақлиёти ӯ зарар дида бошад) ё интиқоли онҳоро ба ҳама гуна ҷойи дигар, ки мақоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳанда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи ҳамин модда ба миён омадааст, ҷуброн намекунанд.
Моддаи 71. Огоҳонидани пешакии мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Маъмурияти дидбонгоҳи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарияти фурудгоҳ, аэродром, бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, стансияҳо) мақоми гумрукро қаблан дар бораи маҳал ва вақти расидани воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби бо маъмурияти гузаргоҳи мазкур ва мақоми гумрук тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда огоҳ менамояд.
Моддаи 72. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Ҳангоми расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73 - 76 ҳамин Кодексро вобаста ба навъи нақлиёте, ки дар он ҳамлу нақли байналмилали амалӣ мегардад, пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад рӯйхати маълумоти дар моддаҳои 73-76 ҳамин Кодекс пешбинишударо ихтисор намояд. Мақоми гумрук ҳуқуқ надорад аз интиқолдиҳанда пешниҳоди маълумоти дигарро талаб намояд.
Агар ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 73-76 ҳамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарурӣ набошанд, интиқолдиҳанда вазифадор аст ба мақоми гумрук маълумоти нокифояро бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигари иловагии ба таври озод таҳияшуда хабар диҳад.
2. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳо ва маълумотро то воқеан расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро (қисми ҳуҷҷатҳоро) тибқи ҳамин Кодекс ва тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳод намояд.
4. Ҳангоми аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ мақомоти гумрук ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд танҳо тарҷумаи маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 73-76 ҳамин Кодексро ба забони давлатӣ ё забони муоширати байналмилалӣ талаб намоянд.
5. Аз номи интиқолдиҳанда ҳуҷҷатҳо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешниҳод намояд.
Моддаи 73. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти автомобилӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди давлатии воситаҳои нақлиёт;
2) ном ва суроғаи интиқолдиҳандаи мол;
3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;
4) ном ва суроғаи фиристанда ва гирандаи мол;
5) дар бораи фурӯшанда ва қабулкунандаи мол мувофиқи ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки интиқолдиҳанда дорад;
6) дар бораи миқдори ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол;
7) номгӯй, инчунин рамзи мол мувофиқи талаботи байналмилалии тавзеҳ ва кодгузории мол дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
8) вазни умумии мол (бо кг) ё ҳаҷми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонҳаҷм;
9) дар бораи мавҷудияти моле, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
10) дар бораи маҳал ва таърихи таҳияи борхати нақлиётии байналмилалӣ;
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷатҳо ба воситаи нақлиёт;
2) борхати нақлиётии байналмилалӣ;
3) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ба моли интиқолшаванда, ки интиқолдиҳанда дорад.
Моддаи 74. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти дарёӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти дарӣ интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) дар бораи қайди киштӣ ва мансубияти миллии он:
2) номгӯ ва тавсифи киштӣ:
3) ному насаби капитан:
4) ному насаб ва суроғаи агенти киштӣ:
5) дар бораи теъдоди мусофирони киштӣ, ному насаби онҳо, шаҳрванди (табаият), таърих ва маҳали таваллуд, бандари таваққуф ва фуруд:
6) дар бораи теъдод ва ҳайати экипаж:
7) номгӯи бандари сафар ва бандари даромади киштӣ:
8) номгӯи, теъдоди умумӣ ва тавсифи мол:
9) дар бораи теъдоди ҷойҳои бор, маркировкаи онҳо ва навъи бастабандии мол:
10) номгӯи бандари боргирӣ ва бандари борфарорӣ:
11) рақами коносаментҳо ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли баҳриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдиқ менамояд;
12) номгӯи бандарҳои фаровардани моли дар кишти боқимонда;
13) номгӯи бандарҳои аввалаи ирсоли мол;
14) номгӯи захираҳое, ки дар киштӣ мавҷуданд ва нишон додани теъдоди онҳо;
15) тавзеҳи ҷойгиркунии мол дар киштӣ;
16) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштӣ;
17) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани онҳо ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропи ва заҳрнок мавҷуд аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
18) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моли хатарнок, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҷангӣ.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) декларатсияи умумӣ;
2) декларатсияи бор;
3) декларатсияи захираҳо дар киштӣ;
4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии ҳайати экипажи киштӣ;
5) таъиноти киштӣ;
6) рӯйхати мусофирон;
7) ҳуҷҷате, ки Ковенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд;
8) коносаментҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни қарордоди интиқоли дарёиро тасдиқ мекунанд.
Моддаи 75. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти ҳавоӣ пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилали тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқолдиҳанда ба мақомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) зикри аломати мансубияти миллӣ ва аломати бақайдгирии ҳавопаймо;
2) рақами рейс, зикри самти парвоз, нуқтаи парвоз, ҷойи фуруди ҳавопаймо;
3) номи истифодабарандаи ҳавопаймо;
4) теъдоди ҳайати экипаж;
5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онҳо; номгӯи маҳалҳои саворшавӣ ва фурудоии онҳо;
6) зикри навъи мол;
7) рақами борхат, миқдори ҷой дар ҳар як борхат;
8) номи нуқтаи боргирӣ ва борфарорӣ;
9) дар бораи миқдори захираҳои киштӣ, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;
10) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) муросилоти почтаҳои байналмилалӣ дар киштии ҳавоӣ;
11) дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд аст, аз ҷумла асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои асъорӣ, ки ҳайати экипаж бо худ дорад, доруворӣ, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ ва заҳрнок мавҷуданд, инчунин аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) ҳуҷҷати муқаррарии (стандартии) интиқолдиҳанда, ки мувофиқи созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ (декларатсияи генералӣ) пешбинӣ шудааст;
2) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи моли тавассути ҳавопаймо интиқолшаванда (борхат);
3) ҳуҷҷати дорои маълумот дар бораи захираҳои ҳавопаймо;
4) борхати бори ҳавопаймо;
5) ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳо (руйхати мусофирон);
6) ҳуҷҷате, ки Ковенсияи умумиҷаҳонии почта тақозо менамояд.
Моддаи 76. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки ҳангоми интиқоли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан пешниҳод карда мешаванд
1. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолдиҳанда ба мақоми гумрук маълумоти зеринро хабар медиҳад:
1) номгӯ ва суроғаи ирсолкунандаи бор;
2) номгӯ ва суроғаи қабулкунандаи бор;
3) номгӯи истгоҳи ирсолкунанда ва истгоҳи таъиноти мол;
4) дар бораи теъдоди ҷойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;
5) номгӯ, инчунин коди мол тибқи Системаи ҳамоҳангшудаи тасниф ва рамзгузории мол ё Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дар сатҳи на камтар аз 4 рақами аввал (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
6) вазни умумии мол (бо кг);
7) рақамҳои ҳаммонандсозии контейнерҳо.
2. Интиқолдиҳанда маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо бо роҳи нишон додани ҳуҷҷатҳои зерин хабар медиҳад:
1) борхати роҳи оҳан;
2) ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои интиқоли мол, ки дар ихтиёри интиқолдиҳанда мавҷуданд.
1. Баъди расидани мол ва ба мақоми гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи нақлиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваққати ҷой кард (боби 12), ба низоми муайяни гумрукӣ ё транзити дохилии гумрукӣ арзшуда ворид намуд (боби 10).
2. Аз лаҳзаи пешниҳоди мол ба мақоми гумрук дар маҳалли расидани он, моли мазкур мақоми таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордоштаро мегирад. Агар мол дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари корӣ таҳти низом ё расмиёти гумрукии муайян ҷойгир карда нашавад, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ уҳдадор аст, ки ҷиҳати ҷойгир намудани мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷой дар ҳудуди ҳамин мақоми гумрук, ки минтақаи назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад, ба мақоми гумрук декларатсияи мухтасар пешниҳод намояд. Бо анҷом ёфтани муҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103 ҳамин Кодекс) мақомоти гумрук моли мазкурро тибқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186) .
3. Агар мақомоти гумрук санҷиши молеро анҷом диҳанд, ки нисбати воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯият ва маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд ва таъмини риояи онҳо инчунин таҳти салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ низ мебошад, мақомоти гумрук ҳамоҳангсозии ин амалиёт ва баробар анҷом додани онҳоро таъмин менамоянд.
4. Воситаҳои нақлиёт бояд тибқи боби 36 ҳамин Кодекс ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд.
1. Борфарорӣ ва азнавборкунии мол аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, дар маҳали расидан ва дар вақти кори мақомоти гумрук дар маҳали махсус барои чунин мақсадҳо пешбинигардида анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Дар ҷойҳои дигар ва (ё) дар вақти ғайрикории мақоми гумрук борфарорӣ ва азнавборкунии мол бо иҷозати мақоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс дода шудааст, анҷом дода мешавад.
2. Ҷойи борфарорӣ ва азнавборкунии он минтақаи назорати гумрукӣ ҳисобида мешавад. Ҷойи мазкур бояд тарзе сохта ва муҷаҳҳаз гадад, ки ҳифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарорӣ ва борбардорӣ иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.
3. Бо дархости шахсе, ки дар бандарҳо амалиётро бо мол анҷом медиҳад, мол метавонад дар ҷойҳои борфарорӣ ва азнавборкунӣ бе ҷойгиркунонӣ дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар мӯҳлати барои иҷрои амалиёт зарурӣ, вале дар доираи мӯҳлати муайяннамудаи моддаи 103 ҳамин Кодекс, нигоҳ дошта шаванд.
4. Ҳангоми гум кардани мол ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе мебошад ки ин амалиётро анҷом медиҳад.
5. Фаровардани моле, ки воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, иҷозат дода намешавад.