НИГАҲДОРИИ МУВАҚҚАТИИ МОЛ | 1994
Моддаи 99. Нигаҳдории муваққатии мол
Нигаҳдории муваққатии мол расмиёти гумрукие мебошад, ки тибқи он моли хориҷӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бе татбиқи маҳдудиятҳои нисбати он муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то иҷозат додани он мутобиқи низоми муайяни гумрукӣ ё то ҷойгиркунии онҳо таҳти расмиёти дигари гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад.
1. Нигаҳдории муваққатии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ анҷом дода мешавад, агар ҳамин боб тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.
Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ биноҳои махсус ҷудогардида ва барои чунин мақсадҳо таҷҳизонидашуда ва (ё) майдончаҳои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс мувофиқанд.
2. Анборҳои нигаҳдории муваққати минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд.
3. Мол мумкин аст дар ҳама гуна анбори нигаҳдории муваққатӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷойгир карда шавад.
1. Дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст ҳама гуна моли хориҷӣ, аз ҷумла моле ҷойгир карда шавад, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст (қисми 1 моддаи 12) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Моле, ки мумкин аст ба моли дигар зарар расонад ё шароитҳои махсуси нигаҳдориро талаб кунад, бояд дар анборҳо ё дар биноҳои алоҳидаи анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки барои нигаҳдории чунин мол мутобиқ гардонида шудаанд, бо риояи талаботи ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мумкин аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс барои нигаҳдории мол истифода бурда шавад.
4. Нигаҳдории муваққатии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бо пешниҳоди таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи муқаррароти боби 46 ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845)
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ декларатсияи мухтасар аст.
2. Декларатсияи мухтасар дар муҳлатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 77 ва қисми 13 моддаи 92 ҳамин Кодекс манзур мегардад. Агар дар давоми ин мӯҳлат молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ҷой дода шаванд, декларатсияи мухтасар пешниҳод намегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Декларатсияи мухтасар бояд дорои маълумоте бошад, ки дар ҳуҷҷатҳои молҳамроҳикунанда нишон дода шудаасту, барои ҳаммонандкунии молҳо зарур аст, инчунин дорои маълумот оид ба ҷойи нигаҳдории муваққатии молҳои воридшуда бошад.
4. Шакли декларатсияи мухтасар ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
1. Мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол 15 рӯз мебошад. Мақоми гумрук дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мӯҳлати мазкурро тамдид мекунад. Тартиби тамдиди мӯҳлат аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар мегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатии мол 90 рӯзм ебошад, агар ҳамин модда мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Моли зуд вайроншаванда мумкин аст дар анбори нигаҳдории муваққатӣ дар доираи мӯҳлати ҳифзи сифати он, ки истифодаи ин молро тибқи таъиноташ имконпазир месозад, нигоҳ дошта шавад, вале ин мӯҳлат набояд аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда бештар бошад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12 ва қисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс нигаҳдории муваққатии мол дар мӯҳлати дар ин моддаҳо зикршуда анҷом дода мешавад. Тамдиди ин мӯҳлатҳо иҷозат дода намешавад.
4. Баҳисобгирии мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол аз рӯзи ҷойгиронии он дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё аз рӯзе оғоз мешавад, ки мол тибқи ҳамин Кодекс дорои статуси моли ба таври муваққати нигаҳдоришаванда мегардад. Дар сурати истифодаи транзити дохилии гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол аз маҳали расидан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то маҳали ҷойгиршавии мақоми гумрук баҳисобгирии мӯҳлати нигаҳдории муваққатии ин мол аз рӯзи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ аз нав оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Мол баъди анҷоми мӯҳлатҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдори карда мешавад.
1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо моли таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордошта амалиёти муқаррарии барои таъмини нигаҳдории бетағйири мол заруриро анҷом диҳанд (аз ҷумла молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ ҷойҳои онро иваз намоянд), ба шарте агар ин амалҳо боиси тағйири ҳолат, вайроншавии бастабандҳо ва (ё) тағйир додани воситаҳои ҳаммонандкунии гузошташуда нагарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикрнашударо (аз ҷумла, гирифтани чошнӣ ва намунаи мол, таъмири бастбанди мол, инчунини амалиёти баровардани мол аз анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва интиқоли минбаъдаи он) шахсони ваколатдори мол ва намояндагони он бо иҷозати мақоми гумрук анҷом медиҳанд.
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад чунин амалиётро танҳо дар сурате рад намояд, ки агар иҷрои он боиси талафот ва тағйирёбии ҳолати мол гардад.
Моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир дар давраи нигаҳдории муваққатии мол корношоям, вайрон ё хароб гаштааст, бояд таҳти низоми гумрукии арзнамудаи декларант ҷой дода шавад, чунон ки агар он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли корношоям, харобгардида ё вайроншуда ворид карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд пӯшида ва кушода бошанд.
2. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ агар барои истифодаи ҳама гуна мол ва ҳама гуна шахс дастрас бошанд, анборҳои кушода ба ҳисоб мераванд.
3. Анборҳои нигаҳдории муваққатӣ агар барои нигаҳдории моли соҳиби анбор (моддаи 108) пешбинӣ шуда бошад, анборҳои пӯшида мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
1. Биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд, бояд тавре обод ва таҷҳизонида шаванд, ки ҳифзи молро таъмин намоянд ва дастрасии шахсони бегонаро (ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколатдор ё намояндаи шахси ваколатдор нисбати мол намебошанд) имконнопазир гардонанд, инчунин имконият диҳанд, ки назорати гумруки нисбати чунин мол анҷом дода шавад.
2. Биноҳо ва ё майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, бояд дорои ҳудуди муҳофизатшаванда бошанд, ки воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол дар мӯҳлати барои анҷом додани транзити дохилии гумруки зарурӣ таваққуф кунанд. Ин ҳудуд минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб карда мешавад. Воситаҳои нақлиётие, ки бори таҳти назорати гумрукиро интиқол медиҳанд, метавонанд ба ин минтақа дар ҳама вақти шабонарӯз дохил шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
3. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бо мақсади таъмини назорати гумрукӣ талаботи ҳатмӣ муқаррар менамояд.
4. Бо қарори мақоми гумрук талаботи алоҳидаи барои ободонӣ ва таҷҳизонии анборҳои пӯшида пешбининамудаи ҳамин модда метавонад нисбати анборҳои дар ҳудуди корхонаҳо қарордошта, ки соҳиби онҳо фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳад, истифода нагардад, агар меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда риоя карда шавад.
Эзоҳ: Бо мақсади истифодаи ҳамин модда таҳти мафҳуми воситаи нақлиёт воситаи нақлиёте фаҳмида мешавад, ки тавассути он дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мол интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққати шахси ҳуқуқии ватание буда метавонад, ки ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дохил карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққати нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро тибқи ҳолат ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс таъмин менамояд.
3. Муносибати соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ бо шахсоне, ки моли худро дар он нигаҳ медоранд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад (ба истиснои анбори пӯшида, ки барои нигаҳдории моли соҳиби анбор истифода мегардад), соҳиби анбори гумрукӣ наметавонад аз бастани шартнома саркашӣ кунад.
4. Соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ метавонанд мақомоти гумрук бошанд, ки бе дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба фаъолият ба сифати соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 115) машғуланд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст номгӯи анборҳои нигаҳдории муваққатиеро, ки соҳибони онҳо мақомоти гумрук мебошанд, инчунин тағйироти ба ин номгӯи дохилшударо на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дар нашрияҳои расмии худ ва сомонаи расмии интернетии худчоп кунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шартҳои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) соҳибии (таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё таҳти иҷора будани) анборҳои кушода, бино ва (ё) майдончаҳои кушодаи барои истифодаи нигаҳдории муваққатӣ ва ба сифати анборҳои нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, ки ҷавобгӯи талаботи муқарраргардида мебошанд (моддаи 107);
2) мавҷудияти қарордод дар бораи суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии худ, ки мумкин аст дар натиҷаи расонидани зарар ба моли таҳти нигаҳдори мавҷудбудаи шахси дигар ё вайрон кардани шартҳои дигари нигаҳдорӣ бо шахсони дигар фаро расад ба истиснои анбори нигаҳдории муваққатии пӯшида. Маблағи суғурта, ки дар доираи он суғуртакунанда ӯҳдадор шудааст ҳангоми фарорасии ҳар як ҳолати суғурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо ҷуброн намояд, тибқи масоҳати муфид ё ҳаҷми муфид ба ҳисоб гирифта шуда, агар ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 5 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метри мураббаи масоҳати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шуда бошад, аз ҳисоби ҳаҷми 2 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як метрии мукааби масоҳати муфид муқаррар карда мешавад, вале он наметавонад аз ҳаҷми 8000 - нишондиҳанда барои ҳисобҳо камтар бошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437, аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иҷора амалӣ гардад, пас чунин шартнома бояд ба мӯҳлати на камтар аз як сол аз рӯзи додани ариза ҷиҳати дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ баста шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Шахс ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар асоси аризаи ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 108 - 109 ҳамин Кодекс дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Ариза барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бояд инҳоро дар бар гирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) муроҷиат ба мақомоти гумрук барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) маълумот дар бораи номгӯй, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи сармояи оинномавии (ҷамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё аъзоҳаққии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) маълумот дар бораи биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор дошта, барои истифода ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ дар назар гирифта шудаанд, маҳали ҷойгиршавии онҳо, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникӣ;
5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи хавфи масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда барои анбори нигаҳдории муваққатии кушода (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ба аризаи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҳуҷҷатҳои зерине, ки тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда мебошанд, замима мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) гувоҳнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтиёрдории биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
3) лоиҳаҳо ва нақшаҳои биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъин гардидаанд;
4) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи дар ин бонкҳо кушодани суратҳисобҳо;
5) шартномаи (полиси) суғурта барои анбори нигаҳдории муваққатии кушода (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, 01.10.2025 №2186).
4. Барои ҳар бинои аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда ва (ё) ҳар майдончаи кушодаи аз нигоҳи ҳудуд махсусгардонидашуда, ки барои истифода ҳамчун анбори нигаҳдории муваққатӣ таъингардида, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, дохил карда мешавад. Ба ҳар як бинои ҳудудан махсусгардонидашуда ё ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода мегардад, барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ инҳоро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) номи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, шакли ҳуқуқию ташкилии он ва зикри маҳали ҷойгиршавиаш;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи ихтиёрдории бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори нигаҳдории муваққатӣ истифода бурда мешавад;
3) зикри навъи анбори нигаҳдории муваққатӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) зикри маҳали ҷойгиршавии анбори нигаҳдории муваққатӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар давоми се сол эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 112. Вазифаҳои соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
1. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ вазифадор аст:
1) шарт ва талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро нисбати нигаҳдории мол, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, таъмин намояд.
2) баҳисобгирии электронии» нигаҳдории моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук анҷом дода, ба мақомоти гумрук дар бораи нигаҳдории ин мол (моддаи 405) ҳисобот пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳифзи моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ мавҷуда ва воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди ҳамшафати он бударо, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,
4) имконияти ҷойгиркунии шабонарӯзии мол ва воситаҳои нақлиётро дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё дар ҳудуди ҳамшафат ба анбор, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, таъмин намояд,
5) бе иҷозати мақоми гумрук имконнопазирии дастрасии шахсони бегонаро ба мол ва воситаҳои нақлиёти дар анбори мазкур ё ҳудуди ҳамшафати он таъмин намояд,
6) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 90 ҳамин Кодекс, агар соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба транзити дохилии гумрукӣ иҷозат дошта бошад, боҷи гумрукӣ ва андозро мепардозад.
2. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ҳангоми талаф ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани моли дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷойгиршуда барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад. Соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз танҳо ҳангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё нобудшавии табиӣ дар шароити муқаррарии нигаҳдорӣ тамоман талаф ёфта бошад.
Моддаи 113. Бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин бозхонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани ҳатто яке аз шартҳои талаботи Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, ки моддаи 109 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) аз ҷониби соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ риоя нашудани талаботи банди 6 қисми 1 моддаи 112 ҳамин Кодекс;
3) ҷалби чандкаратаи соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.
Моддаи 114. Амалиёт бо мол ҳангоми аз Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
Ҳангоми бозхондани шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё хориҷ намудани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ин Феҳрист моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта бояд аз ҳисоби вай, дар давоми 2 моҳи баъди рӯзи хориҷшавӣ фарорасанда ба анбори дигари нигаҳдории муваққати гузаронида шавад. Аз рӯзи дигари баъди хориҷ кардани соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз Феҳристи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ба ҷойгиркунии мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
1. Анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук анборҳои кушода буда, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 107 ҳамин Кодекс ҷавобгӯ бошанд.
2. Ҳангоми нигаҳдории мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук муносибатҳои мутақобилаи мақомоти гумрук бо шахсоне, ки молро дар ин анборҳо ҷойгир намудаанд, тибқи ҳамин Кодекс ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Нисбати шартномае, ки мақоми гумрук бо шахси ҷойдиҳандаи мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мебандад, талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шартномаи оммавӣ муқаррар шудаанд, татбиқ мегардад. Агар барои бастани шартнома ҷиҳати нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ шароит мавҷуд бошад, соҳиби анбори гумруки наметавонад аз бастани шартнома саркаши кунад.
Барои нигаҳдори дар анбори нигаҳдории муваққати қабул намудани мол мақоми гумрук ба шахси молро ҷойгирнамуда мувофиқи намунаи муайянкардаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ расид медиҳад.
3. Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти гумрук вобаста ба нигаҳдории мол аз ҷониби ин мақомот аз моҳияти ӯҳдадориҳо тибқи муқаррароти умумии нигаҳдорӣ бармеояд, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст.
Мақоми гумрук барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми талаф шудани моли дар анбори нигаҳдории муваққатӣ қарордошта ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё талафи табиӣ дар шароити мӯътадили нигаҳдорӣ тамоман нобуд шуда бошад.
4. Барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатии мақоми гумрук мувофиқи шартнома музд ситонида мешавад. Ҳаққи пардохт барои нигаҳдории мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 116. Хусусиятҳои нигаҳдории муваққатии моле, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад
1. Тибқи дархости роҳи оҳан нигаҳдории мувакқатии моли тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқолёбанда то фаровардани он мустақиман дар воситаҳои нақлиёти дар хатҳои роҳи оҳан қарордоштаи ин роҳи оҳан, дар ҷойҳое, ки анбори нигаҳдории муваққатӣ нестанд ва маҳали ҷойгиршавии он бо мақомоти гумрук мувофиқа шудааст, иҷозат дода мешавад.
Маҳалҳои мазкур минтақаи назорати гумрукӣ ба шумор мераванд. Роҳи оҳан вазифадор аст амнияти молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба он истисно намояд.
2. Моле, ки дар воситаҳои нақлиёт дар минтақаи назорати гумрукӣ нигаҳдорӣ мешаванд, тибқи ҳамин модда барои мақсади гумрукӣ ҳамчун моли таҳти нигаҳдории мувақкатӣ қарордошта баррасӣ мегарданд. Фаровардани бор ва интиқоли он ба маҳалҳои дигар бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
3. Ҳангоми талафи моли дар воситаҳои нақлиёти дар минтақаи назорати гумрукӣ қарордошта ё бе иҷозати мақомоти гумрук додани он, масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба зиммаи роҳи оҳан мебошад.
1. Бо иҷозати мақоми гумрук нигаҳдории муваққатӣ метавонад дар анборҳои гирандаи мол дар ҳолати зайл анҷом дода шавад:
1) ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда танзимгари ваколатдори иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
2) ҳангоми зарурати нигаҳдории муваққатии моле, ки шароити махсуси нигаҳдориро тақозо менамоянд, агар дар маҳали наздиктарин барои нигаҳдории чунин мол анбори махсусгардонидашуда мавҷуд набошад.
2. Ҳангоми иҷозат додан барои нигаҳдории муваққатии мол дар анбори қабулкунандаи мол тибқи банди 2) қисми 1 ҳамин модда пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс талаб карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Қабулкунандаи бор ҳангоми нигаҳдории мол дар анбор худ вазифадор аст ҳамаи дигар талаботи ҳамин моддаро риоя намояд. Дар анборҳои қабулкунандаи мол ба нигаҳдории моли хориҷие, ки ба шахсони сеюм таалуқ доранд, иҷозат дода намешавад.
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 12, моддаҳои 418 ва 435 ҳамин Кодекс мол метавонанд дар анборҳои нигаҳдории муваққатии мақомоти гумрук ҷойгир карда шаванд.
Подош барои нигаҳдорӣ ва ҷуброни хароҷот ба соҳиби анборҳои нигаҳдории муваққатӣ дар ҳолатҳои зикргардида аз ҳисоби шахсони дар ҳамин моддаҳо муқарраршуда анҷом дода мешавад.
2. Агар хароҷоти нигаҳдорӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ сурат гирад, ин хароҷот ба соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ аз ҷониби мақомоти гумрук дар доираи ҳаҷми зарурӣ ва хароҷоти ҳуҷҷатан тасдиқгардида, ки соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ масраф намудааст, ҷуброн карда мешавад.