НАЗОРАТИ СОДИРОТӢ, КИ МАҚОМОТИ ГУМРУК АНҶОМ МЕДИҲАНД | 1994
Моддаи 447. Мақомоти гумрук ҳамчун мақоми назорати содиротӣ
1. Мақомоти гумрук дар соҳаи назорати содиротӣ дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими назорати содиротиро амалӣ менамоянд.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифаҳо ва ваколатҳои мақомоти гумрукро бо роҳи интишори санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи назорати содиротӣ дар доираи салоҳияти худ мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845)
1. Мақомоти гумрук назорати гумрукии молеро, ки таҳти назорати содироти қарор доранд, ҳангоми интиқоли онҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Мақомоти гумрук дар ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи назорати содиротӣ иштирок мекунанд ва аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайриқонунии маҳсулотро, ки бояд таҳти назорати содиротӣ қарор гирад, пешгирӣ ва манъ менамоянд.
Шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки ба татбиқи назорати содироти ваколатдоранд, бояд махфияти маълумоти аз иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии ваколатдор гирифтаашонро нигоҳ доранд.