МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ | 1994
Моддаи 1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи амали он
1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд қонунгузории андоз) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро танзим менамоянд, иборат мебошад.
2. Андозбандӣ мутобиқи қонунгузории андози дар лаҳзаи ба миён омадани уҳдадориҳои андозии амалкунада сурат мегирад, агар дар моддаи мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
3. Мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо ҳамон маъное фаҳмида мешаванд, ки дар ҳамин соҳаҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Муносибатҳо оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
5. Муносибатҳо оид ба пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо қонунҳои дахлдор ва Кодекси мазкур танзим карда мешаванд.
6. Ихтилофоти байни муқаррароти Кодекси мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ҳал карда мешаванд.
7. Санадҳои қонунгузории андоз, ки андози навро муқаррар мекунанд, шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар мекунанд, уҳдадориҳои нави андозсупорандагон ва иштирокчиёни дигари муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.
8. Санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгарӣ ва (ё) уҳдадориро оид ба вайрон кардани қонунгузории андоз бекор ё сабуктар мегардонанд ва ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентони андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагиро пешбинӣ менамоянд, қувваи бозгашт доранд.
9. Дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ (тафсири гуногуни меъёрҳо) ва (ё) вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур ва (ё) мавҷуд набудани (норасоии) муқаррароти зарурӣ барои танзими муносибатҳои андозӣ мақомоти андоз ва (ё) суд ба манфиати (фоидаи) андозсупоранда қарор қабул менамоянд.
10. Ба санадҳои қонунгузории дигар ворид намудани меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, ба истиснои муқаррароти зерин, манъ аст:
1) муқаррарот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
2) муқаррарот оид ба ҷиноятҳои соҳаи андозии пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятӣ;
3) муқаррарот оид ба афзалияти уҳдадориҳои андозии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ;
4) муқаррарот оид ба андози пешбининамудаи қонунгузории гумрук;
5) муқаррароти пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ;
6) муқаррароти пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
7) муқаррароти пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ;
8) муқаррарот оид ба андозҳои пешбининамудаи созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ ва қарзӣ (грантӣ), инчунин дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.
11. Барои давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда озод намудан аз андозҳо ва истифодаи дигар имтиёзҳои мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳодшаванда ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
12. Резиденти давлати хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлат созишномаи байналмилалӣ дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расонидааст, ҳуқуқи татбиқи чунин созишномаро танҳо дар ҳолате дорад, ки агар барои мақсадҳои созишнома молики асосӣ (ниҳоӣ) шахси мазкур ё шахсоне бошанд, ки резидентони ин давлати хориҷӣ мебошанд, инчунин агар яке аз шартҳои зерин иҷро шуда бошад:
1) бастаи асосии саҳмияҳо ё дигар ҳиссаи иштироки шахс дар биржаи фондии ин давлати хориҷӣ мунтазам савдо шаванд;
2) ҳар ду шарти зерин иҷро шавад:
а) шахс фаъолияти фаъолонаро дар ин кишвари хориҷӣ тавассути кормандони худ ва иншоот дар чунин кишвар анҷом медиҳад;
б) даромади шахс аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалиёти фаъоли шахс дар ин давлати хориҷӣ вобаста аст.
3) дар созишнома маҳдудияти имтиёзҳо пешбинӣ шуда бошад ё муқаррароти дигаре барои пешгирии суиистифода аз ин созишнома мавҷуд бошанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) маъмурикунонии андоз - маҷмӯи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалишавандае, ки ба таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет равона гардидаанд;
2) низоми махсуси андозбандӣ - тартиби махсуси андозбандии барои гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон муқарраргардида, ки тарзу усулҳои содакардашудаи ҳисоб ва пардохти намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд;
3) низоми умумии андозбандӣ - тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, ба истиснои низомҳои махсуси андозбандӣ;
4) дороиҳо - захираҳои дар ихтиёри ё таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки аз онҳо гирифтани нафъи иқтисодӣ имконпазир буда, дорои ченаки арзишӣ мебошанд. Аз ҷумла молу мулк (дороиҳои дигари молию моддӣ ва ғайримоддӣ), фондҳои пулӣ ё ҳуқуқҳои молумулкие, ки маблағи умумии воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва муомилотии шахсро ташкил медиҳанд, ҳар сарвати ба шахс тааллуқдошта, категорияи ҳисобие, ки арзиши молу мулки шахсии субъект, инчунин восита ва захираҳои барои пардохти (пӯшонидани) қарз (уҳдадориҳо) пешбинигардидаро дар бар мегиранд;
5) воситаҳои асосӣ - дороиҳое, ки дар як вақт ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд:
а) муҳлати хизмати онҳо зиёда аз як сол мебошад;
б) ҳангоми истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои (олоти) меҳнат истифода мешаванд;
в) арзиши ҳар воҳиди чунин дороиҳо ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ мутобиқ мебошад;
г) истеҳлокшаванда мебошанд;
6) қарзи андоз - маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), фоизҳои ҳисобшуда ва ҷаримаҳои таъиншуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шуда, вале дар муҳлати муқарраргардида ва (ё) дар муҳлати тағйирдодашуда ба буҷет пардохт нашудаанд;
7) бурдҳо - ҳамаи намудҳои даромад, подошҳо ва манфиатҳо дар шакли моддӣ ё пулӣ, ки андозсупорандагон дар озмунҳо, мусобиқаҳо (олимпиадаҳо), фестивалҳо, бо лотереяҳо, дар бозиҳои пулӣ, аз ҷумла бозиҳо тавассути пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки қарзӣ, ба даст меоранд;
8) грант - воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигаре, ки ройгон ва бебозгашт барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян аз сарчашмаҳои зерин дода мешаванд:
а) аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ;
в) аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ташкилот ва фондҳои хориҷии ғайриҳукуматии ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо хусусияти эҳсонкорӣ ва (ё) байналмилалӣ дошта, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад - ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) даромади хориҷӣ - ҳар даромаде, ки аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст;
10) имзои электронии андозсупоранда - воситаи махсуси криптографии таъмини ҳаққоният, пуррагӣ ва муаллифии ҳуҷҷатҳои электронӣ;
11) андозсупорандаи электронӣ - андозсупорандае, ки бо мақомоти андоз дар шакли электронӣ дар асоси созишномаи бо онҳо басташуда оид ба истифода ва эътирофи имзои рақамӣ ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ҳамкорӣ менамояд;
12) кор - фаъолияте, ки натиҷаҳои он ифодаи моддӣ доранд, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, васл ва таъмир, таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳакашӣ;
13) суди саҳмия - ҳама гуна тақсимоти восита ё молу мулки шахси ҳуқуқӣ байни саҳмдорони (иштирокчиёни) он, аз ҷумла:
а) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) ҳангоми тақсимоти даромади ҳарсолаи баъди андозбандӣ боқимонда аз шахси ҳуқуқӣ - эмитент, гирифтааст. Агар дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ қарори дахлдор оид ба истифодаи мақсадноки ин ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳо бо меъёрҳои муайяншуда қабул карда шавад ва мақсаднок истифода шудани он таъмин гардад, чунин фоидаи соф мавриди андозбандӣ қарор дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
б) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими маблағ ва молу мулк бо тартиби аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ - эмитент харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ гирифтааст ва даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими молу мулки шахси ҳуқуқӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ гирифтааст, бо тарҳи (дар ҳар ду маврид) арзиши молу мулке (саҳмияҳое, ҳиссаҳое), ки муассис дар шакли саҳм (ҳисса) ба сармояи оинномавӣ гузаронидааст;
в) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) таҳти пардохтҳои дигар пардапӯшона гирифтааст;
г) арзиши ҳар дороӣ, хизматрасонӣ ва ё ҳар қарзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ба манфиати саҳмдор (иштирокчӣ) ва ё шахси ба саҳмдор (иштирокчӣ) алоқаманд бахшидашуда ҳамчун амали воқеан тақсим намудани даромад дониста мешавад;
14) кумаки башардӯстона - мол (кор, хизматрасонӣ), ки ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулодаи дорои хусусияти ҳарбӣ, экологӣ, табиӣ, техногенӣ, беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ ва ғайра фиристода шудааст;
15) қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ - қитъаҳои замини маҳалли аҳолинишин, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ҷудо гардидаанд;
16) манбаи пардохти даромади андозсупоранда - ташкилот ё шахси воқеие, ки аз он (аз ҳисоби он) андозсупоранда даромад мегирад;
17) қарзи беэътимод - маблағест, ки бояд ба андозсупоранда пардохт шавад, вале бо сабаби ғайри қобили пардохт будан ё барҳам дода шудани қарздор, андозсупоранда онро пурра гирифта наметавонад ё имконияти гирифтани он аз шахси қарздор ё шахси сеюм аз эҳтимол дур аст ва он дар ҳисоби муҳосибии андозсупоранда мувофиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳамчун аз ҳисоб баровардашуда инъикос ёфтааст. Дар ҳар ҳолат қарзи беэътимод қарзе мебошад, ки дар ҳисобҳои молиявии андозсупоранда беэътимод ҳисобида мешавад ва барои ба суратҳисоби пардохтии бонкӣ ё хазинавии он дар давоми се сол, аз лаҳзае, ки чунин пардохт бояд анҷом дода мешуд, ягон пардохт сурат нагирифтааст ва ё, новобаста ба дигар ҳолатҳо, андозсупоранда барҳам дода шудааст;
18) маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ - маҳалле, ки шахси ҳуқуқӣ тавассути воҳиди алоҳидаи худ фаъолиятро анҷом медиҳад (маҳалли ҷойгиршавии воқеии воҳиди алоҳида);
19) маҳсулоти кишоварзӣ - натиҷаи (маҳсули) ибтидоии парвариши растаниҳо ва чорво, дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди саноатии минбаъда қарор нагирифтааст;
20) коркарди саноатӣ - амалиёти технологие, ки бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми кишоварзии аз коркарди аввалия гузашта алоқаманд мебошад. Барои супорандагони андози ягона амалҳои зерин коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб намеёбанд:
а) амалиёт оид ба тайёр намудани маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш (ба навъҳо ҷудо намудан ва банду баст);
б) якҷоянамоии маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки рамзи молии он тағйир намеёбад;
в) забҳи чорво ва ҷудонамоии он;
г) тозакунӣ ва хушкондани ғалла, ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ (ба истиснои пахта) дар вазни аввалияи қабулшуда;
д) омода намудани тухмии маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити табиӣ;
е) хушкондани зироатҳои сабзавотӣ ва мевагиҳо, сулфурдиҳӣ (дуднамоӣ) дар шароити табиӣ;
21) мол - ҳама гуна молу мулки моддӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда пул, замин ва ё маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо (ба истиснои қувваи барқ), кабелҳо, радио, оптика ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешаванд, мол ҳисобида намешаванд);
22) ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд;
23) ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд;
24) номгӯи молҳои фаъолияти савдои хориҷӣ - системаи рамзҳои таснифи молҳо, ки мутобиқи Системаи ҳамоҳангсохташудаи тасвир ва рамзгузории молҳо қабул шудааст;
25) роялти - пардохти маблағ барои:
а) ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ дар ҷараёни истихроҷи канданиҳои фоиданок ва (ё) коркарди ташкилаҳои техногенӣ;
б) истифодаи ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо, тамсилаҳо, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти саноатӣ ва ё зеҳнӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
в) истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмию таҳқиқотӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
г) истифодаи ноу-хау;
д) истифодаи кинофилмҳо, видеофилмҳо, сабтҳои овоз ё дигар шаклҳои сабт ё додани ҳуқуқҳои истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
е) расондани кумаки техникии иловагӣ ва ёрирасон вобаста ба ҳуқуқҳои дар ҳамин банд пешбинишуда;
26) хароҷоти намояндагӣ - хароҷоти марбут ба қабул ва хизматрасонии ҳама гуна шахсон, аз ҷумла хароҷоте, ки барои мақсадҳои муқаррарсозӣ ё дастгирии ҳамкориҳои мутақобила, инчунин барои иштирокчиёни ба маҷлиси шӯрои директорон, комиссияи тафтишотӣ, маҷлиси саҳмдорон ташрифоварда сурат гирифтааст. Ба хароҷоти намояндагӣ хароҷоти марбут ба қабули расмии шахсони зикргардида, хизматрасонии буфетӣ (фуршетӣ) ҳангоми гуфтушунид дохил мешавад;
27) хизматрасонӣ - ҳама гуна фаъолият бар ивази подош, пул, инчунин хизматрасонии ройгон, ки таҳвили мол, иҷрои кор намебошад, аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:
а) фаъолияти савдо;
б) хизматрасонии молиявӣ;
в) ба иҷора додани молу мулки моддӣ ва ғайримоддӣ;
г) маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо, кабелҳо, радио, оптикаҳо ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешавад.
28) хизматрасониҳои молиявӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда) - хизматрасонии ташкилоти қарзӣ, ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилотҳои дигар тибқи номгӯе, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст;
29) ҳуҷҷати электронӣ - ҳуҷҷати мутобиқи шакли муқарраршудаи электронӣ тартиб, пешниҳод, рамзгузорӣ ва бо имзои электронӣ тасдиқ кардашуда, ки пас аз қабул ва тасдиқ шудани дурустии он эътибори ҳисоботӣ дорад;
30) пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) - маблағе, ки ташкилоти суғуртавӣ ба шахси суғурташуда тибқи суғуртаи молу мулк ва суғуртаи масъулият ҷиҳати пӯшонидани зарари дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои суғуртавӣ расонидашуда пардохт менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
31) фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо - фаъолияти соҳибкорие, ки даромад аз он аз истеҳсол ва фурӯши молҳои (молу мулки моддии) аз ҷониби худи соҳибкор аз ашёи хоми худӣ истеҳсолшуда ба даст омадааст;
32) қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда маблағи уҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки дар шакли зерин муайян (ҳисоб) карда шудааст:
а) аз ҷониби андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ;
б) дар қарор оид ба таъхир гузоштани пардохти андозҳо;
в) дар қарори мақомоти андоз оид ба санади санҷиши андозӣ, ки андозсупоранда гирифтааст, агар маблағи андоз мавриди баҳс қарор нагирифта бошад;
г) бо қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
33) андози ғайримустақим - андозе (андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) мебошад, ки андозсупоранда маблағи онро барои пардохт ба буҷет бо зам намудани ин андоз ба нархи фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) аз истеъмолкунанда мегирад ва ё ҳуқуқи гирифтанро дорад;
34) таҳвили мол - додани ҳуқуқи моликият ба молҳо, аз ҷумла фурӯш, мубодила ё туҳфа, интиқоли ройгон ё қисман пардохт намудани он, додани музди меҳнат ва пардохтҳои дигар дар шакли молӣ (натуралӣ), инчунин ба гаравгиранда додани ҳуқуқи моликият ба моли ба гарав мондашуда;
35) минтақаҳои оффшорӣ (имтиёзнок) - давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозбандиро пешниҳод менамоянд, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва амалиётҳои дигари молумулкӣ ифшо ва пешниҳод намекунанд;
36) махзани электронӣ - маҷмӯи маълумоти электронии ҳифзшуда, ки барои муайян намудани баҳисобгирии дурусти муомилоти молу маҳсулоти андозсупорандагон ва манбаъҳои андозбандӣ истифода бурда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;
37) амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо - амалиёте, ки бинобар тағйир ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади танзими ҳисоботи дахлдори тавозунии ташкилот (корхона, муассиса), новобаста ба майлу хоҳиши он, анҷом дода шуда, вобаста ба мусбат ва ё манфӣ будани натиҷаи ниҳоии он (фарқияти ниҳоии даромаду хароҷоти азнавбаҳодиҳӣ), дар давраи ҳисоботӣ ё ба даромад ва ё ба хароҷоти ташкилот мансуб дониста мешавад;
38) дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ - дастгоҳҳои электронии дорои хотираи фискалӣ ва таҷҳизоти интиқоли маълумот, ки маълумоти фискалиро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), дар хотираи худ сабт ва нигоҳ дошта, интиқоли мустақими онро тавассути операторҳо (онлайн) ба мақомоти андоз таъмин менамоянд;
39) хазинаи виртуалӣ - таъминоти барномавӣ ё маҷмӯаи он, ки дорои маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истеъмолкунандагон дар нуқтаҳои савдои чакана (хизматрасонӣ) буда, имкони ба модули фискалӣ пайваст шуданро дорад, ҳуҷҷатҳои фискалӣ тартиб медиҳад ва нигоҳ медорад, интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалиро дар вақти воқеӣ ба оператори маълумоти фискалӣ анҷом медиҳад, маълумоти фискалиро чоп мекунад ва ё онро дар шакли электронӣ ба мақомоти андоз интиқол медиҳад;
40) соли андозӣ - даврае, ки ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр идома меёбад;
41) Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо - мақоми машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андозӣ байни андозсупоранда ва мақомоти андоз;
42) машваратчии андоз - шахсе, ки хизматрасониҳои машваратиро оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои (эъломияҳои) андоз, инчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагон анҷом медиҳад;
43) хавфи андоз - эҳтимолияти аз ҷониби андозсупоранда иҷро накардан ё қисман иҷро кардани уҳдадориҳои андозӣ;
44) фоизҳо - ҳар маблағе, ки дар шакли фоизҳо, тахфифҳо, бонусҳо ва дигар воситаҳои пулӣ, инчунин подошпулӣ барои истифодаи пули дар як вақт ё давра ба давра пардохтшаванда, аз ҷумла ноустуворона барои дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани андоз, ифода ёфтааст;
45) соҳибмулк (манфиатгирандаи ниҳоӣ) - як ё якчанд шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки бевосита ё бавосита соҳибони молу мулк мебошанд;
46) сармояи оинномавӣ - маҷмӯи воситаҳои молию пулии (ҳиссаҳо, саҳмияҳои) муассисон (иштирокчиён), ки барои таъсиси шахси ҳукуқӣ ва таъмини фаъолияти он ташаккул дода шудааст;
47) андозсупорандаи бемасъулият - андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз иҷро наменамояд;
48) андозсупорандаи бомасъулият - андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз таъмин намуда, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил нест;
49) нархи трансфертӣ - нархе, ки байни шахсони бо ҳам алоқаманд ташаккул меёбад ва (ё) аз нархи бозории аҳдҳои байни тарафҳои мустақил ҳангоми анҷом додани амалиётҳои фаромарзӣ фарқ мекунад;
50) чеки электронии фискалӣ (ҳуҷҷати электронии ҳисоббаробаркунӣ) - шакли ҳуҷҷати ҳисоббаробаркунӣ барои амалиётҳо дар шакли пардохтҳои электронӣ, ки дорои маълумот ва нишонаҳои ҳатмии чеки таҷҳизоти хазинавӣ барои мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла ифодаи рақамии рамзхати мол ва (ё) рамзи эътинои фаврӣ, мебошад;
51) ҳисобнома-фактураи электронӣ - ҳуҷҷате, ки бо истифода аз шабакаи электронӣ бо ё бе имзои электронӣ дода шуда, тавассути таҷҳизоти мубодилаи электронии маълумот пешниҳод мешавад. Ҳуҷҷати мазкур бо замимаи нусхаи электронии ҳисобнома-фактураи коғазӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва ё ҳар шабакаи электронӣ, ки барои санҷиши вобастагии байни ҳисобнома-фактура ва таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) заминаи боэътимод фароҳам меорад, ирсол мегардад;
52) кэшбэк - навъи ҳавасмандгардонӣ, ки ҳангоми пардохт намудани арзиши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ (аз ҷумла воситаҳои электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) фоизи муайян аз маблағи пардохтшуда ё маблағи устувор аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва (ё) фурӯшанда ба мизоҷ баргардонда мешавад;
53) суратҳисобҳои бонкӣ - суратҳисобҳои андозсупорандагон, ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ, ки барои мақсадҳои Кодекси мазкур дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ кушода шудаанд;
54) воситаҳои электронии пардохт - воситаҳо ва (ё) усулҳое, ки мақсад аз онҳо интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомилҳои электронии иттилоот, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ ва таҷҳизоти дигари техникӣ бо ва бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозсупорандагон буда, барои таҳия, тасдиқ ва додани фармоиши пардохтӣ имкон медиҳанд;
55) қарзи баҳснок - қарзи андозие, ки андозсупоранда бо он розӣ набуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мақомоти болоии андоз, Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо, суд ё мақомоти дигари дахлдор бо аризаи хаттӣ шикоят намудааст (то баррасӣ ва гирифтани ҷавоб аз натиҷаи шикоят);
56) асъори функсионалӣ - асъори фарқкунанда нисбат ба пули миллӣ.
Моддаи 3. Тартиби муқаррар намудан, озод кардан, тағйир додан ва бекор кардани андоз
1. Муқаррар намудан, озод кардан, тағйир додан ва бекор кардани андоз бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва (ё) ба санадҳои қонунгузории дар қисми 10 моддаи 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида анҷом дода мешаванд.
2. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз, озод кардан аз андоз бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия пешниҳод карда мешаванд.
3. Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд андозсупоранда, имтиёзҳои андозӣ ва ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд.
Моддаи 4. Тартиби ҳисобкунии муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз
1. Муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бо санаи тақвимӣ бо нишон додани амале, ки бо гузаштани давраи вақти бо солҳо, семоҳаҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ҳисобшаванда бояд анҷом дода шавад ё анҷом меёбад, муайян карда мешавад.
2. Оғози ҳисоб кардани муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз рӯзе ҳисоб меёбад, ки баъд аз санаи тақвимӣ ё ҳодисае, ки бояд рух диҳад, фаро мерасад.
3. Муҳлате, ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар моҳ ва рӯзи дахлдори соли охирини муҳлат ба итмом мерасад. Дар баробари ин сол ҳар давраи вақти иборат аз дувоздаҳ моҳи пайдарпаи аз соли тақвимӣ фарқкунанда эътироф карда мешавад.
4. Муҳлате, ки бо семоҳаҳо ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи дахлдори моҳи охирини муҳлат ба итмом мерасад. Дар баробари ин семоҳа ҳамчун се моҳи тақвимӣ дониста шуда, аз оғози соли тақвимӣ ҳисоб карда мешавад.
5. Муҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи охирини моҳи дахлдор ба итмом мерасад.
6. Муҳлате, ки бо рӯзҳо ҳисоб карда мешавад, бо рӯзҳои тақвимӣ ҳисоб карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур ҳисобкунӣ бо рӯзҳои корӣ муқаррар нашуда бошад. Рӯзи корӣ рӯзе ҳисобида мешавад, ки он мувофиқи қонунгузорӣ рӯзи истироҳат ва (ё) ғайрикорӣ эътироф намегардад.
7. Агар рӯзи охирини муҳлат ба рӯзе рост ояд, ки он мувофиқи қонунгузорӣ рӯзи истироҳат ё ғайрикорӣ ҳисобида мешавад, рӯзи анҷоми муҳлат рӯзи корие ҳисобида мешавад, ки пас аз рӯзи истироҳат ва (ё) ғайрикорӣ меояд.
8. Амале, ки барои иҷрокунии он муҳлат муқаррар шудааст, метавонад то соати 24 рӯзи охирини муҳлат иҷро карда шавад.
9. Агар ҳуҷҷатҳо (ҳисобот) ба ташкилоти алоқа ва (ё) воситаҳои пулӣ, ҳуҷҷатҳои дахлдори пардохт ба ташкилоти қарзии молиявӣ то соати 24 рӯзи охирини муҳлат супорида шуда бошанд, муҳлат гузашта ҳисобида намешавад.
Моддаи 5. Воридоти андозҳо ва тақсимоти онҳо ба буҷет
1. Андозҳо дар ҳаҷм ва бо тартибе, ки дар Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии дар заминаи он қабулгардида муқаррар шудаанд, пардохт карда мешаванд.
2. Пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷм ва бо тартибе, ки дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии дар заминаи онҳо қабулгардида муқаррар шудаанд, пардохт карда мешаванд.
3. Маблағҳо аз андозҳои умумидавлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд. Пардохтҳо аз рӯи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.
4. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати воридоти андоз, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо, инчунин пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешаванд.
5. Назорати раванди воридоти андозҳои дар қисми махсуси Кодекси мазкур муқарраргардида, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 6. Татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ
1. Татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва меъёрҳои умумии ҳуқуқии байналмилалии андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррароти шартномаҳои байналмилалии танзимкунандаи масъалаҳои канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо, ки яке аз тарафҳои онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нисбат ба резидентони андози як ё ҳар ду давлат, ки чунин шартномаро ба имзо расондаанд, татбиқ карда мешавад. Бо ин мақсад резиденти андоз мутобиқи шартнома муайян карда мешаванд.
3. Муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур нисбат ба резиденти андози давлате, ки бо он шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонда шудааст, татбиқ намегарданд, агар резиденти андоз муқаррароти ин шартномаи байналмилалиро ба манфиати шахси дигаре истифода намояд, ки резиденти андози ҳамон давлате, ки бо он ин шартномаи байналмилалӣ ба имзо расонда шудааст, намебошад.
4. Шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳое, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ пардохт карда мешаванд, шахсе эътироф карда мешавад, ки дорои ҳуқуқи мустақилона истифода кардан ва (ё) ихтиёрдорӣ кардани даромадҳои мазкур мебошад, ё шахсе, ки ба манфиати ӯ шахси дигар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани чунин даромадҳоро дорад. Дар баробари ин аҳамият надорад, ки ин ҳуқуқ бинобар иштироки бевосита ва (ё) бавоситаи дар ин шахси ҳуқуқӣ ё назорат аз болои он ё бинобар ҳолатҳои дигар ба вуҷуд омадааст.
5. Бо тартиби дар қисми 4 ҳамин модда муқарраршуда ҳуқуқи воқеӣ ба даромади шахсе, ки фаъолиятро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми муайянкунии шахсе, ки дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо мебошад, вазифаҳое, ки шахсони дар қисми 4 моддаи мазкур зикршуда иҷро мекунанд, инчунин таваккалҳое, ки онҳо ба зимма мегиранд, ба эътибор гирифта мешаванд.
7. Шахси хориҷӣ ҳамчун шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда намешавад, агар ӯ дорои ваколатҳои маҳдуди ихтиёдории чунин даромадҳо бошад, нисбат ба даромадҳои мазкур вазифаи миёнаравиро ба манфиати шахси дигар анҷом диҳад, ҳеҷ гуна таваккалҳои молиявиро ба зимма надошта, бевосита ё бавосита чунин даромадро (пурра ё қисман) ба шахси дигар пардохт кунад.
8. Ҳангоми пардохти даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси хориҷие, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро надорад, агар ба пардохткунанда шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро (қисми онҳо) дорад, маълум бошад, андозбандии даромад бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
1) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, андозбандии даромади пардохтшаванда (қисми он) мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба резидентони андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат пардохткунанда андозро нисбат ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) дар манбаи пардохт нигоҳ намедорад, ба шарте, ки ӯ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириро огоҳ намояд. Тартиби чунин огоҳнамоӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;
2) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози давлате (юрисдиксияе) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ дорад, дар ин ҳолат муқаррароти чунин шартнома нисбат ба андозбандии ин даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) амалӣ карда мешаванд;
3) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеии гирифтани даромад (ё як қисми он) резиденти андози давлате (юрисдиксияе) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ надорад, андозбандии даромади (ё қисми он) гирифтаи ғайрирезидент тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс амалӣ карда мешаванд.
9. Қоидаҳои болозикр ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки макони ҷойгиршавии доимии шахсе, ки ба ӯ даромадҳо пардохт карда мешаванд ва ӯ ҳуқуқи воқеӣ ба ин даромадҳоро надорад, давлате (юрисдиктсияе) бошад, ки бо он созишномаи байналмилалии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ мавҷуд мебошад.
10. Агар ба пардохткунанда шахси дорои ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромад (ё қисми он) маълум набошад, андозбандии чунин даромад (ё қисми он) мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур, ки нисбат ба ғайрирезидентҳо муайян шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
11. Мақоми салоҳиятдори дар созишномаи байналмилалӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ ҷиҳати мусоидат дар иҷрои уҳдадории андозӣ аз ҷониби андозсупорандаи давлати хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро нашудааст, дархост пешниҳод намояд.
12. Муқаррароти қисмҳои 4-11 моддаи мазкур барои муайян кардани шахсе татбиқ мегарданд, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани даромадро аз манбаъҳои пардохт тибқи шартномаи байналмилалии андоз дорад.