МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН | 1994

Моддаи 48. Асосҳои  ба  миён  омадани   ҳуқуқу  ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

 

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.

 

Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу  насаби кӯдак

 

  1. Аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
  2. Агар кӯдак аз шахсоне, ки бо ҳам ақди никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс). (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
  3. Агар модар арз кунад, ки падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) ӯ нест, падари кӯдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  4. Падар будани шахсе, ки бо модари кӯдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кӯдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ӯ, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани ӯ бошад,  дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд  муқаррар  карда  мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон  ё мушкил мебошад, падару модари кӯдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кӯдак сурат мегирад.

  1. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ӯ ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст.

 

Моддаи 50.  Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

 

  1. Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасхе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

 

Моддаи 51.  Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели  эътирофи падарӣ

 

Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар  эътироф  шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)

 

Моддаи 52.  Бо ҚҶТ аз 29.04.06с, №183 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 53.  Баҳси муайянкунии падарӣ  (модарӣ)

 

  1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида  буда он  танҳо ба  тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии падару модари қудак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс  медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак  намебошад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ  сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс  кунад. Агар то ин  муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ  ҳисоб шавад, мӯҳлати як сол  аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 54. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд

 

Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста доранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)