МАФҲУМ, МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ҶАЗО | 1994

Моддаи 46. Мафҳум ва мақсади ҷазо

1) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

2) Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Моддаи 47. Намудҳои ҷазо

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) ҷарима (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451);

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451);

в) якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896);

г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451, аз 19.07.2022 №1896);

д) корҳои ҳатмӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 451);

е) корҳои ислоҳӣ;

ж) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

з) маҳдуд кардани озодӣ;

и) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

к) мусодираи молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

л) маҳрум сохтан аз озодӣ;

м) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86);

н) ҷазои қатл (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86, аз 19.07.2022 №1896).

Моддаи 48.Ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ

1) Корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ҳамчун ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86).

2) Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).

3) Маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

4) Барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин намудан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

5) Ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965).

6) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

Моддаи 48(1). Корҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Корҳои ҳатмӣ аз ҷониби маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад, ки намудҳои онҳоро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

2) Корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз шаст то дусаду чил соат муқаррар карда мешаванд ва на зиёда аз чор соат дар як рӯз адо карда мешаванд.

3) Таъини корҳои ҳатмӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):

а) хизматчиёни ҳарбӣ;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) занони ҳомила;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II.

4) Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба миён омадани яке аз ҳолатҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод мекунад.

5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз адои корҳои ҳатмӣ, суд онро ба ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 49. Ҷарима

1) Ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъин шудааст.

Маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1985)

2) Ҷарима ба маблағи аз сад то бисту як ҳазору нӯҳсад андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617, аз 15.03.2016 № 1274).

Андозаи ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир кардани ҷиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

3) Суд андозаи ҷаримаро бо дарназардошти вазнинии ҷинояти содиргардида ва вазъи молу мулкии маҳкумшуда дар доираи пешбинӣ намудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд.

4) Ҷаримаро ба сифати намуди ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс таъин кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима суд онро бо ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

6) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 177 қисми 1, 178 қисми 1, 245 (ба истиснои банди "а" қисми 4), 246 (ба истиснои банди "а" қисми 3), 247 (ба истиснои банди "в" қисми 3 ва банди "а" қисми 4), 251, 253, 2531 (ба истиснои қисми 3), 255 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди "г" қисми 2 ва банди "б" қисми 3), 258, 259, 259(1), 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 340(1) ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617, аз 14.11.2016 № 1359, аз 24.02.2017 № 1379, аз 2.01.2018 № 1472, аз 24.12.2022 № 1924, аз 15.04.2025 № 2163)

7) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 314 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандҳои "а" ва "б" қисми 3 ва ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323, 340 қисмҳои 1 ва 2 ва 391 қисми 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010 № 617, аз 25.03.2011 № 694).

8) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010 № 617).

9) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи мазкур ба сифати ҷазои асосӣ таъин ё иваз карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ҳангоми иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, мӯҳлат ва андозаи ин намуди ҷазоҳо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси ҳамин Кодекс бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010 № 617).

10) Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11) ҳамин модда пешбинишуда, баробар аст (Қонуни ҶТ аз 21.10.2010 № 617, аз 15.03.2016 № 1274).

11) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319-321 ҳамин Кодекс пешбинигардида таъин карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ин масъала аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

12) Ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 11) ҳамин модда пешбинигардида як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274).

Моддаи 50. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз манъ кардани ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё машғул шудан бо фаъолияти муайяни касбӣ ё фаъолияти дигар иборат аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

2) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1467).

3) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолате ба сифати ҷазои иловагӣ низ бо ишора ба ҳамин модда таъин карда шуда метавонад, ки ин намуди ҷазо дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нагардида бошад ҳам ва агар суд, бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи ҷинояти содиршуда ва шахсияти гунаҳгор, имконнопазирии нигоҳ доштани ҳуқуқи ӯро барои ишғол намудани мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Ҳангоми ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидани ин ҷазо, он дар тамоми вақти адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳои дигар мӯҳлати он аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 50(1). Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1896)

Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).

Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Шахсе, ки рутбаи ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвони ифтихории Тоҷикистонро дорад, дар ҳолати барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш ӯро аз чунин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон маҳрум намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 52. Корҳои ислоҳӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Корҳои ислоҳӣ дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол таъин гардида, аз даҳ то сӣ фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Дар мавриди аз тарафи шахси маҳкумшуда ҳангоми адо намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод менамояд ё ин, ки қисми адо накардаи ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Дар сурати аз адои мӯҳлати ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда, суд метавонад ба ҳисоби як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ ба ҷои як рӯзи корҳои ислоҳӣ, як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷои се рӯзи корҳои ислоҳӣ ҷазои нотамомро бо маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс ё маҳрум сохтан аз озодӣ иваз намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Таъини корҳои ислоҳӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386):

а) хизматчиёни ҳарбӣ;

б) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

г) занони ҳомиладор;

д) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

е) маъюбони гурӯҳҳои I ва II.

Моддаи 53. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1) Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин бар ивази корҳои ислоҳӣ барои ҷиноятҳои дигар пешбинигардида нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи ҳайати афсарон, инчунин хизматчиёни ҳарбии бо тартиби ихтиёрӣ хизматкунанда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Аз таъминоти пулии шахси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи ҳукми суд аз даҳ то сӣ фоизи маблағи таъминоти пулӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Дар давраи адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшударо ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст, мӯҳлати ҷазо бошад ба собиқаи хизмати ӯ барои додани рутбаи навбатии ҳарбӣ ҳисоб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 54. Маҳдуд кардани озодӣ

1) Маҳдуд кардани озодӣ, яъне нигоҳ доштани маҳкумшуда дар муассисаҳои махсус бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият дар шароити татбиқи назорат аз болои он ба мӯҳлати аз як то панҷ сол мебошад.

2) Дар ҳолати иваз кардани корҳои ислоҳӣ бо маҳдуд кардани озодӣ, он метавонад ба мӯҳлати камтар аз як сол таъин гардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Дар ҳолати аз адои ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, он ба мӯҳлате, ки дар ҳукми суд барои маҳдуд кардани озодӣ таъин шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад. Дар айни замон вақти адои маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ дохил мегардад аз ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ.

4) Таъини маҳдуд кардани озодӣ барои шахсони зерин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):

а) хизматчиёни ҳарбӣ;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) занони ҳомиладор;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 55. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

Моддаи 56. Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1) Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба хизматчиёни ҳарбие таъин карда мешавад, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъвати хизмати мӯҳлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаи аскари қаторӣ ва ҳайати сержантҳо адо мекунанд, агар онҳо дар лаҳзаи ҳукмро баровардани суд мӯҳлати бо қонун муқарраргардидаи хизматро тибқи даъват адо накарда бошанд. Ин ҷазо ба мӯҳлати аз се моҳ то ду сол дар ҳолатҳое муқаррар карда мешавад, ки моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудаанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки хусусияти ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор дар бораи имконияти иваз намудани маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на бештар аз ду сол бо нигоҳ доштани маҳкумшуда дар қисми ҳарбии интизомӣ дар ҳамин мӯҳлат далолат диҳанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Иваз кардани маҳрум сохтан аз озодиро бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба шахсе, ки қаблан ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намудааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ ношоям дониста шудаанд ё нисбати онҳо ҳолатҳои дигаре муқаррар шудаанд, ки онҳоро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ татбиқ карда намешавад.

4) Ҳангоми нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бар ивази маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 57. Мусодираи молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965)

1) Мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерини маҳкумшуда мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1089):

а) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 130(1), қисми 3 моддаи 131, қисми 2 моддаи 150, моддаи 153(1) (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 156, 156(1), 167, қисми 2 моддаи 171 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 183, 184, 184(2), 184(4), 185, 186, 187, 188, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5),  195, 200, 201, 202, 202(1), 202(2), 204, 205, 206, 221, 230, 232, 232(1), 238, 239, 240, 241, 244-250, 254, 257, 259, 259(1), 262, 273, 274, 275, 277, 278, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 279, қисми 3 моддаи 280, моддаҳои 281, 282, 284, 286, 291-293, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 308, 309, 310, 313, 314, 319, 320, қисми 2 моддаи 324, 335(1), 335(2), қисми 2 моддаи 338 (1) 340, 340(1), 351, 352, 353, 356, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391, 397, қисми 3 моддаи 401, моддаи 401(1) ва моддаи 402 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё мол ва (ё) ашёи дигари қочоқ мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур ҷавобгарӣ муқаррар намудааст ва ҳама гуна даромадҳо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадҳо аз он, ки бояд ба соҳиби қонунӣ баргардонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1037, аз 26.07.2014 № 1089, аз 14.05.2016 № 1304, аз 24.02.2017 № 1379, аз 17.05.2018 № 1515, аз 2.01.2020 № 1662, аз 24.12.2022 № 1925);

б) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки ба онҳо молу мулки дар натиҷаи содир намудани ақаллан як ҷинояти бо моддаҳои дар банди а) қисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадҳо аз ин молу мулк қисман ё пурра табдил дода ё ба шакли дигар гардонида шудаанд;

в) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1515);

г) олот ва (ё) воситаҳои содир намудани ҷиноят, ки ба шахси гунаҳгор тааллуқ доранд.

2) Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ бадастомада ҳамроҳ карда шуда бошанд, он қисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ мебошад.

3) Молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро қабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.

4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лаҳзаи қабули қарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурӯш ё бо сабаби дигар ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд.

5) Ҳангоми ҳалли масъалаи мусодираи молу мулк мутобиқи қисмҳои 1-4 моддаи мазкур, дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда, ҳал карда шавад.

6) Дар ҳолате, ки шахси гунаҳгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбиқ гардад, надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда аз арзиши молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикршуда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1089).

8) Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 965, аз 26.07.2014 № 1089).

Моддаи 58. Маҳрум сохтан аз озодӣ

1) Маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷудо кардани шахси маҳкумшуда аз ҷамъият бо роҳи дар колонияҳои ислоҳи сукунат, дар колонияҳои ислоҳи низомашон умумӣ, пурзӯр, сахт, махсус ё дар маҳбас ҷо кардани ӯ иборат аст. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ё пурзӯр бо тартиби муқаррарнамудаи фасли панҷуми Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷо карда мешаванд (Қонуни ЧТ аз 18.06.2008 № 386).

2) Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то бисту панҷ сол муқаррар мешавад. Ҳангоми то баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз ҷониби гунаҳгор барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 46, аз 21.07.2010 № 617).

3) Дар сурати иваз кардани ҷазоҳои ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ он метавонад мутобиқан бо назардошти андоза ва мӯҳлати адонагардидаи ин намуди ҷазоҳо ба мӯҳлати камтар аз шаш моҳ таъин гардад (Конуни ЧТ аз 21.07.2010 № 617).

4) Дар сурати қисман ё пурра ҷамъ кардани мӯҳлатҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳангоми таъин намудани ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҷинояту ҳукмҳо, мӯҳлати ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

5) Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҷойҳои зерин таъин мешавад:

а) барои шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда ва ба мӯҳлати на зиёдтар аз панҷ сол бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи сукунат (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, инчунин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) барои шахсоне, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 1.03.2005 № 86);

е) ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои рецидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар маҳбас адо кардани қисми мӯҳлати ҷазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панҷ сол (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).

6) Ба занони ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда адои ҷазо дар колонияи ислоҳи низоми зерин таъин карда мешавад:

а) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт;

б) барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намуда - дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

в) дигар заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми умумӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

7) Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои дигар суд метавонад бо зикри далелҳои қабули қарор низоми сабуктари адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

8) Намуди бо ҳукм таъиншудаи муассисаи ислоҳиро суд мутобиқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир медиҳад.

Моддаи 58(1). Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан

(Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86)

1) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад.

2) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолагӣ расидаанд, таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

Моддаи 59. Ҷазои қатл

1) Ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми сеюми моддаи 179), геносид (моддаи 398), биосид (моддаи 399) (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45, аз 17.05.2004 № 35).

2) Қатл ба зан ё шахси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда таъин карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 45).

3) Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).