КОРКАРД БЕРУН АЗ ҲУДУДИ ГУМРУКӢ | 1994

(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Моддаи 197. Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркард) бароварда шуда, минбаъд маҳсули коркарди он бо қисман ё пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо шартан пурра озод намудан аз боҷҳои содиротӣ бароварда мешавад. Нисбати моли содиршаванда мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҳангоми содироти мол мувофиқи низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ он аз пардохти андозҳои дохилӣ озод карда намешавад ва инчунин андозҳои дохилӣ баргардонида ё ҷуброн карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 198. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрук коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо рухсатномаи мақоми гумрук иҷозат дода мешавад (моддаи 203) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар мақоми гумрук моли содиршударо бо маҳсули коркардшуда ҳаммонанд карда тавонад (моддаи 199), коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое ки иваз кардани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ мувофиқи моддаи 206 ҳамин Кодекс амалӣ карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Барои ҷойгиронии мол таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ мол барои мақсадҳои гумрукӣ бояд дорои статуси иҷозат ба муомилоти озод ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шуда бошад. Таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани моле иҷозат дода мешавад, ки нисбати он имтиёз оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, агар ин амалиёт оид ба коркарди мол аз таъмир иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳолатҳоеро муайян намояд, ки коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ нисбати баъзе намудҳои муайяни мол манъ карда шавад, инчунин нисбати иҷозати мол барои амалиёти коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ, бо назардошти ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳдудиятҳои арзишӣ ё миқдориро муқаррар намояд. Ин мамнӯият ва маҳдудиятҳо мутобиқи моддаи 4 ҳамин Кодекс дар амал татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 199. Ҳаммонандсозии мол бо маҳсули коркард
1. Барои ҳаммонандсозии моли содиротӣ ва маҳсули коркарди он усулҳои зайл истифода мешаванд, агар ин усулҳо бо назардошти хусусияти мол ва амалиёти вобаста ба коркарди он қобили қабул бошанд:
1) аз ҷониби аризадиҳанда ё шахси мансабдори мақоми гумрук гузоштани мӯҳр, штамп, маркировкаи рақамӣ ва ғайра ба маҳсулоти содиротӣ;
2) тавсифи пурраи моли содиротӣ, суратгирӣ ва тасвири он дар масштаб;
3) муқоисаи натиҷаи таҳқиқи пешакии чошнӣ ва намунаи моли овардашуда ва маҳсули коркарди он;
4) истифодаи рақамҳои силсилавӣ ё дигар тамғаҳои истеҳсолкунандаи моли содиршуда;
5) тасдиқи далелноки он, ки моли содиротӣ таҳти амалиёти коркард қарор гирифтааст;
6) усулҳои дигари ҳаммонандсозии мол, ки истифодаи технологияи замонавиро дар назар дорад.
2. Қобили қабул будани усули арзшудаи ҳаммонандсозии маҳсули моли барои коркарди берун аз ҳудуди гумрукӣ содиршударо мақоми гумрук бо назардошти хусусияти мол ва анҷом додани амалиёти коркарди он муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Бо дархости аризадиҳанда ва розигии мақоми гумрук ҳаммонандсозии зикршуда барои мақсадҳои гумрукӣ бо роҳи таҳқиқи маълумоти муфассали пешниҳодшуда оид ба ашё, мавод ва қисмҳои такмилие, ки дар истеҳсолот истифода мешаванд, инчунин технологияи истеҳсоли маҳсули коркард таъмин карда мешавад.
Моддаи 200. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол ҳангоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ амали зайлро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) коркард ва такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла насб, васл ё ба қисмҳо ҷудо кардани он;
3) таъмири мол, аз ҷумла барқарорсозӣ, иваз кардани қисмҳои таркибӣ ва барқарорсозии хусусияти истеъмолии он;
Моддаи 201 Мӯҳлати коркарди мол
1. Мӯҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби декларант муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол бештар бошад.
2. Мӯҳлати коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол, мӯҳлате, ки барои интиқоли маҳсули коркард зарур аст, дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Бо аризаи асосноки шахси барои коркарди мол иҷозатгирифта мӯҳлати ибтидоии коркард дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
4. Мӯҳлати коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ва дар сурати бо партия содир намудани мол аз рӯзи ҷойгир намудани партияи аввали он оғоз мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 202. Меъёри маҳсули коркард бо мақсади гумрукӣ
1. Меъёри баромади маҳсули коркард (миқдор ё таркиби фоизии маҳсули коркард, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни моли содиршуда ҳосил гардидааст) аз ҷониби декларант бо розигии мақоми гумрук, бо назардошти шароите, ки коркарди мол сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда муайян мегардад, агар ин барои мақсади назорати гумрукӣ зарур бошад. Меъёри маҳсули коркард то ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Меъёри мувофиқашудаи миқдори маҳсули коркарди молро мақоми гумрук дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи декларант, ки дорои маълумот оид ба ҷараёни технологии коркард мебошад, амалӣ менамояд. Ҳангоми мувофиқаи маҳсули коркард мақомоти гумрук хулосаи ташкилотҳои экспертиро (аз ҷумла лабораторияҳои гумрукӣ), ки ба ҷараёни мушаххаси технологии коркард асос ёфтаанд, ба инобат мегирад.
3. Тавсиф, сифат ва миқдори маҳсули коркард баъди мувофиқаи маҳсули коркард пурра муайян карда мешавад.
4. Агар амалиёт нисбати моле, ки аслан дорои хусусияти доимӣ мебошад, маъмулан мувофиқи шартҳои муайяни техникӣ иҷро шавад ва боиси истеҳсоли маҳсули коркарди сифатан бетағйир гардад, дар ин ҳолат мақоми ваколатдор барои мақсади гумрукӣ меъёри стандартии баромади маҳсули коркардро муқаррар мекунад.
Ҳангоми истифодаи меъёрҳои стандартии маҳсули коркард ба мақсади гумрукӣ воридоти мол ба миқдори зиёда аз меъёри муқарраршудаи маҳсули моли коркардшуда бо пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад.
Моддаи 203. Рухсатнома барои коркарди мол
1. Содироти мол барои коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ҳангоми мавҷуд будани рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Рухсатномаи коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук ба декларант тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421аз 01.10.2025 №2186).
3. Дар рухсатнома инҳо зикр мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард таъингардида ва маҳсули коркарди он;
2) амалиёт нисбати коркарди мол ва тарзи иҷрои он;
3) меъёри маҳсули коркард, агар он муайян карда шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё дар рӯзи додани рухсатнома мувофиқа шуда бошад;
4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркард;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ муқаррар менамояд.
4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркард амал мекунад.
5. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 204. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешниҳод карда мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд, ва маҳали ҷойгиршавии он (онҳо);
3) дар бораи моли мавриди коркард;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи меъёри маҳсули коркард, агар он муқаррар шуда бошад (қисми 4 моддаи 202) ё агар дар рӯзи пешниҳоди ариза ин меъёр аз ҷониби декларант муайян шуда бошад;
6) дар бораи моли коркардшаванда ва миқдори эҳтимолии он;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркардшуда бо маҳсули коркард;
8) дар бораи иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ;
9) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва тарзи пешниҳоди маълумотро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули он баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мӯҳлат мақоми гумрук маълумоти дар ариза зикршударо санҷида, инчунин оид ба мувофиқаи меъёри арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди он қарор қабул мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти арзшударо талаб намояд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дароз намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Рухсатномаи коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешаванд. Дар сурати риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраргардида мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ метавонад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.
4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ барои моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ содир мегардад, истифода мешавад, ба шарте агар мол бо як партия содир шавад ва дар ҳолатҳое, ки (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) агар мақсади таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор додани мол аз таъмири он иборат бошад, аз ҷумла музднок иҷрошаванда (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) агар арзишии гумрукии моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ қарор дорад, бояд аз ҳаҷми 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад (Конун аз 06.10.2008с. № 437, аз 30.05.2017 № 1421).
5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукӣ истифода шавад, мӯҳлати баррасии он бояд аз мӯҳлати тафтиши декларатсияи гумрукӣ, ки қисми 1 моддаи 400 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, зиёд набошад. Дар ин ҳолат маҳсули коркард ҳангоми баровардани он бояд аз ҷониби ҳамон мақоми гумрукие декларатсия карда шавад, ки барои коркард рухсатнома додааст.
6. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин бобро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарор дар бораи мувофиқа накардани маълумоти арзшудаи маҳсули коркард ва мӯҳлати коркарди он додани рухсатномаро рад менамояд.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда электронӣ ё хаттӣ огоҳ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 205. Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол
1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз ҷониби мақоми гумрук бозхонда мешавад, агар дар асоси қисми 4 моддаи 198 ҳамин Кодекс мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ иҷозат дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Қарор дар бораи бозхонди рухсатнома аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
3. Ҳангоми бозхонди рухсатномаи коркарди мол ба ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ мувофиқи рухсатномаи бозхондшуда коркарди он иҷозат дода намешавад, вале нисбати моле, ки то боз хондани рухсатнома таҳти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ ҷойгир карда шудааст, иҷозат дода мешавад, ки низоми гумрукӣ мутобиқи ҳамин боб анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Намунаи бозхондани рухсатномаи коркарди молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 206. Иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ
1. Мувофиқи дархости асосноки декларант ва иҷозати мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ иваз намудани маҳсули моли коркардшудаи хориҷӣ иҷозат дода мешавад, агар:
1) он вобаста ба тавсиф, миқдор, арзиш, сифат ва хусусиятҳои техникӣ ба маҳсули коркард мувофиқат намояд;
2) коди моли хориҷӣ тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо рамзи маҳсули коркард тибқи ин Номгӯи дар сатҳи чор рақами аввал мувофиқат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
2. Дар ҳолатҳои дигар ивази маҳсулоти коркарди моли хориҷӣ бо роҳи азнавбарасмиятдарории рухсатномаи коркарди мол бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 204 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
Моддаи 207. Истифодаи қисман ё пурра озод намудани маҳсули коркард аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Агар мақсади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, маҳсули коркарди он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз пурра озод карда мешавад.
Нисбати моле, ки қаблан дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилоти озод иҷозат дода шудааст, агар ҳангоми иҷозати он ба муомилоти озод мавҷудияти норасоӣ, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Дар ҳолатҳои дигар барои моли маҳсули коркард, ба истиснои аксизҳо қисман озодкунии он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амалӣ мегардад:
1) андозаи маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ҳамчун фарқияти маблағи боҷи гумрукии воридотӣ, ки нисбати маҳсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблағи боҷҳои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод иҷозат дода шавад ва агар ба маҳсули коркард меъёрҳои махсуси боҷҳои гумрукӣ истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347);
2) андозаи маблағи пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукии ҳаҷми умумии маҳсули коркарди ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Аксизҳо нисбати маҳсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
4. Ҳангоми воридоти маҳсули коркард бо гузашти мӯҳлати коркард (моддаи 201), инчунин ҳангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартҳои ҳамин боб ё тасдиқи онҳо ба таври номатлуб, низоми пурра ва қисман озодкунии онҳо аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад.
Моддаи 208. Анҷоми низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бо ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Чумҳурии Тоҷикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи ҳамин модда анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Агар маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия ворид шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти маҳсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ ва дар давоми 30 рӯзи баъди ворид намудани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ҳудуди гумрукӣ гирифтааст, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рӯзи кории ба таври электронӣ ё хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рӯзи дигари баъди қабули қарор ба декларант оид ба зарурати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421аз 01.10.2025 №2186)).
3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ё ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нисбати моли содироти истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот иҷозат дода намешавад, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва маҳсули онҳо ҳатмӣ бошанд. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содироти истифода мешаванд, бе пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, агар онҳо муқаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблағи мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ барои содирот батаъхирандозии пардохти боҷи гумрукии содиротӣ фароҳам оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Агар маҳсули коркард таҳти низоми гумрукие қарор гирад, ки иҷозати молро ба муомилоти озод пешбинӣ намекунад, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблағи мувофиқи бандҳои 2 ва 3 моддаи 207 ҳамин Кодекс ҳисобшаванда, бе ҳисоби фоизҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, зиёд бошад.
5. Агар маҳсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд (қисми 3 моддаи 198), ҳангоми иҷозати чунин мол ба муомилоти озод ҳамзамон бо маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 207 ҳамин Кодекс муқарраршуда бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фароҳам оварда шудаанд, пардохта шаванд.