КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД | 1994

Моддаи 187. Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Коркард барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда бо мақсади иҷрои амалиёти коркард дар мӯҳлати муайяншуда (мӯҳлати коркарди мол), бо пурра шартан озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва баровардани маҳсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти боҷҳои гумрукӣ тибқи меъёрҳое, ки нисбати маҳсули коркард қабул карда шудааст, истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Нисбати моле, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир шудааст, ҳамаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Моддаи 188. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Мол таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод бо шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) агар рухсатномаи мақоми гумрук мавҷуд бошад (моддаи 192);
2) пешниҳоди хулосаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба меъёри маҳсули коркард тибқи намунаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор;
3) ҳаммонандсозии маҳсули коркард бо моли хориҷӣ аз ҷониби мақомоти гумрук (моддаи 189);
4) таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини имконнопазирии гирифтани молу маҳсули коркард бидуни назорати гумрукӣ, фароҳам овардани шароит барои назорати гумрукӣ, таъмини дастрасии мақомоти гумрук ба мол, ҳисоби мол ва иҷрои амалиёт бо онҳо, инчунин додани ҳисобот;
5) имконнопазирии барқарор намудани маҳсули коркард ба ҳолати ибтидоӣ бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд;
6) маблағи боҷҳои гумрукии барои маҳсули коркард пардохтшаванда аз маблағе, ки дар рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод бояд пардохта шавад, камтар аст, чуноне агар онҳо барои муомилоти озод иҷозат дода мешуданд;
7) воридоти мол барои коркард аз ҷониби шахсе, ки мустақиман ба коркарди мол машғул мебошад.
2. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод аз ҷониби шахсе арз карда мешавад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ба сифати декларант баромад карда метавонад.
3. Моли хориҷие, ки пештар таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт, бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонад таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир карда шавад.
4. Рӯйихати молеро, ки таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод ҷойгир намудан мумкин нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 189. Ҳаммонандсозии мол дар маҳсули коркарди он
Ҳангоми ҳаммонандсозии мол ба маҳсули коркарди он усулҳои пешбининамудаи моддаи 175 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
Моддаи 190. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод амали зайлро дар бар мегирад:
1) коркард ва такмили худи мол;
2) истеҳсоли моли нав, аз ҷумла васл, насб ё ба қисмҳо ҷудо кардани мол.
Моддаи 191. Мӯҳлати коркарди мол
1. Мӯҳлати коркарди мол бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби аризадиҳанда муқаррар карда мешавад ва наметавонад аз як сол зиёд бошад.
2. Мӯҳлати коркарди мол барои муомилоти озод бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди он муқаррар карда мешавад.
3. Агар шахси барои коркард иҷозатгирифта бе вайрон кардани талабот ва шартҳои дар ҳамин боб зикргардида натавонад дар мӯҳлати муайян бо сабабҳои ба ӯ новобаста низоми гумрукиро ба охир расонад, тибқи аризаи асосноки шахси барои коркард иҷозатгирифта мӯҳлати ибтидоии коркард дар доираи мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда дароз карда мешавад.
4. Мӯҳлати коркарди мол аз рӯзи ҷойгир намудани он таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ва ҳангоми қисман ворид намудани мол аз рӯзи воридоти партияи аввали он оғоз мегардад.
Моддаи 192. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод
1. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод аз ҷониби мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад (қисми 1 моддаи 193) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Дар рухсатнома инҳо зикр карда мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миқдори моли барои коркард воридшуда ва маҳсули коркарди он;
2) амалиёт нисбати коркарди мол ва усули иҷрои он;
3) меъёри маҳсули коркард;
4) усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;
5) мӯҳлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад ва барои мақсади гумрукӣ зарур аст.
Намунаи рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Рухсатнома барои коркарди мол дар мӯҳлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.
4. Рухсатнома барои коркарди мол то ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод дода мешавад.
5. Рухсатномаи гирифтаро ба шахси дигар додан мумкин нест.
6. Мутобиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 193. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба мақоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот дода мешавад:
1) дар бораи аризадиҳанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
5) дар бораи маҳали ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
6) дар бораи меъёри маҳсули коркард;
7) дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;
8) дар бораи мӯҳлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва пешниҳоди маълумоте, ки дар онҳо мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти пешниҳодшуда замима мегардад.
3. Мақоми гумрук ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули онҳо баррасӣ менамояд. Дар давоми ин мӯҳлат мақоми гумрук риояи талабот ва шартҳои муқарраргардидаро тафтиш менамояд, инчунин оид ба мувофиқаи мӯҳлати коркарди мол меъёри маҳсули коркарди он, ки мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 178 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, қарор қабул мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро талаб намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақоми гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлати баррасии аризаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дароз кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Рухсатнома барои коркарди мол ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршуда мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.
4. Мақоми гумрук танҳо дар ҳолате, ки агар ҳангоми додани ариза аризадиҳанда талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 187 - 193 ҳамин Кодексро иҷро накунад, инчунин ҳангоми аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани қарори мувофиқа нашудани маълумоти арзшуда метавонад рухсатнома надиҳад.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз ҷониби мақоми гумрук бояд асоснок карда шавад. Оид ба надодани рухсатнома аризадиҳанда электронӣ ё хаттӣ огоҳ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 194. Партовҳо ва пасмондаҳо
Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол барои муомилоти озод ба вуҷуд меояд, инчунин пасмондаи моли таҳти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод қарордошта қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 183 ва 184 ҳамин Кодекс татбиқ мешаванд.
Моддаи 195. Анҷоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод
1. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод анҷом меёбад. Ҳангоми иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод боҷҳои гумрукӣ бо назардошти меъёрҳои барои маҳсули коркард муайяншуда ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Арзиши гумрукӣ ва миқдори маҳсули коркард дар рӯзи иҷозат додани онҳо барои муомилоти озод муайян карда мешавад.
2. Дар мавридҳои истисноӣ ва бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди бо риояи шартҳои барои интихоб ва (ё) иваз намудани низомҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии дигар қарор додани маҳсули коркард низ анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 196. Хусусиятҳои истифодаи меъёрҳои боҷи гумрукӣ нисбати маҳсули коркард
(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347)
Нисбати маҳсули коркард меъёри боҷҳои гумрукии мамлакате истифода бурда мешавад, ки моли барои коркард овардашударо истеҳсол намудааст. Агар дар ҷараёни коркард моли хориҷие истифода шавад, ки мамлакатҳои гуногун истеҳсол намудаанд, меъёри боҷҳои гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои зайл татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347):
1) агар дар натиҷаи коркард рамзи таснифоти тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар сатҳи ҳама гуна чор нишони аввал тағйир ёфта бошад, нисбати маҳсули коркард меъёри боҷҳои гумрукӣ ҳамчун нисбати моли воридотии мамлакатҳое истифода мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо дар муносибатҳои тиҷоратию сиёсӣ низоми ба миллат нисбатан мусоидаткунандаро фароҳам овардааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347, аз 30.05.2017 № 1422);
2) дар дигар ҳолатҳо меъёри боҷҳои гумрукӣ тибқи кишвари истеҳсолкардаи моли хориҷие татбиқ мегардад, ки арзиши гумрукии он нисбатан баланд аст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).