ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ | 1994
Моддаи 119. Уҳдадориҳои андозӣ
1. Уҳдадориҳои андозӣ уҳдадории андозсупоранда оид ба ҳисоб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт намудани андоз ва боҷҳо мебошад.
2. Уҳдадории андозӣ оид ба ҳисоб кардан, нигоҳдорӣ, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет пардохт намудан ва ё ба андозсупоранда баргардонидани андозҳо, ки ба зиммаи агентҳои андоз вогузор гардидаанд, ба уҳдадориҳои андозии андозсупоранда баробар карда мешаванд.
3. Уҳдадории андозӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ё дигар санадҳои қонунгузории андоз муқаррар мешаванд, тағйир меёбанд ва ё қатъ мегарданд.
4. Таъмини уҳдадории андозӣ нисбат ба ҳар намуди андоз аз лаҳзаи ба миён омадани чунин уҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории андоз ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
Моддаи 120. Тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ
1. Андозсупоранда уҳдадориҳои андозиро мустақилона иҷро менамояд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
2. Уҳдадориҳои андозии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, метавонад аз ҷониби шахси воқеии дигар иҷро карда шавад. Дар ин ҳолат манфиати моддии бадастовардаи ин шахси воқеӣ даромади андозбандишаванда эътироф карда намешавад. Маблағҳои ба ин мақсад пардохтшуда баргардонида намешаванд.
3. Уҳдадории андозӣ бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз иҷро карда шавад.
4. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ тибқи Кодекси мазкур бо санаи тақвимӣ ё гузаштани давраи вақт (сол, семоҳа, моҳ ва рӯз) муқаррар карда мешавад.
5. Муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз рӯзи пас аз санаи тақвимӣ ё аз санаи иҷрои амале, ки уҳдадориҳои андозиро ба миён меорад, шурӯъ мегардад.
6. Агар рӯзи охирини муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ ба рӯзҳои истироҳат ва ё рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) рост ояд, рӯзи аввали кории баъд аз чунин рӯзҳо фарорасида рӯзи ба охир расидани муҳлат ҳисобида мешавад.
7. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад уҳдадории андозиро пеш аз муҳлат иҷро намояд.
8. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 110-115 Кодекси мазкур тағйир дода мешавад.
9. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ, мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур иҷрои онро таъмин менамояд.
10. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар ҳолати муфлисшавии (пардохтнопазирии) андозсупоранда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 121. Тадбирҳои муваққатӣ
1. Тадбирҳои муваққатӣ аз ҷониби мақомоти андоз вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои андозӣ ва дар ҳолатҳои мавҷуд будани далелҳои кофӣ, ки амалӣ накардани онҳо боиси душворӣ ва ғайриимкон гардидани иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ва ситонидани қарзи андоз мегарданд, андешида мешаванд.
2. Барои андешидани тадбирҳои муваққатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул мекунад. Муҳлати амали чунин қарор аз рӯзи қабул то санаи иҷрои он ё то санаи бекор кардани қарор аз ҷониби суд эътибор дорад.
3. Мақомоти андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 11 ҳамин модда ҳуқуқ дорад дар бораи бекор кардани тадбирҳои муваққатӣ ё иваз кардани онҳо қарор қабул намояд.
4. Қарор дар бораи бекор кардани (иваз намудани) тадбирҳои муваққатӣ аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад.
5. Тадбирҳои муваққатӣ аз амалҳои зерин иборат мебошанд:
- боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ тибқи муқаррароти моддаи 140 Кодекси мазкур;
- манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк бе розигии мақомоти андоз.
6. Манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк нисбати молу мулки зерин анҷом дода мешавад:
- молу мулки ғайриманқуле, ки дар истеҳсоли молҳо ё анҷоми хизматрасониҳо истифода карда намешавад;
- воситаҳои нақлиёт, коғазҳои қиматнок, ашёи ороишии биноҳои хизматӣ;
- молу мулки дигар, ба истиснои маҳсулоти тайёр ва ашёи хом;
- маҳсулоти тайёр, ба истиснои ашёи хом ва маҳсулоти зудвайроншавандае, ки муҳлати истифодаи он то се моҳ мебошад.
7. Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозии дар рафти санҷиши андозӣ муайяншуда пайдарҳамии манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк тибқи муқаррароти қисми 6 ҳамин модда амалӣ мегардад, агар арзиши умумии молу мулки гурӯҳҳои қаблӣ аз маблағи умумии қарзи андоз камтар бошад. Дар баробари ин, арзиши молу мулк тибқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ муайян карда мешавад.
8. Боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ то манъ кардани бегонакунӣ ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк амалӣ карда мешавад.
9. Мақомоти андоз бо дархости андозсупоранда ҳуқуқ дорад тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқарраршударо бо тадбирҳои зерин иваз намояд:
- кафолати бонкии ташкилоти қарзии молиявӣ барои пардохти қарзи андоз;
- гарави коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок муомилот мекунанд;
- замонат, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 137 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст.
10. Агар андозсупоранда кафолати бонкии ташкилоти эътимодноки қарзии молиявиро оид ба пардохти уҳдадории андозӣ пешниҳод намояд, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад дархости андозсупорандаро оид ба иваз кардани тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқарраршуда рад намояд.
11. Нусхаи қарор дар бораи қабули тадбирҳои муваққатӣ ва қарор дар бораи бекор кардани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 5 рӯз аз санаи қабули он ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ирсол ё ба намояндаи ӯ супорида мешавад.
Моддаи 122. Қатъ гардидани уҳдадории андозӣ
1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, уҳдадории андозӣ дар ҳолатҳои зерин қатъгардида ҳисобида мешавад:
1) иҷро гардидани уҳдадориҳои андозӣ (фоизҳо ва ҷаримаҳо);
2) ҳолатҳое, ки қонунгузории андоз қатъ гардидани уҳдадории андозро муқаррар намудааст, аз ҷумла:
- гузаштани муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андоз;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867);
- аз ҳисоб баровардани уҳдадории андозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур.
2. Уҳдадории андозии шахси воқеӣ дар ҳолатҳои зерин бо риояи талаботи қисми 3 ҳамин модда қатъ мегардад:
- иҷро гардидани уҳдадориҳои андозӣ;
- бо сабаби фавти шахси воқеӣ;
- тибқи санади судӣ фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ, инчунин нокифоя будани молу мулки ӯ.
3. Қарзи андозии шахси воқеии фавтида ё фавтида эълоншуда аз ҷониби ворисон дар доираи арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 129 Кодекси мазкур пардохт карда мешавад.
4. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 126 Кодекси мазкур;
- азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 127 Кодекси мазкур.
Моддаи 123. Муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андозӣ
1. Муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андозӣ 5 солро ташкил мекунад.
2. Мақомоти андоз дар давраи муҳлати даъво ҳуқуқ дорад, ки маблағи андози аз ҷониби андозсупоранда пардохтшавандаро ҳисоб намояд (иловатан ҳисоб намояд), маблағи андози барои давраи дахлдори андоз ҳисобшударо (иловатан ҳисобшударо) ситонад.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки дар давраи муҳлати даъво мустақилона уҳдадории андозии худро аз нав бозҳисобӣ ва ислоҳ намояд, инчунин баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашударо барои давраи дахлдори андоз, талаб намояд.
4. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, муҳлати даъво ба муҳлати амали андозбандии имтиёзноки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, инчунин мутобиқи моддаи 37 Кодекси мазкур тамдид карда мешавад.
5. Муҳлати даъво дар давраи амалӣ гардидани мораторияи санҷиши андозҳо, муҳлати батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи андозҳо боздошта мешавад.
6. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-5 моддаи мазкур, муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ, ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 131 Кодекси мазкур, 15 солро ташкил мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867).
Моддаи 124. Пардохти андоз
1. Уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз дар ҳолатҳои зерин иҷрошуда эътироф карда мешавад, агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад:
1) аз лаҳзаи инъикоси амалиёти интиқоли маблағ дар супоришномаи пардохтии андозсупоранда, ки ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи интиқоли маблағҳо аз суратҳисоби андозсупоранда ба суратҳисоби дахлдори хазинадории буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст - дар сурати мавҷуд будани маблағи кофии пулӣ дар рӯзи пардохт дар суратҳисоби андозсупоранда ва ташкилоти қарзии молиявӣ;
2) аз лаҳзаи ба хазинаи ташкилоти қарзии молиявӣ додани пули нақд барои интиқол ба суратҳисоби дахлдори хазинадории буҷети давлатӣ бе кушодани суратҳисоб дар ташкилоти қарзии молиявӣ. Чунин қоида танҳо ҳангоми пардохти андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ, ба шарте ки барои пардохти андоз маблағи кофӣ мавҷуд бошад, истифода мешавад;
3) аз рӯзи қабули қарор аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё маблағи барзиёд ситонидашудаи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо барои иҷрои уҳдадории пардохти андози дахлдор.
2. Уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз дар ҳолатҳои зерин иҷронашуда эътироф карда мешавад:
1) аз ҷониби андозсупоранда бозхондан ё ба ӯ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ баргардонидани супоришномаи иҷронашуда барои интиқоли маблағҳои пулии дахлдор ба буҷет;
2) бозхонд гардидани супоришномаи иҷронашуда аз ҷониби андозсупоранда ё ба ӯ баргардонидани он аз ҷониби хазинадорӣ;
3) нодуруст нишон додани реквизитҳои бонкӣ дар супоришнома оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ, ки боиси интиқол нагардидани ин маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби дахлдори хазинадории буҷети давлатӣ гардидааст;
4) агар дар рӯзи пешниҳоди супоришнома ба ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба интиқоли маблағ барои пардохти андоз андозсупоранда дар ин ташкилот дорои талаботи дигари иҷронашуда нисбати суратҳисобаш бошад, ки тибқи қонунгузории гражданӣ онҳо бояд дар навбати аввал иҷро карда шаванд ва агар дар ин суратҳисоб барои қонеъ намудани тамоми талабот маблағи кофӣ набошад.
Моддаи 125. Иҷрои супоришномаҳои пардохтӣ ва инкассавӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд:
1) супоришномаи пардохтии андозсупоранда (минбаъд дар ин модда - супоришномаи пардохтӣ) ва супоришномаи инкассавии мақомоти андозро (минбаъд дар ин модда - супоришномаи инкассавӣ) аз рӯи пайдарҳамии муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва Кодекси мазкур иҷро намоянд;
2) супоришномаи инкассавии мақомоти андозро иҷро намоянд, агар ба ташкилоти қарзии молиявӣ супоришномаи инкассавӣ якҷо бо замимаи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ва санади муқоисавии аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, ки дар он маълумот оид ба асоснокии қарзҳои андозии аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда дарҷ карда шудааст, дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ пешниҳод карда шавад.
3) дар асоси супоришномаи пардохтии андозсупоранда ё супоришномаи инкассавии мақомоти андоз маблағи андозҳоро ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз як рӯзи дигари баъди гузаронидани амалиёт гузаронанд;
4) агар иҷрои супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз бо сабаби мавҷуд набудани (нокифоягии) маблағҳои пулӣ дар суратҳисоби андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда имконнопазир бошад, дар давоми рӯзи дигари пас аз рӯзи ба охир расидани давраи муқарраршуда мақомоти андозро дар бораи иҷро накардани (қисман иҷро кардани) супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз огоҳ намояд.
2. Шакли электронии огоҳиномаи ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи иҷро накардани (қисман иҷро кардани) супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз ва тартиби интиқоли электронии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
4. Татбиқи чораҳои масъулият ташкилотҳои қарзии молиявиро аз уҳдадории иҷрои супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз озод намекунад.
Моддаи 126. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ-резидент, мақомоти ваколатдори онҳо ё суд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ уҳдадоранд ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
2. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқ намудани тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳиро пешниҳод намояд.
3. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст андозҳоеро, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ шудаанд, на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пардохт намояд.
4. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои ин шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла маблағи аз ҳисоби фурӯши молу мулк бадастомада, иҷро карда мешавад. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар давоми 7 рӯз аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиро оид ба таъинот ба ҳайси барҳамдиҳанда расман огоҳ менамояд.
5. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда санҷиши маҷмӯии андозиро гузаронад.
6. Қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои пулии шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла маблағҳои аз фурӯши молу мулк ба даст омада, бо пайдарҳамии муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва Кодекси мазкур пардохт карда мешавад.
7. Шахсоне, ки ба онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии замини шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ҳар шакли хоҷагидории кишоварзӣ) дода мешавад, аз рӯи маблағи боқимондаи қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда масъулияти мутаносиб (баробари ҳиссавӣ) доранд.
8. Агар маблағҳои пулии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, аз ҷумла маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши молу мулки он ба даст омадааст, барои пурра пардохт намудани қарзи андоз кифоя набошад, қарзи боқимондаи андоз метавонад аз ҷониби иштирокчиёни ин шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт карда шавад, агар дар ҳуҷҷатҳои муассисӣ уҳдадориҳои муштарак муқаррар шуда бошанд.
9. Пайдарҳамии иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби кредиторони дигари ин шахси ҳуқуқӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ тибқи қонунгузории гражданӣ анҷом дода мешавад.
10. Маблағи андоз (фоиз, ҷарима), ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда барзиёд пардохт ё аз ҷониби мақомоти андоз ситонида шудааст, барои пардохти қарзи андоз аз рӯи намудҳои дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба ҳисоб гирифта мешавад ё бо қарори шахси ҳуқуқии барҳамдиҳанда мутаносибан тақсим карда мешавад.
11. Агар шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қарзи андоз надошта бошад, маблағи андозҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда (фоизҳо, ҷаримаҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба шахси ҳуқуқӣ на дертар аз 15 рӯз аз рӯзи аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани ариза баргардонида мешавад.
12. Муқаррароти дар ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ карда мешаванд.
13. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз ва пурра пардохтани қарзи андоз, шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ тавозуни барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
14. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар асоси дархости шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи қарздор набудани шахси мазкур маълумотнома диҳад.
15. Иҷрои уҳдадориҳои андозии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда анҷом дода мешавад.
Моддаи 127. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда аз ҷониби вориси (ворисони) ҳуқуқии он иҷро карда мешавад.
2. Шахси ҳуқуқӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, ҷудо гардидан, тақсим шудан ё табдил додан ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ хабар медиҳад.
3. Шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади супоридан ё тавозуни тақсимкунӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
4. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
5. Санҷиши андозӣ бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди аризаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро гирифтани мақомоти андоз оғоз гардад.
6. Новобаста ба огоҳӣ доштан ё надоштани вориси (ворисони) ҳуқуқӣ дар бораи далелҳо ва (ё) ҳолатҳои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба пардохти андоз аз ҷониби шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда, иҷрои уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он вогузор карда мешавад.
7. Вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда уҳдадор аст пардохти пурраи қарзи андози ҳиссавӣ, аз ҷумла маблағи ҷаримаҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андозиро, ки ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда таъин шудаанд, то ба охир расидани азнавташкилдиҳӣ таъмин намояд.
8. Вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда аз ҳуқуқҳое, ки дар Кодекси мазкур барои андозсупорандагон муқаррар шудаанд, истифода мебарад.
9. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ муҳлати аз ҷониби ворис (ворисон) иҷро намудани уҳдадории андозиро тағйир намедиҳад.
10. Ҳангоми муттаҳидшавии (якҷояшавии) якчанд шахси ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии онҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқии навтаъсисёфта ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷатҳои (маълумоти электронии) андозии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшуда дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии навтаъсис нигоҳ дошта мешаванд.
11. Дар сурати ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, вориси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки шахси ҳуқуқии ҳамроҳшаванда ба он ҳамроҳ шудааст.
12. Ҳангоми тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ, шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, аз рӯи ҳиссаҳои тақсимшуда ворисони ҳуқуқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии тақсимшуда эътироф мешаванд.
13. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии ҷудошуда, тақсимшуда ё табдилшуда ҳиссаи ҳар яки онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутобиқи тавозуни тақсимот, ки дар асоси қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад. Агар тавозуни тақсимот ба муайян намудани ҳиссаи ҳар як вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда имкон надиҳад, уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқии навтаъсис бо қарори суд муайян карда мешаванд.
14. Муқаррароти қисми 13 ҳамин модда инчунин дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки тавозуни тақсимот барои ҳадди ақал аз ҷониби як вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро намудани уҳдадории андозии қисми ба ӯ мансуббудаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда имкон надиҳад, агар чунин азнавташкилдиҳӣ бо мақсади иҷро накардани уҳдадории андозӣ амалӣ шуда бошад.
15. Ҳангоми ҷудошавии як ё якчанд шахсони ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ, ворисии ҳуқуқӣ нисбат ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии он ба вуҷуд намеояд, агар дар қисми 12 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
16. Агар дар натиҷаи ҷудошавии як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқии тақсимшуда уҳдадориҳои андозии худро ба пуррагӣ иҷро карда натавонад, шахсони ҳуқуқии ҷудошуда тибқи қарори суд уҳдадориҳои андозии ин шахси тақсимшударо якҷоя иҷро мекунанд.
17. Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, аз ҷумла тавассути тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
18. Ҳангоми ҷудошавӣ аз шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин ҷудошавӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин шахси ҳуқуқии мазкур ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз бо ҳиссаи баробар эътироф мешаванд.
19. Маблағи андоз (фоизҳо, ҷаримаҳо), ки шахси ҳуқуқӣ то азнавташкилдиҳии он барзиёд пардохт намудааст ё аз он ситонида шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз барои иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Чунин баҳисобгирӣ дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи ба охир расидани расмиёти азнавташкилдиҳӣ ба манфиати вориси (ворисони) шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
20. Агар шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда қарзи андоз надошта бошад, маблағи андози (фоиз, ҷаримаи) барзиёд пардохтшуда ва ё аз он ситонидашуда ба вориси (ворисони) он дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи пас аз санаи пешниҳоди ариза баргардонида мешавад. Дар ин ҳолат маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андоз (ҷаримаҳо, фоизҳо) ба вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутаносибан ба ҳиссаи ҳар ворис, ки дар асоси тавозуни ҷудошавӣ муайян шудааст, баргардонида мешавад.
21. Муқаррароти ҳамин модда инчунин нисбат ба иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
22. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда инчунин ҳангоми муайян намудани вориси (ворисони) ҳуқуқии ташкилоти хориҷие, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ аз нав ташкил шудааст, амалӣ карда мешаванд.
23. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда инчунин нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 128. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми ба идоракунии боэътимод додани молу мулк
1. Уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми ба идоракунии боэътимод додани молу мулк дар асоси шартнома байни ваколатдиҳанда ва ваколатдор, аз ҷониби шахси ваколатдор мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур иҷро карда мешаванд.
2. Шахси ваколатдиҳанда-муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) уҳдадориҳои андозро, ки дар робита бо супоридани молу мулк ба идоракунии боэътимод ба вуҷуд меоянд, мустақилона иҷро менамояд, агар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (ба истиснои уҳдадорӣ аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда) тибқи шартномаи хаттӣ ба мудири ваколатдор ва ё ҳангоми супоридани молу мулк ба идоракунии боэътимод ба мудири ваколатдорғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда нашуда бошад. Дар ҳолате, ки агар муассиси идоракунии боэътимод шахси воқеие бошад, ки соҳибкори инфиродӣ нест, иҷрои уҳдадориҳои андозии дар қисми фаъолияти муассисии идоракунии боэътимод бавуҷудомада аз ҷониби идоракунандаи боэътимод амалӣ карда мешавад.
3. Идоракунандаи боэътимод уҳдадор аст пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи объектҳои андозбандӣ оид ба фаъолияти идоракунии боэътимоди ба манфиати муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) иҷрошаванда ва фаъолияти дигарро амалӣ намояд.
4. Агар ба зиммаи идоракунандаи боэътимод иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин уҳдадории таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андозӣ ва молиявӣ барои муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) вогузор карда шаванд, иҷрои чунин уҳдадории андозӣ аз номи шахсе, ки мудири ваколатдор мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қисми махсуси Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
5. Агар мудири ваколатдор уҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин моддаро оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо иҷро накунад ё онҳоро нопурра иҷро кунад, уҳдадориҳои иҷрои онҳо ба зиммаи муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) гузошта мешавад.
Моддаи 129. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон гардидани ӯ аз ҷониби суд
1. Дар сурати фавти шахси воқеие, ки қарзи андоз дорад, маблағи фоизҳо ва ҷаримаҳои нисбат ба ӯ ҳисобшуда беэътимод эътироф карда мешавад. Қарзи боқимондаи андози шахси воқеии фавтида аз ҷониби вориси (ворисони) ӯ, ки молу мулки меросии шахси фавтидаро мутобиқи тартиби мерос қабул кардаанд, мутаносибан ба арзиши молу мулки ба мерос гирифташуда мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур пардохт карда мешавад.
2. Агар қарзи андози шахси воқеии фавтида аз арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи ворис (ворисон) зиёд бошад, маблағи боқимондаи қарзи андоз беэътимод ҳисобида мешавад. Арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи ворис (ворисон) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ҳуҷҷати арзёбии он ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
3. Дар ҳолати набудани ворис ё даст кашидани ворис (ворисон) аз ҳуқуқи мерос, қарзи андози шахси воқеии фавтида беэътимод ҳисобида мешавад. Қарзи беэътимоди андоз тибқи муқаррароти моддаи 131 Кодекси мазкур аз ҳисоб бароварда мешавад.
4. Дар ҳолати фавти шахси воқеӣ, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ уҳдадоранд, ки дар давоми 1 моҳ аз лаҳзаи гирифтани маълумот дар бораи вориси (ворисони) шахси фавтида ба ӯ (онҳо) дар бораи мавҷуд будани қарзи андоз хабар диҳанд.
5. Вориси (ворисони) шахси воқеии фавтида уҳдадор аст, ки қарзи боқимондаи андозии шахси воқеии фавтидаро на дертар аз 6 моҳ аз рӯзи қабули мерос пардохт намояд.
6. Муҳлати пардохти қарзи шахси воқеии фавтида метавонад бо қарори мақомоти андоз тамдид карда шавад, агар огоҳинома дар бораи мавҷуд будани қарзи андоз аз ҷониби ворисон (ворисони ҳуқуқӣ) камтар аз 3 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати пардохти қарзи андоз гирифта шуда бошад.
7. Муқаррароти пешбининамудаи моддаи мазкур инчунин нисбат ба қарзи андозии шахси воқеие, ки бо қарори суд фавтида эълон шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ амалӣ карда мешаванд.
8. Ҳангоми бекор гардидани қарори суд дар бораи фавтида эълон гардидани шахси воқеӣ, амали уҳдадориҳои андозӣ, ки қаблан мутобиқи қисми 3 ҳамин модда аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор карда мешавад. Дар чунин ҳолат аз давраи қабули қарор дар хусуси фавтида эълон гардидани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабули қарор дар бораи бекор кардани қарори суд оид ба уҳдадориҳои андозӣ фоизҳо ва ҷаримаҳо ҳисоб карда намешаванд.
Моддаи 130. Иҷрои уҳдадории андозии шахси воқеии бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда
1. Уҳдадории андозии шахси воқеие, ки аз ҷониби суд бедарак ғоиб эътироф шудааст, аз ҷониби шахси ваколатдор, ки мутобиқи қонун барои идора кардани молу мулки чунин шахс ҳуқуқ дорад (минбаъд дар ин модда - шахси ваколатдор), аз ҳисоби молу мулки шахси бедарак ғоибшуда иҷро карда мешавад.
2. Шахси ваколатдор уҳдадор аст, ки қарзи андози шахси воқеии бедарак ғоибро, ки дар рӯзи аз ҷониби суд бедарак ғоиб эътироф шудани ӯ ба миён омадааст, аз ҳисоби маблағҳо ё дигар молу мулки шахси бедарак ғоибшуда пардохт намояд.
3. Уҳдадории андозии шахси воқеие, ки аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф карда шудааст, аз ҷониби васии (парастор) ӯ аз ҳисоби маблағҳо ё дигар молу мулки ин шахси ғайри қобили амал иҷро карда мешавад.
4. Уҳдадориҳои андозии иҷронашуда оид ба пардохти андозҳои шахси воқеии аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда, инчунин уҳдадориҳо оид ба пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳои ҳисобшуда, дар сурати нокифоя будани (мавҷуд набудани) маблағҳо ё дигар молу мулки ба чунин шахсони воқеӣ тааллуқдошта, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
5. Дар ҳолати қабул гардидани қарор оид ба бекор кардани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз рӯзи қабул кардани қарори мазкур барқарор карда мешаванд. Дар баробари ин, аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабул шудани қарор оид ба бекор кардани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал фоизҳо ва ҷаримаҳо ҳисоб карда намешаванд.
6. Шахсони ваколатдор, ки мутобиқи ҳамин модда уҳдадоранд андозҳои шахсони воқеии аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшударо пардохт намоянд, уҳдадориҳои андозии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва ҳамин модда иҷро менамоянд. Шахсони ваколатдор барои содир намудани қонунвайронкунии андоз ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозии ба зиммаи онҳо вогузоршуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин ҳолат шахсони ваколатдор ҳуқуқ надоранд, ки ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро аз ҳисоби молу мулки шахси аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда пардохт намоянд.
Моддаи 131. Беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва тартиби аз ҳисоб баровардани он
1. Қарзи андозии андозсупорандагони алоҳида ва агентҳои андоз дар ҳолатҳои зерин беэътимод эътироф карда мешавад, аз ҷумла:
1) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - мутобиқи муқаррароти моддаи 126 Кодекси мазкур, дар ҳолати нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқӣ ва (ё) имконнопазир будани пардохти он аз ҷониби муассисони (иштироккунандагони) ин шахси ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
2) муфлис эътироф шудани соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 150 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулк;
3) фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 129 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулки чунин шахсон ё ба моликияти давлатӣ гузаронидани мерос;
4) қабули санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозӣ ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад;
5) аз баҳисобгирии андозӣ баровардани шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар мақомоти андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 78 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайриимкон гардидани пардохти он аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳолати мутобиқи моддаи 78 Кодекси мазкур аз нав ба ҳисоб гирифта шудани ин шахси ҳуқуқии хориҷӣ, уҳдадориҳои андозӣ барқарор карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867);
6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867).
2. Новобаста ба муқаррароти Кодекси мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қарзи андозии андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд.
3. Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867).
4. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2022 № 1867).