ИҶОЗАТИ МОЛ | 1994

Моддаи 149. Асосҳо барои иҷозати мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук бо риояи шартҳои зерин анҷом дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) агар маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки риояи ин маҳдудиятҳоро баъди иҷозати мол тасдиқ кардан мумкин аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) агар аз ҷониби декларант талабот ва шартҳои зарурӣ барои ҷойгиркунии молҳо таҳти низоми гумрукии интихобшуда ё татбиқи расмиёти гумрукии дахлдор мутобиқи ҳамин Кодекс риоя шуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) агар нисбат ба мол пардохтҳои гумрукӣ пардохт шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи боби 46 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Иҷозати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда барои муомилоти озод бо шарти иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо тибқи моддаи 377 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад. Бо талаби шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозҳоро пардохт кардааст, мақоми ваколатдор дар соҳаи молия дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағ маълумот пешниҳод менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақоми ваколатдор дар соҳаи молия уҳдадор аст ба мақоми гумрук фавран дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағҳо, аз ҷумла тавассути мубодилаи электронӣ маълумот пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Иҷозати мол метавонад мутобиқи моддаи 441 ҳамин Кодекс боз дошта шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Иҷозат барои ҷойгир кардани моли ватании аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда таҳти низоми гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук мутобиқ ба иҷозати мол дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Ҳангоми бозхонди декларатсияи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 134 ва қисми 3 моддаи 130 ҳамин Кодекс мақоми гумрук иҷозати молро бекор мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Тартиби бекор кардани иҷозати молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 150. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ
1. Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моли дар моддаи 67 ҳамин Кодекс зикршуда, инчунин ҳангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ тибқи моддаи 68(4) ҳамин Кодекс, иҷозати мол то лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ имконпазир аст, ба шарте агар декларант ҳуҷҷатҳо ё дигар санадҳои тиҷоратиро, ки дорои маълумоти барои ҳаммонандсозии мол истифодашаванда мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод карда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот баъди қабули қарори иҷозати мол пешниҳод гардида, пардохтҳои гумрукӣ ё супоридани онҳо мувофиқи тартиби муайяннамудаи боби 46 ҳамин Кодекс таъмин карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421аз 01.10.2025 №2186).
2. Иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар декларант дар бораи аз ҷониби вай пешниҳод кардани декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маълумот дар мӯҳлати на зиёда аз 45 рӯзи баъди иҷозати мол ё мӯҳлати дигари барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти алоҳида муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс  дар шакли электронӣ ё хаттӣ уҳдадорӣ пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ҳангоми иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ меъёрҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, таносуби қурби асъори хориҷӣ, маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи иҷозати моли мазкур амал мекунанд, истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
Моддаи 151. Иҷозати шартӣ
1. Иҷозати шартии мол дар ҳолатҳои зайл анҷом дода мешавад, ки:
1) агар имтиёзҳои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маҳдудиятҳо оид ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол бошанд;
2) агар мол таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод, минтақаи озоди гумрукӣ, савдои бебоҷ коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваққатӣ, реэкспорт, нобудкунӣ, инчунин таҳти низомҳои махсус, ки нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда истифода мегарданд ва (ё) расмиёти гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ, ҷойгир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) агар иҷозати мол бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда бошад;
2. Моли шартан иҷозатдодашуда, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёз фароҳам оварда шудааст, метавонад танҳо барои мақсадҳое истифода шавад, ки ба шартҳои фароҳам овардани имтиёз мутобиқ аст.
Ба шахси сеюм додани моле, ки мақомоти гумрук онро бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додаанд, аз ҷумла бо роҳи фурӯш ё бегона кардан бо дигар усулҳо ва дар ҳолатҳое, ки маҳдудият ба воридоти моли номбаршуда бо сабаби санҷиши сифат ва бехатарии ин мол муқаррар шудааст, иҷозати он барои истифода (кор фармудан, истеъмол) дар ҳама шаклҳо манъ аст.
3. Моли шартан иҷозатдодашуда дорои статуси моли хориҷӣ буда, таҳти назорати гумруки қарор мегирад.
4. Моли барои муомилоти озод арзшуда шартан иҷозатдодашуда ба ҳисоб меравад, агар нисбати он батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шуда бошад ё агар ба буҷет маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ворид нашуда бошад.
5. Тартиби иҷозати шартии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 152. Мӯҳлати иҷозати мол
1. Мақомоти гумрук иҷозати молро тибқи моддаи 149 ҳамин Кодекс дар давоми 2 рӯзи кори аз лаҳзаи қабули декларатсияи гумрукӣ, пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ, инчунин пешниҳоди мол ба мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, ба истиснои ҳолати тамдиди мӯҳлати гузаронидани санҷиши мол тибқи қисми 2 моддаи 400 ҳамин Кодекс.
2. Ҳангоми истифодаи декларатсияи пешакӣ (моддаи 130) иҷозати мол баъди пешниҳод шуданаш ба мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
Моддаи 153. Радди иҷозати мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Мақоми гумрук иҷозати молро бо асосҳои зерин рад менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) риоя накардани шартҳои иҷозат, ки дар моддаи 149 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) риоя накардани талаботи мақоми гумрук оид ба тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда дар ҳолати пешбининамудаи қисми 6 моддаи 133 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳангоми декларатсиякунонии пешакии гумрукӣ рух додани ҳолати пешбининамудаи қисми 3 моддаи 130 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) бо талаби мақоми гумрук дар муҳлати иҷозати мол, ки моддаи 152 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, пешниҳод накардани мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) қарорҳои бекорнашуда дар бораи боздоштани иҷозати мол дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 4411 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) риоя накардани талаботи пешбининамудаи қисми 11 моддаи 63, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 404 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми назорати гумрукии мол ошкор намудани вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои зерин (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
- вайронкунии ошкоршуда, ки барои оғоз намудани парвандаи маъмурӣ ё ҷиноятӣ асос намебошанд, бартараф шуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- вайронкунии ошкоршуда бартараф шуда бошад, моли декларатсияшаванда ситонида ё мусодира карда намешавад, ба ҳабс гирифта нашудааст, ё дар оянда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати далели шайъӣ талаб карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Рад кардани иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук то ба охир расидани муҳлати иҷозати мол бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сурат мегирад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 154. Иҷозати мол ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Ҳангоми кушодани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иҷозати мол метавонад тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс бо қарори сардори мақоми гумрук, ки шахси мансабдори он парвандаро оғоз намудааст, то хатми баррасии парванда анҷом дода шавад, агар мол ба сифати далели шайъи ситонида ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҳабс гирифта нашуда бошад, ба шарти пешниҳод намудани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба маблағи пардохтшавандаи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
ЗЕРФАСЛИ 2. НИЗОМИ ГУМРУКӢ