ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ НАЗОРАТӢХАЗИНАВӢ | 1994

Моддаи 85. Истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
1. Ҳама гуна муомилоти пулӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ бо истифодаи ҳатмии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:
- бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти андозсупоранда то оғози фаъолият;
- додани чеки назоратӣ-хазинавӣ барои ҳар як амалиёт;
- пайвастшавӣ бо барномаҳои электронии муҳосибӣ.
3. Чеки назоратӣ-хазинавӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- номи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- рақами силсилавии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
- рақами бақайдгирии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
- рақами тартибии чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- сана ва вақти додани чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор, нарх, маблағ вобаста ба ҳар мол (кор, хизматрасонӣ), маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти меъёри фарқкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ, тахфифҳо ва маблағи умумии харид;
- рамзхати чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- аломати фискалии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ.
4. Чеки назоратӣ-хазинавие, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, қабули оҳанпора, зарфҳои шишагӣ, ломбардҳо дода мешавад, маълумоти иловагӣ дар бораи маблағи фурӯш ва харидро дар бар мегирад.
5. Муқаррароти ҳамин модда, нисбати ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегардад:
1) андозсупорандагон дар мавриди хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо додани ҳуҷҷатҳои ба ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ баробаркардашуда, аз ҷумла расидҳо (квитансия), билетҳо, талонҳо, аломатҳои пардохти почтавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки шакли онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд;
2) фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
3) супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ;
4) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатномаи бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд;
5) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд.
6. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
7. Андозсупоранда метавонад хазинаи виртуалиро, ки имконияти интиқоли маълумотро ба Системаи ягонаи иттилоотии андоз дорад, истифода намояд.
8. Мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо мақомоти давлатии дигар Феҳристи давлатии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро, ки барои истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамоянд.
9. Истифодаи дастгоҳҳои нуқтаи фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) ва терминалҳои пардохтӣ бе хотираи фискалӣ ва функсияҳои интиқоли маълумот манъ аст.
10. Андозсупоранда метавонад дар як вақт дастгоҳи назорати хазинавиро, ки тавассути модули мушаххассозии муштарӣ (СИМ-корт) фаъолият намуда, дорои функсияи қабули кортҳои пластикии бонкӣ (ҳисоботи ғайринақдӣ), рамзи эътинои фаврӣ (рамзҳои QR) ва усулҳои дигари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, инчунин функсияҳои муҳосиби электрониро дар реҷаи автоматӣ иҷро мекунад, истифода намояд.
  Моддаи 86. Назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
1. Назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣхазинавӣ аз ҷониби мақомоти андоз аз рӯи самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
- истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ;
- маълумоти дар блок ва ё хотираи фискалии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ мавҷудбуда;
- бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ.
2. Хариди назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва ба харидорон додани чекҳои назоратӣхазинавӣ дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани хариди назоратиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.