ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДАИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ | 1994

Моддаи 320. Соҳаи истифодаи ҳамин боб
1. Муқаррароти ҳамин боб нисбати моле, ки намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагиҳои расмии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аъзои ин намояндагиву муассисаҳо, ҳамчунин нисбати моли мавриди истифодаи шахсӣ ва хонаводагии категорияи алоҳидаи шахсони хориҷии дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имтиёзу афзалият ва (ё) масуният аз ҳудуди гумрукӣ интиқол медиҳанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Барасмиятдарории гумрукии моли дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида бо тартиби соддагардонидашуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 321. Интиқоли мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ
Намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд моли барои истифодаи расмии намояндагиҳо таъингардидаро бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бидуни татбиқ намудани мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд ва аз ин ҳудуд содир намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 322. Интиқоли мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ
1. Сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи ҳамзисти онҳо метавонанд моли таъиноти истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ, аз ҷумла моли таъиноти ниёзи аввалия пешбинигардидаро бо озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Бағоҷи шахсии сардори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ, аъзои ҳайати дипломатии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи ҳамзисти онҳо аз муоинаи гумрукӣ озод мебошанд, ба шарте агар асосҳои ҷиддии эҳтимоли он мавҷуд набошад, ки бағоҷ дорои моли барои истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ таъиннагардида ё ки моле мебошад, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироташ аз ин ҳудуд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътттрофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ё бо қоидаҳои карантини танзим карда мешавад. Муоинаи гумруки бояд танҳо дар ҳузури шахсони дар ҳамин модда зикршуда ё намояндагони ваколатдори онҳо гузаронида шавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 323. Интиқоли мол аз тарафи аъзои ҳайати маъмурӣ-техникии намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ
Агар аъзои ҳайати маъмурӣ-техникии намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ ва аъзои оилаи ҳамзисти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндагӣ накунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд, метавонанд моли таъиноти ниёзи аввалия ва барои истифодаи шахсӣ ва хонаводагӣ пешбинигардидаро бо озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва бидуни ба ин мол татбиқ намудани мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 324. Имтиёзҳои гумрукие, ки ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ, ба аъзои ҳайати маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ пешниҳод карда мешаванд
Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориҷӣ, бо назардошти усули муносибатҳои мутақобила бо давлати алоҳидаи хориҷӣ имтиёзҳои гумрукии ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагии давлати хориҷӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс метавонанд ба аъзои маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонии ин намояндагӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндагони намекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, дар асоси принсипи ҳамкорӣ бо давлати хориҷӣ татбиқ гарданд.
Моддаи 325. Интиқоли мол аз тарафи муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва аъзои ҳайати онҳо
1. Ба муассисаҳои консулгарии давлатҳои хориҷӣ, шахсони мансабдори консулгариҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба сардори муассисаҳои консулгарии давлати хориҷӣ, ба хидматчиёни муассисаҳои консулгарии давлати хориҷӣ, ҳамчунин ба аъзои оилаи онҳо имтиёзҳои гумрукии мувофиқи ҳамин Кодекс барои намояндагии ҳайати дипломатии давлатҳои хориҷӣ ё ҳайати дахлдори намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ пешбинишуда фароҳам оварда мешавад.
2. Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориҷӣ ба кормандони ҳайати хизматрасонии муассисаи консулгарии давлати хориҷӣ, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндагонӣ намекунанд, тибқи принсипи ҳамкорӣ бо давлати алоҳидаи хориҷӣ имтиёзҳои гумрукие, ки мувофиқи ҳамин Кодекс барои аъзои дахлдори ҳайати дипломатии намояндагии давлатҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 326. Интиқоли почтаи дипломатӣ ва вализаи консулгарии давлатҳои хориҷӣ аз сарҳади гумрукӣ
1. Почтаи дипломатӣ ва вализаи консулгарии давлатҳои хориҷиро, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, кушодан ва боздоштан мумкин нест. Ҳангоми мавҷудияти асосҳои ҷиддии эҳтимоли он, ки дар вализаи консули ҳуҷҷатҳо ва (ё) моли дар қисми 3 ҳамин модда зикрнашуда ҷой доранд, мақоми гумрук ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки вализаи консули аз тарафи шахси ваколатдори давлати хориҷӣ дар ҳузури корманди мақоми гумрук кушода шавад. Ҳангоми рози нашудан ба кушодани вализаи консули он ба маҳали ирсолкунанда баргардонида мешавад.
2. Ҳамаи ҷойҳои почтаи дипломатӣ ва вализаҳои консули бояд ишораҳои аёни зоҳирие дошта бошанд, ки аз хусусияти ин ҷойҳо гувоҳӣ медиҳанд.
3. Почтаи дипломатӣ метавонад танҳо ҳуҷҷат ва моли дипломатиро, ки барои истифодаи расмӣ пешбинӣ шудааст ва вализаи консулӣ бошад танҳо мукотибаи расмӣ, ҳуҷҷат ё молеро дар бар гирад, ки мустақиман барои истифодаи расмӣ пешбинӣ шудааст.
Моддаи 327. Имтиёзҳои гумрукӣ ба курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ
Курерҳои дипломати ва консулии давлатҳои хориҷи метавонанд ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли барои истифодаи шахси ва хонаводаги таъингардидаро тибқи принсипи муносибатҳои мутақобила бо давлати алоҳидаи хориҷи бидуни муоинаи гумруки ва пардохти боҷҳои гумруки, андозҳо ва истифодаи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд ва аз ин ҳудуд содир намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 328. Имтиёзҳои гумруки барои намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷи
Ба намояндагони давлатҳои хориҷи, аъзои ҳайати вакилони парлумон ва ҳукумат, инчунин дар асоси муносибатҳои мутақобила бо аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ, конференсияҳо ва маҷлисҳои байналмилалӣ ё бо супоришҳои дигари расмӣ меоянд, имтиёзҳои гумрукии барои аъзои ҳайати дипломатии намояндагони давлатҳои хориҷӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешаванд. Ин гуна имтиёзҳо барои аъзои оилаи ҳамроҳикунандаи онҳо низ фароҳам оварда мешаванд.
Моддаи 329. Интиқоли мол аз тарафи ҳайати дипломатӣ, шахсони мансабдори консулгарӣ, намояндагон ва аъзои ҳайати вакилони давлатҳои хориҷӣ, ки ба тариқи транзит аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
Ба аъзои ҳайати дипломатии намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони мансабдори консулгарии давлатҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо, ки дар моддаи 328 ҳамин Кодекс зикр шудаанд ва ба тариқи транзит аз Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд, имтиёзҳои ба аъзои ҳайати дипломатии намояндаги пешбининамудаи ҳамин Кодекс фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 330. Имтиёзҳои гумрукӣ барои ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, намояндагиҳои давлатҳои хориҷии назди онҳо, ҳамчунин барои кормандони ин ташкилоту намояндагиҳо
Имтиёзҳои гумрукӣ барои ташкилотҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, намояндагиҳои давлатҳои хориҷии назди онҳо, ҳамчунин барои ҳайати ин ташкилоту намояндагиҳо ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.