ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО | 1994
Моддаи 82. Низоми идоракунии хавфҳо
1. Низоми идоракунии хавфҳо - маҷмӯи қоидаҳо, ҳуҷҷатҳо ва чораҳо оид ба ошкор намудан, арзёбии хавф, вокуниш ба хавфҳо, инчунин мониторинг ва назорати сатҳи онҳо мебошад, ки аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади ошкор, пешгирӣ намудани хавфи вайронкунии қонунгузории андоз ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулият тибқи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо мақомоти андоз шакли дахлдори назорати андозиро амалӣ менамоянд.
2. Хавф - эҳтимолияти пурра ё қисман иҷро нагардидани уҳдадориҳои андоз аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), ки метавонад боиси ворид нашудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ гардад.
3. Низоми идоракунии хавфҳо аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади пешгирии ҳолатҳои зерин татбиқ карда мешавад:
1) кам гардидани воридоти андоз ба буҷети давлатӣ;
2) коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ дар натиҷаи кам шудани ҳаҷми соҳибкории ватанию хориҷӣ ва сармоягузорӣ;
3) ба иқтисоди пинҳонӣ гузаштани андозсупорандагон;
4) коҳишёбии рақобатпазирии низоми андози миллӣ.
Моддаи 83. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавф
1. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфро мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия менамояд, ки тибқи онҳо дараҷаи хавфи фаъолияти андозсупоранда аз рӯи барномаи махсус арзёбӣ карда мешавад. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти пайдо шудани хавфҳои нав ва (ё) аз байн рафтани хавфҳои амалкунанда пайваста такмил дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Дараҷаи хавф барои андозсупорандагон, аз ҷумла барои соҳибкорони хурд, миёна ва калон, аз рӯи арзёбии дараҷаҳои ҷудогонаи хавф ҳамчун баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми дар дараҷаи хавфи баланд қарор гирифтани андозсупоранда мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин хусус ва дар бораи роҳҳои бартараф намудани ҳолати бамиёномада тавассути ҳуҷраи шахсӣ ба чунин андозсупоранда маълумот ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
Моддаи 84. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз
1. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз бо мақсади идоракунии босамари раванди назорат ва санҷишҳои андоз ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти андоз дар ин самт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил ва пеш бурда мешавад.
2. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
- низоми арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо, ки асоси банақшагирии санҷишҳо мебошад;
- нақшаҳои ҳарсолаи санҷишҳои андоз;
- маълумот дар бораи натиҷаҳои ҳар санҷиши гузаронидашуда;
- механизми робитаи баръакс бо андозсупоранда аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз;
- маълумот дар бораи андозсупорандагони бемасъулият;
- омори қонунвайронкуниҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон.
3. Фармоиш, огоҳинома ва қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо қабулшуда дар Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз ба қайд гирифта мешаванд. Санҷишҳо наметавонанд бе бақайдгирии фармоиш оид ба санҷишҳо дар Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андозӣ гузаронида шаванд.
4. Иттилоот аз Системаи ягонаи иттилоотии назорати андозӣ бо реҷаи мустақим (онлайн) ба Системаи ягонаи идоракунии санҷишҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи реҷаи махфият ирсол мегардад.