ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ | 1994
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Мол ҳангоми интиқол аз сарҳади гумрукӣ, тағйири низоми гумрукӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи моддаҳои 183, 184, 247 ва 435 ҳамин Кодекс бояд декларатсия карда, ба мақоми гумрук пешниҳод шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 124. Декларатсия кардани мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Декларатсия кардани мол дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук амалӣ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мол аз ҷониби декларант ё бо интихоби ӯ аз ҷониби брокери гумрукӣ (намоянда) декларатсия карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Декларатсия кардани мол дар шакли хаттӣ дар ҳолатҳои корношоямии низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва шабакаи интернет), набудани неруи барқ ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба декларатсиякунонии электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Тартиби дар шакли хаттӣ декларатсия кардани молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Декларатсия кардани мол дар шакли шифоҳӣ ва конклюдентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Вобаста ба шаклҳои электронӣ ва хаттии декларатсия кардани мол декларатсияи гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё декларатсияи гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ҳамчун декларатсияи гумрукӣ истифода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби ворид намудани маълумот ба декларатсияи электронии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Пешниҳоди декларатсияи электронии гумрукӣ ба мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ аз ҷониби шахсе, ки онро тартиб додааст, тасдиқ гардида, аз ҷониби корманди ин шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад. Тасдиқи декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ бо гузоштани муҳр сурат мегирад, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси тартибдодаи декларатсияи гумрукӣ муҳр доштанаш ҳатмӣ бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани декларатсияи мол дар ҳомили коғазиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11. Дар декларатсияи гумрукӣ бояд танҳо маълумоте зикр гардад, ки барои ҳисоб ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ташаккули омори гумрукӣ ва татбиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
12. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукӣ ба сифати ҳуҷҷати баҳисобгирӣ барои назорати асъор, ки мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, дар декларатсияи гумрукӣ бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин мақсадҳо заруранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
13. Дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс шакл ва тартиби декларатсия кардани молро танзим накардааст, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ онро муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 125. Маҳалли декларатсия кардани мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Декларатсияи гумрукӣ мумкин аст ба ҳар мақоми гумрук, ки ҳуқуқи қабули декларатсияро дорад, пешниҳод гардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Бо мақсади таъмини самаранокии назорати риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мақомоти гумруки дахлдорро барои декларатсия кардани намудҳои алоҳидаи мол танҳо дар ин ҳолатҳо муайян кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ҳангоми зарурати истифодаи таҷҳизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишҳои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол, ба монанди арзишҳои фарҳангӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ ва таҷзияшаванда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) вобаста ба навъи нақлиёти дар интиқоли байналмилалии мол истифодашаванда (автомобилӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, қубурӣ ва хатти интиқоли барқ) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳангоми интиқоли намудҳои алоҳидаи мол аз сарҳади гумрукӣ, ки нисбат ба онҳо ҳолатҳои зуд-зуд вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуият ва маҳдудият муқаррар гардидааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) ҳангоми зарурати гузаронидани назорати махсуси моли алоҳидаи дорои объекти моликияти зеҳнӣ тибқи номгӯйи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаи расмии интернетии худ интишори маълумотро дар бораи мақомоти гумруке, ки барои декларатсия кардани намудҳои алоҳидаи мол мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян шудаанд, таъмин менамояд(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 126. Декларант
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ихтиёрдории молро дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, бо риояи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда метавонанд баромад намоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Танҳо шахси ватанӣ декларант буда метавонад, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар эҳтиёҷоте, ки ба амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ марбут намебошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) аз ҷониби шахсони хориҷие, ки аз имтиёзҳои гумрукӣ тибқи боби 39 ҳамин Кодекс истифода мебаранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) аз ҷониби ташкилотҳои хориҷие, ки намояндагиашон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, ҳангоми арз намудани расмиёти транзити гумрукӣ ва низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, реэкспорт, инчунин низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод нисбат ба моле, ки барои эҳтиёҷоти худи ҳамин намояндагиҳо ворид карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ ҳангоми арз намудани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) ҳолатҳои дигаре, ки шахси хориҷӣ барои ихтиёрдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз доираи аҳди иқтисодии хориҷӣ, ки яке аз тарафҳои он шахси ватанӣ мебошад, ҳуқуқ дорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 127. Ҳуқуқу уҳдадориҳои декларант
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва иҷрои дигар амалҳои гумрукӣ, ки барои иҷозати мол зуруранд, декларант ҳуқуқ дорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) моли аз ҷониби ӯ декларатсияшавандаро, аз ҷумла то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ аз назар гузаронад ва андозагирӣ кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) бо иҷозати мақоми гумрук чошнӣ ва намунаи моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда ва ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алоҳида барои гирифтани чошнӣ ва намунаи мол ба шарте пешниҳод карда намешавад, агар чунин чошнӣ ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукии моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда (моддаҳои 412 ва 413 ҳамин Кодекс) ва ҳангоми аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук гирифтани чошнӣ ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424 ҳамин Кодекс) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) бо натиҷаи тадқиқоти чошнӣ ва намунаи моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда, ки дар мақомоти гумрук мавҷуд аст, шинос шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои декларатсия кардани мол заруриро дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тибқи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) аз дигар ваколатҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода барад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва анҷом додани дигар амалиёти гумрукӣ декларант уҳдадор аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукӣ, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) бо талаби мақоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) тибқи фасли III ҳамин Кодекс пардохтҳои гумрукиро пардохт кунад ё пардохтани онҳоро таъмин намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Декларант барои риоя накардани уҳдадориҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, дарҷ намудани маълумоти носаҳеҳ дар декларатсияи гумрукӣ, инчунин барои ба брокери гумрукӣ (намоянда) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои беэътибор, аз ҷумла қалбакӣ ва (ё) дорои маълумоти баръало бардурӯғ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 128. Хусусиятҳои декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба маҷмуи ягона
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Бо хоҳиши декларант моли мухталифи маҷмуи ягона метавонад бо нишон додани як рамзи таснифотии Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсия карда шавад, ба шарте ки ба ин рамзи таснифот инҳо мувофиқат кунанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) меъёри нисбатан баланди боҷҳои гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) меъёри нисбатан баланди андози аксизӣ, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ситонида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) меъёри нисбатан баланди андоз аз арзиши иловашуда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) рамзи ин мол ба сатҳи 4 рамзи аввал мувофиқат кунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Маълумот дар бораи номгӯй ва теъдоди ҳамаи моли маҷмуи ягона аз ҷониби декларант бо роҳи пешниҳоди рӯйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин рӯйхат шарҳи номнавис (спетсификатсия)-и бор, варақаи бастабандӣ, рӯйхат ва дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ истифода мешавад. Барои мақсадҳои гумрукӣ рӯйхати мол ба сифати қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ баррасӣ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Агар нисбат ба яке аз моли маҷмуи ягона тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият татбиқ гардад, декларатсия кардани чунин мол бо зикри як рамзи таснифотии номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларантро аз риояи чунин маҳдудият озод намекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Бо мақсади санҷиши риояи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда мақоми гумрук аз декларант пешниҳоди маълумоти дақиқкунанда дар бораи моли алоҳидаи декларатсияшавандаро талаб менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 129. Муҳлати пешниҳоди декларатсияи мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Декларатсияи моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 136, 138, 150, 308 ва 315 ҳамин Кодекс, то анҷоми муҳлати нигаҳдории муваққатии мол пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар анҷоми муҳлати нигаҳдории муваққатии мол ба рӯзи ғайрикории мақоми гумрук рост ояд, рӯзи анҷоми муҳлати пешниҳоди декларатсияи мол рӯзи минбаъдаи кории мақоми гумрук ҳисобида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Декларатсияи моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс то баровардани ин мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 130. Декларатсиякунонии пешакии мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Декларатсияи пешакии моли хориҷӣ метавонад то лаҳзаи расидани ин мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Агар барои мақсадҳои гумрукӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) ё тиҷоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, мақоми гумрук ҳангоми декларатсиякунонии пешакии мол нусхаи ин ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи декларантро мегирад ва ҳангоми зарурат баъди расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти дар нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур мавҷударо бо маълумоти нусхаҳои аслӣ муқоиса менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Баъди анҷоми санҷиши декларатсияи пешакӣ ва пардохти маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин декларатсияи гумрукӣ метавонад ба сифати ҳуҷҷати ягона ҷиҳати татбиқи расмиёти гумрукӣ нисбат ба ин мол истифода гардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Агар мол дар давоми 15 рӯз ба мақоми гумрук пешниҳод нагардад, чунин декларатсияи мол бояд тибқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс боз хонда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Тартиби декларатсиякунонии пешакии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 131. Пешниҳоди хуҷҷатҳо ҳангоми декларатсия кардани мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Декларант ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи мол ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар декларатсияи мол арзшуда ва барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро мутобиқи моддаи 63 ҳамин Кодекс пешниҳод менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 132. Қабули декларатсияи гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Далели пешниҳоди декларатсияи гумрукии электронӣ ва ҳуҷҷатҳо тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар лаҳзаи сабти онҳо дар низоми иттилоотӣ ба қайд гирифта мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Декларатсияи гумрукии электроние, ки дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба қайд гирифта шудааст, дар рӯзи бақайдгирии он қабулшуда ҳисобида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Тасдиқи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳо дар шакли хаттӣ дар рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул кардани онҳо қайд карда мешавад. Бо талаби шахсе, ки декларатсияи гумрукиро дар шакли хаттӣ пешниҳод кардааст, мақоми гумрук бетаъхир тасдиқи қабули декларатсияи гумрукӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро медиҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Декларатсияи гумрукии дар шакли хаттӣ пешниҳодшуда аз ҷониби мақоми гумрук дар рӯзи пешниҳоди он қабул карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое ки (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумруке пешниҳод шуда бошад, ки салоҳияти қабули декларатсияи гумрукиро надорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад ва (ё) ба таври дахлдор имзо ё тасдиқ нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) шакли декларатсиякунонии гумрукӣ риоя нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) дар декларатсияи гумрукӣ маълумоти зарурие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудаанд, нишон дода нашуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ пешниҳод нашуда бошанд (моддаи 63 ҳамин Кодекс) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) нисбат ба моли декларатсияшаванда амалҳое анҷом дода нашуда бошанд, ки мутобиқи ҳамин Кодекс бояд то пешниҳод ё ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ амалӣ гарданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Ҳангоми рад кардани қабули декларатсияи гумрукӣ дар шакли хаттӣ, мақоми гумрук на дертар аз рӯзи дигари пешниҳоди декларатсия шахсеро, ки декларатсияро дар шакли хаттӣ пешниҳод кардааст, дар бораи ҳамаи сабабҳое, ки мутобиқи қисми 4 ҳамин модда асос барои рад кардани қабули декларатсияи гумрукӣ мебошанд, огоҳ менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Дар сурати рад намудани қабули декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ, чунин декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба шахси пешниҳоднамудаи декларатсияи гумрукӣ баргардонида шуда, ҳамзамон як нусхаи декларатсияи гумрукӣ дар мақоми гумрук боқӣ мемонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Аз лаҳзаи қабул декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷати дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мегардад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 133. Ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бо иҷозати мақоми гумрук маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда метавонанд то иҷозати мол тағйир дода шаванд ва (ё) илова карда шаванд, агар то лаҳзаи гирифтани дархости декларант, мақоми гумрук тибқи моддаи 404 ҳамин Кодекс ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумотро талаб накарда бошад, ӯро дар бораи макон ва вақти гузаронидани муоинаи гумрукӣ огоҳ накарда бошад, дар бораи гузаронидани азназаргузаронии гумрукӣ қарор қабул накарда бошад, экспертизаи гумрукиро таъин накарда бошад ва (ё) тағйироту иловаҳои воридшаванда ба қабули қарор дар бораи иҷозати мол таъсир намерасонанд ва боиси зарурати тағйир додани маълумоти марбут ба муайян намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва татбиқи мамнуиятҳо ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида намегарданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бо иҷозати мақоми гумрук то иҷозати мол, ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда метавонанд тағйирот ва (ё) иловаҳо ворид карда шаванд, агар чунин тағйирот ва (ё) иловаҳо ба тағйир додани маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии моли декларатсияшаванда ё бо ислоҳи хатоҳои хаттӣ ё хатоҳои имлоие, ки ба иҷозати мол таъсир намерасонанд, марбут бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Дар муроҷиати декларант бояд нишон дода шавад, ки маҳз ба кадом маълумоти декларатсияи гумрукӣ ворид намудани тағйирот ва (ё) илова зарур мебошад. Муроҷиати декларант дар шакли электронӣ аз ҷониби декларант бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Дар декларатсияи гумрукии қабулшуда маълумоти танҳо моли дар ҳамин декларатсия арзшуда метавонад тағйир ва (ё) илова карда шавад ва арз намудани маълумот дар бораи моли дигар манъ аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Тартиби ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда то иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Агар ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шавад, ки мувофиқи сархатҳои якум ва дуюми банди 7) қисми 1 моддаи 153 ҳамин Кодекс бартараф намудани онҳо барои рад кардани иҷозати мол асос намебошанд ва аз ҷониби мақоми гумрук барои бартараф намудани чунин камбудиҳо зарурати тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда муқаррар шуда бошад, чунин маълумот бояд бо талаби мақоми гумрук аз ҷониби декларант дар муҳлати иҷозати мол тибқи моддаи 152 ҳамин Кодекс тағйир дода шаванд ва (ё) илова карда шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Шакли дархост дар бораи ворид намудани тағйирот (иловаҳо) ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда то иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Пас аз иҷозати мол тағйирот ва (ё) иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, бо қарор ё бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Тартиби ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 134. Бозхонди декларатсияи гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, декларатсияи гумрукии қабулшудаи моли хориҷӣ метавонад аз ҷониби ӯ то иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук боз хонда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми бозхонди декларатсияи гумрукӣ декларатсияи гумрукии нав бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи моддаи 129 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Бо дархости электронӣ ё хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои молҳои ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, метавонад то лаҳзаи воқеан баровардани мол аз ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук бо дар назар доштани қисми 5 ҳамин модда бозхонд карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Барои пешниҳоди декларатсияи нави гумрукӣ барои молҳои ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, муҳлат муқаррар карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Бо дархости электронӣ ё хаттии декларант декларатсияи гумрукии моли ватании таҳти низоми гумрукии содирот ҷойгиршуда метавонад бо мақсади анҷоми амали низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ё низоми гумрукии анбори озод бозхонд карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) агар чунин мол дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ё дар ҳудуди анбори озод ҷойгир бошад, аз ҷумла баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) агар чунин мол берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ё берун аз ҳудуди анбори озод ҷойгир бошад ва воқеан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаромада бошад, бо шарти дар як вақт пешниҳод намудани декларатсияи гумрукӣ барои ҷойгиркунии чунин молҳо дар дигар низоми гумрукӣ тибқи моддаҳои 272 ва 277 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати мақоми гумрук бозхонд карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Ба бозхонди декларатсияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар то гирифтани дархости декларант мақоми гумрук декларантро дар бораи макон ва вақти гузаронидани муоинаи гумрукии моли дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда огоҳ накарда бошад, дар бораи азназаргузаронии гумрукии моли дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда қарор қабул накарда бошад, гузаронидани экспертизаи гумрукиро таъин накарда бошад ва (ё) вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ, ё ҷиноятӣ мегардад, муқаррар накарда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Баъди гузаронидани азназаргузаронии гумрукии мол, муоинаи гумрукии мол, гирифтани натиҷаи экспертизаи гумрукӣ декларатсияи гумрукӣ метавонад бозхонд карда шавад, агар тибқи натиҷаҳои гузаронидани онҳо вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мегардад, муқаррар нашуда бошад(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Муқаррароти қисмҳои 1 - 8 ҳамин модда ҳангоми бозхонди ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврӣ ва декларатсияи мол дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 14 моддаи 136 ва қисми 4 моддаи 138 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 14 моддаи 136 ва қисми 4 моддаи 138 ҳамин Кодекс, ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврӣ ва (ё) декларатсияи гумрукии мол бо дархости декларант, ки дар шакли электронӣ, ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бозхонд карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11. Муроҷиати электронии декларант дар бораи бозхонди декларатсияи гумрукии электронии қабулшуда, инчунин иҷозат ва (ё) рад кардани иҷозати мақоми гумрук дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Агар декларант бо сабабҳои ба ӯ новобаста барои пур кардани декларатсияи гумрукӣ ҳамаи маълумоти заруриро надошта бошад, ӯ метавонад бо иҷозати мақоми гумрук бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ декларатсияи гумрукии нопурра пешниҳод намояд, ба шарте, агар дар он маълумоти зарурӣ барои иҷозати мол, ҳисоб ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, тасдиқи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ҳаммонандсозии мол тибқи маҷмуи хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатӣ дарҷ шуда бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра декларант дар шакли электронӣ ё хаттӣ уҳдадорӣ ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар муҳлати на дертар аз 45 рӯз аз рӯзи қабули декларатсияи нопурра аз ҷониби мақоми гумрук пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Агар мақоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро қабул кунад, дар ин сурат ҳамон талабот ва шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби ҳисоб ва супоридани пардохтҳои гумрукие татбиқ мегарданд, ки дар ҳолатҳои пешниҳоди ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда татбиқ мегарданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 136. Декларатсиякунонии даврии мол
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми интиқоли мунтазами ҳамон як мол тавассути сарҳади гумрукӣ аз ҷониби ҳамон як шахс, ин шахс метавонад ба мақоми гумрук оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврии ҳамаи моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян интиқолшаванда ба таври электронӣ ё хаттӣ ариза пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақоми гумруки аризаро қабулнамуда уҳдадор мебошад, ки дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба таври электронӣ ва ё хаттӣ муроҷиаткунандаро дар бораи натиҷаи баррасии ариза хабардор намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мол метавонад ҳамчун ҳамон як мол баррасӣ гардад, агар он мувофиқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотии якхела дошта бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Мол ҳамчун мунтазам аз ҷониби ҳамон як шахс аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда ҳисобида мешавад, агар ҳамон як шахс дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ таҳвили ҳамон як молро се маротиба ё бештар анҷом диҳад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Барои мақсадҳои гумрукӣ чун маҷмуи ягона ҳамон як моле баррасӣ мегардад, ки аз ҳамон як нуқтаи гузаргоҳ интиқол меёбад ва барасмиятдарории гумрукии он дар ҳамон як мақоми гумрук дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ тибқи як шартнома (қарордод)-и тиҷорати хориҷӣ, сарфи назар аз теъдоди таҳвилҳои алоҳида, анҷом дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Декларатсиякунонии даврии мол бо роҳи ба мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукии ин молҳоро анҷом медиҳад, пешниҳод намудани ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврии мол то оғози давраи таҳвили мол ва иҷозати татбиқи декларатсиякунонии даврӣ аз ҷониби ин мақоми гумрук анҷом дода мешавад. Иҷозати татбиқи декларатсиякунонии даврӣ нисбати давраи таҳвил, ки наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад, дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Шакл ва таркиби маълумоте, ки бояд дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ дарҷ карда шаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Декларант пеш аз таҳвил (воридот ё содирот)-и мол бояд мақоми гумрукеро, ки татбиқи декларатсиякунонии даврии молро иҷозат додааст, тибқи шакл ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ огоҳ созад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Декларатсияи мол дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ баъди анҷоми давраи таҳвил, ки дар давоми он таҳвили мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ сурат гирифтааст, бо дар назар доштани миқдори воқеии моли воридшуда ё содиршуда, пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ то қабули декларатсияи мол ё ҳамзамон бо қабули он аз ҷониби мақомоти гумрук, супорида мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11. Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ё содироти мол супоридани пардохтҳои гумрукӣ муқаррар шуда бошад, татбиқи декларатсиякунонии даврии мол бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
12. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ мамнуият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи воридот ё содироти мол амал мекунанд, татбиқ карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
13. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ бо мақсади ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ муқаррар намудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
14. Агар ҳангоми декларатсиякунонии даврӣ моли дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ зикршуда дар давоми муҳлати арзшуда ба мақоми гумруке, ки татбиқи декларатсиякунонии давриро иҷозат додааст, пешниҳод нагардад, чунин ариза бояд мутобиқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс бозхонд карда шавад.
15. Агар декларант дар муҳлати муқарраргардида оид ба бозхонди ариза тибқи қисми 15 ҳамин модда чора наандешад, мақоми гумрук иҷозати татбиқи декларатсиякунонии давриро бекор мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
16. Тартиби барасмиятдарории гумрукии молро бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 137. Хусусиятҳои декларатсиякунонии моли ватанӣ ҳангоми баровардани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости декларант тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонӣ тибқи моддаҳои 135 ва 136 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонии моли ватанӣ татбиқ карда мешавад, агар он ба гузаронидани назорати гумрукӣ мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурра ва сари вақт пардохтани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, риояи мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи низоми гумрукӣ озод накунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Ҳангоми рад намудани татбиқи тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонии моли ватанӣ мақоми гумрук дар ин бора декларантро тибқи қисми 5 моддаи 132 ҳамин Кодекс, бо зикри шартҳое, ки иҷрои онҳо барои татбиқи ин тартиб заруранд, огоҳ месозад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Моле, ки тавассути қубур ва хатти барқ интиқол меёбад, тибқи тартиби муайяннамудаи боби 40 ҳамин Кодекс декларатсия карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 138. Декларатсиякунонии даврии моли ватанӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани моли ватанӣ, ки нисбат ба онҳо пешниҳоди маълумоти дақиқи барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ тибқи тартиби маъмулии савдои хориҷӣ имконнопазир аст, декларатсиякунонии даврии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 136 ҳамин Кодекс ва бо дар назар доштани муқаррароти ҳамин модда иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. На дертар аз 1 моҳи пас аз рӯзи воқеии аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани тамоми маҷмуи моли дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ зикргардида декларатсияи гумрукии пурраи мол пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Моли ватание, ки нисбат ба он декларатсиякунонии даврӣ татбиқ карда мешавад, бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 6 моҳ аз рӯзи баъди анҷоми муҳлати таҳвил воқеан бароварда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Нисбат ба моли ватание, ки барои он боҷҳои гумрукии содиротӣ муқаррар шудаанд ё нисбат ба он мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ин муҳлат наметавонад аз 1 моҳи тақвимӣ зиёд бошад ва ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар давоми 15 рӯз пеш аз оғози ин муҳлат қабул карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Бо дархости асосноки декларант муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақоми гумруке, ки молро иҷозат додааст, ба муҳлати на бештар аз 4 моҳ аз рӯзи анҷоми муҳлати он тамдид карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Агар ҳангоми декларатсиякунонии даврӣ моли ватании дар декларатсияи гумрукии пурраи мол зикргардида воқеан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда бароварда нашавад, чунин декларатсияи гумрукии мол мутобиқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс бояд боз хонда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Агар декларант дар муҳлати муқарраргардида барои бозхонди декларатсия тибқи қисми 6 ҳамин модда чора наандешад, мақоми гумрук иҷозати молро мутобиқи қисми 6 моддаи 149 ҳамин Кодекс бекор мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)