ДАВОМ ДОДАНИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТӢ | 1994

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2014 № 2017)
Моддаи 492. Тартиб ва шартҳои супоридани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ
1. Дар сурати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудани шахсе, ки пас аз содир кардани ҷиноят ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк кардааст ва маҳалли будубоши ӯ дар давлати хориҷӣ муқаррар карда шудааст, мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ оид ба равон кардани маводи парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ қарори асоснок бароварда, оид ба идома додани таъқиби ҷиноятӣ дархост омода менамояд. Маводи парвандаи ҷиноятӣ бо дархост оид ба идома додани таъқиби ҷиноятӣ барои ҳалли масъалаи равон кардани парвандаи ҷиноятӣ ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамкории тарафҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.
2. Парвандаи ҷиноятӣ дар сурати имконнопазир будани супоридани шахсе, ки бо парвандаи ҷиноятӣ бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ё аз супоридани ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рад шуда бошад, мумкин аст ба давлати хориҷӣ фиристонида шавад.
Моддаи 493. Мазмуни дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ба давлати хориҷӣ
1. Дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
1) номи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;
2) номи мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ;
3) истинод ба шартномаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад;
4) баёни кирдор, ки вобаста ба он дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ ирсол мегардад;
5) вақт, маҳал ва ҳолати содир шудани ҷиноят;
6) нишон додани андозаи зарари бо ҷиноят расонидашуда;
7) насаб, ном, номи падари (дар сурати мавҷуд будан) гумонбаршуда ё айбдоршаванда, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ ва маълумоти дигар оид ба шахсияти ӯ.
2. Ба дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ чунин ҳуҷҷатҳо бояд замима карда шаванд:
1) маводи парвандаи ҷиноятӣ;
2) матни қонуни ҷиноятӣ, ки дар асоси он кирдор ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, инчунин матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба парвандаи ҷиноятӣ иртибот доранд;
3) маълумот оид ба шаҳрвандии шахс.
3. Ҳар як саҳифаи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ, маҳфузбуда бояд бо муҳри нишондори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ тасдиқ карда шаванд.
4. Якҷоя бо дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ, дар баробари ҳуҷҷатҳои муқарранамудаи қисми 2 моддаи мазкур, инчунин ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ метавонанд далелҳои шайъии мавҷуда низ фиристода шаванд.
5. Нусхаи маводи парвандаи ҷиноятӣ дар мақомоти ваколатдори пешбарандаи таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 494. Тартиб ва шартҳои қабул намудани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз давлати хориҷӣ
1. Дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба давом додани таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар давлати хориҷӣ ҷиноят содир намудааст, аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
2. Қабули пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва дар ҳудуди он қарор дошта бошад;
2) шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад, ки супоридани ӯ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин бошад ё супоридани ӯ рад карда шуда бошад;
3) агар давлати дархосткунанда кафолат дода бошад, ки пас аз баромадани ҳукм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин шахс дар ҳудуди давлати дархосткунанда таъқиби ҷиноятӣ барои ҳамин ҷиноят сурат намегирад;
4) кирдоре, ки дар дархост дарҷ гардидааст, тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят бошад.
3. Дар ҳолати қонеъ намудани дархост оид ба таъқиби ҷиноятӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тафтиши пешакии онро ба мақомоти ваколатдори дахлдор супориш дода, дар ин хусус давлати дархосткунандаро огоҳ месозад.
Моддаи 495. Рад кардани қабули таъқиби парвандаи ҷиноятӣ
1. Таъқиби парвандаи ҷиноятӣ қабул карда намешавад, агар:
1) талаботи қисми 2 моддаи 494 Кодекси мазкур ё шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашуда бошад;
2) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми сафедкунанда бароварда шуда бошад;
3) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми айбдоркунанда бароварда шуда, ӯ ҷазоро адо кардааст ё адо карда истода бошад;
4) нисбат ба шахс вобаста ба ҳамин кирдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ё бо татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;
5) муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс гузашта бошад.
2. Дар ҳолати рад кардани давом додани таъқиби ҷиноятӣ мавод аз тарафи мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо нишон додани асосҳои радкунӣ бозпас гардонида мешавад.
Моддаи 496. Дар ҳабс нигоҳ доштани шахс то ворид гардидани дархост оид ба амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ
1. Бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ шахсе, ки нисбат ба ӯ дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад, мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шавад. Дар дархост бояд маълумот дар бораи қонунгузорӣ, ки шахс тибқи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, бо нишон додани ҷазои пешбинишуда, истинод ба қарори ба ҳабс гирифтан ва оиди он, ки дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ ба таври иловагӣ пешниҳод карда мешавад, дарҷ карда шаванд. Дархости мазкур ва қарори ҳабс то гирифтани дархост дар бораи таъқиби ҷиноятӣ метавонанд бо истифода аз воситаҳои техникии алоқа, бо фиристодани нусхаҳои аслӣ тавассути почта ё хаткашон фиристонида дода шаванд.
2. Ба ҳабс гирифтани шахс тибқи тартиб ва қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 510 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Шахсе, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар ҳабс нигоҳ дошта шудааст, агар дархост оид ба амаликунии таъқиби ҷиноятӣ дар давоми чил шабонарӯз аз рӯзи дастгиркунии ин шахс ворид нагардад, аз ҷониби прокурор аз ҳабс озод карда мешавад ва бетаъхир ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
4. Дар ҳолати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардааст, мавод ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ барои пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз давлати хориҷӣ дархост карда мешавад. Нисбат ба шахс пас аз ворид гардидани ҷавоб ба дархост, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофии пешбининамудаи Кодекси мазкур, метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад. Дар ҳолати мавҷуд будани қарори шахси ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба татбиқи чораи пешгирӣ, он иҷро карда мешавад.
Моддаи 497. Таъини ҷазо ва хабардиҳӣ
1. Ҷазое, ки аз тарафи суд таъин карда мешавад, агар тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳадди болоии ҷазо барои ҳамин ҷиноят, ки қонунгузории давлати дархосткунанда муқаррар намудааст, наметавонад зиёд бошад.
2. Оид ба қабули қарори қабулшуда бо парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ хабар дода мешавад. Дар асоси дархости давлате, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро супоридааст, нусхаи қарори ниҳоӣ фиристода мешавад.