ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИҒОН | 1994

Моддаи 147. Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд

 

  1. Васояту парасторӣ барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Васоят барои ноболиғони то синии  чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
  3. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
  4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кӯдакони ноболиғ тавассути Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда мешавад.

 

Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон

 

  1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
  2. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:

- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:

- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;

- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё  парасторӣ озод карда шудаанд;

- шахсони мубталои  майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак  анҷом диҳанд.

  1. Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

(ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)

 

Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ

 

Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 150.  Маҳалли муқаррар намудани васояту парасторӣ

 

Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак  ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳалли истиқомати  васӣ ё парастор муқаррар  мешавад.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

 

Моддаи 151. Интихоби васӣ ва парастор

 

  1. Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
  2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ  гирифташаванда сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 152.  Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ,  муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

 

  1. Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.

Аз ҷониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса  муваққатан  қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.

  1. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кӯдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
  2. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 1521. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд

 

  1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
  2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
  3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 153. Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта

 

  1. Кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:

- ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), ғамхорӣ аз ҷониби васӣ (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ӯ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

- ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;

- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

- ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.

  1. Кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 154. Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

 

  1. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:

- ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;

- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

 - пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

  1. Кӯдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 155. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва  парастори  кӯдаки  ноболиғ

 

  1. Васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кӯдаконро, ки  таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.

Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд  муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
  2. Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ  шаванд.
  3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парасторро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  4. Ӯҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз ҷониби васӣ (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
  5. Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.

 

Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва парастор дар сурати номатлуб иҷро кардани вазифаашон

 

  1. Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифа озод менамояд.
  2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кӯмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 157. Аз парастории шахси болиғ озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта

 

Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парасторӣ мӯҳтоҷ  аст бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти  васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси  таҳти  парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати  парастор таъин намоянд.

 

Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ

 

Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту  парасторӣ шахсони манфиатдор метавонанд аз рӯи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят  кунанд.