БАМЕЪЁРГИРИИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 132. Меъёрҳои меҳнат
1. Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат, мумкин аст меъёрҳои баландтар ва маҷмӯии меҳнат истифода шаванд.
2. Ҳангоми пардохти музди меҳнати вақтбайъ ба гурӯҳи алоҳидаи кормандон мумкин аст супоришҳои бамеъёргирифташуда муқаррар карда шаванд. Барои иҷрои уҳдадориҳои ҷудогона ва ҳаҷми кор корфармо метавонад меъёрҳои хизматрасонӣ ё меъёрҳои шумораи кормандонро муайян намояд.
Моддаи 133. Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат
Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат аз инҳо иборатанд:
- таъмини таҳияи меъёрҳои намунавии аз ҷиҳати техникӣ асосноккардашуда оид ба меҳнат аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
- назорати корфармоён оид ба таҳия, ҷорӣ ва аз нав дида баромадани меъёрҳои меҳнат.
Моддаи 134. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат
1. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки намояндагони кормандон сурат мегиранд.
2. Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд на дертар аз як моҳ хабардор карда шаванд.
Моддаи 135. Талабот барои таҳияи меъёрҳои меҳнат
Ҳангоми таҳияи меъёрҳои меҳнат бояд талаботи зерин таъмин карда шаванд:
- сифати меъёрҳои меҳнат, наздиккунии муносиби онҳо ба сарфи меҳнати зарурӣ;
- муайян намудани меъёрҳо барои меҳнати якхела, ки дар шароити ташкилӣ ва техникии шабеҳ иҷро мегарданд;
- такмили меъёрҳои меҳнат дар асоси дастовардҳои илм ва техника;
- бамеъёргирии намудҳои коре, ки барои онҳо муайян намудани меъёрҳои меҳнат зарур ва мақсаднок мебошад;
- аз нигоҳи техникӣ (илмӣ) асоснок будани меъёрҳои меҳнат.
Моддаи 136. Хусусиятҳои танзими бамеъёргирии меҳнат
Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва мувофиқа намудани меъёрҳои меҳнат дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хизматрасонӣ (мол, кор), ки тавассути он танзими давлатии тарофаҳо (нархҳо, ҳаҷми пардохтҳо) ҷорӣ мегарданд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 137. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ
1. Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.
2. Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз муайян карда мешавад.
Моддаи 138. Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат
1. Корфармо уҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнат шароити муътадил фароҳам оварад.
2. Ба шароити муътадили меҳнат дохил мешаванд:
- таъмини фармоиш ва ҳаҷми корҳо;
- ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;
- таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;
- таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳо;
- шароити бехатар ва мусоиди меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ, таъмини сару либоси инфиродии муҳофизатӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зарарнок, нурафкан, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии кормандон таъсири манфӣ мерасонанд).