АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН | 1994
Моддаи 12. Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон
1) Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.
2) Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад.
Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ
1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки мӯҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор карда шавад.
3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзӯр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт надорад.
Моддаи 14. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст тартиби дигар муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Чунин кирдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда ҷиноят эътироф карда мешавад, агар:
а) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;
б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он фаро расидааст;
в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он фаро расидааст;
г) дар шарикӣ бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
3) Шахсе, ки дар киштии обӣ ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 15. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386)
1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи ӯ дар давлате, ки дар ҳудуди он ин кирдорро содир кардааст, ҷиноят эътироф карда шавад ва агар ӯ барои ин ҷиноят дар давлати хориҷӣ маҳкум нашуда бошад. Ҳангоми маҳкум кардани шахсони мазкур ҷазо набояд аз ҳадди болои санксияи пешбининамудаи қонуни давлати хориҷие, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир шуда буд, зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди Тоҷикистон содир кардааш мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар ӯ:
а) ҷинояте содир карда бошад, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда ё меъёрҳои муқаррарнамудаи шартнома ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472);
б) бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин содир карда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Ин қоидаҳо дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад.
4) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи Кодекси мазкур дар ҳолате низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси Қисми махсуси Кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар ҳудуди давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардида бошад. Дар ин маврид ҳолатҳои дар қисми 1 (ба истиснои маҳкум шудан) ҳамин модда пешбинигардида ба инобат гирифта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359).
5) Доғи судӣ ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҷиноят содир кардааст, набояд ҳангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва ҳангоми таъини ҷазо барои ҷинояте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст
1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).