АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ | 1994

Моддаи 247. Масъалаҳоеро, ки прокурор вобаста ба парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшуда ҳал мекунад
1. Прокурор бояд дар мӯҳлати ҳафт шабонарӯз парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшударо омӯхта, ҳолатҳои зеринро санҷад:
- оё кирдори ҷиноятии ба айбдоршаванда мансуб ҷой дорад ва дар ин кирдор таркиби ҷиноят мавҷуд аст ё не;
- оё дар парванда ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки метавонанд боиси қатъи он гарданд;
- оё айби эълоншуда асоснок аст ва он бо далелҳои дар парванда мавҷуда тасдиқ мегардад;
- оё нисбат ба ҳамаи кирдорҳои содиркардаи айбдоршаванда, ки муайян ва исбот шудаанд, айб эълон карда шудааст;
- оё ҳамаи шахсоне, ки дар парванда дар бораи ҷиноят содир намуданашон далел ба даст оварда шудааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб гардидаанд;
- оё кирдори айбдоршаванда дуруст бандубаст шудааст;
- оё чораи пешгирӣ дуруст интихоб гардидааст ва ё дар парванда барои тағйир додан ё бекор кардани он асос мавҷуд аст;
- оё барои таъмини даъвои гражданӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк чораҳо андешида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1516);
- оё фикри айбдоркунӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудааст;
- оё дар пешбурди тафтиши пешакӣ ба вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода нашудааст;
- оё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ ҳамаҷониба, пурра ва холисона гузаронида шудааст;
- оё шароите, ки барои содиршавии ҷиноят мусоидат кардаанд, муайян карда, барои рафъи оқибати онҳо чора андешида шудааст.
2. Мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба мӯҳлати тафтиш дохил намешавад.
Моддаи 248. Қарори прокурор оид ба парвандае, ки бо фикри айбдоркунӣ ворид гардидааст
1. Прокурор ё муовини ӯ парвандаи аз муфаттиш бо фикри айбдоркунӣ воридшударо баррасӣ намуда, ҳуқуқ доранд яке аз қарорҳои зеринро қабул намоянд:
- фикри айбдоркуниро тасдиқ кунанд;
- бо қарори худ бандҳои алоҳидаи айбдоркуниро хориҷ намоянд;
- кирдори айбдоршавандаро бо татбиқи қонун дар бораи ҷазои нисбатан сабук бандубаст намоянд;
- парвандаи ҷиноятиро пурра ё нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ намоянд;
- парвандаро бо дастуроти хаттии худ барои пешбурди тафтиши иловагӣ ё аз нав таҳия кардани фикри айбдоркунӣ ба муфаттиш баргардонанд;
- дар ҳолатҳои истисноӣ аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, фикри айбдоркуниро тасдиқ карда, парвандаро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- фикри айбдоркунӣ тартиб диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1067).
2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз рӯи тобеият тасдиқ мекунанд. Фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо аз рӯи тобеият тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1067).
Моддаи 249. Қарор дар бораи чораҳои пешгирӣ
Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки бо фикри айбдоркунӣ ба прокуратура ворид шудааст, прокурор ё муовини ӯ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд бо қарори худ чораҳои пешгирии қаблан дар ҳаққи айбдоршаванда андешидашударо бекор кунанд ё тағйир диҳанд, инчунин чораҳои дигари пешгириро ба истиснои ҳабс кардан ё ба ҳабси хонагӣ гирифтан интихоб намоянд.
Моддаи 250. Ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ
1. Пас аз тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ прокурор ба айбдоршаванда ва дар ҳолатҳои бо сархати шашуми қисми 1 моддаи 248 Кодекси мазкур пешбининамуда, ба ҳимоятгар супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ ва замимаи онро таъмин мекунад. Агар айбдоршаванда забонеро, ки бо он фикри айбдоркунӣ тартиб дода шудааст, надонад, нусхаи фикри айбдоркунӣ бо тарҷума ба забоне, ки ӯ медонад, супурда мешавад. Бо дархости ҳимоятгар ё ҷабрдида нусхаи фикри айбдоркунӣ ба онҳо низ супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275, аз 23.07.2016 № 1333).
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо дархости прокурор, муфаттиш ва ё таҳқиқбаранда ба айбдоршавандаи дар ҳабс нигоҳдошташуда нусхаи фикри айбдоркуниро бо гирифтани забонхат, ки дар он бояд имзо, рӯз ва вақти супоридан гузошта шавад, месупорад. Нусхаи аслии забонхат ба суд пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275).
3. Прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, бояд парвандаи ҷиноятиро ба суд аз рӯи тобеияти судӣ ирсол карда, ҳамзамон дар ин бора ба айбдоршаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо хабар диҳад.
4. Баъди ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи дархосту шикоятҳо оид ба парванда бевосита ба суд ирсол карда мешаванд.
ҚИСМИ III. ПЕШБУРДИ СУДӢ
ФАСЛИ VIII. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ