АВФ. БАХШИШИ ҶАЗО. ДОҒИ СУДӢ. САФЕДКУНӢ | 1994

Моддаи 82. Авф

1) Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

2) Бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 83. Бахшиши ҷазо

1) Бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад.

2) Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

Эзоҳ ба моддаҳои 82 ва 83: Татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо барои ҳуқуқи ҷабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 84. Доғи судӣ

1) Шахс доғи судӣ дошта эътироф карда мешавад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Шахс доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;

в) дар сурати қабул намудани қонуни нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин қонун;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ - аз рӯзи гузаштани мӯҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Доғи судӣ дар мӯҳлати зерин барҳам мехӯрад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) ба маҳкумшудае, ки нисбати ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) нисбати шахсоне, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд бо гузаштани як сол пас аз тамом кардани мӯҳлати таъиншудаи ҷазо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

г) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386);

д) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

4) Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.

5) Агар шахс то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

6) Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани мӯҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин мӯҳлат бекор кунад.

7) Барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 85. Сафедкунӣ

1) Шахсе, ки ҷиноят содир накарда, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё ғайриқонунӣ маҳкум гардидааст, бояд сафед карда шавад, яъне суд далели беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ғайриқонунӣ маҳкум шудани ӯро эътироф намояд.

2) Ҳамаи ҳуқуқҳои шахси сафедкардашуда пурра барқарор карда, аз ӯ ё дар ҳолати зарурӣ аз хешовандони ӯ аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар ҳолати ба нашр мухолиф набудани ӯ ё хешовандонаш, дар матбуоти маҳалли зисти шахси сафед- кардашуда ба табъ расонида мешавад.

3) Зарареро, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданаш расонида шудааст, давлат пурра талофӣ менамояд.