ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИН | 1994

(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 19.07.2022 № 1902)
Моддаи 46. Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902)
Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гражданӣ, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар амалӣ мегардад, аз ҷумла бо роҳи (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 19.07.2022 № 1902):
а) эътироф кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902);
б) манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;
в) дар қонун муқаррар кардани номгӯи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз тарафи давлат (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902);
г) дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1902).
Моддаи 47. Баррасии баҳсҳо оид ба замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 48. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
 
Моддаи 49. Эътирофи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704, аз 19.07.2022 № 1902)
Эътирофи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар асоси қарори суд оид ба эътирофи соҳибмулкии амволи ғайриманқули дар ин қитъаи замин ҷойгирбуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳалҳо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2018 № 704, аз 1.08.2012 № 891, аз 19.07.2022 № 1902).
Моддаи 50. Барқарор кардани ҳуқуқи вайроншуда оид ба замин
Ҳуқуқи вайроншуда дар мавридҳои зайл барқарор карда мешавад:
а) аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин беэътибор дониста шудани санаде, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ нест ва ҳуқуқи оид ба замин ва манфиатҳои қонунан муҳофизашавандаи заминистифодабарандагонро вайрон мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) худсарона ишғол намудани қитъаи замин;
в) дар мавридҳои дигаре, ки бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.