ҚОИДАҲОИ УМУМИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ | 1994

  Моддаи 219. Манбаъҳои даромад
1. Даромад аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада дониста мешавад, агар даромад дар шакли пулӣ, моддӣ ё ғайримоддӣ ё (бе ҳама гуна тарҳкуниҳо) аз ҳар намуди фаъолият, молу мулк (ҳуқуқҳои молумулкӣ) ва манбаъҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба даст омада бошад, сарфи назар аз маҳалли пардохти даромад, аз ҷумла:
а) даромад аз кори кирояи дар моддаи 186 Кодекси мазкур муқарраршуда, агар яке аз шартҳои зерин амалӣ шавад:
- кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шавад;
- арзиши иҷрои кор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резидентҳо ва муассисаҳои доимии ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шавад, новобаста ба он, ки кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар хориҷа иҷро мешавад;
б) даромад аз фаъолияти соҳибкории резидент, ба истиснои даромаде, ки ба муассисаи доимии хориҷии резидент мансуб аст;
в) даромад аз фаъолияти соҳибкории ғайрирезидент, ки метавонад ба муассисаи доимии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта мансуб дониста шавад, аз ҷумла:
- даромад аз фурӯши ҳамон навъи молҳо ё навъи шабеҳи молҳое, ки тавассути муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил (фурӯхта) шудаанд;
- даромад аз ҳар фаъолияти соҳибкории дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон хусусият ё хусусияти шабеҳи чунин фаъолияти тавассути муассисаи доимӣ анҷомшавандаро дорад;
г) даромади дар шакли суди саҳмия аз шахси ҳуқуқӣ-резидент гирифташуда ва даромаде, ки аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
д) даромад дар шакли нафақа, фоиз, бурдҳо, мукофотҳо, роялти, пардохтҳои техникӣ ва дигар даромадҳои пардохтшуда:
- аз ҷониби резидент, ба истиснои холатҳое, ки агар пардохтҳо хароҷоти муассисаи доимии хориҷии резидент бошад;
- аз ҷониби ғайрирезидент, агар пардохтҳо хароҷоти муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
е) даромади аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта бадастомада, аз ҷумла даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин молу мулки ғайриманқул;
ж) даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани саҳм ё ҳиссаи иштирок дар шахси ҳуқуқие, ки ҳар вақт дар давоми 365 рӯз то фурӯш ё ба шахси дигар додани арзиши саҳм ё ҳиссае, ки мустақиман ё ғайримустақим асосан аз ҳисоби арзиши молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта муайян мешавад;
з) даромадҳои дигар аз фурӯш ё ба шахси дигар додани молу мулк аз ҷониби резидент, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, ба истиснои:
- молу мулки ғайриманқули берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
- саҳм ё ҳиссаҳои дигари иштирок дар шахси ҳуқуқӣғайрирезидент.
и) даромад, ки дар шакли мукофот бораи суғуртакунӣ ё азнавсуғуртакунии хавфҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад;
к) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми амалӣ намудани алоқа ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар;
л) подоши роҳбарон ва (ё) пардохтҳои дигаре, ки аъзои мақомоти олии идоракунии (шӯрои директорон, раёсат ё мақомоти дигари шабеҳи) шахси ҳуқуқӣ-резидент, сарфи назар аз маҳалли воқеии иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи чунин шахсон гузошташуда мегиранд;
м) даромадҳо (гонорарҳо), ки ба ҳунармандони театр ва кино, кормандони радио ва телевизион, мусиқинавозон, рассомон ва варзишгарон бинобар фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд, сарфи назар аз он, ки бевосита ба ҳунармандони театр ва кино, кормандони радио ва телевизион, мусиқинавозон, рассомон, варзишгарон ё ба шахсони ҳуқуқие, ки аз ҷониби онҳо назорат карда мешаванд, пардохт мешаванд;
н) даромад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз муқаррароти зербандҳои болозикри ҳамин қисм, тибқи созишномаҳои андозӣ андозбандӣ намояд.
2. Ҳама гуна даромаде, ки аз манбаъҳои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад, даромади хориҷӣ мебошад.
  Моддаи 220. Баҳисобгирии андози хориҷӣ
1. Даромади андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаи резидент - даромади дар хориҷа бадастовардаи резидент мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андоз аз даромад андозбандӣ карда мешавад.
2. Маблағи андоз аз даромад, ки дар давраи андоз аз ҷониби резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шудааст, дар сурати пешниҳод гардидани тасдиқномаи пардохти чунин андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Маблағи баҳисобгирифташавандаи дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда набояд аз маблағи андозе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин даромади бо меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб карда мешавад, зиёд бошад.
4. Андоз аз даромад ё фоидаи софи андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаи резидент, бо истифода аз меъёри миёнаи андози даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои резидентон ҳисобшаванда ҳисоб карда мешавад. Бо ин мақсад:
- меъёри миёнаи андози даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои резидентон ҳисобшаванда маънои меъёри андози даромади резидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки резидентон мутобиқи Кодекси мазкур ҳамчун фоизи даромади андозбандишаванда барои давраи андозӣ мепардозанд, ифода мекунад;
- даромад ё фоидаи софи андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи андоз гирифташуда даромади умумии резидент бо тарҳи мутобиқи Кодекси мазкур иҷозатдодашуда дониста мешавад;
- дар ҳолати дар хориҷи кишвар нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт резидент ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод менамояд.
5. Баҳисобгирии андози хориҷии ба резидент дар давраи андоз иҷозатдодашуда барои даромаде, ки резидент дар хориҷа барои давраи андозӣ алоҳида ҳисоб карда шуда даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва даромади дигари хориҷии резидент барои давраи ҳисобшаванда мебошад.
6. Баҳисобгирии андоз аз даромади хориҷии резидент мутобиқи ҳамин модда танҳо дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
- резидент андози хориҷиро дар давоми ду соли пас аз ба охир расидани давраи андозе, ки даромади хориҷӣ аз ҷониби резидент гирифта шудааст ё дар давоми чунин вақти иловагӣ, ки мақомоти андоз иҷозат додааст, пардохт кардааст;
- аз ҷониби резидент ҳуҷҷат дар бораи пардохти андози хориҷӣ ва ҳама гуна ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз мақомоти андози хориҷӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод шудаанд, ки пардохти андозро дар хориҷа тасдиқ мекунанд.
7. Агар андози дар хориҷа пардохтшудаи резидент аз андози дар дохил пардохтшуда зиёд бошад, чунин барзиёдӣ мутобиқи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ба ҳисоб гирифта намешавад, баргардонида ва (ё) ба даври дигар гузаронида намешавад.
  Моддаи 221. Ба давраи дигар гузаронидани зарар аз даромади хориҷӣ
1. Тарҳ кардани хароҷот аз маблағи даромади хориҷие, ки резидент гирифтааст, мутобиқи Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад, аммо бо маҳдуд кардани он, ки ин хароҷот танҳо аз даромади хориҷӣ тарҳ карда мешавад. Агар хароҷоти тарҳшавандаи резидент дар давоми давраи андоз ҳангоми ба даст овардани даромади хориҷӣ аз маблағи ин даромад дар ин давра зиёд бошад, чунин барзиёдӣ ҳамчун зарари хориҷӣ дар ин давра ҳисобида мешавад.
2. Резидент метавонад зарари хориҷии худро дар давраи андоз ба давраи минбаъдаи андоз ҳамчун тарҳ аз даромади хориҷии дар давраи минбаъдаи андоз арзёбишавандаи резидент гузаронад. Чунин тарҳкунӣ то замоне иҷозат дода мешавад, ки зарар пурра тарҳ нагардад ё давраи иҷозатдодашудаи гузаронидани зарар ба охир нарасад. Давраи гузарондани зарар 3 давраи андозро баъд аз ба охир расидани даврае дар бар мегирад, ки дар он зарар гирифта шудааст. Агар резидент зарари хориҷӣ дошта бошад, ки мутобиқи моддаи мазкур ба зиёда аз як давраи андозӣ гузаронида шудааст, дар навбати аввал бояд зарари хориҷии давраи ибтидоии андоз тарҳ карда шавад.
3. Моддаи мазкур нисбат ба даромади хориҷии арзёбишавандаи резидент дар даврае, ки даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб карда мешавад ва ҳама гуна даромади хориҷии андозбандишавандаи резидент барои давраи мазкур ҳисобида мешавад, амалӣ карда мешавад.
  Моддаи 222. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
Муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, илова ба андоз аз даромад бо андоз аз фоидаи софи ҳамин муассисаи доимӣ дар давраи андоз бо меъёри 15 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
  Моддаи 223. Даромаде, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷии назоратшаванда дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст
1. Агар ҳиссаи резидент мустақиман ё ғайримустақим дар шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди юрисдиксияи бо андозҳои меъёри паст қарордошта дар давоми соли андоз зиёда аз 25 фоизро ташкил диҳад, даромади чунин резидент аз хориҷи кишвар дар давоми сол бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
                                            A х B,
дар ин ҷо: A - фоизи ҳиссаи резидент дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
B - даромади андозбандишавандаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар давоми сол, ки ба маблағи андози дар хориҷа ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъекти хориҷӣ аз даромади андозбандишавандаи пардохтшуда кам карда шудааст.
2. Фоизи ҳиссаи шахс дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ калонтарин аз ҳиссаҳои фоизии резидент дар дороиҳои зерин мебошад:
- ҳуқуқи овоздиҳӣ дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- ҳуқуқ ба гирифтани суди саҳмия ва даромадҳои дигар, ки шахси ҳуқуқии хориҷӣ пардохт менамояд;
- ҳуқуқ ба ҳиссаи сармоя дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ.
3. Ҳангоми ҳисоб кардани ҳиссаи фоизии шахси ҳуқуқӣ дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳама гуна манфиати мустақим ё ғайримустақими шахси ҳуқуқӣ нисбат ба шахси вобаста ба назар гирифта мешаванд.
4. Кишвари дорои меъёрҳои пасти андозбандишаванда кишваре дониста мешавад, ки дар он яке аз омилҳои зерин ҷой дошта бошад:
- меъёрҳои номиналии андоз ё як қисми он дар кишвар аз меъёрҳое, ки барои резидент мутобиқи Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд, аз 30 фоиз камтаранд;
- кишвар аз даромади хориҷии резидентҳо андоз намегирад ё аз даромади хориҷии резидентҳо танҳо дар сурати интиқол додани даромад ба он, андоз ситонида мешавад;
- қонунгузории амалкунандаи кишвар ҳифзи махфияти маълумоти молиявӣ ё маълумотро дар бораи ширкатҳо пешбинӣ мекунад, ки он ҳифзи махфияти маълумотро дар бораи соҳиби ниҳоии молу мулк ё гирандаи ниҳоии даромад (фоида) таъмин менамояд.
5. Шахси ҳуқуқӣ резиденти минтақаи имтиёзнок (оффшорӣ)кишвари дорои меъёрҳои пасти андозбандӣ дониста мешавад, агар яке аз шартҳои зерин риоя шавад:
- корхона дар кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ таъсис ёфта ва ба қайд гирифта шудааст; ё
- назорат ва идоракунии шахси ҳуқуқӣ аз кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ амалӣ карда мешавад.
6. Суди саҳмияе, ки ба резидент дар кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ пардохт карда шудааст, аз андоз аз даромади резидент ба андозае озод карда мешавад, ки андоз аз даромад (ҳисобшуда) аз ҷониби резидент мутобиқи ҳамин модда пардохт карда шудааст. Бо ин мақсад суди саҳмия аз ҳисоби даромадҳои ҳисобшуда ҳамчун пардохтшуда ҳисоб карда мешавад.
  Моддаи 224. Сармоягузории моҳирона
1. Бо назардошти талаботи қисми 2 ҳамин модда, агар дар давраи ҳисоботӣ таносуби қарзи миёнаи шахс-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта ба сармояи оинномавии миёна аз ду маротиба зиёд бошад, тарҳи маблағи фоизҳои иҷозатдодашаванда ба чунин шахс барои ин давра маҳдуд карда мешавад.
2. Нисбат ба шахс-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта, агар зиёда аз 25 фоизи ҳиссаи ӯ дар сармояи миёнаи оинномавӣ мустақиман ё ғайримустақиман ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод тааллуқ дошта бошад, аз рӯи ҳар қарзи дар давраи андоз истифодашуда фоизҳои пардохтшуда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда метавонад тарҳ карда шавад, бо маблағи фоизҳое, ки аз меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо зиёд мебошад, маҳдуд мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо бо роҳи тақсим намудани маблағи фоизи қарзҳо ба коэффисиенти сармояи миёнаи оинномавӣ муайян карда мешавад. Коэффисиенти сармояи миёнаи оинномавӣ бо роҳи тақсими маблағи миёнаи қарзи пардохтнашуда дар охири давраи ҳисоботӣ ба бузургии миёнаи ҳиссаи иштироки муассиси хориҷӣ дар сармояи оинномавӣ ва тақсими он ба 3 (се) муайян карда мешавад. Таҳти мафҳуми қарз ҳама гуна қарзҳои тиҷоратӣ ва амонатҳои бонкӣ ва қарзҳои дигар, новобаста ба шакли барасмиятдарории онҳо, дониста мешаванд.
4. Моддаи мазкур нисбати ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ дорад, дар асосҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- муассисаи доимӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ-резидент, ки таҳти назорати хориҷӣ қарор дорад, дониста мешавад;
- таносуби қарзи миёнаи муассисаи доимии ғайрирезидент ба сармояи оинномавии миёнаи он аз рӯи уҳдадориҳои қарзии муассисаи доимии ғайрирезидент ва сармояе, ки ба фаъолияти ширкате, ки тавассути муассисаи доимӣ сармоягузорӣ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
5. Бо мақсади татбиқи муқаррароти моддаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- қарзи миёнаи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта дар давраи андоз маблағест, ки бо роҳи ба 3 тақсим кардани ҳосили ҷамъи бақияи маблағи қарзи ин шахси ҳуқуқӣ дар охири рӯзҳои аввал, миёна ва охирини давраи андоз ҳисоб карда мешавад;
- сармояи миёнаи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта дар давраи андозӣ маблағест, ки бо роҳи ба 3 тақсим кардани ҳосили ҷамъи маблағи сармояи ин шахси ҳуқуқӣ дар охири рӯзҳои аввал, миёна ва охирини давраи андоз ҳисоб карда мешавад;
- қарзи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта ҳама гуна уҳдадориҳои қарзии шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда шудаанд ва қарзҳои кредиториро дар бар намегиранд;
- сармояи оинномавии хусусии шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта ин сармояи оинномавии хусусиест, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад;
- шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта шахси ҳуқуқӣ-резиденте мебошад, ки дар он зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳо ё ҳиссаҳои дигари иштирок ба ғайрирезидент, танҳо ё якҷо бо шахсони вобаста тааллуқ доранд