ҚОИДАҲОИ АСОСӢ | 1994

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 1(1). Муносибатҳое, ки қонунгузории замин танзим менамояд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қонунгузории замин муносибатҳоро вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи замин, инчунин муносибатҳои молумулкиро дар соҳаи заминистифодабарӣ, ки вобаста ба гирифтани (ба даст овардани) ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
Муносибатҳои вобаста ба ҳифз ва истифодабарии захираҳои табиӣ, об, ҷангал, олами ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, минтақаҳо ва объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳавои атмосфера ва объектҳои махсуси таърихию фарҳангӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. Меъёрҳои соҳаҳои номбурда вобаста ба муносибатҳои замин дар қисме амал менамоянд, ки агар ин муносибатҳоро қонунгузории замин танзим накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 1(2). Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қитъаи замин - қисми замин бо ҳуқуқҳои муайян нисбат ба он, ки гурӯҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад;
- заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ӯ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ё бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудааст (ба даст оварда шудааст);
- Фонди ягонаи давлатии замин - маҷмӯи қитъаҳои замини дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, ки аз гурӯҳи муайяни қитъаҳои замин бо таъиноти муайяни мақсаднок иборат мебошад;
- гурӯҳи замин - қисми Фонди ягонаи давлатии замин, ки бо таъиноти асосии мақсаднок ҷудо карда мешавад ва низоми муайяни ҳуқуқӣ дорад;
- таъиноти мақсадноки замин - истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба қитъаи замин нишондодашуда;
- сервитут - ҳуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замини дар истифодаи дигар шахс қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин - тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бадастовардашавандаи (бадастовардашудаи) истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросӣ ё дар асоси шартномаи иҷораи қитъаи замин тибқи Кодекси мазкур додашуда ё ҳуқуқи истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ гузаштааст (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825).
Моддаи 1(3). Принсипҳои асосии қонунгузории замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулгардидаи қонунгузории замин ба принсипҳои зайл асос меёбанд:
- нигоҳдории Фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табиӣ;
- таъмини истифодабарии самараноки замин;
- таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодабарии қитъаи мақсадноки заминҳои кишоварзӣ;
- ташкили бозори ҳуқуқи истифодабарии замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорӣ дар бозори ҳуқуқи истифодабарии замин;
- дастгирии давлатӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ҳифзи замин;
- дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ба даст овардан, истифода бурдан ва бегона кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирии зараррасонӣ ба замин, муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;
- гуногуншаклии хоҷагидорӣ, таъмини баробарҳуқуқии истифодабарандагони замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- таъмин намудани баробарҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои вобаста ба замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- музднок будани истифодабарии замин;
- дастрас будани иттилоот оид ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2. Моликият ба замин
Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Даъвои заминҳои авлодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба даст оваранд ва бегона намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 19.07.2022 № 1902).
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ қитъаҳои замин бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2(1). Объекти муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Объектҳои муносибатҳои вобаста ба замин инҳоянд:
- замин ҳамчун объекти табиӣ ва захираи табиӣ;
- қитъаҳои замин;
- ҳуқуқи гирифтани қитъаи замин ва саҳми замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 2(2). Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, метавонад предмети хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи бемузд ё музднок дода мешавад.
Қитъаҳои замине, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
Ҳеҷ кас, ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин маҳрум карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин
Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъиноти мақсаднок ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357):
1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);
3) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;
4) заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;
5) заминҳои фонди давлатии ҷангал;
6) заминҳои фонди давлатии об;
7) заминҳои захираи давлатӣ.
Гурӯҳҳои замин дар ҳуҷҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) дар кадастри давлатии замин;
б) дар китоби бақайдгирии замин;
в) дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;
г) дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин.
Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819)
1. Ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис, барҳам ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳотҳо) дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825).
2. Ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис додани минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани ҳудуди онҳо дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819).
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:
а) гирифтан ва додани қитъаҳои замин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои умумидавлатӣ (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1825);
б) беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
в) ҳамасола тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;
г) тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1823);
д) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмӯъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат;
е) ҳамоҳангсозии кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
ж) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ ва пешниҳоди он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 819);
з) бо ризояти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар намудани ҳудуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат;
и) тасдиқи тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
к) идоракунии умумии заминсозӣ, муқаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825);
л) тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқаманданд;
м) муқаррар намудани тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо, андозаи қитъаҳои замине, ки бемузд ё музднок дода мешаванд, андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда, инчунин тартиби додан (ба даст овардан) ва гирифтани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
н) амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891, аз 23.12.2021 № 1823, № 1825).
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин чунин ваколатҳо дорад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891):
а) гузаронидан ва амалӣ гардонидани корҳои заминсозӣ;
б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин таҳия ва тасдиқи намунаи китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои кадастри замин (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
в) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин;
г) дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин;
д) таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин;
е) бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
ж) назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳое, ки барои беҳдошти ҳолати заминҳо равона карда шудаанд;
з) таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани миқдори андози замин, муайян намудани зиёни иқтисодӣ ва ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин;
и) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба он алоқаманд, инчунин бо тартиби муқарраргардида ба заминистифодабарандагон додани ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891);
к) боздоштани ҳама гуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва торф, истифодаи иншоотҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, иктишофи геологӣ, ҷустуҷӯӣ, геодезӣ ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад;
л) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва ё суд манзур намудани пешниҳодҳо оид ба бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории замин мебошанд;
м) боздоштани иҷрои қарорҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, то қабули қарори мақомоти дахлдор (мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия, суд);
н) ҳал ва шарҳи масъалаҳое, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба онҳо алоқаманд, инчунин дар ҳолати додани ҳуҷҷатҳои дахлдор пайдо мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
о) иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 7. Салоҳиятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маъмуриашон чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405):
а) ташкил ва амалӣ гардонидани заминсозӣ, тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;
б) додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ;
в) додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;
г) ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва иҷоракорон;
д) қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи моддаи 37 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
е) таъмини дастрасии баробари занҳо ва мардҳо ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
ж) муқаррар намудани ҳадди ақалли иҷорапулӣ барои истифодабарии қитъаи замин, муқаррар намудани сервитутҳои оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
з) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ҷудо карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405).
Моддаи 8. Салоҳиятҳои ҷамоатҳо
Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1825):
а) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
в) тартиб додани китобҳои хоҷагидорӣ, бурдани рӯйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
г) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
Моддаи 8(1). Салоҳиятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо ва ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳое, ки дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳо ҷойгиранд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое (шаҳрҳое), ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо (ноҳияҳо) ҷойгиранд, дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891):
а) пешниҳод намудани таклифҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
б) вобастакунии қитъаҳои замин мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс;
в) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 9. Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳо ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо
Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад.
Риоя накардани қоидаҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои инҳо асос шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);
а) беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;
б) надодани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.
Моддаи 9(1). Аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳо дар дохили заминҳои таъиноти кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба намуди ғайрикишоварзии заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва ба намуди заминҳои алафзор ва чарогоҳҳо гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола ва инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои обӣ ба заминҳои лалмӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба намуди заминҳои корам ва заминҳои дарахтони бисёрсола гузаронидани заминҳои алафзор, чарогоҳҳо, дигар намуди заминҳо, сарфи назар аз масоҳати заминҳо, аз заминҳои корам ба заминҳои дарахтони бисёрсола ва аз заминҳои дарахтони бисёрсола ба заминҳои корам, инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои лалмӣ ба заминҳои обӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 10. Заминистифодабарандагон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.
Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ё якумраи  меросии заминро доранд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Шахси воқеие, ки дар якҷоягӣ бо дигар шахсони воқеӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дорад, пас аз татбиқи ҳуқуқи худ ба ҷудо намудани китъаи замин тибқи саҳми замини худ дар маҳал ҳуқуқи истифодабарандаи заминро соҳиб мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Ба қитъаи замине, ки ба истифодабарии он аз ҷониби заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ҳангоми дар никоҳ будан бо ҳуқуқи бегона намудани он ҳуқуқ пайдо кардаанд, муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории гражданӣ ва оила дар бораи моликияти умумии ҳамсарон татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 10(1). Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаҳои замини дигар заминистифодабарандагон
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаи замин (минбаъдсервитут) метавонад бо розигии тарафҳо (минбаъд - сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё дар мавриди зарурат дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд - сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рӯи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) метавонад муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) дар мавридҳое, ки он барои таъмини манфиатҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ зарур бошад, бе гирифтани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад дар мавридҳои зайл муқаррар карда шавад:
- барои гузаштан, аз ҷумла бо нақлиёт тариқи қитъаи замин ба объектҳои истифодаи умумӣ, қабристон, мазорҳо ва дигар объектҳои хусусияти мазҳабидошта;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои таъмир ва хизматрасонии шабакаҳои коммуналӣ, муҳандисию техникӣ, барқӣ, инчунин объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ;
- барои дар қитъаи замин ҷойгир намудани нишонаҳои марзию геодезӣ ва гузаргоҳ ба онҳо;
- барои обгирӣ ва обдиҳии чорво ва қитъаи замин, аз тариқи қитъаи замин аз як ҷой ба дигар ҷой рондани ҳайвонот;
- барои истифодабарии қитъаи замин бо мақсадҳои шикор, моҳигирӣ аз ҳавзҳои воқеи қитъаи замин, ҷамъоварии растаниҳои худрӯй дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо тартиби муқарраргардида;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотӣ ва дигар корҳо;
- барои дастрасии озод ба заминҳои назди соҳил;
- дар ҳолатҳои дигари ба манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ алоқамандбуда.
Сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Истифодабарандаи қитъаи замине, ки ба он сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон муқаррар гардидааст, пардохти мувофиқро талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро номумкин гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз ӯ гирифтани қитъаи замин, аз ҷумла бо роҳи харида гирифтани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаи заминро бо ҷуброни зарар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд ё додани қитъаи дигари баробарарзиши заминро бо ҷуброни товони зарар талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро мушкил гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд, пардохти музди баробарарзишро талаб намояд.
Дар мавриди бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини бо сервитут маҳдуд кардашуда ё ба дигар кас ба иҷора ё ба гарав додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин сервитут эътибори худро нигоҳ медорад.
Сервитуте, ки тибқи шартнома ба вуҷуд омадааст, метавонад ба мӯҳлати номуайян ё муайян муқаррар карда шавад. Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад бинобар аз байн рафтани асосҳое, ки тибқи онҳо сервитут муқаррар шуда буд, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ё суд қатъ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 11. Истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Истифодаи қитъаи замини бе мӯҳлати пешакӣ муқарраршуда, истифодаи бемӯҳлат эътироф карда мешавад.
Истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра
Ба истифодаи якумраи мероси замин ба шахсони воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ҳангоми гузаштани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ба шахсони ҳуқуқӣ, ин қитъаи замин ба истифодабарии бемӯҳлат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 13. Истифодаи мӯҳлатноки замин
Ба истифодаи мӯҳлатнок қитъаҳои замин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба мӯҳлати муайян дода мешаванд.
Истифодаи мӯҳлатноки замин метавонад кӯтоҳмуддат - то се сол ва дарозмуддат - аз се то бист сол бошад ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 14. Иҷораи замин
Заминистифодабарандагон метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста мешавад.
Қитъаҳои замин ба мӯҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд. Муносибатҳои заминистифодабарандагон оид ба иҷораи қитъаҳои замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Моддаи 14(1). Истифодаи қитъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363)
Қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси созишномаи шарикӣ ба муҳлати муайяннамудаи созишнома ба шарики хусусӣ бо назардошти муқаррароти моддаи 25 Кодекси мазкур дода мешавад.
Истифодаи қитъаи замин барои амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бетағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин анҷом дода мешавад.
Муносибатҳои вобаста ба истифодаи қитъаи замин бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 16. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Моддаи 17. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин
Ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешавад:
а) ҳуқуқи бемӯҳлату мӯҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии қитъаи замин - бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 22.06.2023 № 1974);
б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин - бо шартномаи иҷора. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд;
в) созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баста шудаанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363);
г) андозаи саҳми замин бо Шаҳодатномаи саҳми замин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди "а" ва "б" ҳамин модда оварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).
Моддаи 17(1). Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он инҳоянд:
- додани қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо тартиби мерос ё бо роҳи ҳуқуққабулкунии умумӣ;
- дар натиҷаи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он.
Ҳангоми аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахс, ки дорои ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мебошад, ин ҳуқуқ бояд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.
Дар ҳолате, ки бо ин ё он сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ғайриимкон аст ва ё бо хоҳиши шахсе, ки шаҳрвандиаш қатъ мегардад, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бамузд баргардонида мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба соҳибҳуқуқ арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 17(2). Маҳдудиятҳо оид ба вогузоштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминҳое, ки таҳти объектҳои зерин қарор доранд, бегона карда намешаванд:
- мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва боғҳои миллӣ;
- бино, иморат ва иншооте, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ истифода бурда мешаванд;
- муассисаҳои давлатӣ;
- агар дар ҳудудашон объектҳои об ҷойгир шуда бошанд;
- объектҳои осори пурарзиши таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва объектҳои меросии археологӣ;
- барои таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ва амният, саноати мудофиавӣ, гумрукӣ, ташкилотҳои алоқа ва нақлиёт, аз ҷумла фурудгоҳҳо, ки дар қисми мазкур нишон дода нашудаанд.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зерин дар гардиш маҳдуд карда мешавад:
- дар доираи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода нашудаанд;
- аз таркиби заминҳои фонди ҷангал.
Бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини ҳудуди назди соҳил, ки тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, инчунин қитъаҳои замине, ки дар онҳо ҳавз ва кӯлҳо дар ҳудуди мавзеи истифодаи умумӣ ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 18. Манъ будани истифодаи қитъаи замин то ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин
То ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурӯъ намудан манъ аст.
Моддаи 18(1). Қитъаҳои замини тақсимшаванда ва тақсимнашаванда
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қитъаи замин метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад:
- қитъаи замини тақсимшаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ мумкин аст ба қисмҳо, ки ҳар кадоми онҳо баъд аз тақсимот қитъаи замини мустақилро ташкил медиҳад, тақсим карда шавад;
- қитъаи замини тақсимнашаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ ба қитъаҳои замини мустақил ҷудо шуда наметавонад.
Тақсимнашаванда будани қитъаи замин дар ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодабарии заминро тасдиқ менамояд, нишон дода мешавад.
Ҳуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замини баъд аз тақсим ҷудокарда аз рӯзи бақайдгирии давлатии пайдо кардани ҳуқуқ ба он ба вуҷуд меояд.
Андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохти маъмурӣ - ҳудудӣ, гурӯҳ ва таъиноти замин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).