НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ БИЗНЕСИ БОЗӢ | 1994

  Моддаи 389. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ (минбаъд - андоз аз бизнеси бозӣ) низоми махсус мебошад, ки мутобиқи он субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳо аз бизнеси бозии дар манбаи пардохт андозбандишаванда, андозбандӣ карда мешаванд.
2. Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- бизнеси бозӣ - фаъолият оид ба хизматрасонӣ вобаста ба шартбандӣ бо иштирокунандагони бозӣ, ки дар асоси таваккал оид ба бурд ё бе бурд асос ёфтааст ва (ё) ташкили кор оид ба бастани чунин шарт байни ду ва ё зиёда иштироккунандагони бозӣ мебошад;
- шарт (гарав) - шартномаи ба таваккал асосёфта доир ба бурд, ки байни ду ё якчанд иштирокдори бизнеси бозӣ байни худ ё бо субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ баста шудааст ва натиҷаи он аз ҳодисае вобаста аст, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест;
- мизи бозӣ - ҷойи махсуси бо як ё якчанд майдони бозӣ таҷҳизонидашудаи субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) пешбинӣ гардида, дар он субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ ба воситаи намояндагони худ ҳамчун тараф ё чун ташкилкунанда иштирок менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
- автомати бозӣ - таҷҳизоти махсуси (механикӣ, барқӣ, электронӣ ё дигар таҷҳизоти техникӣ) ва (ё) компютери шахсӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) бе иштироки субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ дар бозиҳои мазкур истифода мешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
- хазинаи қабули шартҳо дар тотализатор - таҷҳизоти ҳисобкунии пули шарт, ки маблағи шарт ва бурди пардохташавандаро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- хазинаи қабули шартҳо дар идораи букмекерӣ - ҷойи махсуси таҷҳизонидашудаи соҳиби бизнеси бозӣ, ки дар он маблағи шарт ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи бурди пардохтшаванда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- сомонаи бизнеси бозӣ - ҳар сомонаи интернетӣ, ки тавассути он бизнеси бозӣ анҷом дода мешавад;
- роҳрави бозӣ - роҳрави махсус, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ гардидааст;
- мизи билярд - мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;
- лото - бозӣ бо картаҳои махсуси дорои рақам (сурат ё аломатҳои дигар), ки бо муҳрача (фишка) пӯшонида мешаванд;
 - лотерея - бозии омавии муташаккилона мебошад, ки дар он тақсимоти даромад ва зарар аз тасодуфан гирифтани ин ё он билет ё рақам (қуръа, лот) ва ҳаҷми фонди мукофот барои ҳар барориши лотерея вобаста аст. Як қисми маблағҳои супоридаи бозингарон ба ташкилкунандагони лотерея равона шуда, қисми дигари он дар шакли андоз ба давлат пардохт карда мешавад;
- объектҳои дигари бизнеси бозии аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда, ки барои гирифтани даромад истифода мешаванд;
- барориши лотерея - шумораи билетҳои лотереяҳои аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея барои фурӯш тайёршуда;
- варақаи бақайдгирии объектҳои андозбандӣ - санади тасдиқкунандаи бақайдгирии объектҳои андозбандии марбут ба бизнеси бозӣ дар мақомоти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
3. Истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда, озод мекунад:
- андоз аз даромад аз бизнеси бозӣ;
- андоз аз даромад бевосита аз даромадҳои бизнеси бозии соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунад;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасонии (кори) ба ғайрирезидент таҳвилшуда ва марбут ба воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Шахсоне, ки андоз барои бизнеси бозиро истифода менамоянд, аз иҷрои уҳдадориҳои агенти андози пешбининамудаи Кодекси мазкур озод карда намешаванд.
  Моддаи 390. Андозсупорандагон
Андозсупорандагони андоз аз бизнеси бозӣ шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳои онҳо, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи бизнеси бозӣ амалӣ менамоянд.
  Моддаи 391. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ барои андоз аз бизнеси бозӣ объектҳои зерин дониста мешаванд:
- сомонаи бизнеси бозӣ;
- хазинаи қабули шартҳо дар тотализатор (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- хазинаи қабули шартҳо дар идораи букмекерӣ (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- мизи бозӣ;
- автомати бозии бе бурди пулӣ;
- роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан);
- мизи билярд (ҳангоми бозии билярд);
- ташкили лото (ҳангоми бозии лото);
- ба фурӯш баровардани лотерея;
- объектҳои дигари бизнеси бозӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.
2. Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳар объекти андозбандии дар қисми 1 ҳамин модда (ба ғайр аз ба фурӯш баровардани лотерея) зикргардида на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи оғози татбиқи (истифодаи) он дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии чунин объекти андозбандӣ ба қайд гирифта мешавад.
3. Ҳар як барориши билетҳои лотерея ба фурӯш, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст ва ҳаҷми фурӯши номиналии онҳо бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи фурӯши билетҳои лотерея бо нишон додани маҳалли (минтақаи) фурӯши чиптаҳои лотерея ба қайд гирифта шавад.
4. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда дар бораи баҳисобгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ бо ҳатман додани шаҳодатномаи дахлдор сурат мегирад. Шаклҳои ариза ва шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
5. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки ҳар тағйироти миқдории объектҳои андозбандиро на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи ҷойгиркунӣ ё қатъ гардидани истифодаи ҳар объекти андозбандӣ, аз ҷумла ҳар ба фурӯш баровардани лотереяҳо, дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии объектҳои андозбандӣ ба қайд гузорад.
6. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолият дар соҳаи бизнеси бозӣ ва (ё) аз кор мондани ҳамаи объектҳои андозбандӣ (ба анҷом расонидани фурӯши билетҳои лотерея), варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақомоти андоз супорида шавад.
7. Амалӣ намудани фаъолияти бизнеси бозӣ бе бақайдгирии объектҳои андозбандӣ роҳ дода намешавад.
  Моддаи 392. Манбаи андоз ва меъёри андоз
1. Барои мақсадҳои ҳисоб намудани манбаи андоз аз бизнеси бозӣ даромади аз ҳар як объекти андозбандӣ (ҳар ба фурӯш баровардани лотереяҳо) дар назар дошташуда истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои давраи андоз, бо назардошти муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда, новобаста ба андозаи даромад, дар ҳаҷми устувор барои ҳар як объекти андозбандӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Меъёри андоз барои объектҳои бизнеси бозӣ, ки мустақиман тавассути сомонаи бизнеси бозии идораи букмекерӣ амалӣ карда мешавад, дар алоҳидагӣ барои ҳар яки онҳо ба андозаи на камтар аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
4. Меъёри андоз барои намудҳои дигари сомонаи бизнеси бозӣ ва субъектҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ташкил ва гузаронидани лотореяҳо ва бозиҳои дигари бурднок машғул мебошанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Меъёри андоз барои хазинаи тотализатор, хазинаи идораи букмекерӣ ва барои ба фурӯш баровардани лотерея ба андозаи меъёри собити аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
6. Супорандагони андоз аз бизнеси бозӣ уҳдадоранд пешбурди ҳисоби даромадҳо ва хароҷотро бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
  Моддаи 393. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
  Моддаи 394. Тартиби пардохти андоз
1. Маблағи андоз аз тарафи андозсупоранда мустақилона бо назардошти манбаъ ва меъёри андоз, ки барои ҳар объекти андозбандӣ муқаррар шудааст, ҳисоб карда мешавад.
2. Эъломияи андоз аз тарафи андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии объектҳои андозбандӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Ҳангоми додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ маблағи андоз ҳамчун ҷамъи миқдори умумии объектҳои дахлдори андозбандӣ (аз он ҷумла объекти нави андозбандӣ) ва меъёри андози барои ин объектҳои андозбандӣ муқарраршуда бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- маблағи пурраи андоз аз рӯи объектҳо барои давраи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад, агар чунин объектҳо то 15-уми моҳи ҳисоботӣ мавриди истифода қарор дода шуда бошанд;
- 50 фоизи маблағи андоз аз рӯи объектҳо барои давраи ҳиособотӣ пардохт карда мешавад, агар чунин объектҳо баъд аз 15-уми моҳи ҳисоботӣ мавриди истифода қарор дода шуда бошанд.
4. Пардохти андоз аз бизнеси бозӣ аз ҷониби андозсупоранда (шахси ваколатдорнамудаи ӯ) ба буҷети маҳаллии маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ анҷом дода мешавад.
5. Дар ҳолати аз ҷониби субъекти бизнеси бозӣ амалӣ гардидани намудҳои дигари фаъолият ҳисоби фаъолият оид ба бизнеси бозӣ ва намудҳои дигари фаъолият, инчунин андозбандии онҳо, алоҳида ба анҷом расонида мешавад.
6. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз бизнеси бозӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо), бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.