АНДОЗИ ИҶТИМОӢ | 1994

Моддаи 328. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андози иҷтимоӣ шахсони зерин мебошанд:
- шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентон ва соҳибкорони инфиродӣ - корфармоён, ки ба шахсони воқеӣ-резидентони бо онҳо дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ё бе шартнома ҳамчун коргарони кироя коркунанда музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар медиҳанд;
- шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентон ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеӣ-резидентони ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтанашуда дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ ё бе шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) ҷуброн менамоянд;
- шахсони воқеии дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм зикргардида, ки музди меҳнат, подошпулӣ, манфиатҳои дигар ва ҷуброни ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) гирифтаанд;
- шахсони воқеие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки ба сифати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.
2. Агар андозсупоранда дар як вақт ба якчанд категорияи андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида мансуб бошад, ӯ доир ба ҳар як ҳолат андозро ҳисоб ва пардохт менамояд.
3. Барои мақсадҳои ҳамин боб:
- андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғуртакунандагон эътироф карда мешаванд;
- андозсупорандагони дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғурташудагон эътироф карда мешаванд;
- андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҳамзамон шахсони суғуртакунанда ва суғурташаванда эътироф карда мешаванд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти андози маҳалли зисти доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ шаванд ва онро дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
  Моддаи 329. Объекти андозбандӣ
1. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:
- музди меҳнат, подошпулӣ ва даромадҳои дигари мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур муайяншаванда, ки аз ҷониби андозсупоранда ба манфиати кормандони кироя пардохт мешаванд;
- пардохтҳо, подошпулӣ ва даромадҳои дигари ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшаванда, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур нишон дода нашудаанд.
2. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида объекти андозбандӣ музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигари мутобиқи шартномаҳои меҳнатӣ ва граждании ҳуқуқӣ оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла пардохтҳо ва подошпулӣ мутобиқи шартномаҳои муаллифӣ мебошанд, ки андозсупорандагон ба манфиати шахсони воқеие мепардозанд, ки соҳибкорони инфиродӣ намебошанд.
3. Барои андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида объекти андозбандӣ даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
4. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда даромадҳои зерин ба объекти андозбандӣ дохил намешаванд:
- маблағҳои дар доираи шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ пардохтшаванда, ки мавзӯи онҳо гузаштани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари шайъӣ ба моликият (ҳуқуқи молумулкӣ) мебошад;
- маблағҳои дар доираи шартномаҳои марбут ба додани ҳуқуқи истифодаи молу мулк (ҳуқуқи молумулкӣ) пардохтшаванда;
- маблағҳое, ки дар асоси шартномаҳои меҳнатии бо филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ-резидентони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта басташуда, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд пардохт карда мешаванд;
- маблағҳое, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар доираи шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта, ки мавзӯи онҳо иҷрои кор, расонидани хизмат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пардохт карда мешаванд.
  Моддаи 330. Манбаи андоз
1. Манбаи андози андозсупорандагон-суғуртакунандагон дар сархати якуми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи музди меҳнат, подошпулӣ ва дигар манфиатҳое мебошад, ки суғуртакунандагон барои давраи андоз ба шахсони воқеӣ пардохт менамоянд.
2. Манбаи андози андозсупорандагони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи пардохтҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои дигаре мебошад, ки дар давраи андоз бе тарҳкунӣ ба шахсони воқеӣ ҷуброн карда мешаванд.
3. Манбаи андози андозсупорандагон-шахсони воқеии дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи музди меҳнат, пардохтҳо, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре мебошад, ки чунин андозсупорандагон дар давраи андоз бе тарҳкунӣ мегиранд.
4. Ҳангоми муайян намудани манбаи андози шахсони воқеӣ ҳама гуна пардохтҳо ва подошпулиҳо, аз ҷумла подошпулиҳои муаллиф, ки ҳамчун объекти андозбандӣ муайян шудаанд, ба истиснои имтиёзҳои дар моддаи 331 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
5. Барои шахсони воқеӣ-резидентон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, консулигариҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва (ё) граждании ҳуқуқӣ корҳоро иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд, манбаи андоз маблағи музди меҳнат, пардохтҳо ва подошпулиҳои дигар мебошад, ки дар давраи андоз ба онҳо пардохт карда мешавад.
6. Маълумот дар бораи даромади шахсони воқеӣ-резидентони дар қисми 5 моддаи мазкур зикргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи баъд аз семоҳаи сипаришуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
7. Манбаи андози соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида даромади умумии онҳо мебошад, ки чунин андозсупорандагон дар давраи андоз аз фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли пулӣ ва (ё) аслӣ (натуралӣ) гирифтаанд.
8. Ҳангоми дар шакли мол (кор, хизматрасонӣ) пардохт гардидани музди меҳнат, подошпулиҳо ва манфиатҳои дигар манбаи андоз аз рӯи арзиши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) дар рӯзи супоридани онҳо дар асоси нархҳои (тарифҳои) бозории онҳо ва ҳангоми танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) ба чунин мол (кор, хизматрасонӣ), дар асоси нархҳои чаканаи танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешаванд.
  Моддаи 331. Озодкунӣ
Даромадҳои зерин аз пардохти андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд:
- даромади шахсони воқеӣ - шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва (ё) консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа корҳоро иҷро мекунанд ва (ё) хизмат мерасонанд;
- даромади шаҳрвандони хориҷӣ аз кироякорӣ дар доираи амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- даромадҳое, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 189 Кодекси мазкур аз андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда шудаанд.
  Моддаи 332. Меъёрҳои андоз
1. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- барои муассисаҳои буҷетӣ - 25 фоиз;
- барои ташкилотҳои дигар - 20 фоиз.
2. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғурташудагон ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- барои муассисаҳои буҷетӣ - 1 фоиз;
- барои ташкилотҳои дигар - 2 фоиз.
3. Барои соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ меъёри ҳадди ақалли андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Меъёри андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ), ки ба сифати шахсони суғурташуда дониста мешаванд, ба 1,0 фоиз аз манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ (бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ), ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, баробар мебошад. Дар сурате, ки чунин соҳибкор дар давраи ҳисоботӣ даромад надошта бошад, он ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ, ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, консулигариҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта кор мекунанд ва хизмат мерасонанд, меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон ба андозаи 20 фоиз ва барои суғурташудагон 2 фоиз муқаррар карда мешавад.
  Моддаи 333. Давраи андоз
Агар дар моддаи 334 Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, давраи андози иҷтимоӣ моҳи тақвимӣ мебошад.
  Моддаи 334. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ
1. Агар дар боби мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, маблағи андози иҷтимоӣ бо роҳи зарб намудани манбаи андозбандӣ ба меъёрҳои дахлдори андоз муайян карда мешавад.
2. Андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои дар сархатҳои якум-сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 236 Кодекси мазкур то санаи 15-уми моҳи баъди давраи андоз ба буҷет пардохт карда мешавад.
3. Андози иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар хизмати давлатӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди семоҳаи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.
4. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда андози иҷтимоиро дар як вақт бо гузаронидани маблағи патент ба буҷет пардохт менамоянд. Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 4 моддаи 332 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, то санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ эъломияи андозро пешниҳод ва маблағи андозро пардохт менамоянд.
5. Андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ ҳар моҳ то санаи 15-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод ва маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
6. Ҳисоби андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бояд ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳи пас аз нимсолаи ҳисоботӣ пардохт карда шавад, дар асоси маълумоти мақоми давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда огоҳинома дар шакли электронӣ ирсол мегардад. Дар ҳамин муҳлат хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ уҳдадор мебошад, ки маблағи андозро ба буҷети давлатӣ пардохт намояд. Ҳангоми гирифтани маълумоти иловагӣ аз мақомоти соҳавӣ ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок), мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот (тавзеҳот) уҳдадор аст, ки онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳшударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намояд ва дар ин хусус ба андозсупоранда огоҳнома ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 5 моддаи 332 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод ва маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
8. Назорати пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
9. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ, шаклҳои эъломияҳои (ҳисобҳои) андоз барои суғуртакунанда ва суғурташаванда (бо нишон додани насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  ФАСЛИ XII. АНДОЗ АЗ ФУРӯШ