ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ФОСИЛАВИИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ | 1994

  Моддаи 277. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагон шахсони хориҷии бе макони фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 258 Кодекси мазкур ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
2. Агар чунин хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ амалӣ карда шаванд, харидорони чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.
  Моддаи 278. Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд
Шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони воқеӣ, ки нисбати онҳо муқаррароти моддаи 277 Кодекси мазкур татбиқ мегарданд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигар аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.
  Моддаи 279. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда
1. Мақомоти андоз метавонад аз шахсе, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳад ва бояд ба қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гирифта шавад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли фаъолияти доимӣ надорад, иҷрои як ё ҳар ду аз амалҳои зеринро талаб намояд:
- намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд;
- пардохти андоз аз арзиши иловашударо барои хизматрасонии фосилавӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
2. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои ҳамаи корҳое, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дархост барои бақайдгирӣ, пешниҳоди эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, масъул аст.
3. Бақайдгирии намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба номи шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, анҷом дода мешавад.
4. Шахс метавонад барои зиёда аз як шахс намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда бошад, аммо барои ҳар шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, ба қайди алоҳида гирифта мешавад.
5. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки онро намояндагӣ мекунад, масъулият дорад.
6. Барои мақсадҳои боби мазкур ба хизматрасонии электронӣ хизматрасоние дохил мешавад, ки тавассути шабакаи иттилоотӣкоммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд - шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ), бо усули автоматӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.
7. Ба хизматрасонии электронӣ дохил мешаванд:
- додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ) ва махзани электронии маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
- амалӣ намудани хизматрасонии рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзани электронии маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти автоматикунонидашуда пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо, тариқи ташкили огоҳонии автоматӣ хабардор мешаванд);
- таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
- нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад;
- дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар низоми иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
- пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасонии хостингӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасонии автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли автоматӣ дар реҷаи вақти воқеӣ);
- додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан, тариқи шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
- пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет;
- пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.
8. Ба хизматрасонии электронӣ дохил намешаванд:
- фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амалӣ гардад;
- фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот дар ҳомилҳои моддӣ;
- пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ тавассути почтаи электронӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет.
9. Мақомоти андоз усул, расмиёт ва талаботро барои таъин намудани намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва уҳдадориҳои намояндаро муқаррар менамояд.
  ФАСЛИ IX. АНДОЗИ АКСИЗ