ТАРҲҲО АЗ РӯИ ВОСИТАҲОИ АСОСӢ ВА ДОРОИҲОИ ҒАЙРИМОДДӢ | 1994
Моддаи 198. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва тарҳҳои дигар аз рӯи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
1. Таҳти дороиҳои истеҳлокшаванда барои мақсадҳои моддаи мазкур воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддии дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда дониста мешаванд.
2. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз даромади андозбандишаванда мутобиқи меъёрҳои дар ҳамин модда муқарраршуда ҳиссаи истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддиро тарҳ намояд.
3. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намегарданд, иҷозат дода намешавад.
4. Тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ нисбат ба дороиҳои зерин иҷозат дода намешавад:
- замин, чорво, асарҳои санъат, захираҳои молию моддӣ, аз ҷумла объектҳои сохтмонии нотамом ва таҷҳизоти васлнашуда, инчунин молу мулке, ки арзиши онҳо ҳангоми муайян намудани манбаи андозбандишавандаи соли ҳисоботӣ пурра тарҳ карда мешавад;
- роҳҳои автомобилгард, роҳравҳо, гулгашту хиёбонҳои истифодаи умум, иншооти ободонӣ, ки дар ихтиёрдории (нигоҳдории) ҳокимияти давлатӣ қарор доранд;
- воситаҳои асосие, ки ройгон гирифта шудаанд;
- воситаҳои асосие, ки арзиши онҳо аллакай пурра тарҳ карда шудааст;
- воситаҳои асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла воситаҳои асосие, ки онҳо барои гирифтани даромад истифода мебаранд.
5. Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда, ба истиснои дороиҳои ғайримоддӣ, ба гурӯҳҳои дорои меъёрҳои зерини истеҳлок тақсим мешаванд:
6. Андозсупоранда бояд андозаи тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокиро, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда барои ҳамаи гурӯҳҳои дороиҳо дар асоси дороиҳои алоҳида иҷозат дода шудааст, бо усули хаттии ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ муайян намояд.
7. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ барои ҳар як воситаи асосии гурӯҳи 5 дар алоҳидагӣ барои тамоми давраи истифодабарӣ анҷом дода мешаванд.
8. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокии воситаҳои асосӣ ва (ё) дороиҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвимӣ воридшуда (хориҷшуда) аз моҳи тақвимии пас аз истифодаи воқеии (аз истифодаи воқеӣ баровардани) онҳо анҷом дода (қатъ карда) мешавад, аммо дар мавриди бино на пештар аз он, ки мақоми танзимкунанда шаҳодатномаи ба итмом расонидани сохтмони онро медиҳад.
9. Арзиши воситаҳои асосӣ, ки дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифта шудаанд, дар тавозун арзишии гурӯҳи дахлдори иҷорагирон дохил карда шуда, ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ вобаста ба меъёрҳои барои гурӯҳҳои дахлдор муайяншуда ҳисоб карда мешавад.
10. Маблағи асосие, ки барои воситаҳои асосии ба иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда ба иҷорадеҳ пардохт шудааст, агар воситаҳои асосӣ ба тавозуни молиявии гурӯҳ то интиқоли онҳо ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дохил карда шуда бошанд, ҳамчун маблағе дониста мешавад, ки ҳангоми фурӯши чунин воситаҳои асосӣ гирифта мешавад. Барои иҷорагир маблағи асосие, ки он ба иҷорадеҳ мепардозад, ҳамчун нархи хариди воситаҳои асосӣ баррасӣ мегардад.
11. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад илова ба тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда барои дороиҳои алоҳида иҷозат дода шудааст, инчунин тарҳи сармоягузориро истифода намояд.
Моддаи 199. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ бо усули хаттӣ
1. Моддаи мазкур дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки андозсупоранда барои мақсадҳои қисми 1 моддаи 198 Кодекси мазкур ҳиссаҷудокунии истеҳлокиро барои воситаҳои асосии истеҳлокшавандаи дороиҳои алоҳида дар асоси усули хаттӣ ҳисоб кунад.
2. Андозсупоранда тарҳи истеҳлокиро, ки дар давраи ҳисоботӣ барои воситаҳои асосии истеҳлокшаванда иҷозат дода шудааст, бо истифода аз усули хаттӣ ҳисоб карда, меъёри истеҳлокро, ки нисбат ба воситаи асосӣ дар мавриди арзиши он (бе назардошти зиёдшавии арзиши дороиҳо дар натиҷаи азнавнархгузорӣ) амалӣ карда мешавад, тавре дар қисми 5 моддаи 198 Кодекси мазкур зикр гардидааст, истифода менамояд.
3. Агар андозсупоранда воситаҳои асосии тибқи ҳамин модда истеҳлокшавандаро қисман барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда ва қисман барои мақсадҳои дигар истифода барад, тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ мутобиқи қисми 5 моддаи 198 Кодекси мазкур танҳо нисбат ба ҳиссаи мутаносиб ба даромади андозбандишавандаи давраи ҳисоботӣ иҷозат дода мешавад.
4. Агар андозсупоранда воситаҳои асосии мутобиқи ҳамин модда истеҳлокшавандаро, ки нисбат ба онҳо амали моддаи мазкур татбиқ мегардад, дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда истифода набарад, ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ дар ин давра мутобиқи формулаи зерин ҳисоб карда мешаванд:
A x B/C,
дар ин ҷо: А - тарҳкунии истеҳлокӣ, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда бо назардошти қисми 4 ҳамин модда ҳисоб карда мешавад;
B - миқдори рӯзҳо дар давраи ҳисоботӣ, ки дар давоми он андозсупоранда воситаҳои асосии истеҳлокшавандаро барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда истифода бурдааст;
C - миқдори рӯзҳои давраи ҳисоботӣ мебошад.
Моддаи 200. Тартиби ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ бо усули хаттӣ
1. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокии воситаҳои асосӣ бо усули хаттӣ аз рӯи арзиши ибтидоии воситаҳои асосӣ бо қисмҳои мутаносибан баробар дар тамоми давраи истифодаи онҳо ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Ҳангоми гузариш аз усули арзиши бақияи тавозунӣ ба усули хаттӣ ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ аз рӯи арзиши тавозунии воситаҳои асосӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 201. Тарҳи сармоягузорӣ
1. Андозсупорандае, ки воситаҳои асосии дар қисми 2 ҳамин модда зикргардидаро дар давраи ҳисоботӣ ба истифода медиҳад, ҳуқуқ дорад барои ин давра бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда тарҳи иловагиро анҷом диҳад.
2. Тарҳи сармоягузорӣ аз рӯи меъёрҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) 10 фоиз аз арзиши:
- таҷҳизоти технологии нав - таҷҳизот, дастгоҳҳо, қисмҳо ва механизмҳое, ки андозсупоранда дар раванди истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ) истифода мебарад ва аз рӯзи барориши онҳо на бештар аз се сол гузаштааст;
- азнавтаҷҳизонӣ (муосиркунӣ) - корҳои вобаста ба тағйир додани таъиноти технологӣ ё хизматии воситаҳои асосие, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ё беҳтаркунии дигар хусусиятҳои сифатии онҳо равона гардидааст;
- азнавтаҷҳизонии техникӣ ва (ё) технологӣ-маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии воситаҳои асосӣ ё қисмҳои алоҳида бо роҳи ҷорӣ намудани техника ва (ё) технологияи пешқадам, механизатсия ва автоматикунонии истеҳсолот, иваз намудани таҷҳизоти куҳнашуда ва (ё) фарсудашуда ба таҷҳизоти нави маҳсулноктар, инчунин ташкил ва васеъ кардани истеҳсолоти амалкунанда;
- маблағи барои пешниҳоди таъминоти барномавии истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба ташкили низоми иттилоотӣ;
2) 5 фоиз аз арзиши:
- азнавсозии биною иншоот, ки дар раванди истеҳсолот истифода мешаванд;
- азнавсозии биною иншооти мавҷудаи дар истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ истифодашаванда (зиёда аз 50 фоиз навкунии биною иншоот аз рӯи масоҳат), ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии воситаҳои асосӣ дар доираи лоиҳаи таҷдид ва азнавтаҷҳизонии иқтидори истеҳсолӣ равона гардидаанд;
- васеъ кардани истеҳсолот дар шакли сохтмони нав - сохтмони биною иншооти нав бо мақсади истифодаи онҳо дар раванди истеҳсоли мол ё хизматрасонӣ.
3. Ҳиссаҷудокуниҳои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботие амалӣ карда мешаванд, ки дар он таҷҳизоти технологии нав ба истифода дода шудааст ё азнавтаҷҳизонӣ (муосиркунӣ), азнавтаҷҳизонии техникӣ ва (ё) технологии истеҳсолоти худӣ, васеъ кардани истеҳсолот дар шакли сохтмони нав, азнавсозии биною иншооте, ки дар раванди истеҳлот истифода мешаванд ва пешниҳоди таъминоти барномавии истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба ташкили низоми иттилоотӣ сурат гирифтааст.
4. Ҳиссаҷудокуниҳои сармоягузорӣ нисбат ба сармоягузориҳое, ки тибқи талаботи ҳамин модда баъди 31 декабри соли 2021 амалӣ шудаанд, иҷозат дода мешаванд.
Моддаи 202. Тарҳи арзиши таъмири воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
1. Тарҳи маблағ нисбат ба ҳар гурӯҳ оид ба хароҷот барои таъмири воситаҳои асосии шомили гурӯҳи мазкур ба андозаи маблағи воқеии чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ иҷозат дода мешавад.
2. Маблағи воқеии хароҷоти таъмир зиёда аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ ба афзоиши тавозуни арзишии ҳамин гурӯҳ дохил карда мешавад.
Моддаи 203. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи дороиҳои ғайримоддӣ
1. Ба арзиши дороиҳои ғайримоддӣ хароҷот барои объектҳои ғайримоддӣ (объектҳои моликияти ғайримоддӣ ба монанди иҷозатнома, патент барои ихтироъ, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, шартнома оид ба истифодаи номи фирмавӣ, таъминоти барномавӣ ва объектҳои дигари моликияти зеҳнӣ), ки дорои муҳлати маҳдуди истифода мебошанд ва дар давоми на камтар аз дувоздаҳ моҳ истифода мегарданд, дохил мешавад.
2. Андозсупоранда тарҳи истеҳлокиро, ки моддаи 198 Кодекси мазкур барои дороии ғайримоддӣ иҷозат додааст, бо назардошти он, ки истеҳлок меъёрҳои зеринро ташкил медиҳад, ҳисоб менамояд:
- барои дороии ғайримоддӣ, ки муҳлати истифодаи муфиди он зиёда аз 10 сол мебошад ё муайян намудани муҳлати истифодаи муфиди он имконнопазир аст - 10 фоиз;
- барои ҳар дороии ғайримоддии дигар - фоизи бо роҳи тақсим намудани 100 фоиз ба миқдори солҳои истифодаи муфиди дороии ғайримоддӣ.
3. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба дороиҳои ғайримоддие, ки дар моддаи 196 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегарданд.