ТАЙЁРИИ КАСБӢ, АЗНАВТАЙЁРКУНӢ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАҶРИБАОМӮЗИИ КОРМАНДОН | 1994
Моддаи 120. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон
1. Зарурият ва ҳаҷми тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандонро бо мақсади таъмини фаъолият ва рушди босамари ташкилот корфармо муайян мекунад.
2. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон ё дигар шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд бевосита дар ташкилот ва ё берун аз он дар ташкилотҳои ба ин мақсад таъсисёфта амалӣ карда мешаванд.
3. Корфармо уҳдадор аст барои кормандон, ки таҷрибаомӯзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, барои якҷоя кардани корҳо бо таълим, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, шароит муҳайё намояд.
4. Корфармо уҳдадор аст, ки касбомӯзӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси иловагӣ ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.
5. Баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба корманд тахассуси (гурӯҳ, дараҷа) дахлдори касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.
6. Маълумоти умумии касбии корманд ҳангоми баланд бардоштани тахассуси (гурӯҳ, дараҷа) касбӣ, таъйини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи (мансаби) баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.
7. Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда, танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешаванд.
8. Корфармо ба муассисаҳои таълимӣ, ки барномаҳои таҳсилотии техникӣ ва касбиро татбиқ мекунанд, барои тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кадрҳо мусоидат менамояд.
1. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон бо роҳхати корфармо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо ё дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи шартномаи таҳсил амалӣ карда мешаванд.
2. Барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил мефиристонад, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.
Моддаи 122. Шакл ва талаботи умумӣ ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон
1. Шакли тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандонро корфармо муайян мекунад.
2. Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандонро дар ташкилотҳои давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
1. Кормандон ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ ва ихтисосҳои нав ҳуқуқ доранд.
2. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, дар мувофиқа бо корфармо метавонанд аз кор ё иҷрои кор бо шартҳои вақти нопурраи корӣ озод карда шаванд.
3. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, аз кафолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, бархурдор мебошанд.
4. Корманд уҳдадор аст, ки пас аз ба итмом расидани тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос ба муҳлати дар шартномаи таҳсил мувофиқанамудаи тарафҳо ба корфармо кор кунад.
5. Дар ҳолати бекор кардани шартномаи меҳнатӣ то муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи таҳсил бо ташаббуси корманд ё бо ташаббуси корфармо бинобар гуноҳи корманд, корманд ба корфармо хароҷотҳоро вобаста ба таҳсил ба муҳлати мутаносибан иҷронакардаи кор бояд пардохт намояд.
1. Шартномаи таҳсил бояд дар бар гирад:
- сана ва маҳалли тартиб додани шартнома;
- тарафҳои шартнома;
- номи ташкилоте, ки корманд кор мекунад, насаб, ном ва номи падари корфармо ё шахси ваколатдорнамудаи он, ваколатнома, номи муассисаи таълими, насаб, ном ва номи падари роҳбари он, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомӯз, донишҷӯ), агар шартнома сетарафа бошад;
- номи ташкилот, ҷойи кори корманд, насаб, ном ва номи падари кордиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ, ваколатнома, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомӯз, донишҷӯ);
- мавзӯи шартнома;
- маълумот дар бораи таҳсили музднок ва ройгон, шакли таҳсил, касби мушаххас, дараҷаи ихтисоси таҳсилот, ки таҳсилкунанда мегирад;
- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва таҳсилкунанда;
- муҳлати таҳсил ва муҳлати кори иловагӣ барои корфармо баъд аз хатми таҳсил;
- кафолат ва ҷубронпулӣ, ки ба таҳсил алоқаманд мебошанд;
- ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажорӣ);
- шартҳои махсус;
- тартиби баррасии баҳсҳо;
- муҳлати амал ва тартиби бекор намудани шартнома;
- суроғаи тарафҳо.
2. Шартномаи таҳсил метавонад дигар шартҳоеро, ки бо созиши тарафҳо муайян карда мешаванд, дар бар гирад.
1. Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дар асоси даъвати муассисаҳои таълимӣ барои иштирок дар машғулияти таълимӣ дар муҳлати муқарраргардида аз иҷрои уҳдадории хизматӣ ё истеҳсоли бо нигоҳ доштани музди меҳнат озод карда мешаванд.
2. Дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодааст, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.
1. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд ва ҳамзамон дар ташкилотҳо кор мекунанд, рӯзи кории на зиёда аз чор соат муқаррар карда мешавад.
2. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рӯзи тақвимӣ, ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон миқдор соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти корӣ зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои озод аз кор тағйир меёбад.
3. Дар муддати аз кор озод будани корманд ба ӯ аз ҷойи кори асосӣ на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақали музди меҳнат маош дода мешавад.
4. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ аз ҷойи кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба муҳлати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳуқуқ доранд.
1. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо, омодагӣ ва дифои кори дипломӣ аз ҷойи кор ба муддати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
2. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани кори дипломӣ ё супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ камаш як рӯзи аз кор озод будан ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
3. Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи корӣ миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод будан боқӣ мемонад.
4. Ба кормандоне, ки дар шуъбаҳои шакли ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки муассисаи таълимӣ воқеъ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.