САНА ВА МАҲАЛЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС | 1994

  Моддаи 256. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
1. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи пешниҳод гардидани ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дониста мешавад, агар дар моддаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Агар ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо то ё дар лаҳзаи (рӯзи) амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, муқаррароти қисми 1 ҳамин модда амалӣ намегарданд ва рӯзҳои зерин вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дониста мешаванд:
- рӯзи қабул, фурӯхтан ё супоридани мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ);
- рӯзи боркунии мол, агар таҳвили мол тибқи шартнома ҳамлу нақли молро дар бар гирад.
3. Агар маблағ барои таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) то фарорасии муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда пешпардохт гардида бошад ва дар давоми панҷ рӯзи баъд аз пешпардохт аз ҷониби таҳвилгар ба харидор ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод нагардад, муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба ин амалиёт татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат санаи пешпардохт амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
4. Барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пешпардохт анҷом дода шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, ҳар як пешпардохт ҳамчун амалиёти алоҳидаи андозбандишаванда дониста мешавад.
5. Агар хизматрасонӣ мунтазам амалӣ гардад, пас санаи амалиёти андозбандишаванда барои ҳар давраи ҳисоботӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст, дониста мешавад:
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо барои пардохти арзиши молҳо дар асоси шартҳои лизинги молиявӣ;
- санаи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
6. Дар ҳамаи ҳолатҳо барои мақсадҳои қисми 5 ҳамин модда, новобаста ба муқаррароти моддаи мазкур, таҳвилгар уҳдадор аст, ки ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро барои ҳар як моҳ на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод намояд. Агар ҳисобнома-фактура дар муҳлати муқаррарнамудаи ҳамин қисм пешниҳод нагардад ва пардохт анҷом дода нашавад, пас санаи хизматрасонии анҷомдодашуда рӯзи охирини моҳи ҳисоботӣ дониста мешавад. Муқаррароти ҳамин қисм нисбат ба таҳвили мол тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегарданд.
7. Дар ҳолати татбиқ гардидани муқаррароти қисми 3 моддаи 246 Кодекси мазкур санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи истифодабарии мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
8. Дар ҳолати дар қисми 4 моддаи 246 Кодекси мазкур зикргардида санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба кормандон ва шахсони дигар дониста мешавад.
9. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили алоқаи барқӣ, қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва хизматрасонии дигари мунтазам анҷомёбанда санаҳои дар қисмҳои 5 ва 6 ҳамин модда зикргардида, дониста мешавад.
10. Барои мақсадҳои ҳамин боб, сарфи назар аз муқаррароти қисми 3 ҳамин модда, санаи муайян намудани амалиёти андозбандишаванда ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст, дониста мешавад:
- санаи гирифтани (ба даст овардани ҳуқуқ барои гирифтани) пардохти ҷорӣ аз фармоишгар;
- санаи қисман (пурра) иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, ки дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои андозсупоранда сабт шудаанд.
11. Санаи таҳвили мол (кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳама гуна дастгоҳи худкори пардохтӣ ё таҷҳизоти дигаре, ки пардохти онҳо бо маблағҳои нақдӣ, кортҳои пластикӣ ва жетон анҷом дода мешавад, санаи гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
  Моддаи 257. Маҳалли таҳвили мол
1. Маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи таҳвил (супоридан) ё лаҳзаи ба ихтиёри харидор гузаштани мол эътироф мешавад. Агар мол тавассути нақлиёти харидор ё ташкилоти нақлиётӣ расонида шуда бошад, пас маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи оғози интиқол дониста мешавад.
2. Ҳангоми таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ макони гирифтани чунин мол маҳалли таҳвил дониста мешавад. Дар ҳолати содироти чунин мол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли таҳвил Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Моддаи 258. Маҳалли иҷрои кор ё хизматрасонӣ
 (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143)
1. Кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар маҳалли фаъолияте, ки иҷрои кор ё хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда муқаррар шудаанд.
2. Агар иҷрои кор ё хизматрасонӣ аз ҷониби шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта анҷом дода шавад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва иҷрои кор ё хизматрасониро ба шахсе, ки мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур агенти андоз намебошад, анҷом дода бошад, маҳалли иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар яке аз муқаррароти зерин нисбат ба ин шахс амалӣ карда шавад:
1) иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе амалӣ карда шавад, ки ҳангоми иҷрои ин кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
2) иҷрои кор ё хизматрасонӣ тавассути хизматрасонии фосилавӣ ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда анҷом дода шуда бошад;
3) хизматрасонӣ хизматрасонии алоқаи барқиро дар бар гирад ва аз ҷониби шахси хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳузурдошта ба номи худ ё ба номи шахси дигар оғоз намояд, ба истиснои хизматрасонии алоқаи барқие, ки тавассути яке аз таҳвилгарони зерин амалӣ шудаанд:
а) таҳвилкунандаи дохилии хизматрасонии алоқаи барқӣ;
б) шахсе, ки роуминги ҷаҳониро дар давоми муваққатан қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд;
4) хизматрасонӣ бо молу мулки ғайриманқули Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд бошад;
5) харидори кор (хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.
3. Барои мақсадҳои банди 2) қисми 2 ҳамин модда резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ дониста мешавад, агар на камтар аз ду талаботи сархатҳои зерин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намоянд:
- суроғаи биллингии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- суроғаи шабакавӣ ё протоколи интернетии (IP) таҷҳизоти қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ ё усули дигари муайянкундаи мавқеи ҷуғрофии (геолокатсионӣ) қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- маълумоти (реквизитҳои) бонки қабулкунанда, аз ҷумла суратҳисоби бонкӣ ё биллингӣ барои пардохт;
- рамзи мобилии рақами мушаххаси байналмилалии муштарии мобилӣ, ки дар харитаи модули мушаххаскунандаи муштарии аз тарафи қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ истифодашаванда нигоҳ дошта мешавад;
- маҳалли ҷойгиршавии хатти статсионарии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки тавассути он ба қабулкунанда хизматрасонӣ анҷом дода мешавад;
- ҳама гуна иттилооти дигари тиҷоратие, ки ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани қабулкунанда ишора менамояд.
4. Агар аз рӯи ду талаботи дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ду талаботи дигар маҳалли ҷойгиршавии чунин резидентро дар давлати дигар ишора намояд, пас таҳвилкунанда бояд резидентии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавиро дар асоси нишондиҳандаҳои нисбатан боэътимод муайян кунад.
5. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ нисбат ба қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, набояд амалиётро мутобиқи муқаррароти моддаи 260 Кодекси мазкур анҷом диҳад, агар аз ҷониби чунин резидент маълумотномаи тасдиқкунанда дар бораи ҳамчун агенти андоз эътироф гардидани ӯ пешниҳод нагардида бошад. Агар агенти андоз ҳамчун қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ дониста шавад, нисбат ба анҷом додани хизматрасонии фосилавӣ муқаррароти моддаи 259 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
6. Барои мақсадҳои банди 3) қисми 2 ҳамин модда шахсе, ки таҳвили хизматрасонии алоқаи барқиро анҷом медиҳад, шахсе мебошад, ки ҳамчун шахси дастраскунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ муайян карда шуда, оғози таҳвили чунин хизматрасониро назорат мекунад. Агар таҳвилкунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ шахси назораткунандаи оғози чунин хизматрасониро муайян карда натавонад, пас шахси назораткунандаи оғози хизматрасонӣ яке аз шахсони зерин ҳисобида мешавад:
- шахсе, ки хизматрасониро пардохт мекунад;
- шахсе, ки барои анҷом додани хизматрасонӣ шартнома мебандад;
- шахсе, ки ба ӯ ҳисобнома-фактура барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ фиристода шудааст.
7. Агар таҳвилгар ҳамчун ташаббускори хизматрасонӣ дар зиёда аз яке аз сархатҳои қисми 6 ҳамин модда муайян шуда бошад, пас шахсе, ки хизматрасониро таҳвил медиҳад, шахсе дониста мешавад, ки аз рӯи тартиби пайдарҳамии ин сархатҳо якум ҳисобида мешавад.
8. Дар ин модда ва моддаи 259 Кодекси мазкур маҳфумҳои зерин чунин маъно доранд:
1) хизматрасонии фосилавӣ кор ё хизматрасоние мебошад, ки дар маҳалҳои зерин иҷро ё расонида мешавад:
а) маҳалли иҷрои воқеии хизматрасонӣ ё кор;
б) маҳалли ҷойгиршавии қабулкунандаи хизматрасонӣ ё кор;
2) хизматрасонии алоқаи барқӣ интиқол, паҳн намудан ё қабули сигналҳо, сабтҳо, тасвирҳо, садоҳо ё ҳама гуна маълумотро тавассути сим, радио, ноқили нахи оптикӣ, низомҳои дигари электромагнитӣ ё тавассути низоми дигари техникии шабеҳ дар бар мегирад ва аз инҳо иборат аст:
а) гузашткунии дахлдори ҳуқуқ барои чунин интиқол, панҳнкунӣ ва ё қабулкунии маълумот; ё
б) пешниҳоди дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ё маҳаллӣ, ки таҳвил, таҳияи сабт, тасвирҳо, садоҳо ё иттилоотро дар бар намегирад.
9. Барои мақсадҳои фасли мазкур маҳалли ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо (корҳо), ки ин хизматрасониҳо (корҳо) бештар бо он алоқаманд мебошанд, маҳалли иҷрои кор ё хизматрасонӣ эътироф карда мешавад. Муқаррароти мазкур нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143):
1) ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои дигари шабеҳ;
2) гузаронидани машваратҳо, хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, аудиторӣ, муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), дизайнерӣ, маркетингӣ, адвокатӣ, муҳосибӣ, муҳандисӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот (ба истиснои паҳнкунии маҳсули воситаҳои ахбори омма) ва хизматрасониҳои дигари шабеҳ;
3) ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);
4) хизматрасониҳо оид ба ташкили саёҳат (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
  Моддаи 259. Таъмини хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии савдо
1. Дар ин модда "майдони электронии савдо" маънои вебсомона, интернет-портал, шлюз, мағозаи интернетӣ, платформаи савдо ё платформаи дигари шабеҳро дорад, ки идоракунии он ба таври электронӣ амалӣ гардида, тавассути он таҳвилкунандаи ибтидоӣ хизматрасонии фосилавиро тавассути шахси дигар (оператори майдони савдо) ба шахси сеюм (қабулкунанда) анҷом медиҳад, вале фаъолияти коркарди пардохтҳоро дар бар намегирад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур дар ҳолатҳое амалӣ карда мешаванд, ки агар ҳамаи шартҳои зерин риоя карда шаванд:
1) таҳвилкунандаи ибтидоӣ - хизматрасониҳои фосилавиро тавассути майдони электронии савдо ба роҳ мемонад;
2) майдони электронии савдо аз ҷониби шахсе идора карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва амалиётҳои зеринро анҷом медиҳад:
а) пардохти маблағро ба қабулкунанда иҷозат медиҳад;
б) расондани молро ба қабулкунанда иҷозат медиҳад; ё
в) шартҳои анҷом додани таҳвилро муқаррар менамояд;
3) қабулкунандаи мол мутобиқи муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 моддаи 258 Кодекси мазкур шахси воқеӣ-резидент мебошад.
3. Мутобиқи шартҳои қисми 2 ҳамин модда муқаррароти моддаи 258 Кодекси мазкур дар ҳолате амалӣ карда мешаванд, ки оператори майдони электронии савдо дар раванди анҷом додани фаъолияти андозбандишаванда таҳвилгари хизматрасонии фосилавӣ эътироф гардад.
4. Агар таҳвилгари ибтидоӣ ва оператори майдони электронии савдо ба мувофиқа омада бошанд, ки пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои чунин амалиётҳо аз ҷониби таҳвилгари ибтидоӣ анҷом меёбад, муқаррароти қисми 3 ҳамин модда амалӣ карда намешаванд.
  Моддаи 260. Андозбандии бозгашт
1. Андозбандии бозгашт - усули махсуси ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда мебошад, ки мутобиқи он ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз ҷониби харидор анҷом дода мешавад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд, агар:
1) шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии фаъолият надорад (таҳвилгари хориҷӣ), ба шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, хизматрасонӣ ва ё корро анҷом дода бошад;
2) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
3) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад ва амалиётҳои мазкур амалиётҳои андозбандишаванда бошанд.
3. Дар сурати татбиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт карда шавад, андоз аз арзиши иловашударо дар манбаи пардохт нигоҳ медорад. Маблағи андоз бо истифодаи меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 1) (ва) ё 2) қисми 1 моддаи 264 Кодекси мазкур нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт шавад, муайян карда мешавад.
4. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет пардохт карда шавад ва дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (бе ҳуқуқи баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда) дарҷ карда шавад.
5. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, дар чунин ҳолат уҳдадор аст, ки дар давоми панҷ рӯз пас аз санаи пардохти маблағ ба таҳвилгари хориҷӣ андози нигоҳдошташударо ба буҷет пардохт кунад, инчунин эъломияи андоз аз арзиши иловашударо то рӯзи 15-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намояд.
6. Муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда ҳангоми риоя шудани шартҳои қисми 7 моддаи мазкур нисбати шахс дар он ҳолат амалӣ карда мешаванд, ки хизматрасонӣ ё кор амалиёти алоҳидае бошад, ки пардохти он бо арзиши баробар ба арзиши бозории хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор анҷом дода шавад.
7. Муқаррароти қисми 6 ҳамин модда дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд, агар:
- шахс бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад;
- шахс қисми фаъолияти соҳибкориро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад (қисми хориҷии фаъолият);
- қисми хориҷии фаъолияти шахс барои хизматрасонӣ ё иҷрои кор дар доираи фаъолияти шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
- хизматрасонӣ ва кори қаблан байни шахсони алоҳидаи дорои маҳалли фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб равад.
  Моддаи 261. Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт
Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  Моддаи 262. Амалиётҳои омехта
1. Таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки нисбат ба таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) хусусияти ёрирасон дорад, ҳамчун қисми таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) баррасӣ карда мешавад.
2. Агар амалиёт унсурҳои мустақил дошта, ду ва ё зиёда амалиёти зеринро дар бар гирад, амалиёти алоҳида ҳисобида мешавад:
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи меъёри аз меъёри стандартӣ фарқкунанда (аз ҷумла меъёри сифр ё пасткардашуда) андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.
3. Хизматрасоние, ки ба арзиши моли воридотӣ илова мегардад, ҷузъи воридот ҳисобида мешавад, аммо танҳо дар сурате, ки арзиши моли воридотӣ арзиши чунин хизматрасониро дар бар гирад.
  Моддаи 263. Амалиётҳое, ки тавассути шахси боваринок (агент) анҷом дода мешаванд
1. Таҳвили моле (иҷрои кор ё хизмат№ 2168 е), ки бо супориш ё аз номи шахси ваколатдиҳанда тавассути шахси бовариноки (агенти) чунин шахс анҷом дода мешавад, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда дониста мешавад, агар дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба подошпулиҳое, ки шахси боваринок (агент) аз хизматрасонӣ ба шахси ваколатдиҳанда мегирад, татбиқ карда намешаванд.
3. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба интиқоли мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахси бовариноки (агенти) ғайрирезидент татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда интиқоли мол амалиёти анҷомдодаи шахси боваринок (агент) дониста мешавад.