НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД | 1994

 Моддаи 374. Муқаррароти умумӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ (минбаъд - андози низоми содакардашуда) нисбат ба субъектҳои соҳибкорие, ки даромади умумии онҳо дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта аз 1 миллион сомонӣ зиёд намебошад, амалӣ мегардад.
2. Ҳангоми гузариш аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ ва аз низоми умумӣ ба низоми содакардашуда даромади умумии субъекти соҳибкорӣ бо усули ҳисобу замкунӣ муайян карда мешавад.
3. Субъектҳое, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошанд, андоз аз даромадро бо тартиби содакардашуда пардохт менамоянд.
4. Андозсупорандагоне, ки бо низоми содакардашуда фаъолият менамоянд, ҳуқуқ доранд ихтиёран андози низоми содакардашударо аз даромади умумӣ ё аз фарқияти байни даромад ва хароҷоти иҷозатдодашуда ҳисоб ва пардохт намоянд.
5. Супорандаи андози низоми содакардашуда андозсупорандаи андозҳои зерин дониста намешавад:
- андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои даромадҳое, ки аз онҳо андоз дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешавад;
- андоз аз даромади соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешаванд;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андоз аз арзиши иловашудаи ғайрирезидент, ки дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешавад.
6. Супорандагони андози низоми содакардашуда андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро пардохт менамоянд, агар дар ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
7. Супорандагони андози низоми содакардашуда уҳдадоранд уҳдадориҳои агенти андозро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
8. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-7 ҳамин модда супорандагони андози низоми содакардашуда ҳуқуқ доранд ихтиёран барои бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи талаботи низоми умумии андозбандӣ ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намоянд.
  Моддаи 375. Андозсупорандагон
1. Шахсони зерин супорандагони андози низоми содакардашуда дониста мешаванд:
- шахсоне, ки дар давоми соли тақвимӣ фаъолияти соҳибкориро оғоз намудаанд, новобаста ба бақайдгирии давлатии чунин шахсон;
- шахсоне, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 374 Кодекси мазкур ва сархати якуми қисми 3 ҳамин модда мутобиқат менамоянд.
2. Андози низоми содакардашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:
- шахсони воқеие, ки ҳамчун соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд;
- фондҳои сармоягузорӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони захираҳои табиӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, инчунин шахсоне, ки дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар бо фаъолияти миёнаравӣ машғуланд;
- истифодабарандагони низоми содакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои даромадҳое, ки андозбандии онҳо дар доираи низоми содакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим дароварда нашудааст;
- шахсони истифодабарандаи низоми содакардашудаи андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳое, ки ба бизнеси бозӣ тааллуқ надоранд.
3. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содакардашуда ва аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- агар аз рӯи натиҷаи на зиёда аз 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми умумии андоз аз маблағи дар қисми 1 моддаи 374 Кодекси мазкур муқарраршуда кам бошад ва агар аз муҳлати аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андоз гузаштани чунин шахс 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад, андозсупорандаи мазкур метавонад дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани чунин ҳолатҳо ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба андози низоми содакардашуда ариза пешниҳод намояд;
- агар аз рӯи натиҷаи на зиёда аз 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми содакардашудаи андоз аз маблағи дар қисми 1 моддаи 374 Кодекси мазкур муқарраршуда зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани чунин ҳолат ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза пешниҳод намояд;
- агар андозсупоранда барои бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ихтиёран муроҷиат намуда бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи муроҷиат ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза пешниҳод намояд;
- дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда риоя нагардидани талаботи сархати якум ё дуюми ҳамин қисм, аз як низом ба низоми дигар гузаштани чунин андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода шуда, дар ин хусус ба андозсупоранда огоҳинома ирсол карда мешавад.
4. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ихтиёран андози низоми содакардашударо аз фарқияти даромад ва хароҷот пардохт намояд, агар ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ бо шакли муқарраргардида дар муҳлатҳои зерин ариза пешниҳод карда бошад:
1) андозсупорандаи навтаъсис - дар давоми 5 рӯзи корӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ;
2) андозсупорандаи амалкунанда - то 31 декабри соли тақвимӣ.
5. Барои андозсупорандагоне, ки пардохти андози низоми содакардашударо аз рӯи фарқияти байни даромад ва хароҷоти иҷозатдодашуда интихоб менамоянд, ҳисоб ва пардохти андоз аз санаи зерин амалӣ карда мешавад:
- барои андозсупорандаи навтаъсис - аз санаи бақайдгирии давлатӣ;
- барои андозсупорандаи амалкунанда пас аз пешниҳоди ариза аз 1 январи соли минбаъдаи тақвимӣ.
6. Андозсупорандагоне, ки яке аз усули ҳисоби андози низоми содакардашударо интихоб намудаанд, уҳдадоранд то охири соли ҷории тақвимӣ бо ҳамин усул фаъолият намоянд. Чунин андозсупорандагон ҳуқуқ доранд аз оғози соли минбаъда усули интихобнамударо иваз намоянд, агар то 31 декабри соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳалли қайди худ ариза пешниҳод карда бошанд.
  Моддаи 376. Объекти андозбандӣ
1. Агар дар қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, объекти андозбандии андози низоми содакардашуда даромади умумӣ, аз ҷумла даромад аз таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), инчунин даромадҳои дигари бадастомада, мебошад.
2. Объекти андозбандии андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда даромади умумии онҳо бо тарҳҳои пешбининамудаи бобҳои 28 ва 29 Кодекси мазкур дониста мешавад.
3. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда интихоб гардидани усули ҳисоби андози низоми содакардашуда аз даромади умумӣ бе тарҳи хароҷот, объекти андозбандии чунин андозсупоранда бо усули хазинавӣ ҳисоб карда мешавад.
4. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда интихоб шудани усули ҳисоби андози низоми содакардашуда аз даромуди умумӣ бо тарҳи хароҷот, объекти андозбандии чунин андозсупоранда бо усули ҳисобу замкунӣ ҳисоб карда мешавад.
5. Баҳисобгирии даромаду хароҷот бо усули ҳисобу замкунӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 93 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
6. Даромади умумии бадастовардаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияти худро тавассути филиал ва (ё) намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, дар асоси даромадҳои он, ки аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, муайян карда мешавад.
  Моддаи 377. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз барои истифодабарандагони андози низоми содакардашуда даромади умумии дар давраи андоз гирифтаи андозсупоранда дониста мешавад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати зиёда аз 6 моҳи тақвимӣ амалӣ нагардидани пардохтҳо барои моли (иҷрои кори ва хизматрасонии) аз ҷониби андозсупоранда таҳвилшуда, барои мақсадҳои андозбандӣ арзиши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) барои андозсупорандае, ки усули хазинавиро интихоб намудааст, пардохтшуда ҳисобида мешаванд. Дар сурати аз ҷониби қарздорон ба андозсупоранда пардохт нагардидани қарзҳои беэътимод, ки қаблан ба даромади андозбандишаванда ҳамроҳ карда будаанд, онҳо аз даромади андозбандишавандаи ӯ тарҳ карда мешаванд.
3. Андозсупорандагоне, ки андози низоми содакардашударо истифода менамоянд, барои мақсадҳои муайян намудани манбаи андоз метавонанд низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқарраршударо истифода намоянд.
4. Барои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда манбаи андоз даромади умумии дар давраи андоз гирифтаи чунин андозсупорандагон бо тарҳи хароҷоти иҷозатдодашуда дониста мешавад.
  Моддаи 378. Имтиёзҳо
1. Имтиёзҳои пешбининамудаи бандҳои 6) ва 7) қисми 2 моддаи 189 Кодекси мазкур барои мақсадҳои боби мазкур татбиқ карда намешаванд.
2. Кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд.
  Моддаи 379. Давраи андоз
Давраи андоз барои андозсупорандаи низоми содакардашуда соли тақвимӣ ва давраи ҳисоботӣ ҳар семоҳа дониста мешавад.
  Моддаи 380. Меъёрҳои андоз
Меъёри андози низоми содакардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) барои фаъолияти андозсупорандагони дар моддаи 375 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда - 6 фоиз;
2) барои фаъолияти андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур пешбинишуда - меъёрҳое, ки дар қисми 4 моддаи 183 Кодекси мазкур муқаррар карда шудаанд.
  Моддаи 381. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда
1. Андози низоми содакардашуда барои андозсупорандагоне, ки манбаи андози онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 377 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, бо роҳи зарби маблағи даромади умумӣ ба меъёри дахлдори андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда амалӣ гардидани якчанд намуди фаъолият, пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷот барои ҳар намуди фаъолият, инчунин ҳисоб намудани маблағҳои андози дахлдор ҷудогона анҷом дода мешавад. Супорандаи андози низоми содакардашуда уҳдадор аст, ки дар санаи анҷом додани таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба субъектҳои дигари хоҷагидор ҳисобнома-фактураи электронӣ пешниҳод намояд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Барои андозсупорандагоне, ки манбаи андози онҳо мутобиқи қисми 4 моддаи 377 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, маблағи андози низоми содакардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи фасли VII Кодекси мазкур барои андоз аз даромад ҳисоб карда мешавад.
4. Андозсупорандагоне, ки то гузариш ба андози низоми содакардашуда ҳангоми ҳисоб намудани андозҳо аз рӯи низоми умумии андозбандӣ усули ҳисобу замкуниро истифода мебурданд, дар вақти пардохти андози низоми содакардашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- маблағи то гузариш ба андози низоми содакардашуда гирифташудае, ки вобаста ба он таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тибқи шартнома баъд аз гузариш ба андози низоми содакардашуда анҷом дода мешавад, ба манбаи андози низоми содакардашуда дохил карда мешавад;
- маблағе, ки барои таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) баъд аз гузариш ба андози низоми содакардашуда гирифта шудааст, ба манбаи андоз дохил карда намешавад, агар қаблан чунин маблағҳои гирифташуда бо усули ҳисобу замкунӣ дар асоси низоми умумии андозбандӣ ба манбаи андоз дохил карда шуда бошанд.
5. Даромадҳо аз таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ, ҳуқуқи молумулкӣ) дар давраи истифодаи андози низоми содакардашуда, ки пардохти (пардохти ҷузъии) онҳо то санаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ амалӣ нашудааст, ба таркиби даромадҳои дар эъломияи охирини андози низоми содакардашуда ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ дохил карда мешаванд.
6. Маблағи андози низоми содакардашудаи то гузариш ба низоми умумии андозбандӣ гирифташудае, ки вобаста ба он таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тибқи шартнома баъд аз гузариш ба низоми умумии андозбандӣ анҷом дода мешавад, аз маблағи андози даромад дар низоми умумии андозбандӣ тарҳ карда мешавад.
7. Ҳангоми гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми содакардашуда ва аз андози низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ, андозсупорандагон вобаста ба андоз аз арзиши иловашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- ҳангоми гузариш ба андози низоми содакардашуда маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то чунин гузариш аз маблағи ба ҳисоби таҳвили минбаъдаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар давраи пас аз гузариш ба андози низоми содакардашуда пардохтшуда (қисман пардохтшуда) ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудаанд, дар давраи охирини андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд;
- ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки супорандаи андози низоми содакардашуда барои бақияи молҳои харидоришуда пардохт намудааст, аз ҷониби ин андозсупоранда дар давраи якуми андоз пас аз гузариш ба низоми умумии андозбандӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз арзиши чунин молҳо кам карда мешаванд.
8. Эъломияи андоз бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
9. Андози низоми содакардашуда ҳар семоҳа дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда то санае, ки барои пешниҳоди эъломия муайян шудааст, ба буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.
10. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андози низоми содакардашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.