НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ | 1994
Моддаи 382. Муқаррароти умумӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд - андози ягонаи кишоварзӣ) низоми махсус барои андозбандии фаъолияти субъектҳое мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳанд.
2. Андози ягонаи кишоварзӣ нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигар - истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд - истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) истифода карда мешавад.
3. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳад, аз пардохти андозҳои зерин озод мебошад:
- андоз аз даромад (андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад ва (ё) дар ҳолати анҷом ёфтани амалиётҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;
- андози замин.
4. Даромадҳои аз фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқоние (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, аз пардохти андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
5. Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) барои як гектар замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ҳангоми дар як вақт анҷом додани фаъолияти ғайрикишоварзӣ супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ иловатан супорандаи андози низоми содакардашуда ё низоми умумии андозбандӣ мебошанд. Чунин андозсупоранда уҳдадор аст, ки пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷоти фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии худро дар алоҳидагӣ анҷом диҳад.
7. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ андозҳои дигарро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт намуда, уҳдадориҳои агенти андозро иҷро менамоянд.
8. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳуқуқ доранд ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд.
Моддаи 383. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие эътироф карда мешаванд, ки ба муқаррароти моддаи 382 Кодекси мазкур мутобиқат менамоянд.
2. Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ, ки таҳти коркарди саноатӣ қарор дода нашудааст, дохил мешавад.
3. Андозсупорандагони зерин наметавонанд супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ бошанд:
- муассисаҳои давлатӣ;
- андозсупорандагоне, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ машғуланд;
- заминистифодабарандагоне, ки қитъаи заминро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигаристеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фаъолияти кишоварзӣ ба иҷора гирифтаанд;
- андозсупорандагоне, ки низоми содакардашудаи андозбандии бизнеси бозиро истифода менамоянд.
4. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ва аз низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба низоми умумии андозбандӣ аз 1 январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо низоми андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ мегарданд, ҳуқуқ доранд на дертар аз 10 январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза диҳанд;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки фаъолияти онҳо бо низоми умумӣ андозбандӣ карда мешавад, танҳо пас аз 3 соли тақвимӣ метавонанд барои гузариш ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба мақомоти андоз то 10 январи соли тақвимии дахлдор ариза пешниҳод намоянд.
5. Барои гузаштан аз як низоми андозбандӣ ба низоми дигари андозбандӣ андозсупоранда бояд уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи низоми андозбандии амалкунанда (қаблӣ) пурра анҷом диҳад.
Моддаи 384. Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз
1. Объекти андозбандии андози ягонаи кишоварзӣ қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳое, ки мутобиқи моддаи 385 Кодекси мазкур аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ озод карда шудаанд.
2. Манбаи андоз - масоҳати қитъаи замине мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии он муқаррар шудааст ё амалан (бе ҳуҷҷат) истифода мешавад.
3. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ аз натиҷаҳои фаъолияти андозсупоранда вобастагӣ надошта, дар шакли пардохти устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
4. Даромади умумии супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимии гузашта дар асоси усули ҳисобу замкунӣ, ки барои супорандагони низоми умумии андозбандӣ муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
5. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ уҳдадоранд пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд, анҷом диҳанд.
Моддаи 385. Имтиёзҳои андоз
Аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ қитъаҳои замини зерин озод карда мешаванд:
- қитъаҳои замини ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, миллӣ ва дендрологӣ, ки номгӯи ташкилотҳо ва масоҳати ҳудуди онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, агар қитъаҳои заминҳои ҷудогардида барои анҷоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- қитъаҳои замине, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншуда эътироф шудаанд, инчунин заминҳое, ки тибқи хулосаи расмии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба муҳлати 5 сол баъд аз оғози азхудкунӣ;
- заминҳое, ки таҳти хати мушоҳидаи сарҳади давлатӣ қарор доранд, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- заминҳои захираи давлатӣ, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешазорҳо ва заминҳои дигаре, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо ҷудо карда мешаванд, агар чунин заминҳо қаблан барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашуда бошанд - ба муҳлати 5 сол аз санаи ҷудо гардидани қитъаи замин. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 45 рӯзи тақвимӣ пас аз бунёди боғҳо ва токзорҳо ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ доир ба масоҳати воқеии боғҳо ва токзорҳои бунёдшуда расман маълумот пешниҳод намояд. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани маълумоти зикргардида чунин заминҳо ҳамчун заминҳои бо дарахтони бисёрсола бандбуда андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 386. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ
1. Меъёрҳои солонаи андози ягонаи кишоварзӣ аз рӯи кадастри замин барои ҳар гектар замин бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ барои заминҳое, ки дар муқаррароти қисми 1 ҳамин модда муайян нашудаанд, меъёрҳои андози замини дар қисми 1 моддаи 352 Кодекси мазкур муқарраршуда дониста мешаванд.
3. Доир ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайянгардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли бақайдгириаш то 1-уми июни соли тақвимӣ (ҳисоботӣ) пешниҳод карда мешавад.
4. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия карда мешаванд. Меъёрҳои индексатсияшудаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимӣ дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 387. Давраи андоз
Давраи андози ягонаи кишоварзӣ соли тақвимӣ мебошад.
Моддаи 388. Муҳлат, тартиби ҳисоб ва пардохти андоз
1. Ҳисоби маблағи андози ягонаи кишоварзӣ, ки бояд барои соли ҳисоботӣ пардохт карда шавад, дар асоси маълумоти мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсӣ, телефони мобилӣ, суроғаи электронӣ ё ба суроғаи ҳуқуқии андозсупоранда ирсол мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Дар ҳолати гирифтани маълумоти иловагӣ аз мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва (ё) аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок), мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намояд ва дар ин бора ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд. Шакли ҳисобот ва огоҳинома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба ҳисоби маблағи андози ягонаи кишоварзӣ ба андозсупоранда нарасида бошад, чунин шахс уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ муроҷиат намуда, ҳисоби андозро гирад ва мустақилона маблағҳои андозро дар муҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли ҷории тақвимӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи сеюми ҳар семоҳа ба андозаи зерин аз маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад:
- семоҳаи якуми соли ҷории тақвимӣ - 15 фоиз;
- семоҳаи дуюми соли ҷории тақвимӣ - 15 фоиз;
- семоҳаи сеюми соли ҷории тақвимӣ - 35 фоиз;
- семоҳаи чоруми соли ҷории тақвимӣ - 35 фоиз.
4. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ метавонад маблағи андози ягонаи кишоварзиро пеш аз муҳлат ва дар ҳаҷми пурра пардохт намояд.
5. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин шаклҳои эъломия (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
6. Назорати пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143)