НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ХӯРОКИ ОМЕХТАИ ПАРАНДА ВА ЧОРВО | 1994

  Моддаи 395. Низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво
1. Субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз объектҳои ғайриманқул;
- андози замин.
2. Дар ҳолати таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва андозҳои дигар бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
3. Дастурамал оид ба андозбандии фаъолияти тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.