НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИЮ ТЕХНОЛОГӢ | 1994
Моддаи 396. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ низоми махсус барои субъектҳое мебошад, ки фаъолияти инноватсионию технологиро дар парки технологии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Номгӯи фаъолияти инноватсионию технологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ дар доираи фаъолияти худ дар чунин парки технологӣ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
4. Даромади андозбандишавандаи шахсони воқеӣ аз кори кироя дар субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи моддаи 183 Кодекси мазкур озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Даромади бо андози иҷтимоӣ андозбандишавандаи шахсони воқеӣ-резидентон (суғурташаванда)-и субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 332 Кодекси мазкур озод карда мешавад.
6. Даромади саҳмдорон (иштирокчиён)-и субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ аз пардохти андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
7. Воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худии чунин субъектҳо истифода карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ таҳвил додани таҷҳизоти инноватсионию технологии воридшуда чунин амалиётҳо бо андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳои дигар бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
ФАСЛИ XV. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ