НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ, КИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИРО ДАР АСОСИ ПАТЕНТ Ё ШАҲОДАТНОМА АМАЛӢ МЕНАМОЯНД | 1994
§1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 367. Муқаррароти умумӣ
1. Андозбандии фаъолияти соҳибкории шахсони воқеӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома анҷом дода мешавад.
2. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси патент амалӣ менамоянд, новобаста ба даромад, андозҳои барои чунин фаъолият муқарраршударо бо андозаи устувор пардохт менамоянд.
3. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамоянд, мутобиқи муқаррароти ҳамин боб ва боби 52 Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд.
4. Аз ҷониби шахси воқеӣ анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ манъ аст. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ даромади чунин шахс ба андозаи дукаратаи меъёри барои чунин фаъолият муқарраршуда барои давраи бе бақайдгирӣ фаъолият намудан андозбандӣ карда мешавад.
5. Истифода бурдани низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб бо мақсади пинҳон намудани ё кам нишон додани уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) шахсони истифодабарандаи хизматрасонии онҳо манъ аст, аз ҷумла:
- агар соҳибкори инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда асосан ба як шахс хизмат расонад ва (ё) даромадҳоро аз як манбаъ гирад ва (ё) аз ҷониби ӯ иҷро намудани нишонаҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад;
- агар интихоби таҳвилкунандаи мол (иҷрокунандаи кор ва ё хизматрасонӣ) асосан ба истифодабарии низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб вобаста бошад.
6. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад баҳисобгирии муҳосибии худро тибқи муқаррароти моддаи 89 Кодекси мазкур ё мутобиқи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқарраршуда амалӣ намояд.
7. Андозбандии даромадҳои фаъолияти соҳибкории инфиродии шахсони воқеӣ-ғайрирезидентон бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти меъёри андоз аз даромади муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 183 ва муқаррароти дигари Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
§ 2. Андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда
Моддаи 368. Муқаррароти умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда
1. Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон ҳамчун соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда мебошад.
2. Андозбандии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар асоси Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда (минбаъд - низоми патентӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро гарданд:
- фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом дода шавад;
- дар соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда аз 200 ҳазор сомонӣ бештар набошад (минбаъд - ҳадди даромад барои низоми патентӣ).
3. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуқуқи истифода намудани низомҳои дигари андозбандии тибқи Кодекси мазкур муқарраршударо надорад.
4. Истифодаи низоми андозбандӣ дар асоси патент ҳангоми иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 367 Кодекси мазкур иҷозат дода намешавад.
5. Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҷалб гардидани коргари кироя ва аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд гардидани даромади умумии он дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ, чунин соҳибкор уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пайдо шудани чунин ҳолатҳо ба мақомоти андоз барои қатъ намудани фаъолият дар асоси патент ва ба низоми дигар гузаштан ариза диҳад.
6. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои зерин озод мебошад:
- аз пардохти андоз аз даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба арзиши (нархи) патент дохилшаванда;
- аз пешниҳоди ҳисоботи андоз, ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи даромади умумӣ барои соли гузаштаи тақвимӣ (ё барои давраи аз оғози соли тақвимӣ дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ) бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкӣ доир ба пардохти андозҳо.
7. Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида чунин соҳибкори инфиродӣ бо меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
8. Мақомоти андоз бо мақсади муайян намудани ҳадди даромади соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо истифода аз маълумоти мавҷуда корҳои назоратиро амалӣ менамояд.
9. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда андозҳои дигари дар Кодекси мазкур барои шахсони воқеӣ муқарраргардидаро пардохт менамояд.
10. Уҳдадории андозии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда то расман бекор гардидани қайди давлатӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 369. Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо
1. Шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентон, ки ба муқаррароти қисмҳои 1-3 моддаи 368 Кодекси мазкур мутобиқат менамоянд, андозсупорандагони бо низоми патентӣ фаъолияткунанда дониста мешаванд.
2. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар ҳолати иваз гардидани маҳалли фаъолияти чунин соҳибкор варақаи ҳисоббаробаркунии ӯ ба таври автоматӣ ба мақомоти андози дахлдор интиқол дода мешавад.
3. Аз низоми патентӣ ба низоми дигари андозбандӣ, инчунин аз низоми дигари андозбандӣ ба низоми патентӣ гузаштани соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқарраргардида баъд аз иҷрои расмиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.
4. Уҳдадории андозии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз санаи якуми моҳи баъд аз моҳи қатъ гардидани бақайдгирии давлатии чунин соҳибкори инфиродӣ хотима меёбад.
Моддаи 370. Меъёри андоз
Меъёри андозҳои соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият мутобиқи боби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти коэффитсиентҳои минтақавии танзимкунанда муайян карда мешавад.
Моддаи 371. Давраи андоз
Давраи андоз барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.
Моддаи 372. Тартиби супоридани андозҳо
1. Андозҳо аз рӯи низоми патент аз ҷониби андозсупоранда мустақилона тариқи пешпардохт то санаи 5-уми моҳ барои як моҳ ё якчанд моҳи минбаъда ба буҷети маҳалли фаъолият пардохт карда мешаванд.
2. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда уҳдадоранд, ки нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи андозҳоро барои соли тақвимии гузашта на дертар аз 1 марти соли баъд аз соли ҳисоботии тақвимӣ ба мақомоти андози маҳалли фаъолият тариқи электронӣ ирсол намоянд.
§ 3. Хусусиятҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда
Моддаи 373. Хусусиятҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда
1. Даромади умумии шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон, ки ҳамчун соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд (минбаъд - соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда), аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи онҳо дар давраи пешинаи дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта наметавонад аз 1 миллион сомонӣ зиёд бошад.
2. Агар даромади умумии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ аз 1 миллион сомонӣ зиёд гардад, чунин соҳибкор уҳдадор аст, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ гузарад ва дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият намояд.
3. Аз низоми андозбандии соҳибкории дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба низоми умумии андозбандӣ гузаштани чунин соҳибкор, инчунин ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ӯ бе гузаронидани санҷиши андоз амалӣ карда мешавад. Дар чунин ҳолат барои мақсадҳои андозбандӣ уҳдадориҳои чунин соҳибкорони инфиродӣ ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
4. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон бо тартиби муқарраргардида низомҳои махсуси зерини андозро истифода мебаранд:
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.
5. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки дар як вақт 2 низоми махсуси андозбандии дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардидаро истифода мебаранд, уҳдадоранд баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш баранд.
6. Низомҳои махсуси андоз аз ҷониби соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар даромад ва фаъолияти онҳо ба шартҳои чунин низомҳои махсуси андоз ҷавобгӯ бошанд.
7. Агар ҳамин боб тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда андозҳои дигарро мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
8. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, озод намебошанд.
9. Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
10. Новобаста ба муқаррароти боби мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад қоидаҳои андозбандӣ, намудҳои фаъолият ва меъёрҳои устувори андозҳои дахлдорро барои соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда муқаррар намояд.