НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ СУБЪЕКТҲОИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК | 1994
Моддаи 366. Низоми андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок - иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок (минбаъд - иштирокчиёни касбӣ), эмитентҳо ва сармоягузорон, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок иштирок мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
2. Ба фаъолияти иштирокчиёни касбӣ дохил мешаванд:
- фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ;
- фаъолият оид ба муайян кардани уҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок;
- фаъолияти маҳфуздорӣ;
- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.
3. Иштирокчиёни касбӣ, ки фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршударо амалӣ менамоянд, зимни амалисозии чунин фаъолият аз пардохти 50 фоизи андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда.
4. Эмитентҳо - шахсони ҳуқуқии резидент ва ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дар муомилот мебошанд, вобаста ба даромади бадастоварда аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок дар санаи муомилоти онҳо аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андози низоми содакардашуда) озод карда мешаванд.
5. Сармоягузорон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент ва ғайрирезидент мебошанд ва аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок (пардохти купонӣ, дисконтӣ ва ба инҳо монанд) дар санаи муомилоти онҳо дар биржаи коғазҳои қиматнок даромад мегиранд, вобаста ба чунин даромад аз пардохти андоз аз даромад аз афзоиши коғазҳои қиматнок озод карда мешаванд.
6. Муқаррароти қисми 5 моддаи мазкур нисбат ба сармоягузорон, ки саҳмияҳои ба онҳо таллуқдоштаро харидорӣ (маблағи саҳмияро пардохт) намудаанд, татбиқ намегарданд.
7. Бо мақсади амалисозии назорати имтиёзҳои додашаванда ворид намудани шахсони дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур зикргардида ба қайди махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва асосҳои соҳиб шудан ба имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби онҳо, биржаи фондӣ сари вақт ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ маълумоти асоснокро пешниҳод менамояд. Имтиёзҳои дар моддаи мазкур номбаршуда танҳо пас аз қайди зикргардида ва пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор истифода мегарданд.
8. Дар сурати аз ҷониби эмитентҳо ва сармоягузорон ба анҷом расонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок чунин амалиёт бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ мешавад.
9. Барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур тамдид карда мешаванд.
10. Дастурамал оид ба андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шакли эъломияҳо (ҳисобот ва маълумот) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.