МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ | 1994

  Моддаи 240. Давраи андоз
1. Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои дар шакли музди меҳнати аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифташуда, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, моҳи тақвимӣ мебошад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
2. Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои шахсони воқеие, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, соли тақвимӣ мебошад, агар боби мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
3. Давраи андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ соли тақвимӣ мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди ҳисобҳои пардохтҳои ҷории андоз аз даромад ва пардохти онҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 242-243 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
  Моддаи 241. Пешниҳоди эъломия
1. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои дар шакли музди меҳнати шахсони воқеӣ, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, аз ҷумла аз ҷониби воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад.
2. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгариҳои давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи гузашта фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
3. Ҳисоби ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ҳар семоҳа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад ва дар ҳамин муҳлат андозҳо аз рӯи онҳо ситонида мешаванд.
4. Андозсупорандагони зерин уҳдадоранд эъломияро оид ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд ва (ё) эъломияро оид ба андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143):
- шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо ва муассисаи доимии ғайрирезидентҳо, ки супорандагони андоз аз даромад мебошанд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- шахсони воқеӣ-резидентони дорои даромад, ки дар манбаи пардохти воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ намешаванд, ба истиснои шахсоне, ки андозҳоро мутобиқи фасли ХIV Кодекси мазкур пардохт менамоянд;
- шахсони воқеӣ-резидентоне, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- шахсони воқеие, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо уҳдадории пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад гузошта шудааст. Тартиб, муҳлатҳои пешниҳод, инчунин шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- шахсони воқеие, ки мутобиқи қисми 8 моддаи 191 Кодекси мазкур ҳуқуқи тарҳкунӣ аз даромадро доранд;
- миёнаравҳо, ба истиснои миёнаравҳои касбӣ, аз шахсоне, ки агенти андоз намебошанд, даромад мегиранд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- дигар шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентон ва шахсони воқеӣғайрирезидентоне, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ намешавад.
5. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба мақомоти андоз огоҳиномаи хаттӣ мефиристад. Комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор аст, ки эъломияи андозро ба мақомоти дахлдори андоз пешниҳод намояд.
6. Шахси воқеие, ки аз ӯ пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо талаби аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағи барзиёд супоридааш эъломия пешниҳод кунад.
7. Ҳисобҳо оид ба пардохти маблағҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин маълумот дар бораи шахсоне, ки андози онҳо дар манбаи пардохт нигоҳ дошта шудааст, аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 242 Кодекси мазкур ҳар моҳ (ҳар семоҳа) то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд.
8. Эъломияи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва ҳисоботи муҳосибии солона, аз ҷумла тавозуни муҳосибӣ, то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд.
  Моддаи 242. Пардохтҳои ҷории андоз
1. Шахсони ҳуқуқӣ-cупорандагони андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ бо назардошти қисмҳои 2-4 ҳамин модда уҳдадоранд пардохти ҷории ҳармоҳаро ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд. Маблағи ҳар пардохти ҷории моҳона дар давраи 12-моҳа, ки ҳар 15-уми апрел оғоз меёбад, наметавонад аз ҳар яке аз маблағҳои зерин камтар бошад:
- аз дувоздаҳ як қисми маблағи андоз аз даромад барои соли гузаштаи андоз;
- 1 фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботӣ.
2. Агар даромади умумии андозсупоранда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба даромади умумии дар ҳамон семоҳаи соли гузашта аз 50 фоиз кам бошад, андозсупоранда метавонад бо пешниҳод намудани ҳисобот барои ҳар семоҳа ба мақомоти андоз, пардохтҳои ҷории моҳонаро аз рӯи ҳисоботҳои семоҳаи гузашта бо роҳи тақсим намудани маблағи андоз ба 3, вале на камтар аз 1 фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботӣ ҳисоб ва пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи мазкур ба маблағи чунин андози барои соли тақвимӣ пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Пардохтҳои барзиёди ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба уҳдадории андозӣ аз рӯи ин андоз барои соли тақвимӣ уҳдадориҳои андозӣ аз рӯи андозҳои дигар ба ҳисоб гирифта мешаванд ё ба андозсупоранда баргардонида мешаванд.
4. Пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ пардохтҳои ҳатмӣ буда, барои саривақт напардохтани онҳо фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
  Моддаи 243. Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ
1. Шахсони воқеӣ, ки cупорандагони андоз аз даромад мебошанд, андозро дар маҳалли баҳисобгирӣ на дертар аз санаи 15-уми пас аз моҳи тақвимие, ки дар он даромад гирифтаанд пардохт менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар ташкилотҳои дипломатию консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, уҳдадоранд аз даромадҳои худ мустақилона андози даромадро дар муҳлатҳои барои пешниҳоди эъломия муқарраршуда супоранд.
3. Тақсим кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин маҳалли ҷойгиршавии ҳар воҳиди алоҳидаи он бо назардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнат, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар яке аз воҳидҳои алоҳидаи корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона якҷоя бо ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад. Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнати дар қисми мазкур зикргардида бо назардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона барои охири давраи ҳисоботӣ муайян карда мешаванд.
4. Ҳисоб кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин маблағҳои андоз, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар яке аз воҳидҳои алоҳидаи он пардохт шаванд, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад. Маълумотро дар бораи маблағҳои пардохтҳои ҷории андоз, инчунин дар бораи маблағҳои аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисобкардашуда корхона ба воҳидҳои алоҳидаи худ, инчунин ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии худ ва маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида на дертар аз муҳлати барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ мутобиқи моддаи 242 Кодекси мазкур муқарраргардида ва барои пешниҳоди эъломияи андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 241 Кодекси мазкур дастрас менамояд.
5. Корхона маблағи пардохти ҷорӣ ва маблағи андозеро, ки аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисоб карда шудааст, ба буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он тавассути воҳиди асосии корхона ё тавассути ҳар воҳиди алоҳидаи на дертар аз муҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ва моддаи 242 Кодекси мазкур месупорад.
6. Шахсони ҳуқуқӣ, ки - супорандагони андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, на дертар аз 10-уми апрели соли баъди соли тақвимии ҳисоботӣ фарорасанда ҳисоби ниҳоиро анҷом дода, андозро дар маҳалли баҳисобгирии худ пардохт менамоянд.
7. Назорати пардохти андоз аз даромад аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
8. Дастурамалҳо оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз даромад, инчунин шаклҳои эъломияҳо ва ҳисобҳои дахлдор бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
  ФАСЛИ VIII. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА