МАНБАИ АНДОЗ | 1994
Моддаи 248. Арзиши амалиёти андозбандишаванда
1. Манбаи андоз арзиши амалиёти андозбандишаванда буда, дар асоси маблағе (арзише, аз ҷумла дар шакли аслӣ), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигар, вале бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда, муайян карда мешавад. Маблағи тахфифҳои иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми анҷоми амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта шудааст, аз арзиши амалиёти андозбандишаванда кам карда мешавад. Тахфиф ё тағйири нархҳо, ки баъди анҷом додани амалиёти андозбандишаванда гузаронида шудааст, мутобиқи муқаррароти моддаи 249 Кодекси мазкур тасҳеҳ карда мешавад.
2. Агар бар ивази амалиёти андозбандишаванда ба андозсупоранда таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) анҷом дода шавад ё андозсупоранда ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
3. Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ягон дороиро (мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ) нагирад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
4. Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода гардидани мол (кор ё хизматрасонӣ), инчунин ҳангоми таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба ҳама гуна шахсон (аз ҷумла кормандони худ), арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
5. Дар ҳолати таҳвили мол бо шартҳои пардохти ба муҳлатҳо ҷудогардида арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳаҷми умумии маблағи пардохтшавандаро, сарфи назар аз ҷадвали пардохтҳои дар шартнома муқарраршуда, дар бар мегирад.
6. Дар сурати фурӯхтани (бегона кардани) молу мулки ба гарав гузошташуда арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташуда (ё бегонашаванда), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
7. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридотӣ ва хариди дохилӣ, ба истиснои молҳое, ки нархҳои (тарифҳои) онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд ҳангоми таҳвили минбаъда наметавонад аз арзиши молҳои воридотӣ ва хариди дохилии андозбандишаванда кам бошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда ва харидашуда чунин фарқият барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
8. Агар андозсупоранда амалиёти бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро мутобиқи сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 13 моддаи 269 Кодекси мазкур дар алоҳидагӣ бе ҷудо намудани маблағи андоз дарҷ намояд, арзиши амалиёти андозбандишаванда ва ҳиссаи андоз ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиб додани ҳисобнома-фактура ҳатмӣ мебошад, бо формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
1) арзиши амалиёти андозбандишаванда:
А-АхБ/(100+Б),
дар ин ҷо: A - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
Б - меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои амалиёт;
2) маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар амалиёти андозбандишаванда:
АхБ/(100 + Б ),
дар ин ҷо: A - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
Б - меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои амалиёт.
9. Агар супорандаи андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишавандаро бо арзиши иловашуда ба супорандаи дигари чунин андоз бе ҷудо намудани маблағи андоз анҷом диҳад, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда мутобиқи муқаррароти қисми 8 ҳамин модда муайян карда мешавад.
10. Арзиши амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили минбаъдаи гази табиӣ, ки мутобиқи сархати ҳаждаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси мазкур ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, фарқияти мусбати байни арзиши таҳвили гази табиӣ (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ва арзиши гумрукии он (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) мебошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқият барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2000).
Моддаи 249. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда
1. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегарданд:
- бекор гардидани амалиёт ё тағйир ёфтани шартҳои он;
- тағйир ёфтани арзиши амалиёти андозбандишаванда;
- тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт бо сабаби тағйирёбии нарх ё бо ҳар сабаби дигар;
- пурра ё қисман баргардонидани мол ба андозсупоранда;
- қабул нагардидани иҷрои кор ё хизматрасонии анҷомдодашуда.
2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда уҳдадор аст ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашудаи иловагӣ (тасҳеҳӣ) тартиб дода, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 265 ва қисми 8 моддаи 266 Кодекси мазкур эъломияи тасҳеҳӣ пешниҳод намояд.
3. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар асоси ҳисобномафактураи иловагӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда тасдиқ менамоянд, анҷом дода мешавад.
Моддаи 250. Арзиши воридоти андозбандишаванда
1. Арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, аз ҷумла андозҳо, боҷи гумрукӣ, пардохти махсус ва хироҷ, ки пардохти онҳо ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда арзиши воридоти андозбандишаванда ҳисобида мешавад. Дар ҳар сурат арзиши гумрукии мол наметавонад аз арзиши яклухти мол, ки тибқи омори расмӣ тасдиқ шудааст, зиёд бошад.
2. Агар мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмир, барқарорсозӣ ё такмил содирот шуда бошад, ҳангоми воридоти дубораи он арзиши воридоти андозбандишаванда маблағи афзоиши арзиши моли содиротшуда дониста мешавад, агар шакл ё хусусияти мол ва ҳуқуқи моликият ба мол аз лаҳзаи содирот тағйир наёбад.