КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ | 1994
Моддаи 341. Ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ
Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.
1. Корфармо уҳдадор аст сабабҳои ҳодисаи нохушро дар истеҳсолот фавран санҷиш намояд, мувофиқи намунаи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро сари вақт ба қайд гирад.
2. Корфармо уҳдадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи санади ҳодисаи нохушро на дертар аз се рӯзи баъд аз анҷоми санҷиш ба ӯ диҳад.
3. Агар корфармо аз тартиб додани санади ҳодисаи нохуш саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади ҳодисаи нохуш нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд муроҷиат намояд.
4. Тартиби баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохушро дар истеҳсолот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
1. Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё қасди ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зарарро исбот карда натавонад, бояд ин зарарро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
2. Агар корфармо исбот намояд, ки зарар на бо гуноҳи ӯ раеидааст, ҳангоми расидани зарар дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ӯ аз ҷуброн кардани зарар озод шуда метавонад.
3. Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зарари маънавӣ бояд ҷуброн карда шаванд.
4. Ҳангоми таъйин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зарар музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.
5. Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд.
6. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
7. Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рӯзи фавти ӯ ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ӯ таваллуд шудааст, мегузарад.
8. Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъйин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зарар дохил намешавад.
9. Корфармо зарари маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зарар ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардидае, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани ҷуброни зарар ҳуқуқ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зарари маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат давлат кафолат медиҳад:
- манъ будани ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бад намудани ҳуқуқҳои муқарраргардида оид ба ҳифзи меҳнат;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки ба беҳдошти шароити меҳнат ва боло бурдани сатҳи бехатарии истеҳсолот нигаронида шудаанд;
- ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
- муҳофизати судии ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён ва шахсони мансабдор;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат;
- татбиқи ҷавобгарии моддӣ нисбат ба корфармоёне, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро вайрон намудаанд;
- эътироф ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон нисбат ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон.