ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ | 1994

Моддаи 64. Мафҳум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, ҳамчунин дигар заминҳои ғайрикишоварзии дар дохили гурӯҳи мазкури заминҳо ҷойгиршуда иборат мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 65. Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба инҳо дода мешаванд:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои боғдорию полезкорӣ;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405);
- ба муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, таълимӣ ва дигар муассисаҳою корхонаҳои кишоварзӣ, омӯзишгоҳҳои истеҳсолию техникии деҳот ва мактабҳои таълимоти умумӣ барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ташкилотҳои динӣ барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ.
Моддаи 66. Додани замин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи якумраи меросии тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 67. хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 68. хориҷ карда шуд
(бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 69. хориҷ карда шуд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таӣйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 28.02 соли 2004, № 23)
Моддаи 70. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Моддаи 71. Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891)
Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби ҷамоати деҳот, шаҳрак ва шаҳрҳо мутобиқи қарори раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ваколаташон, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи то 0,12 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи то 0,25 гектар аз заминҳои обёринашаванда, дар ноҳияҳои навкорам ва кӯҳӣ ба андозаи то 0,15 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи то 0,40 гектар аз заминҳои обёринашаванда, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлӣ ба хамин ҳисоб дохил мешаванд, дода мешавад.
Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрхои нишондодашуда бо назардошти фонди замини мавҷуда ба зичии аҳолӣ дар асоси нақшаи кулли тараққиёт ва дигар нақшаи тараққиёти маҳалҳои аҳолинишин муайян карда мешавад.
Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандонро маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шаҳр муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891). 
Эзоҳ: "Қисми дуюми моддаи мазкур ба қитъаҳои замини наздиҳавлигии пештар додашуда, татбиқ карда намешавад. Барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бо назардошти фонди замини мавҷуда, шаҳрвандон - роҳбарони оилаҳои нопурра, инчунин шахсони танҳои болиғе, ки дар никоҳ қарор надоранд ва дар якҷоягӣ бо хешовандонашон зиндагӣ намекунанд, ҳуқуқ доранд  (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 71(1). Тартиби додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон
 (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891)
Шаҳрвандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолати мавҷуд будани фонди замини наздиҳавлигӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо дар ҳолати мавҷуд набудани фонди замини наздиҳавлигӣ рӯйхати шаҳрвандони ба онҳо муроҷиаткардаро тартиб дода, бо мақоми болоӣ оид ба ҷудо намудани заминҳо барои ин мақсад, агар ҷудо намудани замин ба салоҳияти онҳо дохил набошад, муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405).
Шаҳрвандоне, ки дорои қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, ба онҳо дар ҳамин ноҳия, шаҳр дуюмбора қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурияти кӯчонидани оилаҳоро талаб мекунанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 1.08.2012 № 891).
Тақсим шудани оилаи шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ намегардад.   
Дар мавридҳои алоҳида, агар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила тақсим кардан мумкин аст.
   Агар оилаи навташкил мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ҷамоат ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи тартиби умумӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад  (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).    
Моддаи 71(2). Додани замин барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ бо розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа қитъаҳои замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Қитъаи замин барои ин мақсадҳо аз заминҳои обӣ то 0,15 гектар ва аз заминҳои обёринашаванда то 0,50 гектар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 71(3). Додани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ
Ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ бо дархости ҷамоатҳо аз заминҳои захиравӣ, фонди ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, қитъаҳои замин бо тартиби зерин ҷудо карда мешаванд:
а) аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд - бо қарори маҷлиси умумии ин хоҷагиҳо ва ташкилотҳо;
б) аз заминҳои захираи давлатӣ - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);
в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хоҷагии ҷангал.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 72. Додани қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ
Қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз заминҳое, ки қаблан дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз рӯи ҳисоби то 0,06 гектарӣ ба ҳар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани қитъаи замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 73. Шартҳои тағйир додани ҳудуду андозаҳои заминистифодабарӣ
Ҳудуду андозаҳои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисаҳои кишоварзӣ ҳангоми калон ё хурд кардани хоҷагиҳо бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, шумораи аҳолӣ, кормандон, саҳмдорон дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, ҳуқуқи истифодаи замин аз нав ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 74. Ҷойгиркунии объектҳои сохтмони дохилихоҷагӣ
Объектҳои сохтмони дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи заминсозӣ, лоиҳаҳои дохилихоҷагии заминсозӣ ё лоиҳаҳои тарҳрезию сохтмони маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷойгир кунонида мешаванд.
Ҷойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихоҷагӣ дар заминҳои дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс зикршуда танҳо дар ҳолатҳои махсус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Тартиби додани қитъаҳои замин барои сохтмони дохилихоҷагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 75. Тартиб ва шартҳои додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мувофиқаи заминистифодабарандагон мутобиқи Кодекси мазкур дода мешаванд.
Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳудуди барои фаъолияти хоҷагӣ мувофиқ сурат мегирад. Ба порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодакунии онҳо роҳ дода намешавад.
Барҳамдиҳии порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ бо ризояти тарафайн аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он, бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ҳамчунин ба ташкилоти динӣ қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии кишоварзии ёрирасон ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисаҳои мазкур, ошхонаҳои мактабҳо, муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дода мешавад.