ЗАМИНҲОИ МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН (ШАҲРҲО, ШАҲРАКҲО ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИНИ ДЕҲОТ) | 1994
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба замини шаҳр ҳамаи заминҳои ҳудуди маъмурии шаҳр дохил мешаванд.
Замини шаҳр дар ихтиёри ҳокимияти маҳалии шаҳр мебошад.
Ҳудуди маъмурии шаҳр сарҳади гурӯҳҳои шаҳр мебошад, ки онро аз дигар намудҳои замин ҷудо мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ҳудуди маъмурии шаҳр аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.
Ба ҳудуди маъмурии шаҳр дохил намудани қитъаҳои замин боиси қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ин қитъаҳо аз тарафи заминистифодабарандагони пештара намегардад ва гирифтани ин заминҳо барои эҳтиёҷоти шаҳр мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ба таркиби заминҳои шаҳр инҳо дохил мешаванд:
а) заминҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
б) заминҳои истифодаи умумӣ;
в) заминҳои истифодаи кишоварзӣ;
г) заминҳои зери боӣҳо ва ҷангалу буттазорҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
д) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар;
е) заминҳои зери об ва обанборҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357);
ж) заминҳои захираи шаҳрҳо (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Замини шаҳр мувофиқи нақшаҳои генералии шаҳр, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезию сохтмонӣ, инчунин нақшаҳои сохтмони замину хоҷагидории ҳудуди шаҳр истифода бурда мешавад.
Қитъаҳои замин дар шаҳр барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва иҷора мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои захираи шаҳрҳо қитъаҳои замине мебошанд, ки дар ҳудуди шаҳр ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифода дода нашудаанд, инчунин қитъаҳои заминҳое, ки нисбати онҳо ҳуқуқи истифода тибқи моддаи 37 Кодекси мазкур қатъ гардидааст (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои минтакаҳои истиқоматии шаҳрҳо, заминҳое мебошанд, ки дар онҳо биноҳои истиқоматӣ ва ҳамчунин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷойгир шудаанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои сохтмони саноатӣ, манзилӣ, маданию маишӣ ва дигар намудҳои сохтмони асосӣ дода мешаванд.
Андозаи қитъаҳои замин ва шартҳои ба мақсади мазкур истифода бурдани онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Заминҳои истифодаи умумӣ аз заминҳои роҳҳо, роҳравҳо, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо, майдонҳо, заминҳои таъиноти маданию маишӣ, қабристонҳо ва дигар заминҳои истифодаи умумӣ иборат мебошанд.
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Қитъаҳои замин аз заминҳои истифодаи умумӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба истифодаи бемӯҳлат ва мӯҳлатнок барои сохтмонҳои навъи сабук (хаймаҳои савдо, дӯконҳо, иншооти рекламавӣ ва ҳоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умумӣ дар асоси қарори раиси шаҳр дода мешаванд.
Ба заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр заминҳои корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ, ки дар ҳудуди заминҳои маъмурии шаҳр воқеанд, дохил мешаванд.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои зери боғҳо ва ҷангалу буттазорҳои шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо боғҳо ва ҷангалу буттазорҳо ҷойгир шуда бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити зист, қонеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии аҳолӣ, ҳифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Моддаи 77(10). Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигари шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар дар шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо барои истифода ба роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, роҳҳои обӣ ва ҳавоӣ, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, алоқа, заминҳои саноатии коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра дода шудаанд.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)
Ба заминҳои зери об ва обанборҳо заминҳои зери обанборҳо, зери кӯлҳо, дарёҳо, каналҳо, ботлоқ, иншоотҳои гидротехникӣ ва дигари дар зери об қарордошта дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Тамоми заминҳои дохили ҳудуди шаҳрак ба заминҳои шаҳрак дохил мешаванд.
Заминҳои шаҳрак дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак мебошад.
Ба заминҳои шаҳрак муқаррароти моддаҳои 76-80 ҳамин Кодекс ба ғайр аз моддаҳои 77(2). ва 77(7). паҳн мегарданд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Ба заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот ҳамаи заминҳое тааллуқ доранд, ки дар дохили сарҳадҳои муқарраршудаи ин маҳали аҳолинишини деҳот воқеъ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд.
Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот мувофиқи лоиҳаҳои сохтмон ва нақшаи хоҷагидорӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.
Ҳудуди маҳали аҳолинишини деҳот бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии деҳот аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияти он муқаррар ва тағйир дода мешавад.
Заминҳои берун аз ҳудуди шаҳр, ки манбаи васеъшавии ҳудуди шаҳр, маҳали ҷойгиронӣ ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти мӯътадили хоҷагии шаҳр мебошанд, инчунин замини ҷангалу бешабоғ ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи муҳофизавӣ ва санитарию гигиениро иҷро менамоянду ҷои истироҳати омма мебошанд, мутобиқан ҳамчун заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизори шаҳр истифода мешаванд.
Минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани андозаю ҳудуди минтақа, инчунин тартиби заминистифодабарӣ дар онҳо ҷудо карда мешаванд.
Ба минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо дохил намудани қитъаҳои замин боиси гирифтани қитъаҳои замин намегардад ва заминистифодабарандагон ҳуқуқи худро ба ин қитъаҳо нигоҳ медоранд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминҳои минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо таҳти муҳофизати махсус мебошанд. Дар ин заминҳо сохтани иншоот, ки ба корҳои муҳофизатӣ, санитарию гигиении минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо ва ба мақсади ташкили истироҳати омма алоқаманд намебошанд, манъ аст.