ЗАМИНҲОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ | 1994

Моддаи 99. Заминҳои захираи давлатӣ
Ҳамаи заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминҳои захираи давлатӣ буда, захира барои истеҳсолоти кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминҳо инчунин заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мувофиқи моддаи 37 ҳамин Кодекс қатъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).
Заминҳои захираи давлатии дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда ҷиҳати ба истифода ва иҷора додан бештар барои истеҳсолоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891).
Моддаи 100. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357)