АНДОЗ АЗ ФУРӯШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ) | 1994
Моддаи 335. Мафҳум ва муқаррароти умумӣ
1. Дар боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) моли андозбандишаванда - алюминийи аввалия;
2) амалиётҳои зерини андозбандишаванда (минбаъд барои мақсадҳои ҳамин боб - фурӯш):
а) таҳвили моли андозбандишаванда;
б) воридоти молҳои андозбандишаванда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) содироти молҳои андозбандишаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) коркарди молҳои андозбандишаванда аз ҷониби истеҳсолкунанда барои коркард, ба гарав ва (ё) ба сифати ашёи хом барои коркард додани онҳо;
г) таҳвили (фурӯши) молҳои андозбандишаванда мутобиқи шартномаҳои фючерсӣ (форвардӣ) ё намудҳои дигари додани (бегона кардани) молҳои андозбандишаванда;
д) ба шахси дигар додани молҳои андозбандишавандае, ки натиҷаи хизматрасонӣ оид ба истеҳсоли молҳои андозбандишаванда мутобиқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
2. Андоз аз фурӯши алюминийи аввалия (минбаъд - андоз аз фурӯш) ҳангоми анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пардохт мешавад, дар айни замон ҳангоми анҷом додани амалиётҳои мазкур, ба истиснои амалиётҳои андозбандишавандаи дар зербанди д) банди 2) қисми 1 ҳамин модда муайяншуда, андоз аз арзиши иловашуда ситонида намешавад.
Моддаи 336. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз фурӯш шахсоне мебошанд, ки объекти андозбандӣ доранд.
Моддаи 337. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ анҷом додани амалиёти андозбандишаванда бо молҳои андозбандишаванда мебошад.
2. Намудҳои дигари молҳои андозбандишаванда, ки бо истифода аз низоми гумрукии "Коркард" дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол гардида, бо андози фурӯш андозбандӣ карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 338. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз арзиши молҳои андозбандишаванда мебошад, агар дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз арзиши воҳиди моли андозбандишаванда бо назардошти сифат, намуд ва навъ, дар асоси нархҳои дар санаи содир гардидани амалиёти андозбандишаванда дар биржаи металлҳои рангаи Лондон ташаккулёфта муайян карда мешавад.
2. Андозсупорандагоне, ки бо харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда машғуланд, андоз аз фурӯшро дар шакли фарқи байни маблағи андозе, ки дар асоси нархҳои барои андозбандӣ истифодашаванда дар санаи фурӯши молҳои андозбандишаванда ба харидорон ҳисобкардашуда ва нархҳо дар санаи хариди онҳо аз таҳвилкунандагони худ ҳисоб карда шудаанд, пардохт менамоянд.
3. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии "Барориш барои муомилоти озод" ворид карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар асоси нархҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
4. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии "Коркард дар ҳудуди гумрукӣ" истеҳсол шудаанд, арзиши (ҳаҷми) маҳсулоти коркарди бо назардошти нархҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайяншуда мебошад.
Моддаи 339. Меъёри андоз
1. Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба андозаи 3 фоиз муқаррар карда мешавад.
2. Меъёри андоз барои фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 338 Кодекси мазкур ба андозаи 1 фоиз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 340. Тартиби ҳисобкунӣ ва муҳлати пардохти андоз
1. Маблағи андози пардохтшавандаро андозсупорандагон дар асоси арзиши (ҳаҷми) молҳои андозбандишаванда ва меъёри андоз мустақилона ҳисоб мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз намуди амалиёти андозбандишаванда зикр карда мешавад.
2. Ҳангоми харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда андоз аз фурӯш бо назардошти нархи молҳои андозбандишаванда дар санаи харид (гирифтан), дар санаи фурӯш (интиқол) ва ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми дар рӯзи фурӯш (супоридан) мавҷуд набудани маълумот дар бораи нархи биржавӣ андоз дар асоси маълумоти мавҷудаи охирон оид ба нархи биржавии моли андозбандишаванда дар санаи наздиктарини рӯзи фурӯш ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи моли андозбандишавандаи фурӯхташуда дар санаи фурӯш тасҳеҳ карда мешавад.
4. Андоз то таҳвили (интиқоли) моли андозбандишаванда ё дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи баъди ворид шудани маблағ ба суратҳисоби андозсупоранда дар ташкилоти қарзии молиявӣ ё ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд ба хазинаи ӯ воридшуда, ҳангоми амалиётҳои дигари андозбандӣ бошад, то лаҳзаи бор кардан, таҳвил ё интиқоли молҳои андозбандишаванда пардохт карда мешавад. Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро харидаанд, уҳдадоранд дар муҳлати 10 рӯз нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур ин шахсон уҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.
5. Ҳангоми аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба берун содир кардани моли андозбандишаванда то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда пардохт карда мешавад. Барасмиятдарории гумрукии содироти молҳои андозбандишаванда ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тасдиқномаи нозироти андози андозсупорандагони калон доир ба пардохти андоз аз фурӯш амалӣ карда мешавад.
6. Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани алюминийи аввалия бо истифодаи низоми гумрукии "Иҷозат барои муомилоти озод" бо назардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
7. Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби андозсупоранда дар муҳлатҳои барои пардохти андоз муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
8. Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 338 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳвилкунанда ба мақомоти дахлдори андоз на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 341. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар ҳолати ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намудани молҳое, ки маҳсули коркарди молҳои андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баҳисобгирии маблағҳои пардохтшудаи андоз аз фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми таҳвили маҳсулоти коркарди молҳои андозбандишаванда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирӣ дар асоси қисми 1 ҳамин модда бо тартиби пешбининамудаи моддаи 268 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Ҳангоми содироти маҳсули коркард ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохт шавад, анҷом дода намешавад.
4. Агар фарқи байни андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи таҳвили маҳсулоти коркард ба бозори дохилӣ пардохт шавад ва маблағи дахлдори андоз аз фурӯш манфӣ бошад, ҷуброни (баргардонидани) маблағ аз фурӯш аз буҷет анҷом дода намешавад. Фарқи мусбати байни маблағҳои дар боло пешбинигардида бояд ба буҷет пардохт шавад.
5. Дастурамал дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фурӯш, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
6. Назорати пардохти андоз аз фурӯш аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
ФАСЛИ ХIII. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ