АНДОЗҲО БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ | 1994
Моддаи 297. Муқаррароти асосӣ
1. Ҳангоми истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи онҳо дар доираи шартномаҳо оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ва (ё) истифодабарии об барои истеҳсоли неруи барқ, андозҳо ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
2. Андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- бонуси обунавӣ;
- бонуси кашфи тиҷоратӣ;
- роялти барои истихроҷ;
- роялти барои об;
- рентаи содиротӣ.
3. Дар боби мазкур бо мақсади андозбандӣ мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- истифодабарандагони захираҳои табиӣ - шахсоне, ки ҷустуҷӯ ва кашфи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истихроҷи ҷузъҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ ва (ё) коркарди ташкилаҳои минералии техногениро анҷом медиҳанд;
- кон - қитъаи қишри замин (ё қисми он), ки анбӯҳи табиии канданиҳои фоиданокро дар бар мегирад;
- минералҳо - канданиҳои фоиданоки минералӣ ва органикӣ, ки таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикиашон барои истифодаи онҳо дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ (масалан, ҳамчун ашёи хом ё сӯзишворӣ) имкон медиҳанд. Минералҳо аз минералҳои сахт, моеъ ва газдор иборат мебошанд;
- кандании фоиданок - моддаҳои табиии минералӣ ва органикии дар қишри замин ташаккулёфта дар шаклҳои сахт, моеъ ва (ё) газмонанд, ки таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикии онҳо имконият медиҳанд дар истеҳсолот ва (ё) истеъмолот самаранок истифода гарданд;
- истихроҷ - маҷмӯи корҳое, ки бо берун баровардани канданиҳои фоиданок аз қишри замин, аз ҷумла аз ташкилаҳои минералии техногенӣ, алоқаманд мебошанд;
- коркарди ашёи хоми минералӣ ва (ё) ташкилаҳои минералии техногенӣ - корҳои марбут ба ҷудо намудани ҷузъҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ ва ташкилаҳои минералии техногенӣ, инчунин аз онҳо ҳосил намудани канданиҳои фоиданок;
- кашфи тиҷоратӣ - захираҳои канданиҳои фоиданоки дар ҳудуди шартномавии иҷозатдодашудаи истифодабарандаи захираҳои табиии кашфгардида, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ самаранок мебошанд;
- бонуси обунавӣ - андози устувори яккаратаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ дар ҳудуди муайяннамудаи иҷозатнома (иҷозат) мебошад;
- бонуси кашфи тиҷоратӣ - андози устувори яккаратаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ барои ҳар кашфи тиҷоратӣ дар ҳудуди муайяннамудаи иҷозатнома (иҷозат). Барои ҳисоб кардани он арзиши ҳаҷми захираҳои барқароршавандаи маъдан, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология тасдиқ кардааст, асос мебошад. Муқаррарот оид ба бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ нисбат ба корхонаҳои давлатие, ки корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом медиҳанд, татбиқ намегарданд;
- канданиҳои фоиданоки пошхӯрда - ташкилаҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои ороишӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию кимиёвии ҷинсҳои кӯҳӣ, ташкилаҳо ва конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
- усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ - тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки мутобиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;
- ташкилаҳои минералии техногенӣ - ҷамъшавии ташкилаҳои канданиҳои фоиданоки дар сатҳи замин дар натиҷаи истихроҷ ё коркарди канданиҳои фоиданок, ки дар шакли партовҳои саноатии истихроҷ, коркард ва металлургӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- роялти барои истихроҷ - андозе, ки истифодабарандаи захираҳои табиӣ аз рӯи ҳар намуди канданиҳои фоиданоки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда, новобаста ба он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд, алоҳида месупорад.
4. Ғайрирезидент метавонад истифодабарии захираҳои табииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории Ҷумуҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба амал барорад.
5. Шахсони зерин супорандаи андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ намебошанд:
- шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ аз қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда, агар чунин канданиҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва муассисаҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ ва беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ истихроҷ менамоянд;
- истифодабарандагони захираҳои табиӣ, ки дар як вақт бо захираҳои табиии дигар обҳои зеризаминиро истихроҷ менамоянд, аммо ин обҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин баргашта ба зери замин ворид карда мешаванд;
- шахсоне, ки обҳои зеризаминии заҳбуриро (заҳкаширо), ки ба тавозуни давлатии канданиҳои фоиданок дохил намебошанд, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминӣ истихроҷ менамоянд;
- шахсоне, ки обҳои заминҳои ботлоқшударо истихроҷ менамоянд;
- шахсони воқеие, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ машғуланд ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро риоя менамоянд.
6. Андозҳо барои захираҳои табиӣ барои мақсадҳои андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ аз даромади умумӣ тарҳ карда мешаванд.
7. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо барои захираҳои табиӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳои андоз (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
8. Пардохти андозҳо аз тарафи истифодабарандагони захираҳои табиӣ истифодабарандагони захираҳои табииро аз пардохти андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, инчунин аз иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои анҷоми намудҳои дигари фаъолият (ки бо истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд нестанд) мутобиқи қонунгузории андози дар санаи ба миён омадани чунин уҳдадориҳо (бо истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд набуда) амалкунанда озод наменамояд.
Моддаи 298. Муқаррар намудани низоми андоз дар шартномаҳо оид ба истифодабарии захираҳои табиӣ
1. Шартҳои пардохти андозҳо аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ (минбаъд дар фасли мазкур - низоми андозбандӣ), ки барои ҳар истифодабарандаи захираҳои табиӣ мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд, дар шартномаи истифодабарии захираҳои табиии (минбаъд дар фасли мазкур - шартнома) байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар фасли мазкурмақоми салоҳиятдор) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда муайян карда мешаванд.
2. Шартнома байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақоми салоҳиятдор, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад, дар муҳлати на дертар аз 3 моҳи тақвимии пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) ба имзо расонда мешавад.
3. Истифодабарии захираҳои табиӣ бе иҷозатнома (иҷозат) ва бе шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ манъ аст.
4. Ҳангоми бе иҷозатнома ва бе бастани шартнома истифода гардидани захираҳои табиӣ, андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) барои тамоми давраи чунин фаъолият дар ҳаҷми меъёри дукаратаи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешаванд ва чунин шахс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
5. Низоми андозе, ки дар шартнома муқаррар карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи баимзорасонии шартнома мутобиқат намояд.
6. Ворид намудани муқаррарот (талабот) оид ба пардохти андозҳо барои захираҳои табиӣ ба иҷозатномаҳо ва санадҳои дигаре, ки ба истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд мебошанд, ба истиснои шартномаҳо оид ба истифодабарии захираҳои табиӣ, манъ аст.
7. Дар ҳолатҳое, ки захираҳои табиӣ дар асоси як шартнома аз ҷониби якчанд андозсупоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд, низоми андозбандии дар чунин шартнома муқарраршуда барои ҳамаи истифодабарандагони захираҳои табиӣ (андозсупорандагон), ки дар шартнома дарҷ шудаанд, ягона мебошад. Бо мақсадҳои андозбандӣ фаъолияти дар доираи чунин шартнома иҷрошавандаи андозсупорандагон ҳамчун фаъолияти як андозсупоранда дониста шуда, онҳо уҳдадор мебошанд, ки баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд ва ҳамаи андозҳои барои истифодабарии захираҳои табиӣ дар шартнома муқарраршударо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
8. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ уҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаро барои ҳисоб кардани уҳдадориҳои андозӣ мутобиқи низоми андозбандии пешбининамудаи шартнома ва ҳисоб кардани уҳдадориҳои андозӣ оид ба фаъолияте, ки аз доираи чунин шартнома берун аст (аз ҷумла бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманднабуда), амалӣ намояд.
9. Муқаррароти қисми 7 ҳамин модда дар мавриди баҳисобгирии алоҳида дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ дар баробари фаъолият тибқи шартномаи истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ фаъолиятеро анҷом медиҳанд, ки аз доираи чунин шартномаҳо берун аст (ба истифодаи захираҳои табиӣ вобаста нест), татбиқ намегарданд.
10. Дар ҳолати аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ бе ворид намудани тағйирот ба шартнома коркард гардидани канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва канданиҳои дигар, ки дар шартнома пешбинӣ нашудаанд, андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) мутобиқи муқаррароти боби мазкур бо меъёри дукарата ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
§2. Бонуси обунавӣ
Моддаи 299. Андозсупорандагон
Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мегардад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табииро дар асоси музокироти мустақим ва (ё) иҷозатномаро (иҷозат) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ё барои омӯзиши геологӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
Моддаи 300. Андозаи бонуси обунавӣ
Андозаи бонуси обунавӣ мутобиқи қоидаҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 301. Муҳлати пардохти бонуси обунавӣ
1. Маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи захираҳои табиӣ дар муҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад:
а) барои канданиҳои фоиданоки маъмул ва канданиҳои фоиданок (ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт, нафт, конденсати газ ва гази табиӣ фаъолият менамоянд):
- сӣ фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи захираҳои табиӣ;
- ҳафтод фоизи маблағи боқимондаи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи оғоз намудани корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар давоми 1 (як) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ. Дар ҳолатҳои алоҳида барои конҳои ҷудогонаи канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳиссаҳои баробарро барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ дар давоми 2 (ду) сол муқаррар намояд;
б) барои истихроҷи ангишт, нафт, конденсати газ ва гази табиӣ вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда:
- то 200000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 2 (ду) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 200000 то 500000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 4 (чор) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 500000 то 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 6 (шаш) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 1 миллион то 5 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар муҳлати 10 (даҳ) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- зиёда аз 5 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар муҳлати 20 (бист) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ.
2. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ метавонад маблағи пурраи ҳисобшудаи бонуси обунавиро, новобаста ба муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, якбора пардохт намояд.
3. Бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ, ки барои омӯзиши геологӣ иҷозатнома (иҷозат) гирифтаанд, дар муҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад:
- панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ барои омӯзиши геологӣ;
- панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршудаи боқимонда на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи эътибор пайдо кардани шартнома дар бораи омӯзиши геологӣ.
4. Бонуси обунавӣ барои канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
5. Доир ба конҳои ҷудогонаи канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муҳлати дигари пардохти бонуси обунавиро муқаррар намояд.
Моддаи 302. Эъломияи андоз
Эъломияи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар муҳлати пардохти якум пешниҳод карда шуда, ба варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда дар муҳлатҳое, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудаанд, ворид карда мешавад.
§3. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 303. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагони бонуси кашфи тиҷоратӣ ин истифодабарандагони захираҳои табиие мебошанд, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар бораи кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти истифодабарии захираҳои табиӣ дар доираи иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабарии захираҳои табиӣ гирифташуда муроҷиат намудаанд.
2. Бонуси кашфи тиҷоратиро истифодабарандагони захираҳои табиӣ дар асоси иҷозатномаҳои (иҷозатҳои) зерин пардохт менамоянд:
1) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳолатҳои зерин:
а) барои ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавие, ки қаблан аз ҷониби ҳамин истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар ҳудуди дахлдор дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои иктишоф эълон шудааст;
б) барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданоки қаблан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология муқарраршуда мегардад;
в) барои ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки дигар дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳои захираҳои истихроҷшавандае, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология тасдиқ шудаанд;
2) барои иктишоф ва истихроҷи якҷоя нисбат ба ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавӣ, аз ҷумла барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии захираҳои канданиҳои фоиданоки истихроҷшавандаи қаблан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология муқарраршуда мегардад.
3. Дар доираи иҷозатномаҳо (иҷозатҳо) барои гузаронидани корҳои иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, ки истихроҷи минбаъдаи онҳоро пешбинӣ наменамоянд, бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохт карда намешавад.
Моддаи 304. Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ
Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мутобиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 305. Муҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ
1. Маблағи бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ на дертар аз санаи 15-уми ҳар се моҳи минбаъда пас аз моҳе, ки ба андозсупоранда иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дода шудааст, бо маблағи маҷмӯии на камтар аз 30 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоиз ба буҷет пардохт карда мешавад.
2. Бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда аз рӯи ҷойгиршавии кон ва дар муҳлати на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз моҳе, ки ба андозсупоранда иҷозатнома (иҷозат) дода шудааст, пардохт карда мешавад.
Моддаи 306. Эъломияи андоз
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар муҳлати пардохти якум, ки дар моддаи 305 Кодекси мазкур барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад ва ба варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда дар муҳлатҳое, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, ворид карда мешавад.
§4. Роялти барои истихроҷ
Моддаи 307. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои истихроҷ истифодабарандагони захираҳои табиие мебошанд, ки дар доираи иҷозатномаҳо (иҷозат) барои истифодабарии захираҳои табиӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданок аз ташкилаҳои минералии техногенӣ;
- коркарди канданиҳои фоиданок ва аз таркиби онҳо гирифтани ҷузъҳои фоиданок.
Моддаи 308. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандии роялти барои истихроҷ (минбаъд - роялти) ҳаҷми зерини канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда, аз ҷумла ҳаҷми канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшудаи бо роҳи технологӣ ҷудогардида (минбаъд - ҳамроҳ истихроҷшуда), мебошанд:
- аз конҳо ё қитъаҳои алоҳидаи захираҳои табиии ба андозсупоранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда истихроҷшуда;
- аз партовҳо (талафот) истихроҷшаванда, бо назардошти ҷудокунии технологӣ, агар чунин истихроҷ гирифтани иҷозатномаи (иҷозати) алоҳидаро талаб намояд.
2. Объекти роялти аз рӯи ҳар намуди кандании фоиданоки истихроҷшуда алоҳида муқаррар карда мешавад.
3. Объектҳои андозбандӣ барои роялти инҳо мебошанд:
- ҳаҷми канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда (аз ҷумла бо роҳи технологӣ ҷудогардидаи канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшуда);
- ҷузъҳои муфиди аз канданиҳои фоиданок, ашёи хоми минералӣ ва ташкилаҳои минералии техногенӣ ташаккулёфта;
- карбогидридҳои истихроҷшуда, ки коркарди аввалияи тиҷоратиро гузаштаанд, аз ҷумла канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшуда ва ҷузъҳои фоиданоки онҳо;
- ҷузъҳои фоиданок, ки дар ҷараёни коркарди карбогидридҳо ба даст омадаанд ва ҳамчун маҳсулоти тайёр ҳангоми истихроҷ ва коркарди қаблӣ дар таркиби канданиҳои фоиданоки коркардшаванда андозбандӣ нашудаанд;
- металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда, аз ҷумла аз ташкилаҳои минералии техногенӣ;
- обҳои зеризаминие, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, аз ҷумла аз коркарди аввалия гузашта;
- канданиҳои фоиданоки дигар, аз ҷумла ашёи хоми минералии аз коркарди аввалия гузашта.
Моддаи 309. Манбаи андоз
1. Манбаи андози роялти арзиши ҳаҷми канданиҳои истихроҷшуда, аз ҷумла ҳамроҳ истихроҷшуда мебошад, ки бо нархи миёнаи таҳвил дар давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст, агар дар ин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Нархи миёнаи таҳвил дар давраи ҳисоботӣ барои ҳар намуди кандании фоиданоки истихроҷшуда алоҳида бо роҳи тақсим намудани маблағи фурӯш бо пули миллӣ (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) ба ҳаҷми фурӯш бо ифодаи ҷисмонӣ муайян карда мешавад. Дар сурати ба фурӯш нарафтани канданиҳои фоиданок дар давраи ҳисоботӣ манбаи андоз дар асоси нархи миёнаи таҳвили канданиҳои фоиданок дар давраи ҳисоботии охир, ки фурӯш дар он сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.
3. Дар сурати пурра мавҷуд набудани таҳвили канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ва пурра барои эҳтиёҷоти худи андозсупоранда истифода намудани онҳо, арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷшуда дар асоси арзиши аслии воқеии истихроҷ ва (ё) коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ), ки ба ин канданиҳои фоиданок тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ рост меояд, 20 фоиз зиёд карда шуда, муайян карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳое, ки як қисми канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда фурӯхта шуда, қисми дигари кандании фоиданок барои эҳтиёҷоти худӣ истифода мешавад, манбаи андози кандании фоиданок дар асоси нархи миёнаи фурӯши ин кандании фоиданок барои тамоми ҳаҷми кандании фоиданоки истихроҷшуда ҳисоб карда мешавад.
5. Манбаи андози роялти аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ мустақилона, бо назардошти ҷудокунии технологӣ нисбат ба ҳар як кандании фоиданоки истихроҷшуда, аз ҷумла ҷузъҳои фоиданоки ҳамроҳ, ки ҳангоми истихроҷи кандании фоиданоки асосӣ истихроҷ карда шудаанд, муайян карда мешаванд.
6. Манбаи андоз барои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок, ба истиснои металлҳои қиматбаҳо, инчунин сангҳои қиматбаҳо, ҳамчун миқдори канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда бо ифодаи аслӣ муайян карда мешавад.
7. Манбаи андози металлҳои қиматбаҳо дар шакли софи кимиёвӣ бо ифодаи ибтидоӣ дар миқдори канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда муайян карда мешавад.
8. Манбаи андоз барои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо аз конҳои қишрӣ, пошхӯрда ва техногенӣ аз рӯи миқдори канданиҳои фоиданоки баъд аз ҷудокунии аввалия ва баҳодиҳии ибтидоии сангҳои коркарднашуда бадастомада муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат сангҳои қиматбаҳои нодир алоҳида ҳисоб карда шуда, барои онҳо манбаи андози роялти алоҳида муайян карда мешавад. Баҳодиҳии арзиши сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда дар асоси баҳодиҳии ибтидоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо анҷом дода мешавад.
9. Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва металлҳои дигари дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин металлҳо, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ва ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.
10. Арзиши навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданоки маъмули дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар асоси нархи миёнаи баҳодиҳии фондҳои асосии сохтмонии муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон муайян карда мешавад.
11. Агар дар қисмҳои дигари ҳамин модда муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошанд, арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳамроҳ истихроҷшуда, дар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин канданиҳои фоиданок, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи андоз ташаккул ёфтааст, ё бо тартиби дигари аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршаванда муайян карда мешавад.
Моддаи 310. Меъёрҳои роялти барои истихроҷ
1. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
2. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ аз рӯи категорияҳои обҳои зеризаминӣ тибқи ҷадвали овардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
Эзоҳ: Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 309 Кодекси мазкур манбаи ҳисоб намудани андози роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ барои ба зарфҳо рехтан (бо роҳи коркарди саноатӣ) аз ҳисоби арзиши аслии маҳсулоти молии якум ҳисоб карда мешавад.
3. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба истиснои онҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикр гардидаанд, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
4. Андозаи роялти барои истихроҷи ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок, ки бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун ҳосили зарби арзиши (ҳаҷми) ҳар намуди канданиҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар давраи андоз ба меъёрҳои дахлдори роялти муайян карда мешавад.
5. Субъектҳое, ки захираҳои табииро дар истеҳсолот, сохтмон ва фурӯш истифода намудаанд, аммо оид ба хариди онҳо ҳуҷҷат надоранд ва ё ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаашон асоснок намебошанд, вобаста ба чунин захираҳои табиӣ андози роялтиро бо меъёри дукаратае, ки дар ҳамин модда муайян шудааст, ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамоянд.
Моддаи 311. Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли натуралӣ
1. Дар ҳолати ба имзо расонидани шартномаи иловагӣ байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав дар бораи пардохти роялти дар шакли натуралӣ чунин пардохт дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад.
2. Арзиши дар шакли натуралӣ пардохтшавандаи роялти бояд ба маблағи пулии пардохти андози мазкур баробар бошад.
3. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва қабулкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон оид ба супоридани роялтӣ дар шакли натуралӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.
4. Қабулкунанда барои сари вақт ва пурра ба буҷет гузаронидани маблағҳои пулии пардохти роялти барои истихроҷ (тибқи ҳисобҳои истифодабарандаи захираҳои табиӣ), инчунин барои маҳсулоти қабулкардааш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Моддаи 312. Давраи андоз, тартиби пешниҳоди эъломия ва пардохти роялти барои истихроҷ
1. Давраи андоз (ҳисоботӣ) барои муайян ва пардохт намудани роялти барои истихроҷ моҳи тақвимӣ мебошад.
2. Эъломияи (ҳисоби) роялти барои истихроҷ аз рӯи шакл ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ то санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботии андоз ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон, пешниҳод карда мешавад.
3. Роялти барои истихроҷи тамоми намудҳои канданиҳои фоиданок на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.
§5. Роялти барои об
Моддаи 313. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин бобандозсупорандагон) шахсоне эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли неруи барқ истифода мебаранд.
Моддаи 314. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ эътироф мешаванд.
Моддаи 315. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз ҳамчун миқдори неруи барқи дар давраи ҳисоботӣ истеҳсолшуда бе назардошти талаф ҳангоми интиқоли (таҳвили) минбаъдаи он муайян карда мешавад.
2. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар объекти об алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 316. Озодкунӣ
Объектҳои дорои иқтидори истеҳсолии то 1000 киловатт неруи барқ аз ҳисоб ва пардохти роялти барои об озод карда мешаванд.
Моддаи 317. Давраи андоз
Давраи андози роялти барои об моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
Моддаи 318. Меъёри андоз
Меъёри роялти барои об барои ҳар 1000 киловатт/соат неруи барқи истеҳсолшуда ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 319. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани роялти барои об
1. Маблағи роялти барои об аз рӯи натиҷаи ҳар давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи роялти барои об ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пардохт карда мешавад.
Моддаи 320. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии он на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пешниҳод карда мешавад.
§6. Рентаи содиротӣ
Моддаи 321. Андозсупорандагон
Супорандагони рентаи содиротӣ шахсоне мебошанд, ки консентрати металлҳои қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ, ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта, пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, пилла, риштаи абрешимӣ, пашм ва пӯстро (минбаъд дар параграфи мазкур - мол) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот менамоянд.
Моддаи 322. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандии рентаи содиротӣ ҳаҷми моли аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиротнамудаи андозсупоранада дониста мешавад. Барои мақсадҳои ҳамин боб таҳти мафҳуми содирот амалиётҳои зерин дониста мешаванд:
- таҳти низоми гумрукии "Содирот" берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молҳо;
- ба фурӯш баровардани молҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии "Коркард" содиротшуда.
Моддаи 323. Манбаи андоз
1. Манбаи андози рентаи содиротӣ дар давраи ҳисоботӣ арзише мебошад, ки дар асоси нархи миёнаи таҳвили (содироти) молҳо дар лаҳзаи содирот, ки дар шартномаҳои содиротӣ нишон дода шудааст, вале на камтар аз нархи миёнаи таҳвили мол, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад. Дар ҳолати дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар муайян нашудани нарх, манбаи андози рентаи содиротӣ дар асоси нархҳои бозорӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар намуди объектҳои андозбандӣ алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 324. Давраи андоз
Давраи андоз барои рентаи содиротӣ моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
Моддаи 325. Меъёри андоз
Меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи зерин аз манбаи андоз муқаррар карда мешавад:
- аз 1 январи соли 2023 - 2 фоиз;
- аз 1 январи соли 2025 - 4 фоиз;
- аз 1 июни соли 2025 - 8 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ - 4 фоиз (Қонуни ҶТ аз 14.05.2025 № 2168)
- аз 1 январи соли 2027 - 10 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ – 6 фоиз) (Қонуни ҶТ аз 14.05.2025 № 2168).
Моддаи 326. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани рентаи содиротӣ
1. Маблағи рентаи содиротӣ аз рӯи натиҷаи ҳар давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи рентаи содиротӣ ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пардохт карда мешавад.
3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар давоми се моҳи ҳисоботӣ ҳисоботҳои андозиро пешниҳод накардаанд, маблағи рентаи содиротӣ аз рӯйи меъёри дар қисми 4 моддаи 37 Кодекси мазкур муқарраршуда ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
Моддаи 327. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии он дар муҳлати на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пешниҳод карда мешавад.
ФАСЛИ XI. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ