АНДОЗҲО АЗ МОЛУ МУЛК | 1994

  Моддаи 342. Муқаррароти умумӣ
1. Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳудуди худ андозҳои маҳаллиро, ки дар моддаи 24 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, муқаррар менамоянд.
2. Нисбат ба андозҳои маҳаллӣ муқаррароти қисми умумии Кодекси мазкур амалӣ мегардад.
3. Қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба андозҳои маҳаллӣ бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд ва дар нашрияҳои даврии дастрасии омма дар ҳудуди дахлдор расман интишор карда шаванд.
  Моддаи 343. Муқаррароти асосӣ ва давраи андоз
1. Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- молу мулк - қитъаҳои замин, молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт;
- молу мулки ғайриманқул (минбаъд - объектҳои ғайриманқул) - биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, объектҳои сохтмонии нотамом, иморатҳо, аз ҷумла бӯстонсаройҳо, гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво, биноҳои дигари ёридиҳанда ва молу мулки дигаре, ки ҷойивазкунии онҳо бе расонидани зарари моддӣ ғайриимкон аст;
- қитъаҳои замин - заминҳое, ки тибқи қонунгузорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё бе онҳо барои истифода дода шудаанд ё амалан истифода мешаванд;
- воситаҳои нақлиёт - нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва обӣ.
2. Дар боби мазкур андозҳои зерин аз молу мулк муқаррар карда мешаванд:
- андоз аз объектҳои ғайриманқул;
- андози замин;
- андоз аз воситаҳои нақлиёт.
3. Давраи андоз барои андозҳо аз молу мулк соли тақвимӣ мебошад.
  §1. Андоз аз объектҳои ғайриманқул
  Моддаи 344. Андозсупорандагон
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибмулкони объектҳои ғайриманқул ё шахсоне, ки объекти ғайриманқулро истифода мебаранд, супорандагони андоз аз объекти ғайриманқул дониста мешаванд.
  Моддаи 345. Объекти андозбандӣ
1. Объектҳои андозбандӣ - биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, объектҳои сохтмонии нотамом (аз лаҳзаи зиндагонӣ кардан ё истифода бурдан), иморатҳо, аз ҷумла пентхаус (масоҳати истиқоматӣ (квартира, иморат) дар бом ё минтақаи алоҳидаи қабати болоии бино), бӯстонсаройҳо, гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво, биноҳои дигари ёридиҳанда ва молу мулки дигаре, ки ҷойивазкунии онҳо бе расонидани зарари моддӣ ғайриимкон аст.
2. Дар боби мазкур бо мақсади андозбандӣ ба объектҳои андозбандӣ, инчунин контейнерҳо, систернаҳо, дӯконҳо, шипангҳо, вагонҳо дохил мешаванд, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, дар давоми на камтар аз 3 моҳ дар ҳар соли тақвимӣ дар маҳалли амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бе ҳаракат ҷойгир карда шудаанд.
  Моддаи 346. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти андозбандӣ ва барои биноҳои бисёрошёна масоҳати ҳар ошёнаи чунин бино дар алоҳидагӣ дониста мешавад.
2. Барои биноҳои ёрирасони шахсони воқеӣ, аз ҷумла гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво ва биноҳои дигари ёридиҳанда, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи чунин биноҳо дониста мешавад.
3. Масоҳати таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, ба манбаи андоз дохил намегарданд. Дар ҳолати дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шудани чунин объектҳо манбаи андозбандии таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо дониста мешавад.
4. Масоҳати объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои техникӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари расмии дахлдор муайян карда мешавад.
5. Дар ҳолати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин имконнопазир будани ченкунии берунии объекти ғайриманқул, масоҳати чунин объект аз ҷониби мақомоти андоз бо иштироки андозсупоранда аз рӯи масоҳати умумии муфиди дохилии объект бо замми коэффисиенти 1,25 зарбшуда муайян карда мешавад.
  Моддаи 347. Имтиёзҳо
1. Объектҳои ғайриманқули зерин андозбандӣ карда намешаванд:
- объектҳои ғайриманқули муассисаҳои давлатӣ, ки бевосита барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии онҳо истифода мешаванд ва фаъолияти онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мегардад;
- объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандагони ордени "Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ордени "Зарринтоҷ", ордени "Исмоили Сомонӣ", иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ба қайд гирифта шудаанд;
- объектҳои ғайриманқули нафақагирони яккаю танҳо, ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо кӯдакони ноболиғ ё кӯдаки маъюб дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд;
- объектҳои ғайриманқули оилаҳои серфарзанд, ки падар ё модар ё ҳар ду вафот кардаанд ва дар онҳо панҷ ва зиёда аз он кӯдакони то 16-сола истиқомат доранд;
- объектҳои ғайриманқули падару модар, ҳамсар (бевамард ва ё бевазан) ва фарзандони то 16-солаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ фавтидаанд;
- объектҳои ғайриманқули иттиҳодияҳои динӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд;
- масоҳати объектҳои ғайриманқули давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода шуда, иҷорапулии онҳо дар ҳаҷми пурра ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад;
- гармхонаҳои мавсимии наздиҳавлигӣ;
- объектҳои ғайриманқули субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон;
- объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъбони гурӯҳҳои I ва II ташкил медиҳанд, нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Имтиёзҳои дар сархатҳои сеюм-панҷуми қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда дар асоси шаҳодатномаи нафақа, шаҳодатномаи мукофоти давлатӣ, маълумотномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба шумораи фарзандон, маълумотнома дар бораи фавти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ татбиқ карда мешаванд.
  Моддаи 348. Меъёри андоз
1. Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул, вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объектҳои ғайриманқул ва мақсади истифодабарии онҳо бо фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд:
- то 90 метри мураббаъ - 3 фоиз;
- аз 90 то 200 метри мураббаъ - 4 фоиз;
- зиёда аз 200 метри мураббаъ - 6 фоиз;
2) барои объектҳои ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, намудҳои дигари хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд:
- то 250 метри мураббаъ - 12 фоиз;
- аз 250 то 500 метри мураббаъ - 15 фоиз;
- зиёда аз 500 метри мураббаъ - 18 фоиз;
3) барои объектҳои ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолият истифода мешаванд:
- то 200 метри мураббаъ - 9 фоиз;
- аз 200 то 500 метри мураббаъ - 12 фоиз;
- зиёда аз 500 метри мураббаъ - 15 фоиз;
4) барои объектҳои ғайриманқуле, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷойгир мебошанд, меъёрҳои дар бандҳои 2) ва 3) муайяншуда ба андозаи дукарата истифода карда мешавад.
2. Коэффитсиентҳои зерини минтақавӣ андозаи пардохти андоз аз объектҳои ғайриманқулро ба танзим медароранд:
3. Барои объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгир мебошанд ва бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, меъёрҳои андоз ба андозаи дукаратаи меъёрҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
  §2. Андози замин
  Моддаи 349. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагони андози замин шахсони зерин мебошанд:
- заминистифодабарандагоне, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва меросии якумра дода шудаанд;
- заминистифодабарандагоне, ки воқеан қитъаҳои заминро истифода мебаранд, ба истиснои ифодабарандагони низоми ягонаи кишоварзӣ;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекунанд.
2. Дар ҳолати ба иҷора додани қитъаи замин иҷорадиҳанда супорандаи андози замин дониста мешавад.
3. Андозсупоранда бо риояи муқаррароти бобҳои 52-53 Кодекси мазкур ва сипарӣ шудани 36 моҳи тақвимӣ метавонад аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ гузарад.
  Моддаи 350. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандии андози замин қитъаҳои заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти сифат, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаҳои замине мебошанд, ки мансубияти онҳоро қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Объекти андозбандии андози замин мутобиқи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муайян карда мешавад.
3. Бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, асос барои муайян намудани андози замин ҳуҷҷатҳои заминистифодабаранда ва минтақаи кадастрии қитъаи замин мебошад.
4. Маблағи андози замин, новобаста ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории заминистифодабаранда, барои воҳиди масоҳати замин дар шакли пардохтҳои устувор барои як сол муқаррар карда мешавад.
  Моддаи 351. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз барои ҳисоб намудани андози замин масоҳати қитъаи замини дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин зикргардида ё масоҳати қитъаи замине, ки заминистифодабаранда амалан истифода мебарад (дар ихтиёр дорад), ба истиснои замини аз пардохти андоз озодшуда, мебошад.
2. Ба масоҳати андозбандишаванда заминҳои вобасташуда аз ҷумла заминҳои зери биноҳо, иншоот, объектҳои минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ, минтақаҳои техникӣ ва қитъаҳои замини дигаре, ки барои нигоҳдории бинову иншоот заруранд, дохил мешаванд.
3. Барои воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ манбаи андоз масоҳати қитъаи замине мебошад, ки ба чунин воҳиди алоҳида (филиал ё намояндагӣ) дар ҳудуди марзи маъмурии дахлдор вобаста шудааст.
  Моддаи 352. Меъёрҳои андози замин
1. Меъёрҳои андоз барои як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои андози замин ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия карда мешаванд. Меъёрҳои индексатсияшудаи андози замин барои соли тақвимӣ дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
3. Заминҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо) истифода карда мешаванд, бо тартиби зерин андозбандӣ мегарданд:
1) масоҳати ҳар қитъаи замине, ки ба заминистифодабаранда мутобиқи ҳуҷҷати тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, тибқи зербандҳои а) ва б) банди 2 ҳамин қисм андозбандӣ мегардад;
2) маблағи андози замин вобаста ба масоҳати қитъаи замин ва мақсади истифодабарии он бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:
а) барои қитъаҳои замине, ки бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ, бӯстонсарой ва қитъаҳои дигари замини ёрирасони шахсӣ истифода мегарданд (ба истиснои заминҳои барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда), аз ҷумла заминҳои зери биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда ва биноҳои ёрирасони онҳо (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143):
- то 0,12 гектар дар заминҳои обӣ ва то 0,15 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) - тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
- аз 0,12 гектар то 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва аз 0,15 то 0,25 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) - бо меъёри дукаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якум зикргардида;
- зиёда аз 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) зиёда аз 0,25 гектар - бо меъёри секаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якум муқарраргардида;
- заминҳои дигари шахсони воқеӣ, ба истиснои сархатҳои якум-сеюми зербанди а) ва зербанди б) банди 2) - бо меъёри яккарата (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
б) барои заминҳои бо мақсади амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, ба истиснои соҳибкорони инфиродии тибқи низоми содакардашуда барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияткунанда, бо андозаи панҷкаратаи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
4. Нисбат ба заминҳое, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ истифода карда мешаванд, ба истиснои заминҳое, ки нисбат ба онҳо андози ягонаи кишоварзӣ ҳисоб карда мешавад, андозаи панҷкаратаи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
  Моддаи 353. Озодкунӣ аз андози замин
1. Аз пардохти андози замин ҳудудҳо ва заминҳои зерин озод мебошанд:
- ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ, ки номгӯй ва масоҳати ҳудудҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
- заминҳои муассисаҳои давлатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти оинномавии (низомномавии) чунин муассисаҳо истифода мегарданд, ба истиснои заминҳои чунин муассисаҳо, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ дода (истифода) шудаанд;
- заминҳое, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншуда эътироф шудаанд, инчунин заминҳое, ки тибқи хулосаи расмии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба муҳлати 5 сол баъд аз гирифтани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;
- заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тӯли сарҳади давлатӣ қарор дошта, бо мақсадҳои дигар истифода намешаванд;
- заминҳои истифодаи умумии маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагии коммуналӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, қабристонҳо, агар дар чунин заминҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода нашавад;
- заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярчҳо, дарёҳо ва кӯлҳо воқеъ мебошанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он;
- заминҳои таҳти роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳи оҳан, инчунин заминҳои таҳти объектҳои давлатии интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти обии давлатӣ қарордошта, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- заминҳое, ки барои таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунии онҳо ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замине, ки барои сохтмони манзил ба шахсони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 347 Кодекси мазкур зикршуда ҷудо гардидаанд;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки ба муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ барои зисти доимӣ аз як ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ноҳияҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, ба муҳлати 3 сол баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо карда шудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;
- масоҳати заминҳое, ки бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда ба ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки номгӯй ва истифодабарандагони онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҷудо гардидаанд, агар чунин масоҳатҳо бо мақсади соҳибкорӣ истифода нагарданд;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил барои ҳамаи гурӯҳи маъюбон (ба истиснои маъюбони гурӯҳҳои I ва II) дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замин ҷудо шудаанд, агар дар чунин оилаҳо шахси ғайри қобили меҳнат бошад ва шахси маъюб эътирофшуда бе ҷои кор бошад;
- замини чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва заминҳои дигар, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода карда мешаванд, ба муҳлати 5 сол аз соли оғози бунёди боғҳо ва токзорҳо, агар чунин заминҳо қаблан барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашуда бошанд;
- қитъаҳои замини ба субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон вобастагардида (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Барои истифодаи имтиёзҳои андозии дар ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин ҳуҷҷатҳои дахлдори муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаро пешниҳод намояд.
  Моддаи 354. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул
1. Ҳисоб намудани андоз аз андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул бо роҳи зарб намудани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар объекти андозбандӣ дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад.
2. Андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандиро гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.
3. Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул барои моҳҳои воқеан истифодашудаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ, аз ҷумла моҳи қатъ гардидани ҳуқуқҳои дар боло зикргардида, ҳисоб карда мешавад.
4. Ҳангоми дар давоми соли тақвимӣ аз як категорияи замин (маҳалли аҳолинишин) ба категорияи дигар гузаронидани заминҳо (маҳалли аҳолинишин) андози замин барои соли ҷорӣ аз ҷониби андозсупорандагон мутобиқи меъёрҳои қаблан барои чунин заминҳои маҳалли аҳолинишин (гурӯҳи заминҳо) муқарраргардида ва дар соли минбаъда мутобиқи меъёрҳои барои категорияи нави заминҳо (маҳалли аҳолинишин) муқарраргардида пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Ҳангоми аз як ҳудуди марзию маъмурӣ ба ҳудуди дигар гузаштани маҳалли аҳолинишин меъёри нави андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз 1-уми январи соли минбаъдае, ки дар он тағйирёбии ҳудудӣ ба миён омадааст, истифода карда мешаванд.
  Моддаи 355. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз
1. Ҳисоби маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки бояд барои соли ҳисоботӣ пардохт карда шаванд, дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори соҳавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Дар ҳолати дастрас гардидани маълумоти иловагӣ аз мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок) мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намуда, ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд. Шакли ҳисобот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
3. Ҳисобкунии маблағҳои андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқули шахсони воқеӣ, ки онро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори соҳавӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз анҷом дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
4. Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба маблағҳои андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул ба андозсупоранда нарасида бошад, чунин шахс уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии молу мулк муроҷиат намуда, ҳисобҳои андозҳоро гирад ва мустақилона маблағҳои андозҳоро дар муҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт намояд.
5. Андозсупорандагон уҳдадоранд маълумоти заруриро оид ба объектҳои нави андозбандии марбут ба қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқули аз нав ҷудокардашуда (ба даст овардашуда, гирифташуда, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ (ба даст овардан, гирифтан, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
  Моддаи 356. Муҳлати пардохт
1. Маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул барои соли ҳисоботӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи дуюми ҳар семоҳа ба андозаи аз чор як ҳиссаи маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад.
2. Андозсупоранда метавонад маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқулро пеш аз муҳлат пурра пардохт намояд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст пардохтҳои андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқулро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда анҷом диҳад. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда пардохт нагардидани андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул аз ҷониби мақомоти андоз барои батаъхиргузории муҳлати пардохт фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
4. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул, инчунин шаклҳои эъломия (ҳисобот) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
5. Назорати пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
  § 3. Андоз аз воситаҳои нақлиёт
  Моддаи 357. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз воситаҳои нақлиёт шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва (ё) истифодабарандаи воситаҳои нақлиёти дорои объекти андозбандӣ дониста мешаванд.
  Моддаи 358. Объекти андозбандӣ
1. Объектҳои андозбандӣ автомобилҳо, мотосиклҳо, мотороллерҳо, автобусҳо ва механизмҳои дигари худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, локомотивҳои роҳи оҳан, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбонӣ, заврақҳо, барфгардҳо, чанаҳои муҳаррикдор, обгардҳои муҳаррикдор ва воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоии дигар (минбаъд дар ин боб - воситаҳои нақлиёт) мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Бақайдгирии объектҳои андозбандӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти ваколатдори соҳаҳои нақлиёт, мудофиа, кишоварзӣ ва (ё) мақомоти дигари давлатӣ (минбаъд дар ин бобмақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаи нақлиёт) анҷом дода мешавад.
3. Новобаста ба корношоямии воситаи нақлиёт ва бо сабабҳои гуногун истифода нагардидани он, инчунин дар қайди давлатӣ набудани воситаи нақлиёт, андозсупоранда уҳдадор аст андоз аз воситаҳои нақлиётро пардохт намояд.
4. Воситаи нақлиёт объекти андозбандӣ дониста намешавад, агар он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ ва аз ҳисоб бароварда шуда бошад.
5. Мақомоти ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида уҳдадоранд на камтар аз як маротиба дар 3 соли тақвимӣ барӯйхатгирии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд ва тариқи электронӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот ирсол намоянд.
  Моддаи 359. Манбаи андоз
Манбаи андоз аз воситаҳои нақлиёт иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ё воҳиди истифодаи қувваи барқ ё килограмм-фишори муҳаррики реактивӣ ифода меёбад.
  Моддаи 360. Меъёрҳои андоз
1. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт вобаста ба иқтидори муҳаррик, фишори муҳаррики реактивӣ, номгӯй, ҷои нишаст, иқтидори борбардорӣ, соҳаи фаъолият бо ҳисоби як қувваи аспи иқтидори муҳаррик, як кВт/соат қувваи барқи иқтидори муҳаррик ва як килограмм - фишори муҳаррики реактивӣ, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
ҷадвал дар таҳрири нав қабул шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2160)
 
Номи  объектҳои  андозбандӣ
Меъёри андоз
бо фоиз нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Мотосикл ва мотороллерҳо (барои ҳар як қувваи асп)
2,5 
Автомобилҳои сабукрав (барои ҳар як қувваи асп):
- то 250 қувваи асп;
- аз 250 то 350 қувваи асп;
- зиёда аз 350 қувваи асп
 
 
12
15
20
Автобусҳо
15
Автомобилҳои боркаш (иқтидори  борбардориашон то 40 тонна)(барои  ҳар як қувваи асп);
автомобилҳои боркаш (иқтидори  борбардориашон зиёда аз 40 тонна) (барои ҳар як қувваи асп)
 
15
 
20 
Тракторҳо, воситаҳои нақлиёти  муҳаррикдор  барои сохтмон, механизмҳои  худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ба истиснои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда (барои ҳар як қувваи  асп)
4 
Барфгард, чанаҳои муҳаррикдор (барои ҳар як қувваи асп)
3,8
Заврақҳо, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбондор,  обгардҳои муҳаррикдорва воситаҳои нақлиёти  дигари обӣ (барои ҳар як қувваи асп)
15 
Локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда(барои ҳар як қувваи асп)
2
Ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва  воситаҳои  нақлиётидигари ҳавоӣ (барои ҳар як килограмм  фишори муҳаррики реактивӣ)
15
                             (Қонуни ҶТ аз 15.04.2025 № 2160)
Эзоҳ: Барои объектҳои андозбандие, ки иқтидори муҳаррики онҳо пурра бо қувваи барқ ифода ёфтааст, 50 фоизи меъёрҳои дар ҷадвал муқарраршуда барои ҳар 1 кВт соат истифода карда мешавад. Барои автомобилҳои дорои ҳам муҳарики дарунсӯз ва ҳам барқӣ андоз аз рӯи муҳарике, ки иқтидори баландтар дорад ва агар иқтидораш баробар бошад, аз рӯи иқтидори муҳарики дарунсӯз ҳисоб карда мешавад.
2. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт ҳамасола то 1 феврали соли тақвимӣ дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
  Моддаи 361. Озодкунӣ
Воситаҳои нақлиёти зерин аз андозбандӣ озод карда мешаванд:
- тракторҳо, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладарав, пахтачин ва махсус, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд;
- автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ истифода мебаранд;
- воситаҳои нақлиёти тиббии махсус;
- воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда;
- як автомобили сабукрави ба маъюби гурӯҳи I ё II тааллуқдошта;
- нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо);
- як автомобили сабукрав, новобаста ба иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ордени "Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ордени "Зарринтоҷ", ордени "Исмоили Сомонӣ", иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахси ба ӯ баробаркардашуда, иштирокчии дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, ҷанговари интернатсионалист, иштирокчии рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил мебошад;
- воситаҳои нақлиёти субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
  Моддаи 362. Тартиби пардохти андоз
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт ба буҷети дахлдори маҳалли бақайдгирии воситаи нақлиёт на дертар аз муҳлати гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт пардохт карда мешавад.
2. Дар ҳолати аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҳангоми хариду фурӯши он, андоз аз воситаҳои нақлиёт пардохт карда намешавад, агар соҳиби қаблии воситаи нақлиёт барои ин соли тақвимӣ андоз аз воситаҳои нақлиётро пардохт карда бошад.
3. Бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт танҳо баъд аз пардохти андоз барои соли андоз анҷом дода мешавад.
4. Ҳисоби маблағҳои андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти андози маҳалли бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт то 1-уми апрели соли ҷорӣ ташаккул дода шуда, дар ин хусус тавассути низоми иттилооти барномаҳои мақомоти андоз ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ огоҳинома ирсол карда мешавад. Шакли ҳисоб оид ба маблағи ҳисобшудаи андозро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
5. Дар ҳолати дастрас гардидани маълумоти иловагӣ мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт ва ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок) мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми иттилооти барномаҳои мақомоти андоз ворид намуда, ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд.
6. Мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт уҳдадоранд ҳар сол тариқи электронӣ то 1-уми апрел ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли тасдиқшуда маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- дар бораи соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёти ба қайди давлатӣ гузошташуда (ба ҳисоб гирифташуда) ба ҳолати 31-уми декабри соли ҳисоботӣ, бо назардошти иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт;
- дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёти аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ гузаронидашуда;
- дар бораи пардохти маблағи андоз дар соли ҳисоботӣ.
7. Назорати пардохти андозро мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаи нақлиёт амалӣ менамоянд.
8. Мақомоти андоз бо мақсади таъмини пардохти пурраи андоз аз воситаи нақлиёт ба шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз дар муҳлатҳои зерин огоҳинома мефиристад:
1) дар давоми даҳ рӯз пас аз омода гардидани ҳисобот аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз, ки бояд аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар давраи андоз пардохт карда шавад;
2) на дертар аз ду моҳ аз санаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дигаре, ки барои ҳисоб кардани (азнавҳисобкунии) маблағи андозҳои дахлдори андозсупоранда барои давраи пешинаи андоз пардохтшаванда заруранд;
3) на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи гирифтани маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дарҷгардида дар бораи он, ки ташкилоти дахлдор дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад.
9. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин шаклҳои эъломияи андоз аз воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
  ФАСЛИ ХIV. НИЗОМҲОИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӢ